ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА ҚАТАР

Муаллиф: Зиёев Субҳиддин

Расм

Дар ҳошияи ширкати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Саммити дуюми ҷаҳонӣ оид ба рушди иҷтимоӣ

         Бо ба даст овардани истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муносибатҳои кишвар бо ҷаҳони араб рӯз ба рӯз афзоиш меёбад. Баъди кушодани сафоратхонаҳои Тоҷикистон дар ин кишварҳои Шарқи Наздик, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сафарҳои расмӣ ба давлатҳои арабӣ бо мақсади беҳтар намудани ҳамкориҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ сафарҳо анҷом медиҳанд.

         Сафарҳои сатҳи баланди кишварҳо имконияти баланд бардоштани сатҳи ҳамкориҳои тарафҳоро дар соҳаи иқтисодиёт, фарҳанг, сиёсат, иҷтимоӣ ва илмӣ бо кишварҳои арабӣ тақвият ёфта, ба самтҳои тиҷорат, сармоягузорӣ ва ҳамкориҳои фарҳангӣ, мутақобилан такони ҷиддӣ бахшида истодааст.

         Дар ҳамин раванд истиқлолияти давлатӣ, ки ба Тоҷикистон заминаи чунин ҳамкориро бо кишварҳои арабӣ ҷиҳати барқарории робитаҳои самаранок ва мустаҳкам намудани пояҳои дӯстии ду миллат, ки ҳам барои Тоҷикистон ва ҳам барои давлатҳои арабӣ муфид арзёбӣ мегардад, муҳайё гардидааст.

         Дар ҷавоб ба кӯшишҳои Тоҷикистон, мақомоти расмии кишварҳои арабӣ низ мақсад ва аҳамияти ҳамкории бештарро ба роҳ мондаанд. Ин кӯшишҳо ба равобити фарҳангии Тоҷикистон ва давлатҳои арабӣ кӯмак мерасонад. Сафарҳои расмии тарафайн гувоҳи он буданд, ки роҳбарони кишварҳо мехоҳанд робитаҳои байни давлатҳоро мустаҳкам кунанд.

         Ногуфта намонад, ки ҷонибҳо (Тоҷикистон ва ҷаҳони арабӣ) барои рушди ҳамкориҳо хоҳиши қавӣ доранд ва ин робитаҳо, ки дар асоси эҳтиром ва манфиатҳои мутақобилан судман асос ёфтаанд, ба ҳар ду тараф муфид мебошад.

         Академик Бобоҷон Ғафуров дар мавриди муносибатҳои Тоҷикистон бо кишварҳои арабӣ ва дигар давлатҳои шарқӣ ва дар маҷмуъ таърихи Тоҷикистон ва Осиёи Миёна, назарҳои муҳим ва амиқ ироа кардааст. Ӯ таъкид кардааст, ки таърихи тоҷикон, ба монанди дигар халқҳои Осиёи Миёна, бо халқҳои шарқи хориҷӣ, аз ҷумла кишварҳои араб, Эрон, Ҳиндустон, Покистон ва Афғонистон, алоқаи амиқ ва таърихӣ дорад. Ин гуфтаҳо ба он ишора мекунад, ки муносибатҳо ва робитаҳои тоҷикон бо минтақаи Шарқ на танҳо дар замони муосир, балки аз давраҳои таърихии гузашта низ сарчашма мегирад, чунки Тоҷикистон қисмате аз таърихи кулли минтақаи Осиёи Марказӣ мебошад[1].

         Инчунин таърихи ҳамкории Тоҷикистон бо ҷаҳони араб ва дигар кишварҳои шарқӣ дар асоси муносибати байнидавлатӣ, фарҳангӣ, динӣ ва илмӣ ташаккул ёфта бошад ҳам, аммо бисёре аз ташаббусҳо ва иқдомҳои имрӯзаи Тоҷикистон барои таҳкими робитаҳо бо давлатҳои арабӣ ва дигар кишварҳои шарқӣ асос ва сарчашмаи амиқе доранд. Ин ҳамкорӣ ба муаррифии тоҷикон дар ҷаҳон ва махсусан дар миёни кишварҳои арабӣ кӯмак мерасонад.

