wrapper

Хабарҳо

Шуъбаи Шарқи Миёна ва наздик

Шуъбаи Шарқи Миёна ва наздик масоили кишваршиносӣ, геополитикӣ, таърихи муносибатҳои байналмилалӣ ва робитаҳои адабию фарҳангии кишварҳои минтақаи Шарқи Миёна ва Наздикро мавриди таҳқиқ ва омӯзиш қарор медиҳад.

Лоиҳаҳои шуъба: “Ҷунбишҳои сиёсӣ, идеологию мазҳабӣ ва низоҳои минтақавии Шарқи муосир: ҳадафҳо, тамоюлот ва пайомадҳо”. Дар чаҳорчӯби ин лоиҳа масъалаҳои умдаи ҷунбишҳои сиёсӣ, мазҳабӣ ва нақши онҳо дар авҷгирии низоъҳои минтақавӣ, омилҳои ташаккули ҷунбишҳои динӣ, омилҳои этникӣ ва мазҳабӣ дар низоҳои минтақавӣ ва вижагиҳои муносибатҳои таърихӣ ва руҳиву равонии кишварҳои Шарқи наздик ва Миёна таҳқиқ мешаванд.

Шуъбаи Шарқи Миёна ва наздик нишастҳои илмӣ, семинар, конфронс, симпозиум ва дигар чорабиниҳои илмӣ баргузор менамояд.

Кормандони шуъба: 

  • Мирзо Муллоаҳмад, мудири шуъбаи Шарқи Миёна ва наздик, доктори илми филология, узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон

    Санаи таваллуд :              20 феврали 1948

    Зодгоҳ :                            Деҳаи Дардар, ноҳияи Айнӣ

    Мамлакат:                         Тоҷикистон

    Муҳити илмӣ:                   Академияи илмҳои  Ҷумҳурии Тоҷикистон

    Ҷойи кор:                         Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон

    Унвонҳои илмӣ:               Номзади илмҳои филологӣ (1975), Доктори илмҳои филологӣ (1993)

    Дараҷаҳои илмӣ:              Ходими калони илмӣ(1985), узви вобастаи Академияи илмҳои  Ҷумҳурии Тоҷикистон (2008)

    Донишгоҳ:                        Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (1964 – 1969)

    Забондонӣ:                       тоҷикӣ, русӣ, форсӣ, арабӣ, англисӣ

    Ҷоизаҳо ва Мукофотҳо:       Ҷоизаи ба номи М.Осимӣ,ҷоизаи ба номи Д.  С. Лихачев, Бунёди Манучеҳри Фарҳангӣ

                          

    Мундариҷа

    1. Зиндагинома
    2. Фаъолияти илмӣ
    3. Осор
    4. Монографияҳо
    5. Маҷмуаҳо
    6. Мукофотҳо
    7. Адабиёт
    8. Пайвандҳои беруна

    Зиндагинома

    Мирзо Муллоаҳмад 20 феврали соли 1948 дар деҳаи Дардари ноҳияи Айнӣ дар оилаи деҳқон ба дунё омадааст. Соли 1969 факултаи забон ва адабиёти Донишгоҳо давлатии Тоҷикистонро бо дипломи аъло хатм намудааст. Аз соли 1969 то имрӯз дар Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекунад. Дар ин муддат ӯ дар вазифаҳои лаборанти калон, ходими хурд ва калони илмӣ, мудири бахш, мудири Шӯъба ва муовини директори институт оид ба корҳои илмӣ, сипас сардори Шӯъбаи созмондиҳии илми Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовини саркотиби илмии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.

    Ӯ солҳои 1971 – 1974 дар аспирантурам Институти шарқшиносӣ ва осори хаттии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсил карда соли 1975 дар мавзуи «Эҷодиёти Фаррухӣ» рисолаи номзадӣ дифоъ намудааст. Солҳои 1978 – 1980 щдар Эрон ба ҳайси мутарҷими забони фдрсӣ кор кардааст. Соли 1993 дар мавзуи «Равияи «Бозгашт» дар адабиёти асрҳои ХУ111 – Х1Х Эрон» рисолаи докторӣ дифоъ камудааст. Соли 2008 узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудааст.

