КОНСТИТУТСИЯ – ШАҲҚОНУНИ ҚОНУНҲО ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муаллиф: Рухшона Азизхонова

Расм

         Дар таърихи ҳар давлати соҳибихтиёр Конститутсия ҳамчун пойдевори ҳуқуқӣ ва сиёсӣ арзиши беназир дорад. Онро "шаҳқонун”-и қонунҳо меноманд, зеро ҳамаи қонунҳо ва санадҳои зерқонунӣ бояд ба меъёрҳои он мутобиқ бошанд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки пас аз ба даст овардани истиқлоли давлат дар шароити мураккаби ҷаҳонишавӣ ва низоҳои дохилӣ қарор дошт, қабули Конститутсия рӯйдади таърихӣ буд. Ин санад на танҳо низоми давлатро муайян кард, балки роҳи сулҳу ваҳдатро кушод.

         Конститутсия аз калимаи лотинӣ –constitutio, яъне "муқарарот" – қонуни асосии давлат аст, ки сохтори ҳокимият, ҳуқуқҳои шаҳрвандон ва асосҳои иҷтимоиро муайян мекунад. Дар назарияи ҳуқуқ конститутсияро "пирамидаи ҳуқуқӣ" меноманд, ки он болои ҳама қонунҳо қарор дорад. Дар шароити глобализатсия конститутсияҳо бояд ба стандартҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Эъломияи умумии ҳуқуқи башар соли 1948 мутобиқ бошанд. Дар Тоҷикистон ин меъёрҳо дар моддаҳои 14 то 47-и Конститутсия инъикос ёфтаанд, ки ҳуқуқҳои инсонро муқаддас мехонанд (моддаи 5). Шаҳқонун будани он аз моддаи 10 бармеояд: "Конститутсияи Тоҷикистон эътибори олии ҳуқуқӣ дорад ва меъёрҳои он мустақиман амал мекунанд".

         Пас аз истиқлолият соли 1991 Тоҷикистон ба ҷанги шаҳрвандӣ аз соли 1992 то 1997 дучор омад. Дар ин давра лоиҳаи аввалин Конститутсия моҳи апрели соли 1992 пешниҳод гардид, аммо қабул нашуд. Танҳо 6 ноябри соли 1994 тавассути раъйпурсии умумихалқӣ бо иштироки 95,7% овоздиҳандагон Конститутсия қабул шуд. Дар солҳои  1999, 2003 ва  2016 ба он тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд. Ин тағйиротҳо ба устувории давлат мусоидат карданд.

         Таҷзияи ҳокимият дар моддаи 9 муайян шудааст: қонунгузорӣ ба Маҷлиси Олӣ, иҷроия ба Президент ва Ҳукумат, судӣ мустақил аст. Ин система аз ихтилофҳо пешгирӣ мекунад.

         Конститутсияи Тоҷикистон дорои қувваи олии ҳуқуқӣ буда, меъёрҳои он бевосита татбиқ мегарданд – ин ҳукм дар моддаи 10-уми Конститутсия чунин ифода ёфтааст. Афзалияти принсипҳои Конститутсия нисбат ба дигар ҳуҷҷатҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар қисмати ибтидоии ҳамин модда муқаррар шудааст. Ҳамаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ аз Конститутсия сарчашма мегиранд ва набояд бо он муноқиша дошта бошанд. Агар ҳуҷҷатҳои меъёрӣ ба Конститутсия зид бошанд, онҳо беэътибор ҳисобида мешаванд. Ин ҳуҷҷати муҳим нишондиҳандаи принсипҳои ҳуқуқӣ аст ва тасвири ҳозира ва гузаштаи Тоҷикистонро дар бар мегирад. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқлолияти кишварро расман сабт намуда, роҳҳои пешрафти ҷомеаи муосирро муайян кард ва пояҳои ҳуқуқиеро бунёд гузошт, ки метавонад якпорчагии сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии мамлакатро ҳифз кунад. Ҳамин тавр, принсипҳои Конститутсия дорои қувваи ҳуқуқии олӣ мебошанд.

         Маҳз Конститутсияи кишвар риоя ва муҳофизати ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро тавассути кори мақомоти судӣ ҳимоя мекунад. Конститутсияи давраи истиқлолият аз нуқтаи назари назариявӣ комилан ба стандартҳои қонунгузории байналмилалӣ мувофиқ аст. Ҳар моддаи он бо тайёрии касбӣ ва бо дарназардошти хости мардуми Тоҷикистон таҳия гардидааст. Амалӣ шудани ин принсипҳо ва донистани ҳуқуқҳои худ аз сатҳи маърифати ҳуқуқии аҳолӣ вобаста аст. Дар таърихи давлатсозии тоҷикон бори нахуст дар сатҳи Конститутсия ҳокимияти судӣ ба сифати бахши мустақили қудрати давлатӣ пазируфта шуд.