          Бояд таъкид намуд, ки алоқаи фарҳангии тоҷикон бо мардуми араб як раванди бардавом ва ногусастанист. Муносибатҳои фарҳангӣ байни Тоҷикитон ва ҷаҳони араб таърихи амиқ ва пурарзиш дорад ва ҳамеша дар тӯли асрҳо нигоҳ дошта шудааст. Ин робитаҳо дар соҳаҳои гуногун амалӣ мегардад.

         Дар суханонрониҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба чунин робитаҳо таъкид гардидааст. Ҳамеша ба аҳамияти нақши тоҷикон дар рушди тамаддуни исломӣ ва фарҳанги ҷаҳонӣ ишора мешавад, ки «тоҷикон дар инкишоф ва рушди тамаддуни исломӣ нақши муҳиме доранд, аммо шароити кунунӣ тақозои онро мекунад, ки мо набояд бо фахри гузаштагони худ иктифо варзем, баръакс, бикӯшем, то ифтихори наслҳои оянда шавем»[2,163]. Ҳидоятҳои Пешвои миллат, ба эътибори гузаштагон ва нақши онҳо дар тамаддуни ҷаҳон, ба рушди имрӯз ва фардо кӯмак мекунад ва барои наслҳои оянда имкониятҳо ва муваффақиятҳои нав эҷод менамояд.

          Бешубҳа Тоҷикистон дар байни кишварҳои арабӣ чун як шарик ва ҳамкори муҳим бо эҳтиром ва таваҷҷуҳи хосса ба назар мерасад. Дар тӯли даҳсолаҳои охир Тоҷикистон ҳамчун як давлате, ки бо фарҳанг ва таърихи амиқи худ фарқ мекунад ва ҳамчунин сарзамини зебо ва дорои манбаъҳои табиӣ аз ҷумла обу пиряхҳо муаррифӣ гардидааст. Мавқеи сиёсии Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар миёни кишварҳои араб ҳамчун роҳбари ташаббускор шинохта мешавад. Бо илова ӯ ҳамчун шахсияти бонуфӯз дар минтақа ва ҷаҳон соҳиби эътибори хос мебошад ва ба таҳкими сулҳ, рушди иқтисодӣ ва робитаҳои байни ҷонибҳо кӯмак мерасонад. Роҳбарону донишмандони араб дар чорабиниҳои Тоҷикистон фаъолона ширкат мекунанд.

         Ҳамчунин, манбаъҳои табиии Тоҷикистон, ки қисми муҳими он обу пиряхҳо мебошанд, барои давлатҳои арабӣ, ки бо мушкилоти об ва манбаъҳои оби тоза рӯбарӯ ҳастанд, аҳамияти махсус доранд. Сарчашмаҳои оби тоза ва захираҳои бузурги обии Тоҷикистон барои ҳамкории амиқ дар соҳаи муҳити зист, сармоягузорӣ ва рушди устувор имкониятҳои зиёд ба вуҷуд меоранд.

         Рассонаҳои арабӣ ҳамеша таваҷҷуҳ ба дӯстии ду миллат - тоҷикон ва арабҳоро бо намоиш додани ин ҳамкориҳо ва нақши муҳими Тоҷикистон дар минтақа таъкид мекунанд.

         Дар ин раванд, ҳамкории Тоҷикистон ва Давлати Қатар дар такмили муносибатҳои дуҷониба ба ҳар ду тараф, ҳам Тоҷикистон ва ҳам давлатҳои арабӣ, манфиатбахш мебошад.

         Ёдовар шудан ба маврид аст, ки 3 ноябри соли 2025 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар Саммити дуюми ҷаҳонӣ оид ба рушди иҷтимоӣ ба Давлати Қатар сафар карданд[3]. Саммит, ки дар шаҳри Давҳа баргузор гардид, як платформаи муҳими байналмилалӣ барои баррасии масоили марбут ба рушди иҷтимоӣ, ҳамкориҳои байналмилалӣ ва мубодилаи таҷрибаҳои кишварҳо дар соҳаҳои гуногун эътибор медиҳад.