    Фаъолияти илмӣ

    Доираи фаъолияти илмии Мирзо Муллоаҳмад васеъ буда, таърихи адабиёти тоҷику форсро  аз замонҳои қадим то имрӯз, адабиёти Эрон ва Шарқ, таърихи илму фарҳанги кишварҳои Шарқ, масъалаҳои  забоншиносӣ ва робитаи адабиву фарҳангии Тоҷикистон  ва кишварҳои Шарқи хориҷӣ ва ғайраро  дар бар мегирад.

    Ӯ аз мутахассисони шинохтаи таърихи адабиёти тоҷику форс буда, асарҳои илмиаш дар шаҳрҳои Маскав, Вашингтон, Теҳрон, Боку, Машҳад ва амсоли инҳо низ чоп шудаанд.

    Мирзо Муллоаҳмад солҳои зиёд дар вазифаҳои мудири шуъба, мовини директории Институти шарқшиносӣ ва мудири шуъба ва муовини саркотиби илмии раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Комиссияи аккоедитатсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор карда, дар созмондиҳӣ ва решрафти или дар ҷумҳурӣ саҳи гузоштааст

    М.Муллоаҳмад дар тарбияи кадрҳои  илмӣ низ саҳми арзанда мегузорад. Таҳти роҳбарии ӯ 10 нафар рисолаи  номзадӣ, 4 нафар рисолаи докторӣ дифоъ намуда, 5 нафар рисолаҳои илмии худро омода  кардаанд.

    Ӯ узви ҳайати таҳририяи «Ахбори Академияи илмҳои Тоҷикистон. Шӯъбаи илмҳои  ҷамъиятшиносӣ», маҷаллаи илмӣ-оммавии «Илм ва ҳаёт», маҷаллаи «Рӯдакӣ»(Теҳрон),  фаслномаи илмӣ-пажӯҳишии  «Пажӯҳишномаи таърих»-и Донишгоҳи озоди исломии Буҷнурд(Эрон), маҷаллаи Муассисаи фарҳангии ЭКО(Теҳрон), узви ҳайати илмии «Доиратулмаорифи инсоншиносӣ» (Теҳрон), раиси Анҷумани дӯстии Тоҷикистону Эрон, узви раёсати Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ  ва ғ. мебошад.

    Дар осори илмии Мирзо Муллоаҳмад илова бар назари тоза ба масъалаҳои муҳимми таърихи адабиётти тоҷику форс чандин пешниҳоду навгониҳои  илмӣ ба назар мерасанд. Аз ҷумла ӯ барои муайян кардани  рубоиёти асили Умари Хайём равиши тозаи ҷомеъро пешниҳод намудааст, ки барои ҳалли ин масъалаи душвор кумак мерасонад. Ӯ бори аввал аҳли илму адабро бо як навъи тозаи шеър, ки маҳсули рӯйдодҳои таърихии асри ХХ Эрон мебошад, ошно намуд. Ӯ дар чанд мақолаи худ ба субут расондааст, ки навъи қитъа бар хилофи пиндошти муаллифони сарчашмаҳои адабӣ ва муҳаққиқон порае аз қасида набуда, навъи мустақили шеър аст, ки аз сурудҳои бостонии тоҷику форс маншаъ мегирад. Дар рисолаҳои «Паёми ахлоқии Фирдавсӣ» ва «Биё, то ҷаҳонро ба бад наспарем» ӯ исбот намуд, ки сабаби асосии бузургӣ ва  мондагории «Шоҳнома» маҳз ҷанбаи ахлоқиву башардӯстии он аст. Ӯ бо далелои тоза ба субут расонд, ки Рӯдакӣ кӯри модарзод набуда ва ӯро кӯр ҳам накардаанд ва нобиноии ӯ бар асари бемориву пирӣ будааст. Чунин тозакориҳо дар осори илмии  ӯ зиёданд.

