ТАҲЛИЛИ ИЛМИИ БОБИ "НАҚШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР РУШДИ ИЛМИ ВАТАНӢ" ҚИСМИ 1 КИТОБИ "АБАРМАРДИ ТАЪРИХСОЗ"-И АКАДЕМИК ФАРҲОД РАҲИМӢ

Муаллиф: Ширин Қурбонова

Расм

         Боби "Нақши Пешвои миллат дар рушди илми ватанӣ" (саҳ. 31-49) аз китоби академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ "Абармарди таърихсоз" (Душанбе, 2025) ба нақши муҳими Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳифз, таҳким ва рушди илми ватанӣ дар даврони Истиқлолияти давлатӣ бахшида шудааст. Ин боб барои таърихи муосири Тоҷикистон аҳамияти хосса дорад, зеро илм ҳамчун меҳвари асосии рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ дар сиёсати давлатӣ мавқеи марказӣ дорост.

         Мавзӯи боб ба хусус дар шароити мураккаби солҳои аввали Истиқлолият, ки бо бӯҳрони сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дучор буд, муҳим аст. Дар ин давра, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (ҳоло Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон - АМИТ) хатари аз байн рафтани муассиса дар назар буд. Саҳми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар наҷоти ин муассисаи муҳими илмӣ ва табдил додани он ба маркази пешбари таҳқиқоти илмӣ дар минтақа нишон дода шудааст.

         Боб аз як муқаддима, 4 қисмати асосӣ ва хулоса иборат аст, ки ба таври мантиқӣ ва муназзам ташкил шудааст. Муқаддима ба тавсифи вазъияти душвори илм дар солҳои 1990-ум, аз ҷумла мушкилоти молиявӣ, муҳоҷирати олимон ва хатари нобудии Академияи илмҳо бахшида шуда, баъдан қисматҳои баррасии сиёсати давлатӣ дар соҳаи илм, аз ҷумла қабули зиёда аз 200 ҳуҷҷати меъёрии ҳуқуқӣ, ба монанди қонунҳои "Дар бораи илм ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника" (1998), "Дар бораи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон" (2021) ва дигар қарорҳои Ҳукумат, мулоқотҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо олимон (1996, 2001, 2011, 2020), ки дар онҳо самтҳои афзалиятноки илм, вазифаҳои олимон ва дурнамои рушди илм муайян шуданд, таъсиси муассисаҳои нави илмӣ ва таҳкими заминаи моддию техникии онҳо, дастовардҳои илмии АМИТ дар соҳаҳои табиатшиносӣ, техникӣ, гуманитарӣ ва ҷамъиятшиносӣ таҳлил мешаванд. Дар хулоса муаллифи китоб академик Фарҳод Раҳимӣ нақши Пешвои миллатро дар устуворсозии мавқеи илм ва олимон ҳамчун захираи зеҳнии ҷомеа такид намудааст.

         Сохтори боб ба хонанда имкон медиҳад, ки тасаввуроти комил дар бораи саҳми роҳбари давлат дар рушди илмро ба даст орад. Истифодаи далелҳои таърихӣ, омор (масалан, шумораи олимон, лоиҳаҳои илмӣ, патентҳо) ва нақлҳо аз суханрониҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба боб эътимоднокии баланд мебахшад.

         Дар боб тавсифи мушкилоти илм дар солҳои аввали Истиқлолият оғоз мешавад, ки бо бӯҳрони иқтисодӣ, муҳоҷирати олимон ва нарасидани маблағгузорӣ ҳамроҳ буд. Дар ин давра, Академияи илмҳо бо хатари аз байн рафтан рӯбарӯ шуд, зеро теъдоди зиёди олимон ба сабаби мушкилоти молиявӣ муассисаҳои илмиро тарк карданд. Мавқеи устувор ва илмпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ин муассисаро аз нобудӣ наҷот дод. Дар ин боб таъкид мешавад, ки сиёсати дурандешонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо Академияро нигоҳ дошт, балки онро ба як маркази муҳими таҳқиқоти илмӣ табдил дод.

         Яке аз нуктаҳои муҳими боб баррасии сиёсати давлатӣ дар соҳаи илм аст. Қабули зиёда аз 200 ҳуҷҷати меъёрии ҳуқуқӣ, аз қабили:  Қонун "Дар бораи илм ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника" (1998), Қонун "Дар бораи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон" (2002), Қонун "Дар бораи фаъолияти инноватсионӣ" (2012), Қонун "Дар бораи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон" (2021) ба муосирсозии низоми илми академӣ, маблағгузории таҳқиқот ва таҳкими заминаи моддию техникии муассисаҳои илмӣ мусоидат карданд. Ин аснод ба рушди илм дар самтҳои афзалиятноки иҷтимоию иқтисодӣ, аз қабили саноатикунонии босуръат, гидроэнергетика ва истифодаи захираҳои табиӣ, равона шудаанд.