         Дар ин саммит, ки се рӯз аз 4 то 6 ноябри соли 2025 идома меёбад, беш аз 8000 нафар намояндагони кишварҳои узв, аз ҷумла сарони давлатҳо ва ҳукуматҳо, вазирон, намояндагони Созмони Милали Муттаҳид, ҷомеаи шаҳрвандӣ, донишмандон, бахши муташаббисини хусусӣ ва ҷавонон иштирок мекунанд. Мақсади асосии Саммит баргардонидани ӯҳдадории кишварҳо дар самти адолати иҷтимоӣ ва табдил кардани ин ӯҳдадории назариявиро ба амалҳои мушаххас, ки инсонро дар маркази равандҳои рушди устувор қарор медиҳанд, мебошад.

         Ин саммит инчунин нахустин ҷаласаи расмии Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид (СММ) унвон карда мешавад, ки берун аз Ню-Йорк ё Женева тибқи қоидаҳои дохилии Маҷмаи Умумии СММ баргузор мешавад. Баргузории он дар шаҳри Давҳа, пойтахти Давлати Қатар, мақоми ин кишварро ҳамчун шарики стратегӣ ва фаъол барои СММ таъкид мекунад.

         Ногуфта намонад, ки “Саммити дуюми ҷаҳонии рушди иҷтимоӣ” идомаи саммити нахустини ҷаҳонии рушди иҷтимоӣ мебошад, ки дар пойтахти Дания шаҳри Копенгаген, дар соли 1995 баргузор шуд, мебошад. Он вақт саммит як нуқтаи таърихӣ дар ҳамкориҳои байналмилалӣ барои мубориза бо фақр, коҳиш додани бекорӣ ва тақвияти ҳамбастагии иҷтимоӣ нигаронида шуда буд[4].

         Инчунин дар ҳошияи ин Саммит ба давлатҳои иштирокдор имконият медиҳад, ки механизми ҳамкориҳои бисёрҷониба ва стратегияи нави рушди иҷтимоиро таҳия намоянд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими робитаҳои дуҷониба ва равобити иқтисодӣ-фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои арабӣ, махсусан Қатар, нақши муҳимро мебозанд. Сафар ба Қатар ҳамчун як қадами муҳим дар таҳкими муносибатҳо ва ташаккул ёфтани ояндаи устувор дар ҳамкориҳои байналмилалӣ мебошад. Сафар ба Қатар ва иштирок дар ин саммит метавонад ба пешбурди манфиатҳои Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ва ба роҳ мондани ҳамкориҳои нав дар соҳаи рушди иҷтимоӣ ва дигар соҳаҳои муҳим самараи хубе хоҳад овард.

         Бояд тазаккур дод, ки дар доираи ҳамкориҳои фарҳангӣ, дар моҳи октябри 2019, шаҳри Душанбе мизбони Рӯзҳои фарҳанги Қатар шуд. Дар рӯзи аввал мулоқот байни вазири фарҳанги Тоҷикистон, Матлубахон Сатториён  Амонзода ва вазири фарҳанги Қатар, Шайх Абдураҳмон ибни Ҳамад ибни Ҷосим оли Сонӣ дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон баргузор гардид. Ҳамчунин, ҷашнвораи фарҳангӣ дар Театри давлатии Опера ва балет бо намоишҳои мусиқӣ ва сурудҳои миллии Қатар ҳусни оғоз бахшида буд.