    Осори илмӣ

    Мирзо Муллоаҳмад яке аз муаллифони нашри академии "Таърихи адабиёти Эрон дар асрҳои ХIХ -ХХ"(Маскав, "Наука", 1999, 535 с.) мебошад. Китобҳои ӯ «Ёди ёри меҳрубон»(Теҳрон,2001,845с.), «Хубони порсигӯй» (Теҳрон, 2003), «Андарзҳои Рӯдакӣ»(Теҳрон, 2008), «Садои Осиё»(2011) хонандагони эрониро бо осори шоирони тоҷик шинос менамоянд. Дар нашриётҳои муътабари Эрон инчунин асарҳои илмии ӯ «Ҷанг ва сулҳ дар «Шоҳнома»(2005), «Рӯдакӣ ва суханварони ҳамрӯзгори ӯ (2008, бо ҳаммуаллифӣ), «Биё, то ҷаҳонро ба бад наспарем»(2010), «Пиромуни Рӯдакӣ ва рӯдакишиносон»(2014), «Сайре дар олами эроншиносӣ»(2014) нашр шудаанд.

    Асарҳои  илмии ӯ «Фаррухии Систонӣ» (1978),«Нишот ва Миҷмар»( 1983), «Лирикаи Адибулмамолики Амирӣ»(1985),«Фурӯғии Бастомӣ ва ғазалиёти ӯ» (1967),«Қоонии Шерозӣ»(1992),«Суннатҳои пойдори даврони пурбори адабиёт»(2008) дар нашриёти «Дониш», «Инсон.Адабиёт. Фарҳанг.» (1993), «Рӯдакӣ ва рӯдакишиносон»(2012) дар нашриёти «Адиб»,«Паёми ахлоқии Фирдавсӣ» (2003), «Дар олами эроншиносӣ» (2005), «Биё, то ҷаҳонро ба бад наспарем» (2011) дар нашриёти «Диваштич», «Бузургдошти инсони нек»(2011) дар нашриёти «Маориф ва фарҳанг» ва ғайра ба табъ расидаанд.

    Мирзо Муллоаҳмад дар матншиносӣ ва нашри осори гузаштагон низ саҳми калон гузошта, «Қобуснома»-и Кайковус (1979, 2007) «Рубоиёти Умари Хайём» (1983),«Баргузидаи ашъори Шаҳриёр» (бо ҳамроҳӣ, 1984, 2006), «Ҳикояҳои нависандагони муосири Эрон» (бо ҳамроҳӣ, 1986, 1988), «Рӯзномаи сафари Искандаркӯл»-и Абдураҳмони Мустаҷир (бо ҳамроҳӣ, 1989),«Гулбонги навҷавонӣ»-и Лоҳутӣ (бо ҳамроҳӣ, 1991), «Андарзномаи Рӯдакӣ» (1992), «Ғазалиёти Фурӯғии Бастомӣ» (1993),    «Донишнома»-и Майсарӣ(1999), «Андарзномаи ҳаким Носири Хусрав»(2003)), «Дахунома»(2003), «Гулчини девони Ҳофиз»(2006), «Андарзҳои Ҷалолиддини Румӣ»(2007), «Ашъори мунтахаб»-и Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ (2008), «Дар партави хуршед»(2011), «Ҳикматномаи Носири Хусрав»(2013) ва ғайраро  ба чоп расондааст.

    Ба қалами МирзоМуллоаҳмад беш аз 550 асари илмӣ ва илмиву оммавӣ таълиф шудааст, ки аз ҷумла 22 монография ва маҷмӯаи мақолаҳои илмӣ, беш аз 30 маҷмӯаи гуногун аз осори адибони гузаштаву муосири  форсизабон буда, бо кӯшиши ӯ ба табъ расидаанд.

    Мирзо Муллоаҳмад дар ташкили конфаронсу ҳамоишҳои илмӣ фаъолона ширкат варзида, аз ҷумла котиби масъули  симпозиумҳои байналмилалии «Ҳазораи «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ» (1994), 675- солагии Камоли Хуҷандӣ (1996), «Таҷрибаи таърихии сулҳи Тоҷикистон» (2001), Анҷумани панҷуми байналмилалии устодони забон ва адабиёти тоҷику форс»(2006), «Рӯдакӣ ва фарҳанги ҷаҳон» (2008) буд. Ӯ бо суханрониҳои илмӣ дар беш аз 30 конфаронсу симпозиумҳои байналмилалӣ, ки дар шаҳрҳои гуногуни олам  баргузор шудаанд, ширкат варзидааст. Аз ҷумла дар толори Созмони милали муттаҳид дар ш. Ню-Йорк(18 июни соли 2008) дар мавзӯи «Рӯдакӣ – шоири бузурги башардӯст» суханронии илмӣ кардааст. Рӯдакишиносӣ яке аз самтҳои асосии фаъолияти илмии Мирзо Муллоаҳмад буда,бо сарварии ӯ «Донишномаи Рӯдакӣ»таълиф мешавад, ки ду ҷилди он ба табъ расидааст.

