НАҚШИ КОНСТИТУТСИЯ ДАР НИЗОМИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТИИ ШМА ВА МУҚОИСАИ ОН БО КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муаллиф: Дороншоева Некбахт

Расм

         Конститутсия пояи устувори ҳар як  давлати ҳуқуқбунёд ба шумор меравад. Он  на танҳо асосӣ қонунгузорӣ, балки ҳуҷҷати муҳиме мебошад, ки сохтори сиёсӣ, ҳокимият ва ҳуқуқи шаҳрвандонро муайян мекунад. Конститутсияи Штатҳои Муттаҳидаи Амрико яке аз аввалин ва муваффақтарин намунаҳои давлатдории конститутсионӣ дар ҷаҳон ба ҳисоб меравад. Он беш аз ду аср боқи монда, нақши калидӣ дар ташаккули демократияи амрикоӣ ва низоми идоракунии давлати бозидааст.

         Бояд қайд кард, ки то қабули  Конститутсияи ШМА як қатор ҳуҷҷатҳои таърихӣ мавҷуд буданд, ки дар онҳо унсурҳои ибтидоии давлатдории конститутсионӣ инъикос ёфта буданд. Ба чунин ҳуҷҷатҳо метавон Magna Carta, Instrument of Government ва Конститутсияи Сан Марино ишора кард. Бо вуҷуди ин, ҳеҷ яке аз онҳо пояи давлати соҳибистиқлолро ташкил намедод ва танҳо ҳамчун намунаҳои аввалини маҳдудсозии ҳокимияти мутлақ арзёбӣ мешаванд.

         Аз ҷумла, Magna Carta [7] соли 1215 дар Англия қабул гардида буд ва он нахустин санадест, ки маҳдудиятҳои ҳокимияти подшоҳро аз ҷониби ашрофон муқаррар намуд. Гарчанде ин ҳуҷҷат расман конститутсия ном надошт, вале принсипҳои ҳокимияти қонун ва ҳимояи ҳуқуқи озодиҳои шаҳрвандонро асос гузошт.

         Instrument of Government [6] соли 1653 дар давраи Оливер Крамвелл дар Англия қабул гардид. Гарчанде ки бархе аз муҳаққиқон онро аввалин конститусияи хаттии муосир мешуморанд, аммо он дер  давом накард ва соли 1657 бо бекор шудани ҷумҳурӣ аз байн рафт

         Конститутсияи Сан-Марино [1] бошад соли 1600 қабул карда  шуд. Яке аз куҳнатарин ҳуҷҷатҳои конститутсионӣ дар Аврупо ба ҳисоб меравад, ки қисман то ҳол амали мекунад. Аммо он шакли муосири конститутсияро надошт ва бештар маҷмӯи қонунҳо, фармонҳо ва анъанаҳои давлатӣ буд, ки фаъолияти мақомоти ҳокимиятро танзим мекунад.

         Аз ин рӯ, Конститутсияи Штатҳои Муттаҳидаи Амрико аввалин конститутсияи муосир ва хаттӣ мебошад, ки то имрӯз амал мекунад. То соли 1775, 13 колонияи Амрикои Шимолӣ таҳти  ҳукмронии Британияи Кабир қарор доштанд ва сиёсати иқтисодию сиёсии онҳо пурра аз Лондон вобаста буд. Андозҳои маҷбурӣ ва набудани намояндагӣ дар парлумони  Британия боиси норозигии аҳолии Амрико гардид ва дар соли 1775 ба оғози ҷанги истиқлолияти Амрико овард расонд. То соли 1776, мустамликаҳо худро аз Бритониё озод ва мустақил эълон карда буданд. Пас аз истиқлолияти ШМА аз Британияи Кабир давлат бар асоси “мақолаҳои оид ба Конфедератсия” (Articles of Confederation) идора мешуд. Аммо ин низом  самаранок набуд.  Ҳукумати марказӣ қудрати кофӣ барои идора кардани иқтисод ва сиёсатӣ хориҷӣ надошт, қонунҳои штатҳо бо ҳам мувофиқ набуданд ва  ягонагии давлат заиф гардида буд. Барои бартараф кардани ин мушкилот соли 1787 дар ш. Филоделфия Конвенсияи конститутсионӣ баргузор гардид, ки дар он намояндагони 13 штат ҷамъ омада, Конститутсияи нав таҳия карданд. [12] Ин ҳуҷҷат 17 сентябри ҳамон сол қабул шуд ва соли 1788 аз ҷониби аксари штатҳо тасдиқ гардид. Конститутсия ба таври возеҳ сохтори федералии давлатро муайян намуда, ҳокимиятро ба се шохаи мустақил: қонунгузор, иҷроия ва судӣ тасдиқ мекунад. Дар баробари ин принсипҳои асосии демократия, федерализм ва кафолати ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандонро муайян ва мустаҳкам менамояд.