          Дар барномаи фарҳангии Қатар, ҳунармандони маъруфи қатарӣ, ки бо сурудҳо ва садои ширини худ табъи ҳозиринро болида карданд, ҳиссаи бузурги худро гузоштанд. Мансур ал-Муҳаннадӣ, овозхон ва урзасарои қатарӣ, бо сурудҳои мардумии қатарӣ зеҳни ҳозиронро ба шеъру мусиқии араб ҷалб намуд. Ӯро низ, ҳунармандони дигар, ба монанди Умар Бу Сақр, Аҳамад Абдураҳим ва гурӯҳи навозандагон ҳамроҳӣ карданд, ки ин намоиш ба як таҷрибаи ҳамкориҳои фарҳангии амиқ табдил ёфт.

         Рӯзҳои фарҳанги Давлати Қатар дар Тоҷикистон бо мақсади муаррифии фарҳангҳои ду миллат ва таҳкими робитаҳои фарҳангӣ байни кишварҳо баргузор шуд. Табодули фарҳангӣ нақши муҳимро дар наздик кардани халқҳо ва баланд бардоштани фаҳмиши мутақобил дар бораи анъанаву арзишҳои фарҳангии ҳамдигар мебозад.

          Дар баробари таҳкими ҳамкориҳои фарҳангӣ, ҳамкориҳои дар соҳаи «Дипломатияи варзишӣ» низ хуб ба роҳ монда шудааст. «Дипломатияи варзишӣ» дар равобити Қатар ва Тоҷикистон як заминаи хуб барои рушди ҳамкориҳои варзишӣ ва дипломатии ду кишвар табдил ёфтааст, ки метавонад нақши муҳими худро дар муносибатҳои байналмилалӣ дошта бошад. Ин тадбирҳо на танҳо ба фарҳанг, балки ба дигар соҳаҳои ҳамкории ду кишвар, аз ҷумла варзиш ва иқтисод, низ таъсир мерасонанд.

          Ҳамин тариқ, муносибатҳои Тоҷикистон бо давлатҳои арабӣ, бахусус давлати Қатар густариш ёфта истодааст. Тоҷикистон ва Қатар барои барқарории ҳамкориҳои самаранок ва рушд дар бахшҳои гуногун талош мекунанд. Саммити дуюми ҷаҳонии рушди иҷтимоӣ, ки дар шаҳри Давҳа пойтахти Давлати Қатар баргузор шуда истодааст, як платформаи муҳим барои таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ ва рушди иҷтимоии ду кишвар мебошад. Чорабиниҳои фарҳангӣ ва сиёсӣ, ки дар ҳошияи саммит ташкил мегарданд, ба тавсеаи робитаҳои дуҷониба ва мустаҳкам намудани ҳамкориҳои стратегӣ дар соҳаҳои мухталиф, аз ҷумла иқтисод, фарҳанг ва варзиш мусоидат хоҳанд кард.

 

 

Зиёев Субҳиддин 

номзади илмҳои филологӣ,

мудири шуъбаи Шарқи Миёна ва Наздики

Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ

 

Одинаев Абдуҳалим

ходими пешбари илмии

Шарқи Миёна ва Наздики    

Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ

 

 

Адабиёти истифодашуда:

  1. Бобоҷон Ғафуров. Тоҷикон: Таърихи қадимтарин, қадим, асрҳои миёна ва давраи нав. Душанбе: Нашриёти “Дониш”, 2008. 870 с. Саҳ 7-8.

  2. Зарифӣ Ҳ., Зоҳидов Н., Назриев Д., Сафаров Х. Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон. Душанбе: «Ирфон», 2012. 272 с. Саҳ. 163.

  3. Сафари корӣ ба Давлати Қатар. Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон. 03.11.2025. Манбаи электронӣ// https://prezident.tj/event/news/53570

  4. Мушорикати байналмилалии васеъ ва масъалаҳои муҳим дар назди Саммити дуюми ҷаҳонии рушди иҷтимоӣ дар Давҳа. Агентии иттилоотии Қатар. 03.11.2025. https://qna.org.qa/ar-QA/news/special-news-details? مشاركة دولية واسعة وملفات هامة أمام مؤتمر القمة العالمي الثاني للتنمية الاجتماعية بالدوحة غدا. وكالة الأنباء القطرية. 03 نوفمبر 2025.

БОЗГАШТ