    Ҷоизаҳо

    Мирзо Муллоаҳмад аз соли 1993 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буда, дорандаи Ҷоизаи ба номи Муҳаммад Осимӣ ва Ҷоизаи «Бунёди Манучеҳри Фарҳангӣ» мебошад. Ӯ ба дипломи ҷоизаи байналмилалии ба номи Д.С.Лихачев ва дипломи дараҷаи аввали Муаллифи сермаҳсули соли Намоишгоҳи байналмилалии Китоби Душанбе дар соли 2017 сазовор шудааст. 

     

  • Хоҷамуродов Олимҷон Ҳамроевич, сарходими илмӣ, доктори илмҳои филологӣ, профессор.

     Сарходими илмии шуъбаи Шарқи Миёна ва Наздики Институти омўзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекунад

     Соли таввалуд: 29.07.1948.    Ҷои таввалуд: ш. Панҷакент, вилояти Суғд.

    Миллат: тоҷик.      Маълумот:  олӣ

    Соли  1970 шуъбаи форсӣ факултети филологияи Донишгоҳи давлатии ба номи В.И.Ленини РСС  Тоҷикистонро хатм намудааст.

    Ихтисос: филолог –шарқшинос.

    Дараҷаи илмӣ, унвони илмӣ: доктори илмҳои филологӣ, профессор.

    Кадом забонҳои хориҷиро медонад: форсӣ, русӣ (озод), арабӣ, англисӣ (бо луғат).

    Вакили халқ ҳаст ё не:  Нест.

    Бо мукофотҳои ҳукумати сарфароз гаридида аст ё не:  медали ҷашнии 10 солагии Қувваҳои мусаллаҳи ҶТ. Фармони № 26 аз 05.02. с.2003 Вазири мудофиаи ҶТ. Медали ҷашнии “60 солагии Ғалаба дар ҶБВ солҳо “1941-1945” Фармони №1558 аз 03.05.2005 Президенти ҶТ; Аълочии маорифи Тоҷикистон.

    Собиқаи корӣ

    1965 – 1970     Донишҷӯи шӯъбаи форсии Донишгоҳи давлатии ба номи В.И. Ленини РСС Тоҷикистон

    1970 -1972   Мутарҷими забонҳои форсӣ ва русӣ дар корхонаи металлургии Эрон дар шаҳри Исфаҳон

    1973- 1984    Аспирант, лаборанти калон, корманди хурди илмии Институти шарқшиносии АИ ҶТ

    1978-1983    Мутарҷими забони дарӣ дар гурӯҳи мушовирони давлатӣ ва ҳизбии Иттиҳоди Шӯравӣ дар Ҷумҳурии Демократии Афғонистон

    1984-1997   Муаллими калон, дотсенти кафедраи филологияи Эрони Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон.

    1997 - 2003    Хизмати ҳарбӣ ба сифати афсар дар Қувваҳо мусаллаҳи  ҶТ

    1997-2004    Дотсент, профессори ҳамкор дар кафедраи филологияи Эронӣ ДДМТ

    2003- 2005  Профессор ва мудири кафедраи забонҳои хориҷии Донишгоҳи Технологии Тоҷикистон

    2004-2008   Ноиби ректор доир ба тарбия ва масоили иҷтимоии Донишгоҳи Технологии Тоҷикистон

    2009-2010  Ноиби ректор  доир ба масоили иҷтимоӣ ва равобити хориҷии Донишгоҳи мазкур

    2010-2011 Мудири кафедраи педагогикаи таҳсилоти олӣ ва фанҳои гуманитарии Донишгоҳи мазкур

    2011  то ба имрӯз     Профессори кафедраи мазкур дар 0, 5 баст

     2009 то ба имрӯз Сарходими илмии шуъбаи Эрону Афғонистони Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ  ва мероси хатии ба номи Рӯдаки АИ ҶТ ҳозира Институти омўзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекунад.

