БАЁНИЯИ КОНФРОНСИ ИЛМӢ - АМАЛИИ ҶУМҲУРИЯВӢ ТАҲТИ УНВОНИ “МУНОСИБАТҲОИ СИЁСИВУ ИҚТИСОДӢ ВА ФАРҲАНГИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БО КИШВАРҲОИ АВРУПО: ҲОЛАТ ВА ДУРНАМО”

Автор: ИИПСАЕ

Расм

Душанбе, 25 сентябри соли 2025

          25-уми сентябри соли 2025 дар  Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ  Конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзуи “Муносибатҳои сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои Аврупо: ҳолат ва дурнамо” баргузор гардид.

          Бояд таъкид намуд, ки баргузории конференсияи мазкур бо мақсади таҳкими заминаҳои ҳамкориҳои гуногунҷанбаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои Иттиҳоди Аврупо сурат гирифта, мусоидат ба рушди дипломатияи сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ, инчунин баланд бардоштани сатҳи дониш ва малакаи мутахассисони соҳаҳои муносибатҳои байналмилалӣ, иқтисодиёт, фарҳанг ва амниятро дар назар дорад.

         Дар ҷараёни кори конференсия маърузаҳо ва музокираҳои сермуҳтаво пешниҳоду муҳокима гардиданд, ки ба самтҳои афзалиятноки муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо бахшида шуда, дурнамои ҳамкориҳоро дар заминаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, амниятӣ ва фарҳангӣ баррасӣ намуданд. Маърузаҳо ва муҳокимаҳое, ки мавриди омӯзиш қарор гирифтанд, аз лиҳози мазмуну муҳтаво мубрам ва муҳим буда, ҳар яке дар рушди тафаккури таҳлилӣ ва сиёсати хориҷии кишвар таъсири мусбат гузоштанд.

         Ҳамчунин, дар кори конференсия мутахассисон, коршиносон, намояндагони вазорату идораҳо, муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва таълимӣ, ВАО ва дигар ниҳодҳои марбута иштирок намуда, дар муҳокимаи мавзӯҳо саҳм гузоштанд ва пешниҳоди хешро дар мавриди рушди минбаъдаи равобит бо Иттиҳоди Аврупо иброз доштанд.

 

Тавсияҳо ва натиҷаҳои Конференсияи илмӣ – амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзуи “Муносибатҳои сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои Аврупо: ҳолат ва дурнамо”:

  • Таҳкими муколамаи сиёсӣ, густариши равобити тиҷоратӣ ва рушди зерсохторҳо бо Иттиҳоди Аврупо метавонад на танҳо сатҳи зиндагии мардумро боло барад, балки мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар низоми муносибатҳои байналмилалӣ низ мустаҳкам намояд.

  • Сиёсати фарҳангии Фаронса дар чаҳорчӯби ҳамкориҳои Иттиҳоди Аврупо бо густариши забон ва фаротар аз он - ҳамчун як шакли “фарҳангӣ-забонӣ” тадриҷан амалӣ шуда, муносибатҳои байнидавлатӣ дар доираи ИА бар асоси манфиатҳои миллии Фаронса ва франкофония татбиқ мегарданд.

  • Шарикии  дарозмуддат бо Иттиҳоди Аврупо метавонад барои Тоҷикистон на танҳо ҳамчун манбаи сармоя ва таҷриба, балки ҳамчун платформаи ҳамгироии иқтисодӣ бо бозорҳои ҷаҳонӣ хизмат намояд.

  • Такя ба равандҳои ҳамкории сармоягузорӣ бо Иттиҳоди Аврупо метавонад ба як унсури стратегии сиёсати хориҷии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон мубаддал гардида, ҳамчун замина барои рушди устувори иқтисодӣ ва ислоҳоти сохторӣ хизмат намояд.

  • Захираҳои обии Тоҷикистон барои тамоми минтақа аҳамияти ҳаётан муҳим дошта, бо дарназардошти марзи тӯлонӣ бо Афғонистон,

  • Тоҷикистон дар барномаҳои амниятии Иттиҳоди Аврупо нақши калидӣ мебозад. Муқоиса бо кишварҳои ҳамсоя нишон медиҳад, ки саҳми Тоҷикистон дар масъалаҳои об ва энергетика назаррас мебошад.

  •  Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдори ҳамкориҳои байналмилалӣ бо Иттиҳоди Аврупо  буда, дар мубориза бо хатарҳои муосир -аз ҷумла терроризми байналмилалӣ, ифротгароии динӣ, қочоқи маводи мухаддир ва ҷиноятҳои фаромиллӣ  фаъолона ширкат меварзад.

  • Дар шароити муосир давлатҳо бидуни ҳамкорӣ ва ҳамгироӣ бо сохторҳои минтақавӣ ва ба монанди Иттиҳоди Аврупо, дар мубориза бо таҳдидҳои экологӣ, аз ҷумла коҳиши манбаҳои об, обшавии пиряхҳо, норасоии оби ошомиданӣ, биёбоншавӣ ва офатҳои табиӣ, ба муваффақият ноил шуда наметавонанд. Ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳз ба ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла Иттиҳоди Аврупо, ба пешгирӣ аз ин хатарҳо нигаронида шудаанд.

  • Тибқи андешаи муҳаққиқону коршиносони соҳа, нишастҳои илмӣ метавонанд ба коҳиши масоили мубрам мусоидат намуда, соҳаҳои амният, экология ва фарҳангро барои тақвияти лоиҳаҳои муштарак бо Иттиҳоди Аврупо омода созанд.