        То ҳол зиёда аз 20 кодекс ва беш аз 400 қонуни умумӣ, соҳавӣ ва миллӣ пазируфта шудаанд, ки дар танзими равобити ҷамъиятӣ нақши калидӣ доранд. Конститутсия низоми нави давлатсозии миллии тоҷиконро ҳамчун давлати мустақил, демократӣ, ҳуқуқманд, ғайридинӣ ва якпорча муайян намудааст. Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро ҳамчун арзиши олӣ эътироф кард. Барои гузаронидани ислоҳоти ҳуқуқӣ-конститутсионӣ ва қабули қонунҳои миллӣ дар Тоҷикистон асос гузошт.

         Имрӯз Тоҷикистон бо зиёда аз 180 давлати дунё равобити дипломатӣ барқарор карда, узви беш аз 57 созмони бонуфузи байналмилалӣ мебошад. Ҳамин аст, ки Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун ҳомии мардум ва Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин дар ҳалли мушкилоти умумиҷаҳонӣ, аз ҷумла масъалаҳои об, ҳифзи пиряхҳо, тағйирёбии иқлим ва таъмини сулҳу амнияти сайёра аз минбарҳои баланди созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ҷомеаи ҷаҳониро ба ҳалли мушкилоти глобалии олам даъват менамоянд. Ин иқдоми шарафманди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид ва ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфта шуда, қатъномаҳо қабул гардиданд. Ин мояи ифтихор ва афзоиши нуфузу эътибори Тоҷикистон дар сатҳи ҷаҳон аст. Дар дебочаи Конститутсия мардуми Тоҷикистон ҳамчун ҷузъи ҷудонопазири ҷомеаи ҷаҳонӣ эълон шудааст. Тоҷикистон дар доираи фаъолияти байналмилалии худ риояи принсипҳо ва меъёрҳои пазируфтаи ҷаҳониро ӯҳдадор шудааст ва онҳоро амалӣ мекунад. Бо такя ба муқаррароти Конститутсия Тоҷикистон иштирокчии садҳо ҳуҷҷатҳои байналмилалӣ, хусусан муҳимтарин санадҳои байналмилалӣ дар бахши ҳуқуқи инсон аст. Ӯҳдадориҳои байналмилалии худро дар ин самт иҷро менамояд ва ба созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ мунтазам гузоришҳо пешниҳод мекунад. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз конститутсияҳои беҳтарини олам шуморида мешавад.

         Конститутсия таъмини ҳаёти осоишта кафолат додааст. Аз ин рӯ, дар асри ХХI масъулияти муқаддаси ҳар як тоҷики бонангу номус ва дар маҷмӯъ ҳамаи тоҷикон аз он иборат аст, ки ба арзишҳо ва принсипҳои Конститутсия, ки Тоҷикистонро ба ҷомеаи мутамаддини ҷаҳонӣ пайваст кард, эҳтиром гузорем. Дар доираи Конститутсия ва қонунҳо зиндагӣ кунем. Муқаррароти онро дар амал татбиқ намоем. Бо такя ба Конститутсия дар роҳи расидан ба ҳадафҳои миллӣ, хусусан раванди созандагӣ, ки ояндаи дурахшони кишвар ба он сахт вобаста аст, ҳиссаи арзанда гузорем. Принсипҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун роҳнамо моро ба сӯи ояндаи дурахшон ҳидоят карда, моро водор месозанд. Бо риояи арзишҳои демократӣ ва ҳуқуқӣ ҷомеаи ҳозиразамонамонро дар шароити пурчунбиши ҷаҳонишавӣ ҳамчун гавҳараки чашм нигоҳ дорем. Мо набояд иҷозат диҳем, ки кӯтоҳбинии касе ба истиқлоли миллӣ ва суботу амнияти давлатамон зарар расонад.

 

Дар арсаи ҷаҳонӣ моро бувад шаҳқонун,

Андар сарои ҷонӣ моро бувад шаҳқонун.

Бошад барои дунё қонуни мо таманно,

Эй кош насли одам бинад роҳи маъно.

Сохтори давлатдорӣ дар боби як навишта,

Озодиҳои инсон дар боби ду саришта.

Чун парлумони миллат дар боби сеюми он,

Як рӯзгори зебо бошад насиби инсон.

Дар боби чоруми он файзе зи Сарвари мо,

Морост пайки некӣ бо амри Раҳбари мо.

Фарҳангу иҷтимову ҳам иқтисоди миллат,

Бошад ҳукумати мо дар боби панҷи ҳикмат.

Боби шаш аст, оре, мақомоти маҳаллӣ,

Барои аҷри миллат камолоти маҳаллӣ.

Боби ҳафти Бадахшон боби саодати мо,

Дар партави иноят баҳои одати мо.

Дар боби ҳашти судӣ моро қарори ҳастӣ,

Боби нӯҳи прокурор маъвои сарпарастӣ.

Дар боби даҳ чу донӣ бо халқи Тоҷикистон,

Ҳаққи иловаҳоро бахшида амри виҷдон.

Шукрона, Дониёро, қонуни зиндагиро,

Бояд, ки роҳ гирӣ афзуни зиндагиро.

 

АЗИЗХОНОВА Рухшона

ходими хурди илмии шуъбаи

Осиёи Ҷанубу Шарқии

Институти омӯзиши масъалаҳои

давлатҳои Осиё ва Аврупои  АМИТ

БОЗГАШТ