  • Тоҷиддин Нуриддин Мардонӣ, сарходими илмӣ, Доктори илмҳои филологӣ

    Соли таваллуд:   04 декабри соли 1947

    Зодгоҳ:              деҳаи Дурбат, ноҳияи Ҳисор

    Муҳити илмӣ:      Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон

    Ҷои кор:               Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврурои АИ ҶТ

    Унвони илмӣ:      Доктори илмҳои филологӣ

    Дараҷаҳои илмӣ: Сарходими илмӣ

    Донишгоҳ:            Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

    Забондонӣ:           тоҷикӣ, арабӣ, русӣ, узбекӣ, англисӣ.

     

    Мундариҷа

    1. Зиндагинома
    2. Фаъолияти илмӣ
    3. Осор
    4. Китобҳо (Монографияҳо)
    5. Адабиёт
    6. Пайвандҳои беруна

     Зиндагинома

    Тоҷиддин Нуриддин Мардонӣ, соли 1947 дар деҳаи Дурбати ноҳияи Ҳисори Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дунё омадааст. Миллаташ тоҷик. Мактаби миёнаро соли 1966 дар шаҳри Ҳисор хатм намуда, ҳамон сол ба Шуъбаи забони арабии факултаи забонҳои шарқи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон дохил шуд ва онро соли 1972 ба итмом расонид.

    Сипас, аз соли 1973 сар карда, ба ҳайси лаборанти калон, ходими хурди илмӣ, ходими илмӣ, ходими калони илмӣ, дабири илмии Институти шарқшиносӣ ва баъдан мудири Шӯъбаи тарҷума ва таҳқиқи осори арабизабони Институти осори хаттии Академияи илмҳои Тоҷикистон то соли 1992 адои вазифа намудааст. Дар мобайни ин солҳо ба сифати тарҷумони забони арабӣ дар Ҷумҳурии Яман (солҳои 1970-1971 ва 1989-1990) ва Ҷумҳурии Ироқ (1979-1983) хидмат намудааст. Аз соли 1992 то соли 2004 дар соҳаи хадамоти дипломатии Тоҷикистон ба ҳайси сардори Девони Вазорати корҳои хориҷӣ, сардори Раёсати афрод ва иттилооти махсуси Вазорат, ҷонишини Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон кор кардааст. Солҳои 1995-2001 дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва солҳои 2001-2004 дар Туркманистон ба ҳайси Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон амал намудааст. Рутбаи дипломатии Сафири фавқуллода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистонро дорад.

    Пас аз анҷоми маъмурияти дипломатӣ дар соли 2004 боз ба Институти шарқшиносӣ ва мероси хаттӣ баргашта, ба сифати ходими пешбари илмӣ ва сарходими илмӣ фаъолият бурдааст.

    Солҳои 2008-2011 вазифаи проректор оид ба илм ва равобити хориҷии Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имом Абӯҳанифаро ба зимма доштааст. Ҳамзамон, чун Раиси маркази синошиносии Пажӯҳишгоҳи фалсафаи АИҶТ кор карда, минбаъд ба вазифаи сарходими илмии ҳамин Марказ ба тарзи шартномавӣ гузашта ва то ҳол дар масъалаи тарҷумаи осори Абӯалӣ ибни Сино бо Маркази мазкур ҳамкорӣ дорад.

    Соли 1986 рисолаи номзадӣ дар мавзӯи «Пайдоиш ва инкишофи анъанаи дузабонӣ дар адабиёти форсу тоҷики асрҳои IX-X» ва соли 2006 рисолаи докториро дар мавзӯи «Таъсири адабиёти араб ба эҷодиёти шоирони форсу тоҷики асрҳои XI-XII» ҳимоя кардааст.

    Ба ҳайси сарходими илмии Шӯъбаи арабшиносии Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии АИ ҶТ фаъолияти илмӣ бурдааст.

