САҲМИ АКАДЕМИК ФОЗИЛҶОН ТОҲИРОВ ДАР ТАҲИЯИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муаллиф: Воҳидова Санавбарбону

Расм

        Таърихи наву навтарини Тоҷикистон аз соли 1991 аз эълони Истиқлолияти давлатӣ ибтидо мегардад. Санаи 09.09.1991 дар таърихи бисёрҳазорсолаи тоҷикон воқеаи хушу фаранманд рух дод – давлатдории миллии тоҷикон эҳё гардид.

         Дар ин қарина бояд қайд намуд, ки Иҷлосияи 16-уми Шурои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои миллати тоҷик аҳамияти бузурги таърихӣ дорад. Зеро дар ҳамин иҷлосия лоиҳаи Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол тарҳрезӣ шуд, рамзҳои истиқлолии давлат, нишон, парчам ва суруди миллӣ қабул карда шудаанд. Артиши миллӣ, қушунҳои сарҳадӣ таъсис ёфтанд, низоми амнияти давлатӣ ва ҳифзи сарҳадоти давлат ба роҳ монда шуд. Пули миллӣ ба муомилот ба роҳ монда шуд, инчунин шиносномаи миллӣ низ тасдиқ гардид.

         Бо ҳамин мақсад дар иҷлосия комиссияи махсус оид ба коркарди лоиҳаи Конститутсияи соҳибистиқлол таъсис дода шуд. Бояд тазаккур дод, ки дар фаъолияти ҳамин комиссия нақши академик Фозилҷон Тоҳиров дар омода сохтани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон назаррас буда, то имрӯз аҳамияти хешро дар таҳкими волоияти қонун нигоҳ доштааст.

        Дар раванди омода сохтани санади ҳуқуқии тақдирсоз хусусиятҳои таърихӣ , сиёсӣ ,  иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, ҳуқуқӣ, динӣ ва миллӣ ба эътибор гирифта шуданд.

        Бори аввал дар таърихи давлатдории миллати тоҷик матни Конститутсия ба забони давлатӣ омода шуда буд. Дар раванди таҳияи  матни Конститутсия аз санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ доир ба ҳуқуқи инсон-Декларасияи умумии ҳуқуқи башар (1948), шартномаи байналмилалии ҳуқуқҳои иҷтимоӣ ва иқтисодии шаҳрвандон (1966), Конвенсияи Париж, ҳуҷҷатҳои шӯрои машваратии Хелсинки, тамоми санадҳои ҳуқуқии Тоҷикистон истифода карда шуданд. Бори аввал буд ки ғояи  ҷамъияти ҳуқуқбунёди демократӣ асоси Конститусияро ташкил медод. Конститутсия аз 100 модда ва 7 боб иборат мебошад.

        Қобили қайд аст, ки дар моддаи 1 чунин омадааст: Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад.

        Шакли идораи Ҷумҳурии Тоҷикистон президентӣ мебошад. Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад.

        Дар моддаи 2 Конститутсия омадааст: Забони давлатии Тоҷикистон забони тоҷикӣ аст. Забони русӣ ҳамчун забони муоширати байни миллатҳо амал мекунад. Қобили қайд аст, ки бори нахуст дар ҷомеаи ҷаҳонӣ аз минбари СММ Пешвои муаззами миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба забони тоҷикӣ ҳарф заданд, ки ин ифтихори ҳамаи мардуми Тоҷикистон мебошад.

         Ба андешаи Сарвари давлат, ”забони миллӣ барои дар сатҳи байналмилалӣ муаррифӣ кардани миллат нақши калидӣ дорад. Гузашта аз ин, забони тоҷикӣ ба сифати яке аз забонҳои ширину шоирона ва шевотарини дунё аз ҷониби бузургтарин шарқшиносони ҷаҳонӣ эътироф гардидааст”.

         Инчунин дар моддаи 3 Конститутсия омадааст: рамзҳои давлатии Тоҷикистон, Парчам, Нишон ва суруди Миллӣ аст. Боиси ифтихор аст, ки ҳамасола ба арзишҳои миллӣ диққати махсус дода мешавад. Инчунин “Рӯзи парчам”, “Нишон” ва суруди миллӣ дар мактабу Донишгоҳҳо бо тантана қайд карда мешавад.

        Ногуфта намонад, ки Конститутсия баёнгари фарҳанг, сарбаландии мардуми кишвар, иродаи озодон ва ҷаҳонбинии пешрафтаи ҳуқуқи ҳар як сокини кишвар мебошад.

        Вақте ки сухан дар бораи Устод Фозилҷон Тоҳирович меравад, гуфтан ҷоиз аст, ки Устод дар ҳақиқат падари маънавии тамоми ҳуқуқшиносони Тоҷикистон мебошанд. Як гурӯҳ шогирдони болаёқати ҳуқуқшиносро тарбия кардаанд, ки зери роҳбариии он кас ҳам рисолаҳои номзадӣ ва ҳам рисолаҳои докториашонро оид ба Конситутусияи Тоҷикистон ва равандҳои ҳуқуқи инсон дифоъ кардаанд.

        Боиси ифтихор аст, ки ин шогирдон имрӯзҳо дар асоси дарёфти малака ва маҳорати соҳаи ҳуқуқшиносӣ дар вазифаҳои гуногун дар мақомот ва вазорату идораҳои баланди давлатӣ кору фаъолият мекунанд.

