КОНСТИТУТСИЯ - СИПАРИ ҲУҚУҚИИ ИСТИҚЛОЛИ КИШВАР

Муаллиф: Судуров С.А.

Расм

         Ҳар як миллат дар таърихи худ санаҳое дорад, ки ба унвони меҳвари тақдирсоз дар ёдҳо нақш мебанданд. Барои мардуми шарифи Тоҷикистон         6-уми ноябр чунин рӯзи муқаддас аст. Ин рӯз, ки ҳамчун Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад, на танҳо як санаи расмӣ, балки рамзи таҷассуми ормонҳои чандинасраи халқи тоҷик барои бунёди давлати воқеан соҳибихтиёр, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ мебошад.  Ин санади воло, на танҳо ҳамчун Қонуни асосӣ, балки ба унвони “сипари ҳуқуқии истиқлоли кишвар” эътироф шудааст, зеро маҳз меъёрҳои он муҳофизати ҳуқуқӣ ва сиёсии соҳибихтиёрӣ, якпорчагӣ ва низоми давлатиро таъмин менамоянд.

        Қабули Конститутсия аз рӯйдодҳои муҳимтарини давраи истиқлолият ба шумор меравад, зеро он нақшаи меъмории давлати навро кашида, принсипҳои асосии онро муайян намуд. Конститутсия Тоҷикистонро давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона эълон кард. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷати таърихӣ, ҳуқуқӣ ва тақдирсоз аст. Он на танҳо як китоби қонун, балки вижагии ҳуқуқии миллат аст, ки дар шароити вазнинтарини таърихӣ - дар оғози истиқлолият ва ҷанги дохилӣ қабул гардидааст.

         Дар ин Қонуни Асосӣ меъёрҳои олии ҳуқуқӣ дарҷ гардидаанд, ки тибқи онҳо инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ эълон шудаанд. Ин як нуқтаи гардиш дар таърихи ҳуқуқии мо буд, ки мавқеи шаҳрвандро дар баробари давлат ба таври куллӣ тағйир дод. Ҳамин Конститутсия замина гузошт, ки Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи байналмилалӣ эътироф гардад ва ҳуқуқи онро барои муайян кардани тақдири минбаъдаи худ тасдиқ кард.

         Конститутсия, ки дар истилоҳи ҳуқуқӣ ба маънои ”сохтор” ё “таркиб” аст, маҷмӯи меъёрҳои олии ҳуқуқиест, ки сохтори давлатӣ, асосҳои низоми ҷамъиятӣ ва муҳимтар аз ҳама, мақоми инсон ва шаҳрвандро муайян менамояд. Истиқлол бидуни пойдевори қонунӣ ноустувор аст. Маҳз Конститутсия ҳамчун Қонуни асосӣ нақши ин пойдеворро иҷро намуда, ба тамоми самтҳои ҳаёти ҷомеа асоси ҳуқуқӣ мебахшад. Бинобар ин, омӯзиши амиқи нақш ва сохтори он дар шароити таҳдидҳои ҷаҳони муосир, на танҳо аҳамияти илмӣ, балки зарурати миллӣ дорад.

         Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 6 ноябри соли 1994 қабул гардидааст, дар шароити ниҳоят ҳассоси таърихӣ - ҷанги шаҳрвандӣ ва хатари аз байн рафтани давлатдории миллӣ, ҳамчун санади олии ҳуқуқӣ қабул гардида, асосҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии истиқлолро мустаҳкам намуда, ягонагии мардумро ба таври қонунӣ кафолат дод. Он на танҳо як ҳуҷҷати ҳуқуқӣ, балки дар шароити Тоҷикистон, як санади сулҳ буд, ки баъдан заминаи ҳуқуқии Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллиро фароҳам овард. Дар фазои пурошӯбе, ки ҷанги дохилӣ кишварро фаро гирифта буд, қабули Конститутсия ба ҷомеа имкон дод, ки аз ҳолати беқонунӣ ва парокандагӣ ба сохтори муназзами давлатӣ гузарад.  Конститутсия дар марҳилаи тақдирсози таърих на танҳо як ҳуҷҷати асосӣ, балки гарави амният, оромӣ ва обрӯи Тоҷикистон дар назди ҷомеаи ҷаҳонӣ гардид.  