    Аз таърихи 17. 04. 2017 ба тариқи интиқол ба Институти навтаъсиси Осиё ва Аврупо гузаштам ва то ба ҳол чун сарходими илмии шуъбаи Шарқи Миёна ва Наздик кор карда истодааст.

    Аз вазифаҳои ҷамъиятӣ масъулияти Раиси Ҷамъияти дӯстии Тоҷикистон ва кишварҳои арабро бар ӯҳда дорад.

     Фаъолияти илмӣ

    Самтҳои асосии фаъолияти илмии Т. Н. Мардонӣ - омӯзиши мероси адабии арабизабони тоҷик, таҳқиқи робитаҳои адабии Арабу Аҷам дар асрҳои миёна ва замони муосир, тарҷумаи осори арабизабони ниёгонамон ба тоҷикӣ ва русӣ мебошад.

    Ба қалами Т. Н. Мардонӣ китобҳои «Дузабонӣ дар шеъри асрҳои IX-X», Носири Хусрав ва фарҳанги арабӣ, «Равобити адабии Арабу Аҷам», «Шеъри арабии Ибни Сино», «Масъуди Саъди Салмон ва шеъри арабӣ», «Рӯдакӣ ва адабиёти араб», «Саҳифаҳое аз равобити ададбии Арабу Аҷам», «Омӯзиши забони арабӣ барои соли якум ва дувуми макотиби олӣ», «Сухан дар бораи Ибни Сино: баррасиҳо ва тарҷумаҳо» ва «Айнӣ ва Шарқи араб» тааллуқ дорад. Ӯ ҳамчунин як қатор асарҳои машҳури Абӯалӣ ибни Сино, Абубакри Розӣ, Хоҷа Юсуфи Ҳамадонӣ ва дигаронро аз арабӣ ба русӣ тарҷума ва чоп намудааст. Зиёда аз дусад (200) мақолаи илмӣ ба табъ расонидааст.

     Осори илмӣ

    Т. Н. Мардонӣ муаллифи нуҳ китоб ва бештар аз 200 мақолаи илмӣ мебошад.

    Китобҳо (Монографияҳо)

    1. Т. Н. Мардонӣ. Абутаййиб ал-Мутанаббӣ ва адабиёти форсу тоҷик. Маводди конфронси ҷумҳуриявии илмиву амалӣ дар мавзӯи «Мутанаббӣ ва таъсири ӯ ба адабиёти классикии форсии тоҷикӣ», Душанбе: Ирфон, 2016.- С. 47-58.

    2. Т. Н. Мардонӣ. Хуҷанд ва Камоли Хуҷандӣ аз назари Абдурраҳмони Ҷомӣ. // Маводди конференсияи байналмилалии «Камоли Хуҷандӣ: ташаккули адабиётшиносӣ ва равобити адабӣ». Хуҷанд: Ношир, 2016.-С.165-170.

    3.Т. Н. Мардонӣ. Дузабонии арабию тоҷикӣ дар шеъри асрҳои IX-X. Душанбе: Маориф, 1993.-165с.

    4. Т. Н. Мардонӣ. Носири Хусрав ва адабиёти арабизабон. Душанбе, 2005.

    5. Т. Н. Мардонӣ. Шеъри Ибни Сино ба забони арабӣ. Душанбе: Ирфон, 2006.-126с.

    6. Т. Н. Мардонӣ. Равобити адабии халқҳои арабу тоҷик. Душанбе: Ирфон, 2006.-400с.

    7. Т. Н. Мардонӣ. Саҳифаҳое аз равобити адабии Арабу Аҷам. Душанбе: Ирфон,2010.-233с.

    8. Т. Н. Мардонӣ. Рӯдакӣ ва адабиёти араб. Душанбе: Ирфон.2010.-128с.

    9. Т. Н. Мардонӣ, А. Эмомов. Омӯзиши забони арабӣ. (Курси якум) Душанбе, 2013.-432с.

    10. Т. Н. Мардонӣ, А. Эмомов. Омӯзиши забони арабӣ. (Курси дуюм). Душанбе, 2013.-336с.

