АЗ ТАЪРИХИ ТАШАККУЛИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ

Автор: Давлатова Фарида

Расм

Ба истиқболи таҷлили  5 октябр- Рӯзи забони давлатӣ

         Забони тоҷикӣ таърихи хело қадима дошта, бо вуҷуди тохтутози аҷнабиён мазмуну муҳтавои худро гум накардааст. Дар ин замина  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар асарашон “Забони миллат - ҳастии миллат”, дарҷ намудаанд: “Забони тоҷикӣ дар тӯли таърихи чандҳазорсолаи хеш бо вуҷуди он ҳама бархӯрд ва руёрӯӣ бо чандин забонҳои тавонои дунё чеҳраи аслии худро нигоҳ доштааст, ки ин далели тавоноии бунёдии ин шохаи забони ориёӣ аз даврони бостон то имрӯз мебошад”.

         Воқеан ҳам миллати тоҷик аз нуқтаи назари таборӣ ва ирсияти забонӣ марбут ба шохаи қавмҳои ҳиндуаврупоӣ мебошад, ки аз нимҷазираи Ҳинд то Аврупо густариш ёфтааст. Тибқи сарчашмаҳои таърихӣ баъди ҷудо шудани қабилаҳои ҳиндуориёӣ ба ду гурӯҳи бузург, яъне форсӣ ва ҳиндӣ масъалаи забони гуфтугӯи ин қавмҳо ба миён омад. Даврабандии таърихи забонҳои эронӣ, пеш аз ҳама, ба даврабандии таърихи забони тоҷикӣ (форсӣ) ва осори боқимондаи он иртибот дорад, ки онро ба се давра тақсим намудаанд: форсии бостон – давраи ҳукмронии сулолаи Ҳахоманишинҳо мебошад, ки тибқи осори сангнавиштҳои хаттии мехӣ ба асрҳои (6- 4 пеш аз мелод) таалуқ дорад, форсии миёна бошад ин осори паҳлавӣ ва монавӣ буда, ба давраи Сосониён марбут дошта ба забони паҳлавӣ дар асрҳои (3- 9- 10 мелодӣ) рост меояд ва форсии нав – забони тоҷикӣ (форсӣ, дарӣ) бо осори алифбои арабиасос ( аз асрҳои 9-10 то ба ҳол). дохил мешавад. Гузашта аз ин, забони тоҷикӣ ( форсӣ, дарӣ) забони қадимӣ буда, зодгоҳи аслии он Хуросону Мовароуннаҳр, аниқтараш канори соҳилҳои дарёи Аму ба ҳисоб меравад, ки дар тӯли таърих ин забон ба шарофати сиёсати фарҳангпарварии Тоҳириёну Саффориён ва Сомониён ба сифати забони илму адаб на танҳо дар ин сарзамин, балки берун аз он шуҳрат пайдо карда буд.

         Эҳёи забони тоҷикӣ ( форсии дарӣ) ҳамчун забони расмӣ дар замони Тоҳириён шурӯъ гардида бошад, дар замони Саффориён ривоҷу равнақ ва дар аҳди Сомониён бошад ба авҷи аъло расид.

         Яъқуби Лайс бузургтарин чеҳраи сиёсӣ ва қаҳрамони набарди истиқлолхоҳии мардуми Хуросону Мовароуннаҳр буд. Яке аз хидматҳои бузурги ӯ барои мардуми форсу тоҷик дар ривоҷу равнақ ва густариши забон ва шеъри форсӣ-тоҷикӣ таҷассум меёбад. Тибқи маълумоти  “Таърихи Систон”  Яъқуб забони арбиро намедонист ва боре баъди яке аз ғалабаҳои бузург шоирон ӯро бо забони арабӣ васф намуданд. Аммо Яъқуб гуфт: “Чаро бояд гуфт он чи дар намеёбам?”  Пасон аз Муҳаммад ибни Васиф сар карда, шоирон ба забони форсӣ –тоҷикӣ шеър эҷод намуданд.

         Забони тоҷикӣ - форсӣ, ки мояи ифтихор ва василаи сарнавитшсозу ваҳдатофари қавмҳои эронинажод ба ҳисоб рафта, дар замони ҳукмронии Сомониён ба сифати забони расмӣ ва омили ҳамбастагии миллӣ дар тамоми қаламрави Хуросону Мовароуннаҳр ва дигар вилоятҳои тобеи давлати Сомониён на танҳо рушд ёфт, балки ба авҷи қудрату шукуфои расид, зеро амирони Сомонӣ мисли Яқуби Лайси Саффорӣ ба забони адабии мардуми худ муҳаббати фаровон доштанд ва ба ҳиммату тарбияти шоирону нависандагони ҳамзабони хеш камари ҳиммат баста буданд. Бинобар, ин амирони дурандешу сиёсатмадорони ин хонадон муносибати худро бо хилофат тавре ба роҳ мондаанд, ки хилофати Бағдод натавонад фитна ва рақобате бар зидди онҳо барангезад. Ҳамчунин Сомониён аз забони модарии хеш ҳамчун силоҳи сиёсӣ бар зидди арабҳо барои расидан ба исттиқлолияти комил истифода мекарданд.

         Аз ин рӯ, забони тоҷикии форсии дариро забони расмии давлати паҳновари худ қарор дода, бештари адибону олимонро ба дарбор ҷалб намуда онҳоро ташвиқ мекарданд, ки китобҳои худро бо забон тоҷикӣ нависанд. Ҳамин тавр, забони тоҷикӣ – ёдгории маънавии миллиамон, ба ҳисоб рафта, ҳамчун оинаи таърихи деринаи халқ, инъикосгари урфу одат ва расму анъанаҳои давлатдории тоҷикон маҳсуб меёбад.

          Барои ниёгони мо ифтихор аз ватан ва забон ҳамеша ангезандаи эҳсоси олӣ буд, чунки дар ҳама давру замон забон аз ҷумлаи мафҳумҳои муқаддастарин арзёбӣ гардидааст. Ба ин маънӣ, забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ, бешубҳа, таҷассумгари таърихи пуршебу фарози халқи кӯҳанбунёди тоҷик мебошад, зеро забони ҳар қавму миллати дунё ёдгории маънавиест, ки дар тӯли асрҳо ҳамроҳ бо наслҳои худ аз мушкилоту монеаҳои гуногун гузаштааст.

         Дар баробари, ин дар моддаи 2 – и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи мақоми забони тоҷикӣ ҳамчун забони расмии давлати чунин дарҷ гардидааст: “Забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон забони тоҷикӣ аст. Дар ин радиф Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин қайд намудаанд: “Забони тоҷикӣ поянда аст, то даме ки миллати тоҷик ҳаст, забони ӯ низ пойдор хоҳад буд”. Такя бар ин суханон бузургон гуфтаанд:

Забон ҳасту нишоти зиндагӣ аст,

Раҳи ояндаву созандагӣ аст.

Намирад номи тоҷик ҳеҷ гоҳе,

Ба олам то забони Рудакӣ аст.

Ҳоҳони онем, ки забони тоҷикӣ ҳамеша поку беолоиш поянда бимонад!

 

ДАВЛАТОВА ФАРИДА

ходими хурди илмии шуъбаи

Шарқи Миёна ва Наздики

Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои

Осиё ва Аврупои АМИТ

 

НАЗАД