CASA-1000 ҲАМЧУН ПУЛИ ГЕОЭНЕРГЕТИКӢ МИЁНИ КИШВАРҲОИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ ВА ОСИЁИ ҶАНУБӢ

Муаллиф: Раҳмонов Мирсаид

Расм

“Тарҳи CASA-1000, дар баробари таъмини рушди иҷтимоию иқтисодӣ, инчунин моро бо пули мустаҳками энергетикӣ пайваст хоҳад кард ва ҳамкориҳоро дар дигар арсаҳои ҳаётан муҳимми кишварҳои мо вусъат хоҳад бахшид”.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон.

        Санаи 15 сентябри 2025 конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ “Масоили равобити геоиқтисодию геосиёсии Осиёи Марказӣ дар доираи лоиҳаи CASA-1000” бо ташаббуси Шуъбаи Осиёи Ҷанубу Шарқии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон  доир  гардид, ки дар он  масъалаҳои робитаҳои  геоиқтисодию геосиёсии Осиёи Марказӣ дар доираи лоиҳаи CASA-1000, рушди ҳамкориҳои илмию фарҳангии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар доираи лоиҳаи CASA-1000, Осиёи Марказӣ дар низоми манфиатҳои геосиёсии лоиҳа, ҷанбаҳои геосиёсии амнияти энергетикӣ ва таъсири он ба сиёсати хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ, нақши лоиҳа дар истиқлолияти энергетикии Осиёи Марказӣ ва  содироти он  ба кишварҳои минтақа ба хусус  Осиёи  Ҷанубӣ  бо шумули Афғонистон ва  Покистон мавриди баррасӣ  қарор гардид.

Дар ин зимн,  хостем  чанд  ишорае  ба  муҳимияти минтақа  дар доираи лоиҳаи  мазкур  дошта  бошем.

Арзишҳои фарҳангу таърихии  кишварҳои Осиёи Миёна  ва Осиёи  Ҷанубӣ

        Робитаҳо миёни кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ва Осиёи  Ҷанубӣ собиқаи  таърихӣ дошта, мардумони ин сарзамин бо доштани фарҳангу адаби муштарак ҳамкориҳоро дар даврони Истиқлолият бештар рушд доданд. Ҳамин тариқ, кишварҳои минтақа дар доираи лоиҳаҳои муҳими  минтақавӣ  талош доранд, то робитаҳоро беҳтар таҳкиму тақвият бахшанд. Ба андешаи донишманди покистонӣ доктор Маҳбуб-ул-Ҳақ нишондиҳандаҳои рушди иқтисодиро бо рушду пешрафти инсонӣ метавон муайян кард.

        Мавриди зикр аст, ки тӯли чандин асрҳо минтақаи Осиёи Ҷанубӣ хусусан  Шибҳи Қора бо шумули Ҳиндустону Покистону Бангладеш забони тоҷикӣ-форсӣ ба ҳайси забони давлатӣ беш аз 700 сол истифода  шуда, тамоми санадҳо ва коргузироҳо бо ин забон омода ва нашр  мешуданд. Садҳо нафар нобиғаҳо, аз ҷумла Масъуди Саъди Салмон, Ғолиб, Бедил, Амир Хусрав, Зебунисо ва ғайраҳо аз Осиёи Марказӣ  ба Осиёи Ҷанубӣ сафар намуда, аз худ осори  арзишманд мерос  гузоштанд.  Ҳамин тариқ, забони форсӣ-тоҷикӣ бо чунин фарзонагони адаб мардумони ин минтакаро то ба имрӯз дар пайванди адабиву  забонӣ  нигоҳ доштааст.  Ба андешаи муаллифи китоби “Аз Панҷоб то Панҷрӯд”, устоди забон ва адабиёт доктор Орифи Навшоҳӣ забони форсӣ-тоҷикӣ ҷонмояи паёмҳои ниёгон ва меҳвари баҳамоии миёни ин миллатҳо маҳсуб мешавад.  Ҳиндшиноси тоҷик профессор Ҳабибулло Раҷабов низ ба ин назар аст, ки хазинаи бойтарини  адабиёти форсу  тоҷик дар ин минтақа мавҷуд  буда, нахустин рӯзномаи форсӣ-тоҷикӣ дар Ҳиндустон нашр шудааст. Мардумони тоҷику ҳиндро аз қадимулайём муштаракоти илмию фарҳангӣ бо ҳам мепайванданд, зеро фарҳанги тоҷикону ҳиндуҳо ба якдигар қаробати зиёд дошта, аз қаъри асрҳо об хӯрдаанд.