         Қабули Конститутсия тариқи раъйпурсии умумихалқӣ  худ як далели қотеъи демократия мебошад. Ин қадами қатъӣ таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, гузошта шуда, маҳз ба истиқлолияти кишвар заминаи устувори ҳуқуқӣ бахшид.  Маҳз Конститутсия дар  Моддаи 1 Тоҷикистонро расман чун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона эълон кард. Эълони ҳуқуқбунёдӣ ва дунявӣ будани давлат дар ҳамон шароити буҳронии сиёсӣ ва ифротгароӣ, як қарори қатъӣ ва стратегӣ буд, ки роҳи рушди кишварро ба сӯи суботи сиёсӣ ва пешрафти ҷомеаи муосир муайян намуд.

         Барои дарки аҳамияти Конститутсияи соли 1994, бояд вазъияти ибтидои солҳои 90-уми асри гузаштаро ба таври амиқ таҳлил кард. Пас аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ дар соли 1991, Тоҷикистон ба ҷои таҳкими давлатдорӣ, дар натиҷаи дахолатҳои хориҷӣ ва ихтилофоти дохилӣ, ба зудӣ дар вартаи хатарноки ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ қарор гирифт. Ҳокимияти иҷроия ва қонунгузорӣ амалан фалаҷ шуда, сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ аз фаъолият боз монда буданд. Дар натиҷаи муноқишаи мусаллаҳона, садҳо ҳазор шаҳрванд овора шуда, якпорчагии қаламрави кишвар зери суол рафта буд. Зарурати таъмини амният, сулҳ ва якпорчагӣ аз ҳама мушкилоти дигар болотар меистод. Дар чунин шароит, ҳеҷ як санади олии ҳуқуқӣ (ба мисли конститутсияи собиқ) дигар наметавонист ба истиқлол ва ҳуқуқи шаҳрванд кафолат диҳад.  

         Маҳз дар ин давраи тақдирсоз, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши ҳалкунандаро дар ҳифзи давлатдории тоҷикон бар ӯҳда гирифт. Ташаббус ва қатъияти Сарвари давлат буд, ки бо вуҷуди идомаи ҷанг, раъйпурсии умумихалқӣ баргузор гардид. Ин иқдом на танҳо кафолат дод, ки манбаи ҳокимият – халқ – ба таври демократӣ сарнавишти худро интихоб намояд, балки ба таври расмӣ ба ҷангу ихтилофҳо бартарии роҳи ҳуқуқиро пешниҳод намуд.

         Конститутсияи соли 1994, сохтори нави давлатиро дар асоси принсипи тақсимоти ҳокимият  муқаррар намуд, ки низоми мутавозин ва назорати байни мақомоти давлатиро таъмин менамояд:

- Ҳокимияти қонунгузор (Боби 3): Маҷлиси Олӣ (Парламенти дупалатагӣ) - қабули қонунҳо ва назорат аз болои Ҳукумат.

- Ҳокимияти иҷроия (Боби 4-5): Президент ва Ҳукумат - идоракунии давлат ва иҷрои қонунҳо.

- Ҳокимияти судӣ (Боби 8): Судҳо - таъмини адолат ва назорати риояи қонунҳо.

        Ин тақсимот аз парокандагӣ ва мутамарказшавии беасоси қудрат пешгирӣ намуда, устувории низоми сиёсиро кафолат медиҳад.

        Қонуни асосӣ на танҳо сохтори давлатро муайян мекунад, балки ба таври мустақим ҳамчун сипари ҳуқуқӣ, муҳимтарин арзишҳои миллӣ – истиқлолият ва ваҳдати миллиро ҳифз менамояд. Дар санад ба таври қатъӣ кафолат дода шудааст, ки соҳибихтиёрии давлатӣ ва якпорчагии қаламрави он дахлнопазир ва тақсимнашаванда аст. Муқаррароти Конститутсия дар бораи тартиби тағйир додани сарҳад ва қонунҳои марбут ба амнияти миллӣ, мустақилияти иттихози қарорҳои сиёсии Тоҷикистонро таъмин менамояд. Ҳама гуна амале, ки ба халалдор кардани якпорчагии қаламрав ё соҳибихтиёрии давлатӣ равона шудааст, тибқи қонун ҷавобгарии ҳуқуқӣ дорад, ки ин худ  сипари қавӣ алайҳи сепаратизм ва дахолати беруна мебошад.