  • Сарони кишварҳо ва таҳлилгарони минтақа дурнамои лоиҳаҳои муштараки иқтисодӣ, фарҳангӣ ва инфрасохториро дар ҳамкорӣ бо Иттиҳоди Аврупо ҳамчун як амри зарурӣ арзёбӣ намуда, таъкид менамоянд, ки қабули “харитаи роҳ”-и муштарак бо ИА  ба манфиати кулли кишварҳо хоҳад буд.

  •  Дурнамои зиддитеррористии Иттиҳоди Аврупо то соли 2030 нишон медиҳад, ки терроризм яке аз чолишҳои асосӣ боқӣ мемонад. Бо назардошти интизориҳои афзояндаи ҷомеаи аврупоӣ, зарфият ва нақши ИА дар тадбирҳои зиддитеррористӣ бояд боз ҳам таҳким ёбад, ки Тоҷикистон низ дар ин раванд яке аз пешгомҳои минтақа маҳсуб меёбад.

  • Дипломатияи фарҳангӣ, бахусус дар сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо, имрӯз ба майдони мубориза барои ҷалби ҷомеаҳо табдил ёфтааст. Тоҷикистон метавонад бо истифода аз таҷрибаи кишварҳои аврупоӣ, симои ҷолиб ва шинохташавандаи худро тавассути санъат ва фарҳанг дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намояд.

        Дар такя бо муҳтавои баррасишуда ва пешниҳоду иловаҳо, ҳамчунин илмӣ-таҳлилӣ хулоса менамоем, ки “Ҳамкориҳои сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо”, ҳамчун яке аз самтҳои калидии сиёсати хориҷии кишвар, метавонанд ба таҳкими равандҳои рушди устувор, амнияти минтақавӣ ва ҳамгироии судманд мусоидат намоянд. Аз ин рӯ, ҷиҳати таҳкими равобити стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо, чунин натиҷагирӣ намудан мумкин аст:

  • Ҳамкориҳои илмӣ ва таҳқиқотӣ байни муассисаҳои илмии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти таҳлили равандҳои геосиёсӣ, геоиқтисодӣ ва фарҳангии замони муосир бояд таҳким ёбанд, то заминаи илмии қабули сиёсатҳои мутавозин таъмин гардад;

  • Мусоидат ба густариши равобити иқтисодӣ ва сармоягузорӣ бо Иттиҳоди Аврупо, хусусан тавассути татбиқи лоиҳаҳои зерсохторӣ, “иқтисоди сабз”, энергетика ва экология, метавонад заминаи воқеӣ барои рушди устувори Тоҷикистон фароҳам оварад;

  • Ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Италия дар сатҳи дуҷониба ва бисёрҷониба роҳандозӣ гардидаанд. Аз ҷумла ҳамкориҳо дар самти иқтисодиёт нисбатан рушд ёфтаанд. Масалан, дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар Тоҷикистон чандин ширкатҳои итолиёвӣ фаъолият мекунанд, ки ин бозгӯи таваҷҷуҳи ҷонибҳо аз рушди ҳамкориҳои дуҷониба шуда метавонад;

  • Рушди ҳамкориҳои минбаъдаи мутақобилан судмандро бо Италия дар самтҳои иқтисодиёт, фарҳанг, маориф ва сайёҳӣ барои Тоҷикистон муфид дониста шавад, зеро ин кишвар метавонад ба иқтисодиёти Тоҷикистон сармоягузорӣ кунад. Аз ин рӯ, ҷалби сармояи Италия ба соҳакҳои афзалиятнок аз ҷумла маорифу илм хеле муҳим арзёбӣ мегардад;

  • Хатсайрҳои мустақими ҳавоӣ миёни Тоҷикистону Италия оғоз шавад, чунки дар рушди сайёҳии ҳарду кишвар хеле муфид аст;

  • Дар самти сайёҳӣ таҷрибаи Италияро метавонем мавриди омӯзиш қарор диҳем, зеро мо обу дарёҳои беканор дорем. Яъне метавонем дар намуди қаиқронӣ дар об ҳамкорӣ дошта бошем;

  • Рушду тақвияти ҳамкориҳо дар соҳаи иқтисодиёт хусусан дар самти коркарди сангҳои қиматбаҳо бо Италия зарур дониста мешавад;

  • Тақвияти дипломатияи фарҳангӣ ва гуманитарӣ бо Иттиҳоди Аврупо, аз ҷумла тавассути табодули фарҳангӣ, омӯзиши забонҳо, муаррифии мероси фарҳангӣ ва тавсеаи франкофония, метавонад ба ташаккули симои мусбати Тоҷикистон дар фазои аврупоӣ мусоидат намояд;

  • Раванди ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷониба байни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар бахши амният, хусусан дар соҳаҳои мубориза бо терроризм, ифротгароии динӣ ва ҷиноятҳои фаромиллӣ, бояд бо истифода аз таҷрибаи муосири аврупоӣ вусъат дода шавад;

  • Саҳми Тоҷикистон дар ҳифзи пиряхҳо ва захираҳои обии минтақа, дар доираи ташаббусҳои муштарак бо Иттиҳоди Аврупо, ба ҳайси иқдоми глобалӣ арзёбӣ гардида, зарурати ҳамкории бештарро дар ин самт тақозо менамояд;

  • Мусоидат ба интиқоли дониш, таҷриба ва технологияҳои инноватсионӣ аз кишварҳои Иттиҳоди Аврупо, дар самтҳои маориф, тандурустӣ, иқтисоди рақамӣ ва саноат, метавонад ба баланд бардоштани рақобатпазирии иқтисоди миллии Тоҷикистон мусоидат кунад;

 

НАЗАД