    11. Т. Н. Мардонӣ. Забони арабӣ ҳамеша бо туст. Маҷмӯаи суҳбатҳо ва муҳовараҳо. Душанбе, 2013.-257с.

    12. Абубакр ар-Рази. Избранные трактаты. Перевод с арабского Т. Мардони. Душанбе: Дониш, 2014.-405с. 

    13. «Сухан дар бораи Ибни Сино: баррасиҳо ва тарҷумаҳо» , 2018.

    14. «Айнӣ ва Шарқи араб», 2018.

     

  • Комил Бекзода, сарходими илмӣ, Номзади илмҳои фалсафа

    *Аз марти соли 2018 дар мансаби сарходими илмии шуъбаи Шарқи Наздик ва Миёнаи Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекунад

    *Соли таваллуд 06 январи соли 1945   

     

    *Миллат   тоҷик

    *Маълумот   олӣ

    *Соли 1967 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро  хатм кардааст

    *Ихтисос  филолог-шарқшинос

    *Унвони илмӣ      номзади илмҳои фалсафа

    *Кадом забонҳои хориҷиро медонад  русӣ, англисӣ, арабӣ

    *Вакили Маҷлиси вакилони халқ ҳаст ё не    не

    *Бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст ё не  не

    *Вазъи оилавӣ    муҷаррад

    *Кор ва фаъолияти собиқа:

    Солҳои 1962-1967

    Донишҷӯи  Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон 

    Солҳои 1969-1970       

    Тарҷумони забони арабӣ дар Ҷумҳурии Арабии Яман

    Солҳои 1971-1972

    Хизмати ҳарбӣ дар сафи Армияи Шӯравӣ, аскари қаторӣ

    Солҳои 1972-1973

    Таҳсил дар аспирантура дар шуъбаи фалсафаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон

    Солҳои 1973-1975

    Ходими хурди илмии шуъбаи фалсафаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон

    Солҳои 1976-1979

    Тарҷумони арабӣ дар Ҷумҳурии Ямани демократӣ

    Солҳои 1980-1986

    Ходими хурди илмии шуъбаи фалсафаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон

    Солҳои 1986-1995

    Ходими калони илмии шуъбаи фалсафаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон

    Солҳои 1995-2006

    Ходими пешбари илмии шуъбаи фалсафаи Пажӯҳишгоҳи фалсафаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон

    Солҳои 2006-2009

    Ходими пешбари илмии шуъбаи фалсафаи иҷтимоии Пажӯҳишгоҳи фалсафаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон

    Солҳои 2009-2015

    Ходими пешбари илми Маркази Синошиносии Институти фалсафаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон

    Солҳои 2014-2016

    Ходими пешбари илмии Маркази омӯзиши равандҳои муосир ва оянданигарии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон

    Аз марти соли

     2018 то ҳол

    Сарходими илмии шуъбаи Шарқи Наздик ва Миёнаи Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон

     

Дар бораи мо

 Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо муассисаи навтаъсиси илмӣ-тадқиқотӣ буда, он бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2016 №466 дар сохтори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шудааст. Институти мазкур ягона муассисаи илмиест, ки ба омӯзиши сиёсат, иқтисоди ҷаҳон, афкори иҷтимоӣ, забон, адабиёт, таърих, ҷунбишҳои динию идеологӣ ва сиёсӣ, низоъҳои минтақавӣ дар кишварҳои Осиё, Аврупо ва Америка машғул мебошад. 

Самтҳои ҳамкорӣ

  • таҳқиқ ва таҳлили масъалаҳои вобаста ба сиёсат, иқтисодиёт, иҷтимоиёт, тамаддун, фарҳанг ва забони кишварҳои хориҷӣ аз нигоҳи илми муосир;
  • омӯзиши масъалаи рушди иҷтимоӣ-сиёсӣ, сохтори идоракунӣ, сисёсати инноватсионии давлатҳои хориҷӣ;
  • ташкили конференсияҳои илмӣ, семинарҳо ва мизҳои мудаввар дар мавзӯъҳои гуногун;
  • ташкили курсҳои кӯтоҳмуддат ва дарозмуддати забономӯзӣ.
http://www.zoofirma.ru/