         Қабули Конститутсия (1994) ва баъдан ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ (1997) ду рӯйдоди ҷудонашавандаанд. Конститутсияи ҳуқуқбунёд заминаи сиёсӣ ва ҳуқуқиро барои бартараф кардани тафриқаҳои идеологӣ ва минтақавӣ фароҳам овард. Он бо таъмини баробарии ҳамаи шаҳрвандон дар назди қонун (новобаста аз миллат, нажод, дин ва вазъи иҷтимоӣ), мустақиман ба таҳкими Ваҳдати миллӣ хидмат кард. Ин меъёрҳо имкон доданд, ки ҳамаи нерӯҳои сиёсӣ дар чаҳорчӯбаи қонунӣ ба ҳам оянд ва ҷанги шаҳрвандӣ хотима ёбад. Яке аз дастовардҳои бузургтарини Конститутсия, ин таъмини заминаи ҳуқуқӣ барои барқарор кардани сулҳу ваҳдати миллӣ мебошад. Маҳз дар доираи муқаррароти Конститутсия буд, ки сохтори давлатии нав ташкил ёфта, ба низоми бисёрҳизбӣ ва иқтисоди бозорӣ роҳ кушода шуд.

         Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар як лаҳзаи ҳассоси таърихӣ тавассути иродаи халқ қабул гардидааст, бешубҳа, сипари ҳуқуқии истиқлоли кишвар мебошад. Конститутсияи ҶТ як “ҳуҷҷати зинда” аст, ки тавассути тағйироту иловаҳо ба талаботи замон ва рушди ҷомеа мутобиқ мешавад. Дар ҷаҳони муосир, ки таҳдидҳои геополитикӣ ва ифротгароӣ зиёданд, вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон ин аст, ки Конститутсияро на танҳо ҳамчун маҷмӯи моддаҳо, балки ҳамчун маншури ҳаёт ва сипари миллӣ эътироф намояд. Риоя ва ҳимояи принсипҳои Конститутсия кафолати идомаи сулҳ, пойдории Ваҳдати миллӣ ва таҳкими абадии Истиқлолияти давлатӣ мебошад.  Албатта, роҳи сохтмони давлати навин ҳамеша ҳамвор набудааст. Дар раванди татбиқи меъёрҳои Конститутсия баъзе мушкилот ва норасоиҳо дар ҳаёти иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва ҳуқуқӣ рӯи кор омадаанд, ки ба таҳлили амиқ ва пайваста ниёз доранд. Таҷрибаи 31-сола нишон дод, ки барои ноил шудан ба ҳадафҳои олии Қонуни Асосӣ таҳкими пайвастаи тафаккури ҳуқуқӣ, масъулиятшиносии мансабдорон ва баланд бардоштани маърифати шаҳрвандон зарур аст.

          Вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон ин аст, ки ба Қонуни асосӣ эҳтиром гузорад ва аз меъёрҳои он дифоъ намояд.    Рӯзи Конститутсия имконияти муносиб барои ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон аст, ки дар бораи нақши Қонуни Асосӣ дар зиндагии худ андеша кунад. Конститутсия ҳамчун сипари ҳуқуқии истиқлол, то замоне, ки мо ба меъёрҳои он содиқ бошем ва барои татбиқи пурраи онҳо талош варзем, кафолати ояндаи давлати соҳибистиқлол хоҳад буд. Эҳтиром ба Қонуни Асосӣ, эҳтиром ба истиқлолият ва ояндаи Ватан аст.

 

Судуров С.А.

ходими калони илмии шӯъбаи ИДМ – и

Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ

БОЗГАШТ