         Конститутсияи ШМА аз 7 модда иборат буда то имрӯз 27 маротиба бо он тағйиру иловаҳо давроварда шудааст. Дар он як қатор принсипҳои калидӣ ҷой доранд, ки пояи идоракунии давлатӣ мебошанд.

         Дар муқаддимаи конститутсия омадааст, “Мо, мардуми ШМА, бо мақсади ташкили иттиҳоди комилтар, барқарор кардани адолат, таъмини оромии дохилӣ, таъмини дифои умумӣ, пешбурди некӯаҳволии умумӣ ва ҳифзи озодӣ барои худ ва наслиҳои оянда, ин Конститутсияро барои ШМА қабул ва тасдиқ менамоем. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки манбаи ягонаи ҳокимият худи мардуми Амрико мебошанд. Ҳукумат аз ҷониби халқ интихоб шуда, ба халқ хизмат мекунад. [11]

Мувофиқи моддаҳои 1,2 ва 3-и Конститутсияи Амрико, ҳокимият байни се шохаи мустақили давлат тақсим карда шудааст:

  • Қонунгузор (Congress)- масъули таҳия, муҳокима ва қабули қонун буда, фаъолияти он ба воситаи ду палата, Палатаи намояндагон ва Сенат амалӣ мегардад.
  • Иҷроия (President)-тибқи қонунҳо, роҳбарии сиёсати дохилӣ ва хориҷии давлат, инчунин назорати фаъолияти ниҳодҳои федералиро таъмин менамояд.
  • Судӣ (Supreme Court)-тафсири қонунҳо, татбиқи меъёрҳои конститутсионӣ ва назорати мутобиқати амалҳои ҳокимиятҳои дигар ба Конститутсияро ба уҳда дорад.[5]

        Ин низоми ҳоқимият ба хотири пешгирӣ аз мутамарказшавии қудрат ва таъмини мувозинати устувор миёни сохторҳои давлатӣ таҳия шудааст. Он яке аз пояҳои муҳими демократияи конститутсионӣ ба шумор меравад.

        Дар конститутсияи ШМА дарҷ карда шудааст, ки ҳар як шохаи ҳокимият дар низоми сиёсӣ на танҳо ваколатҳои мустақил дорад, балки метавонад фаъолияти шохаҳои дигарро назорат ва маҳдуд кунад. Ин принсип, ки бо номи “Checks and Balances” [4] маъруф аст, яке аз пояҳои асосии демократияи амрикоӣ мебошад. Масалан, Президент метавонад қонунеро, ки аз ҷониби Конгресс қабул шудааст, вето кунад, аммо худи Конгресс  қодир аст ин веторо бо аксарияти ду-се ҳисса бекор намояд. Додгоҳи Олӣ ҳуқуқ дорад, ки қонунҳо ё қарорҳои қабулшударо ғайриконститутсионӣ  эълон кунад. Ин  тавозуни мутақобилаи ҳокимиятҳо қафолат медиҳанд, ки ҳеҷ як шохаи давлат қудрати мутлақ надошта, система дар асоси назорат, масъулият ва ҳамкорӣ амал намояд.

        Бояд ёдовар шуд, ки ШМА давлати федералӣ мебошад, ки аз якчанд Штатҳои дорои салоҳияти худ иборат аст. Дар конститутсия равшан муайян карда шудааст, ки салоҳиятҳо байни ҳукумати федералӣ ва ҳукуматҳои Штатҳо тақсим  карда мешаванд. Масъалаҳои мудофиа, сиёсати хориҷӣ, асъори миллӣ ва тиҷорати байналмилалӣ дар ваколати ҳукумати марказӣ мебошад, дар ҳоле ки  масъалаҳои маориф, тандурустӣ,  амнияти дохилӣ ва идоракунии маҳаллӣ ба салоҳияти Штатҳо дохил мешаванд. Ин низом ҳамоҳангии байни марказ ва  штатҳоро тамин намуда, ҳамзамон давлатдории ягона ва истиқлоли дохилии штатҳоро ҳифз мекунад.[10]

        Тибқи конститусия ҳамаи мақомоти давлатӣ ва шаҳрвандон, яъне аз шахсони одди сар карда то худи Президент бояд мутобиқи  конститутсия  амал кунанд ин дар  моддаи VI-и Конститутсияи ШМА, “Конститутсия ва қонунҳои ШМА қонуни олӣ мебошанд” [11] дарҷ шудааст.

