БАЁНИЯИ семинари илмӣ таҳти унвони “Сулҳ ва ҷойгоҳи он дар замони муосир” бахшида ба Рӯзи байналмилалии сулҳ ва солгарди пешниҳоди Пешвои миллат оид ба “Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда”

Автор: ИИПСАЕ

Расм

        24 - юми сентябри соли 2025, дар  ‌Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ семинари илмӣ таҳти унвони “Сулҳ ва ҷойгоҳи он дар замони муосир” баргузор гардид. Семинар бо иштироки олимон, муҳаққиқон ва магистрантону докторантони Институт ҷараён гирифт.

         Семинар ба ифтихори Рӯзи байналмилалии сулҳ (21 - уми сентябр) ва солгарди пешниҳоди таърихии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосияи 79 -уми Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвони “Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда бахшида шуд.  Агарчӣ то ҳол аз ҷониби СММ ягон қатъномаи махсус ҷиҳати татбиқи ин пешниҳод қабул нашуда бошад ҳам, аҳамияти ин пешниҳодро вазъи ноустувори сайёраи замин, буҳрони ҳуқуқи башар, ҷангу беадолатиҳо дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон ба маротиб боло бурдааст.

Дар ҷараёни семинар масъалаҳои зерин мавриди таҳлил ва баррасии илмӣ қарор гирифтанд:

  • Сулҳ ҳамчун арзиши бунёдии умумибашарӣ ва замина барои рушди устувор;

  • Чолишҳои замони муосир ва таҳдидҳо ба сулҳ дар минтақа ва ҷаҳон;

  • Таҷрибаи нодири сулҳсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақши Пешвои миллат дар барқарории суботи миллӣ;

  • Аҳамияти “Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда” ва тақвияти фарҳанги сулҳ дар доираи он;

  • Зарурати таҳкими фарҳанги сулҳ дар миёни насли наврас ва истифодаи мафкураи сулҳпарварӣ дар низоми таълим ва тарбия.

Иштирокчиёни семинар бо як овоз таъкид намуданд, ки сулҳ танҳо набудани ҷанг нест, балки мавҷудияти адолат, субот, ҳамдигарфаҳмӣ ва рушди фарогир аст. Онҳо изҳор доштанд, ки ҳифзу таҳкими сулҳ масъулияти ҳар як шаҳрванди бедордил, махсусан зиёиёну донишмандон ва ҷавонон мебошад.

Дар поёни кори семинар, иштирокчиён бо назардошти аҳаммияти мавзӯъ ва зарурати таҳкими сиёсати сулҳгароёна, таквияти фарханги сулх дар дохил ва хориҷи кишвар баёния қабул намуданд, ки пешниҳоди мазкурро дар бар мегирад.

  1. Сулҳ бояд ҳамчун арзиши стратегии миллӣ дар тамоми соҳаҳои иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ таҳким ёбад.

  2. Мақомоти давлатӣ ва муассисаҳои илмӣ бояд ҳамкориро дар самти омӯзиш, таблиғ ва татбиқи сиёсати сулҳомез афзоиш диҳанд.

  3. Нақши Пешвои миллат дар таъмини сулҳу суботи минтақавӣ беандоза аст. Аз ин рӯ, Фонди байналмилалии ҷамъиятии “Фонди сулҳи Русия” хизматҳои Пешвои миллатро ба инобат гирифта, Сарвари маҳбуби моро бо ҷоизаи сулҳи ба номи Лев Толстой сарфароз гардонида шуд.

  4. Сулҳе, ки Пешвои миллат барои мардуми тоҷик оварданд, се даҳсолааст, ки пойдор ва бегазанд аст. Ҳамчунин соли 2018 дар муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон гардиши таърихие ба вуқӯъ пайваст, ки дар он саҳми арзандаи Пешвои миллат дар барқарории сулҳу амнияти минтақавӣ хеле назаррас аст. Бояд иброз намуд, ки 31 марти соли 2025 дар нишасти Хуҷанд, сарони кишварҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон “Созишномаи дӯстии абадӣ” - ро имзо карданд, ки дар натиҷа тамоми тасаввуроти манфиро оид ба водии Фарғонаро пурра аз байн бурд. Ин ҳамаи омилҳои болозикрро ба инобат гирифта, расман Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷоизаи Нобел дар бахши сулҳ пешбарӣ карда шавад.

  5. Пешниҳод гардид, ки ба мисли Институти тадқиқоти сулҳи Франкфурт, Институти тадқиқоти сулҳи Осло, Институти тадқиқоти сулҳи Копенгаген, Институти Байналмилалии Тадқиқоти Сулҳи Женева, Институти байналмилалии тадқиқоти сулҳи Стокголм ва дигарон дар Тоҷикистон низ Институти байналмилалии омӯзиши сулҳ ва равандҳои сулҳофарӣ бунёд карда шавад.

  6. Ба  ҳамагон маълум аст, ки дар ҷаҳони муосир ҷоизаҳои зиёде мавҷуд аст,  ки барои саҳми арзанда гузоштан дар барқарории сулҳу суботи минтақавию ҷаҳонӣ шахсиятҳои сазовор қадрдонӣ карда мешавад. Аз ин рӯ пешниҳод мешавад, ки дар Тоҷикистон низ барои қадрдонии шахсиятҳои арзандаи ҷаҳоние, ки саҳми худро дар барқарории сулҳу субот мегузоранд, Ҷоизаи сулҳ ба номи “Исмоили Сомонӣ” ташкил карда шавад.

  7. Бояд зикр намуд, ки чанд рӯз қабл Тоҷикистон дар раддабандии кишварҳои амнтарини ҷаҳон дар ҳисоботи ташкилоти Gallup мавқеи дуюмро касб кард. Аз ин рӯ, пешниҳод карда мешавад, ки соли 2026 бахшида ба 35 - умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд таҳти унвони “Тоҷикистон - кишвари сулҳ” баргузор карда шавад.

  8. Ҷавонон, ҳамчун ояндасозони миллат, бояд дар равандҳои сулҳсозӣ, тарбияи фарҳанги таҳаммулпазирӣ ва ваҳдати миллӣ фаъолона иштирок намоянд.

  9. Таҳқиқи илмии масъалаҳои марбут ба сулҳ, таҳкими фарҳанги сулҳ ва омӯзиши таҷрибаи сулҳпарварии Тоҷикистон бояд ба яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти илмиву таълимӣ табдил дода шавад.

  10. Ба ҳама иштирокчиёни семинар, муассисаҳо ва ниҳодҳои дахлдор тавсия дода мешавад, ки дар доираи “Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда” барномаҳои амалӣ, маърифатӣ ва тарбиявиро таҳия ва амалӣ намоянд.

Семинари илмӣ бо руҳияи баланди масъулиятшиносӣ ва ҳамбастагӣ ҷамъбаст гардид ва таъкид шуд, ки сулҳ на танҳо арзиш, балки амали ҳамарӯза ва заҳмати муштараки ҷомеа аст.

ш. Душанбе, 24 сентябри соли 2025

НАЗАД