        Тибқи баррасиҳои муҳаққиқи тоҷиктабори покистонӣ Ориф Ҳасан  Охунзода,  сармеъмори мақбараи Мумтоз маҳал маъруф ба Тоҷмаҳал Устод Аҳмад аз Хуҷанди Тоҷикистон буда, дар шаҳри Лоҳур сукунат ихтиёр карда, асареро дар риёзиёту ҳандаса таҳти унвони “Рисолаи Аҳмади Меъмор” низ таълиф  кардааст. Зимнан, шоир ва файласуфи Шарқ Муҳаммад Иқбол мардумони Осиёи Марказӣ ба хусус тоҷиконро аз олиму орифу меъмору муҳандисон дониста, чунин ишора кардааст:

Буд  меъморе зи иқлими Хуҷанд,

Дар фани таъмир номи ӯ буланд...Иқбол

        Осиёи Марказӣ аз аввали даврони истиқлолият бо минтақаи Осиёи Ҷанубӣ равобити хубу ҳасана барқарор карда, бо доштани  пайвандҳои муштараки адабу фарҳангу забону таърих, лоиҳаву барномаҳо дар коркард ва мубодилаи иқтидори фаровони табиӣ ва ташаббусҳои созандаи  худ  дар ҳалли масоили гуногуни ҷаҳон нақши стратегӣ  мебозанд.

 

Нақши Тоҷикистони навин бо   кишварҳои минтақа

        Тоҷикистон аз наздиктарин кишварҳоест, ки бо Покистон пайванди ҷуғрофии наздик дошта, муносиботи дипломатӣ байни ҳар ду давлат 6 июни 1992 барқарор гардид. Соли 1993 Сафорати Ҷумҳурии Исломии Покистон дар шаҳри Душанбе боз гардида,  Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахустин маротиба соли 1994 ба ин кишвар сафар намуда, дар нишасту ҷаласаҳо фаъолона иштирок  карданд.

        Зимнан, робитаҳои дипломатии Тоҷикистон бо кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ, аз ҷумла Покистону Ҳиндустон дар даврони истиқлолият хело рушд ёфта, пайваста миёни роҳбарону намояндагони ин  кишварҳо мулоқоту машваратҳои муҳиму мубрам доир мегардад. Тоҷикистону Покистон узви фаъоли Созмони Милали Муттаҳид, Созмони ҳамкории иқтисодӣ (ECO), Созмони ҳамкории Шанхай ва Созмони кишварҳои исломӣ ва дигар  форуму ташкилоти минтақавӣ мебошанд. Вазоратҳои корҳои хориҷии ҳар ду мамлакат равобити хуби дипломатиро дар чаҳорчӯбаи созишномаҳо тақвият дода, таҳким мебахшанд.

        Мавриди зикр аст, ки гардиши мол байни ду мамлакат зиёд шуда,  содирот беш аз 6,6 миллион доллар ва воридот зиёда аз 9,6 миллион доллари ШМАро ташкил медиҳад. Тибқи омори нав,  дар даҳ соли охир табодули тиҷоратии ҳар ду мамлакат то 100 миллион доллари амрикоӣ расида, тарафҳо талош доранд, то онро афзоиш дода, ба 500 миллион доллари ШМА расонанд.

        Яке аз дигар самтҳое, ки Тоҷикистон ва Покистонро бо ҳам наздик месозад, амалисозии лоиҳаи CASA-1000 мебошад, ки ташаббусгарони  асосии он Тоҷикистон, Қирғизистон, Афғонистон ва Покистон буда,  мақсаду ҳадафи асосии он тавлид ва интиқоли барқи обӣ аз Осиёи Марказӣ ба Осиёи Ҷанубӣ мебошад. Дар шаҳри Исломободи Покистон нахустин шӯрои байниҳукуматии чаҳор кишвар баргузор шуд, ки дар он  қарорҳои калидӣ, аз ҷумла фармоиши асосноккунии фаннӣ-иқтисодии лоиҳа қабул гардид.

