Ҳамин тавр, бо эҷоди мактаби сулҳу салоҳу созандагӣ Тоҷикистон мақом пайдо карда, ба яке аз амнтарин кишвар табдил ёфт. Тоҷикистону мардумони он чун кишвари сулҳофарину созанда, диёри фарзонагони илму адабу тамаддуну маърифат, макону манбаи кӯҳҳои осмонбӯсу обҳои тозаву чашмаҳои мусаффо шинохта шуда машҳури ҷаҳон гашт.
Бо ҳамин азму иродаи матин Президенти Тоҷикистон дар Ҳамоиши СММ сӯханронӣ намуда, бори дигар ба мардуми олам ва алалхусус Осиё паёми сулҳу оромиро расонида, таъкид кард, ки фақат тавассути силоҳ метавон тухми ҷаҳлу ҷангу нафратро решакан карда, ғолибиятро ба даст овард.
Мақсаду мароми аслии Президент ҳимоя ва риояи ҳуқуқи мардумони мазлуму бечора мебошад, ки зери чархаи зулму ҷаҳолат ва бераҳмии ғосибону истеъморгарону муҳоҷимону даҳшатфканон қарор мегиранд.
Ин ҳамаро Президенти Тоҷикистон ва мардуми заҳматкаши он дар доираи мактаби сулҳу созандагӣ саривақт дарк карда, ҷаҳониёнро аз муаммоҳои сохта огоҳӣ медиҳанд.
Роҳбарияти кишвари Тоҷикистони навин бо мактаби сулҳофарин ва ташаббусҳои созанда такмилдиҳандаи андешаҳои башардӯстии Ҳофиз ва дигар бузургони адабу хирад буда, пайваста дар пайёму пешниҳод аз хираду ҳимояи инсоният зери шиори "Бани одам аъзои якдигаранд" кор гирифта, пайваста талош менамояд, то сулҳу созандагӣ ва дӯстиву ҳамсоягӣ ҳифз гардида, аҳоли ҷаҳонро аз хатару таҳдидҳо муштаракона наҷот дод, ки қарзи имонӣ ва рисолати башарӣ маҳсуб мебошад. Ба қавли Президенти Тоҷикистон «Вақти он расидааст, ки мо аз иқдоми муассир барои тақвияти нақши асосии Созмони Милали Муттаҳид дар ҳалли низоъҳо ва барқарорсозии сулҳу субот дар сайёра кор бигирем».
Мирсаид РАҲМОНОВ
ходими калони илмии
Шуъбаи Осиёи Ҷанубу Шарқии
Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