         Устод Фозилҷон Тоҳирович пули ҳуқуқшиносии Тоҷикистон ва Россияро барпо намуданд. Аз дӯстон ва олимони ҳуқуқшиноси Россия Нерсессянс В.С., Сюкияйнен Л.Р., Гравский М.Н. ва ғайраҳо, аз ҷумла яке аз ҳуқуқшиносони барҷастаи Россия Чистяков О.И. роҳбари илмии эшон буданд.

        Ба ҷуз сифатҳое, ки дар боло ном гирифтем, устод Фозилҷон Тоҳиров сухангӯйи тавоно ҳам маҳсуб мешуданд. Он кас бо маърӯзаҳои илмӣ борҳо дар конгрессу симпозиумҳо дар Миср, Италия, Олмон, Покистон, Ҳиндустон, Эрон, Лаҳистон, Австрия, Москва ва дигар шаҳрҳои Федератсияи Россия ва ИДМ дастовардҳои илми ҳуқуқи ватаниро муаррифӣ кардаанд.

         Аксар пажӯҳишҳо ва китобҳои устоди зиндаёд дар ганҷинаи илми ватанӣ ба ёдгор мондаанд ва ҳар муҳаққиқ ва донишҷӯ, албатта, ба онҳо муроҷиат мекунад. Китобҳои он кас – «Становление советского права в Таджикистане» (1987), «Правовая система Таджикской АССР» (1988), «Ташаккули ҳуқуқи шӯравӣ дар Тоҷикистон» (1994), «Правовая система дореволюционного Таджикистана» (1998), «Шариат ва танзими муносибатҳои ҳуқуқӣ-оилавӣ (бо забонҳои тоҷикиву русӣ, соли 1999, бо ҳаммуаллифӣ), “Таърихи давлат ва ҳуқуқи дунёи қадим» (2003), «История государства и права Республики Таджикистан» (қисми 2, 2001), «Таърихи давлат ва ҳуқуқи мамлакатҳои хориҷӣ (дунёи қадим ва асрҳои миёна)» (2004), «Таърихи давлат ва ҳуқуқи мамлакатҳои хориҷа (давраи нав ва навтарин)» (2007), «Хрестоматия по истории государства и права Таджикистана, 1917-1994 гг.», «Хрестоматия по истории государства и права Таджикистана» (такмили китоби пешина, 2019) аслан ниёз ба муаррифӣ надоранд, зеро ҳамеша мавриди истифодаи алоқамандони соҳаи ҳуқуқ мебошанд.

         Мо ки дар остонаи таҷлили 35-солгарди Истиқлоли давлатии Тоҷикистон қарор дорем, ин лаҳзаҳо моро ёдрас мекунад, ки сулҳу суботи тоҷикон ба осонӣ ба даст наомадааст. Ҳамзамон барқарории Конститутсия, волоияти қонун дар ҷомеаи муосири тоҷикон хело муҳим арзёбӣ мегардад. Ва нақши олимону зиёиёни кишвар дар амалӣ гардидани қонун ва давлатдории навини тоҷикон мавриди таҳсин аст, зеро оромию осудагии мардуми кишвар аз эҳтиром ва арҷгузорӣ ба Конститутсия маншаъ мегирад.

         Махсус хидмати Устод академик Фозилҷон Тоҳиров аз як тараф дар омода сохтани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, волоияти қонун, озодии инсон, давлати соҳибихтиёр, ҳуқуқбунёд, демократӣ, дунявӣ ва ягона мебошад. Ва аз тарафи дигар дар омода намудани мутахассисон барои сохторҳои кишвар ва ҳам рушди танзими ҳуқуқии муносибатҳои ҷамъиятӣ дар мамлакат бевосита саҳм доштанд. Махсусан дар таҳия ва коркарди лоиҳаи қонунҳо ва барномаҳои давлатӣ, асоснокгардонии илмиву назариявии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бевосита иштирок мекарданд.

         Устод академик Фозилҷон Тоҳиров ҳамеша як ҷумлаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун шиор пазируфта ва ҳамеша такрор мекарданд, ки: «Пешрафти ҷомеа фақат бо роҳи танзими қонунӣ ва одилонаи муносибатҳои ҷамъиятӣ имконпазир аст».

         Инчунин Устод академик Фозилҷон Тоҳиров мегуфтанд, ки ин ҷумла як ҷаҳон маъно дорад ва моҳияти давлатдории моро ифода мекунад, яъне бидуни танзими қонунӣ ва одилонаи муносибатҳои иҷтимоӣ давлати ҳуқуқбунёд асолат надорад ва буда ҳам наметавонад.

Хулоса, зиндагиномаи Устод академик Фозилҷон Тоҳиров боиси ибрат ва намуна аст. Доимо ба ҷавонон, хусусан шогирдонашон таъкид мекарданд, ки бисёр китоб хонед, маърифати баланд дошта бошед, ҳуқуқи худатонро донед, нагузоред, ки дар зиндагиатон беадолатӣ шавад.

Академик Фозилҷон Тоҳирович яке аз муаллифони Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар таҳия ва мураттаб сохтани Парчам ва Нишони давлатӣ иштироки фаъолона дошта, инчунин дар таърихи наву навтарини тоҷикон саҳми беназир гузоштанд.

 

Санавбарбону Воҳидова

доктори илмҳои таърих, профессор,

мудири шуъбаи Аврупои Институти

Омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои

Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

БОЗГАШТ