        Лоиҳаи CASA-1000 яке аз бузургтарин тарҳҳои энергетикӣ миёни минтақаи Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ буда, ба масофаи 750 километр хатти баландшиддати интиқоли барқ  аз қаламрави Афғонистон гузашта, ба Покистон хоҳад расид. Дар натиҷаи ин лоиҳа низоми энергетикии ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қирғизистон, Афғонистон ва Покистон хубтару муназзамтар гардида, кишварҳои иинтақа бо як пайванди систематикӣ фаъолият хоҳанд кард.

        Баррасиву арзёбии пешакии техникӣ-иқтисодии мушовирони лоиҳаи мазкур нишон медиҳад, ки сатҳи аввалияи изофаи содиротӣ  пас аз  қонеъ кардани талаботи дохилӣ бо иловаи лоиҳаи  НБО Сангтӯда  аз ду кишвари Осиёи Марказӣ иборат буда, ба Афғонистону  Покистон интиқол дода мешавад.

Мақсаду манофеъи лоиҳаи «CASA-1000»

Дар ин замина метавон мақсаду манофеъи лоиҳаи мазкурро ба таври зайл арзёбӣ намуд:

•          Лоиҳаи  «CASA-1000» дар баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии сокинони кишварҳои  минтақаи қораи Осиё ва атрофи он манфиат хоҳад расонд.

•          Дар доираи ҷараёни омодагиҳо ба оғози татбиқи лоиҳаи «CASA-1000» чандин санадҳои лоиҳавӣ омода ва ба имзо расид, ки ба талаботи байналмилалӣ ҷавобгӯ буда, дар худ механизми ҳамкории судманди тиҷоратиро миёни кишварҳо таҷассум менамоянд.

•          Лоиҳаи «CASA-1000» имконият фароҳам меорад, ки кишварҳо муштаракона дар раванди низомҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, экологиро беҳтару бештар роҳандозӣ кунанд.

•          Лоиҳаи «CASA-1000»-ро ҳамчун як таҷрибаи хуб барои баланд бардоштани иқтидорҳои зеҳнии кишварҳо низ метавон номид. Зеро ба воситаи «CASA-1000» дастгирии мустақими барномаҳои рушди маҳал ба назар гирифта шуда, дар доираи онҳо як қатор мушкилоти ҳаррӯзаи сокинони деҳоти кишварҳои аъзо бартараф  мегарданд.

•          Арзишу аслияти лоиҳаи «CASA-1000»-ро  масъалаи экологӣ такшил дода, неруи барқи сабзи Тоҷикистон ва таҳвили он имконият фароҳам меоварад, то таъсири манфии фаъолияти энергетикӣ ба муҳити зист дар минтақа кам гардад.

•          Лоиҳаи «CASA-1000» бо талаботи замони муосир ва талоши ҷомеаи ҷаҳонӣ бобати гузариш ба иқтисоди сабз муносибу мувофиқ мебошад.

•          Истифодаи самаранок ва саривақтии лоиҳа заминаи хубест дар  дастёбӣ ба рушди энергетикии устувор дар минтақа мебошад.

•          Лоиҳаи CASA-1000 робитаи иқтисодии минтақаро дар доираи  “Роҳи нави Абрешим” бештар дастгирӣ мекунад.

•          Лоиҳаи мазкур дар баробари таъмини рушди иҷтимоию иқтисодӣ, инчунин мардумони минтақаро бо пули мустаҳками энергетикӣ пайваст хоҳад кард ва ҳамкориҳоро дар дигар арсаҳои ҳаётан муҳимми кишварҳои  минтақа вусъат мебахшад.

•          Ҳамчунин, тарҳи CASA-1000 унсури калидии бозори энергетикии минтақа мебошад ва тавлидкунандагону истеъмолкунандагони неруи барқро дар  минтақа ба ҳам хоҳад овард.

•          Тоҷикистон имкон дорад тавассути афзоиши иқтидорҳои тавлиди неруи барқи худ интиқоли онро ҳамасола таъмин намояд.