        Яке аз вижагиҳои муҳими Конститутсияи ШМА қобилияти мутобиқ шудан ба шароити нав ва даврҳои таърихӣ мебошад. Ин хусусият боиси он гардидааст, ки Конститутсия бештар аз ду аср мавқеи худро ҳамчун ҳуҷҷати асосии ҳуқуқӣ ва сиёсӣ нигоҳ дорад. Тавсифи Конститутсия аз ҷониби Додгоҳи Олӣ (Supreme Court) нақши калидӣ дар ин раванд мебозад. Суди Олӣ бо назардошти таҳаввулоти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва технологӣ маъёрҳои конститутсиониро мутобиқ мекунад ва онро ба воқеияти замон татбиқ менамояд.

Мисоли таърихии Додгоҳи олии ШМА тағйиру иловаҳои муҳим дар Конститутсия  аз инҳо иборат мебошанд, инҳоянд:

  • Brown v. Board of Education [3]  соли 1954 ин қарор ба Конститутсия илова карду шуд, ки бар асоси он ҷудоии нажодиро дар муассисаҳои таълимӣ ғайриқонунӣ  ва мухолифи Конститутсия эълон гардид, ба баробарии ҳуқуқии шаҳрвандон асос гузошт;
  • Roe v. Wade [9] яке аз парвандаҳои муҳими конститутсионӣ буда, ҳуқуқи занонро ба интихоби озоди таваллуд ва назорати саломатии ҷисмонӣ қонунӣ гардонд. Додгоҳи Олӣ соли 1973 дар ин парванда ба ҳуқуқи дахолатнопазирии шахсӣ (right to privacy) такя кард, ки дар Конститутсия ҳамчун ҷузъи озодии шахсӣ эътироф менамояд.

         Агар Конститусияи ШМА-1787 бо Конститусияи Ҷумҳурии Тоҷикистон- 1994 [2] муқоиса намоем,  мебинем, ки ҳар ду санади асосии давлат хизмат мекунанд, ки сохтор, принсипҳои идоракунӣ ва муносибати байни  ҳокимият ва шаҳрвандонро муайян мекунанд. Бо вуҷуди фарқиятҳои таърихӣ, фарҳанг ва сиёсӣ, ҳар ду Конститутсия ҳадафи ягона доранд. Яъне таъмини волоияти қонун, суботи сиёсӣ ва ҳифзи ҳуқуқи озодиҳои инсон мебошанд. Бо дарназардошти он ки Конститутсияи ШМА қадимтарин Конститутсияи хаттии амаликунанда дар ҷаҳон аст, таҷрибаи он барои таҳкими низоми ҳуқуқбунёди Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

        Агар заминаи таърихӣ ва шароити қабули Конститутсияи ду давлатро гирем, Конститутсияи ШМА дар шароити пас аз Ҷанги Истиқлол солҳои 1775-1783 ва  сукути низоми конфедератсионӣ қабул гардид.  Он посух ба ниёзҳои замон барои таъсиси як ҳукумати марказӣ қавӣ ва ҳамзамон демократӣ буд. Дар муқоиса ба Конститусияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баъд аз пошхӯрии Иттиҳоди Шуравӣ ва дар заминаи бурҳонҳои сиёсӣ ва низоъҳои дохилӣ таҳия гардид. Он ҳадафи барқарорсозии давлатдории миллӣ, ваҳдати миллӣ ва суботи сиёсиро дар пеш дошт. Шакли давлатдории  ШМА федералӣ (50 Штат бо ваколатҳои худ) буда. Ҷумҳурии Тоҷикистон унитарӣ (давлати ягона бо марказияти идоракунӣ) мебошад. Шакли идоракунии ҳар ду давлат Президентӣ мебошад. Ҳокимияти ҳар ду давлат ба се  шохаи мустақил ҷудо мешаванд. Ҳокимияти Штатҳои Муттаҳидаи Амрико қонунгузор (Congress), иҷроия (President) ва судӣ (Supreme Court) тасдиқ мекунад.  Ҳокимияти Ҷумҳурии Тоҷикистон  қонунгузор (Маҷлиси Олӣ), иҷроия (Президент ва Ҳукумат) ва судӣ (Суди конститутсионӣ ва судҳои олӣ) дохил мешаванд.

        Чи хеле, ки мебинем принсипи ҳокимият дар ҳар ду Конститутсия мавҷуд буда, вале дараҷаи истиқлолияти шохаҳо фарқ мекунад. Дар ШМА ҳар се шоха комилан мустақил мебошанд, дар ҳоле, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, вобаста ба хусусияти давлатдории унитарӣ ва марказият, нақши шохаи иҷроия қавитар аст. Ҳар ду Конститутсия  ба ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва таъмини ҳокимияти қонунро дар ҷомеа нигаронида шудаанд:  Дар Амрико тавассути Билл оид ба ҳуқуқҳо 1791 ва ислоҳоти баъдина; Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  Боби дуюми Конститутсия (моддаҳои 14-47), ки ҳуқуқҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии шаҳрвандонро дар бар мегирад. Дар ҳар ду давлат Президент роҳбари ҳокимияти иҷроия ва рамзи ягонагии давлат аст. Қонунгузории ҳар ду кишвар аз ду палата иборат мебошанд. Дар ШМА Палатаи намояндагон ва Сенат ва дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагон ва Маҷлиси миллӣ мебошанд. Ҳар ду  Конститутсия принсипи ҳокимияти қонун ва нақши суди конститутсиониро эътироф мекунанд.  Суди Олӣ  дар ШМА  қудрати баррасии мутобиқати қонунҳоро ба Конститутсия (Marbury v. Madison, 1803) [8] дорад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ Суди конститутсионӣ мутобиқати қонунҳо ва  қарорҳои давлатӣ ба Конститутсияро месанҷад, гарчанде аз нигоҳи таъсир ва амалгардонии он аз модели амрикоӣ фарқ дорад.

         Дар охир ҳар ду Конститутсия бо вуҷуди фарқиятҳои таърихи ва сиёсӣ, арзишҳои умумибашарӣ монанди  ҳокимияти қонун, озодӣ ва баробарии шаҳрвандон ифода менамояд. Конститутсияи ШМА намунаи классикии демократияи конститутсионӣ ва ҳокимияти мустақил аст. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад, таҷассумгари барқарорсозии давлатдории миллӣ ва таъмини суботи сиёсӣ дар шароити пасошӯравӣ мебошад.

 

Дороншоева Некбахт Шоқосумовна

номзади илмҳои сиёсӣ, мудири шуъбаи ШМА ва Канадаи

Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои  Осиё ва Аврупои АМИТ

 

 

Сарчашмаҳои истифодашуда

 

  1. Конституция Сан-Марино/ https://racechrono.ru/stati/33235-konstituciya-san-marino.html
  2. Конституция Республики Таджикистан/ https://cs.gov.tj/content/uploads/ 2023/04/constitution_rus.pdf
  3. Brown v. Board of Education of Topeka (1954)/ https://constitutioncenter. org/the-constitution/supreme-court-caselibrary/brown-v-board-of-education
  4. Checks and Balances/ https://www.history.com/articles/checks-and-balances
  5. Constitution of the United States/ https://www.senate.gov/about/origins-foundations/senate-and-constitution /constitution.htm
  6. Instrument of Government England [1653]/ https://www.britannica.com/event /Instrument-of-Government-England-1653
  7. Magna Carta,1215/ https://www.nationalarchives.gov.uk/education/resources/ magna-carta/british-library-magna-carta-1215-runnymede/
  8. Marbury v. Madison (1803)/ https://www.law.cornell.edu/wex/marbury_v _madison_(1803)
  9. Roe v. Wade/https://constitutioncenter.org/education/videos/roe-v-wade
  10. The Constitution of the United States/https://www.archives.gov/founding-docs/ constitution
  11. The Constitution of the United States: A Transcription/ https://www.archives. gov/founding-docs/constitution-transcript
  12. The Constitution of the United States: A Transcription/https://www.archi ves.gov/founding-docs/constitution-transcript
  13. The U.S. Constitution: Foundation of American Government/https://american-history.net/birth-of-the-usa/the-u-s-constitution/

БОЗГАШТ