        Ҳамин тавр, пурра амалӣ гардидани лоиҳа барои кишварҳо ҷиҳати ташкил намудани бозори ягона ва савдои солона имконияту шароити беҳтар фароҳам меорад, ки тавассути он кишварҳои минтақа бо шумули Тоҷикистон ва Қирғизистон ба кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ неруи барқи иловагиро дар ҳаҷми 1300 мегаватт содир мекунанд. Миёни кишварҳо бозори минтақавии иқтисодии электроэнергия ташкил хоҳанд кард, ки на танҳо барои чор давлат муносибу муфид аст, балки дар такмилу танзими низоми интиқоли барқ ва ҳавасмандгардонии кишварҳои минтақа ҷиҳати устуворнамоии ҳамкориҳои байниминтақавӣ мусоидат менамояд.

        Тибқи нақшаи лоиҳа, кишварҳо баъди ба истифода додани CASA-1000 даромадҳои содиротиро, пеш аз ҳама, барои фаъолияти бефосилаи лоиҳаи “CASA-1000”, аз ҷумла пардохтҳои саривақтӣ ба истеҳсолкунандагони неруи барқ, пардохти қарзҳо, инчунин, барои мусоидат ба барномаҳои сарфакоронаи энергия ва дигар тадбирҳо ҷиҳати рафъи камбуди неруи барқ дар фасли зимистон истифода мебаранд.

Хулосаву тавсияҳо

        Дар ниҳоят метавон қайд кард, ки лоиҳаи CASA-1000 чун пули иртиботӣ   дар рушди инфрасохтори маҳаллии нерӯи барқи чаҳор кишвари ташаббусгар дар баробари боз кардани дарҳои нави имкониятҳо дар соҳаи энергетика ва дигар ҷанбаҳои тиҷорат нақш дошта, қадами созанда дар роҳи сулҳу шукуфоӣ миёни кишварҳо хоҳад буд. Агарчӣ лоиҳаи  CASA-1000 мушкилоти пурраи  энергетикии кишварҳои воридкунандаро бартараф карда натавонад ҳам, он метавонад ба баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардумони минтақа мусоидат карда, шароитро барои рушди корхонаҳои  саноатӣ  кӯмак  хоҳад  расонд.

        Тоҷикистон бо истифодаи дурусти  захираҳои табиӣ ва пойгоҳҳои бузурги тавлиди неруи барқ, дарё ва пиряхҳои фаровон ба аҳолии кишвар ва сайёра манфиат расонда, бо эҷоди долонҳои тиҷоратӣ метавонад Осиёи Марказӣ ва Ҷанубиро чун як минтақаи муҳими  геоэнергектикӣ дар ҳамкорӣ бо созмонҳои минтақавӣ бо шумули СҲШ ва МҲТБО  табдил дода, дар доираи лоиҳаҳо, аз  ҷумла  тарҳи “CASA-1000” ҳамкориҳояшро тавсеа  бахшад.

        Хулоса, ба таъкиди Президенти муҳтарами  Тоҷикистон “Татбиқи лоиҳаи бунёди хатти интиқоли барқи CASA-1000 барои ҳамаи мо ҳамчун рамзи шуруи ҳамкориҳои воқеӣ байни кишварҳои минтақаи фарохи Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ лаҳзаи хотирмону дорои аҳамияти таърихӣ мебошад”.

        Ба назари муллифи мақола тарҳи “CASA-1000”-ро метовон ҳамчун стратегияи пайвандгари Осиёи Марказӣ бо Осиёи Ҷанубӣ пазируфт, ки баҳри манфиати мардумони минтақа ба роҳ монда шуда, заминаро барои ташкили бозори минтақавии электроэнергия дар Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ (CASAREM)  фароҳам  хоҳад  овард.Зеро лоиҳа низоми энергетикии ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қирғизистон, Афғонистон ва Покистон хубтару муназзамтар гардида, бо як пайванди систематикӣ фаъолият хоҳанд кард.

        Ҳамин тариқ, лоиҳа  чун пули иртиботӣ миёни кишварҳо бозори минтақавии иқтисодии электроэнергия ташкил хоҳанд кард, ки на танҳо барои чор давлат муносибу муфид аст, балки дар такмилу танзими низоми интиқоли барқ ва ҳавасмандгардонии кишварҳои минтақа ҷиҳати устуворнамоии ҳамкориҳои байниминтақавӣ мусоидат менамояд.

 

Мирсаид Раҳмонов

ходими калони илмии Шуъбаи Осиёи Ҷанубу Шарқии

Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои

Академияи миллии илмии Тоҷикистон

БОЗГАШТ