         Таъсиси Фонди президентии таҳқиқоти бунёдӣ, стипендияи Президентӣ барои аспирантҳо ва тадбирҳои ҳимояи иҷтимоии олимон ба афзоиши ҳавасмандии олимон ва ҷалби ҷавонон ба корҳои илмӣ кумак карданд. Дар боб ин иқдомҳо ҳамчун омили асосии пешрафти илми ватанӣ арзёбӣ мегардад.

         Мулоқотҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо олимон, ки аз соли 1996 оғоз шудаанд, дар боб ҳамчун лаҳзаҳои муҳими таърихӣ тасвир шудаанд. Дар мулоқоти нахустин (29 феврали 1996) Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаҳои муҳими ҳаёти илмиро дар шароити душвори сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ карда, вазифаҳои олимонро дар пешбурди иқтисод ва фарҳанги ҷумҳурӣ муайян намуданд. Дар ин мулоқот, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Академияи илмҳоро "оинаи симои интеллектуалии миллат" номида, таъкид карданд, ки рушди илм ва фарҳанг барои пешрафти давлат зарур аст.

         Мулоқотҳои минбаъда (2001, 2011, 2020) ба истиқболи ҷашнҳои 50-солагӣ ва 60-солагии АМИТ ва баррасии масъалаҳои таҳкими заминаи моддию техникӣ, маблағгузории таҳқиқот ва рушди илмҳои дақиқ бахшида шуда буданд. Ин мулоқотҳо ба ташаккули сиёсати илмии давлат ва баланд бардоштани сатҳи тафаккури техникии ҷомеа мусоидат карданд.

         Дар ин боби китоб ба таъсиси муассисаҳои нави илмӣ дар даврони Истиқлолият таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардида, таъкид мешавад, ки дар даврони Истиқлолияти давлатӣ Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқ, Институти илмҳои гуманитарӣ, Маркази илмии Хуҷанд, Институти биологии Помир, Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экология, Маркази Синошиносӣ, Маркази таҳқиқоти пиряхҳои Тоҷикистон бунёд шуданд.

         Ин муассисаҳо ба таҳқиқоти бунёдӣ ва амалӣ дар самтҳои афзалиятнок, аз қабили гидроэнергетика, экология, биотехнология ва омӯзиши мероси таърихӣ, мусоидат карданд. Таъсиси ин муассисаҳо нишонаи сиёсати дурандешонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими заминаи илмии кишвар аст.

         Муаллиф дар ин боб дастовардҳоро дар соҳаҳои мухталиф, аз қабили табиатшиносӣ, техникӣ, гуманитарӣ ва ҷамъиятшиносӣ, муфассал тасвир мекунад. Аз соли 2000 ба ҳисоби миёна 300 лоиҳаи илмию таҳқиқотӣ аз буҷети давлатӣ маблағгузорӣ шуда, 35% аз онҳо ба АМИТ рост меоянд. Ин лоиҳаҳо ба таҳқиқоти бунёдӣ (117 лоиҳа), бунёдию амалӣ (52 лоиҳа) ва амалӣ (156 лоиҳа) тақсим шудаанд. Олимони АМИТ беш аз 150 патент барои ихтироот ба даст оварда, қариб 10 000 кори илмӣ, аз ҷумла 2500 китобу рисола ва маҷмуаҳои илмӣ нашр кардаанд. Инчунин, дар 10 соли охир беш аз 2500 мақолаи илмӣ дар маҷаллаҳои бонуфузи ИДМ, Амрико ва Аврупо нашр шуда, ки нишонаи эътирофи байналмилалии илми тоҷик аст. Аз дастовардҳои муҳим метавон ба кашфи 30 маъдани нав, аз ҷумла "Фалғарит" ва "Бадахшонит" ва ба қайд гирифтани сайёраи хурди "Тоҷикистон" дар системаи офтобӣ ишора кард.

         Муаллиф ба фаъолияти АМИТ дар арсаи байналмилалӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, иброз намудааст, ки АМИТ бо беш аз 50 давлат ва 120 созишномаи ҳамкорӣ дошта, дар панҷ созишномаи байниҳукуматӣ ва панҷ ташкилоти байналмилалӣ иштирок мекунад. Фаъолияти Расадхонаи байналмилалии "Санглох" ва Маркази "Помир – Чақалтой" ба рушди астрофизика ва таҳқиқоти ҳастаӣ мусоидат кардааст. Ҳамасола то 400 олими АМИТ дар конференсияҳо, симпозиумҳо ва коромӯзиҳои хориҷӣ иштирок мекунанд, ки ба табодули дониш ва таҳкими мавқеи илми тоҷик дар ҷаҳон кумак мекунад.

         Инчунин дар ин боб ба ибтикороти стратегии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ба монанди эълон гардидани солҳои 2020-2040 ҳамчун "Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ", таъсиси Озмуни ҷумҳуриявии "Илм – фурӯғи маърифат" ва Шабакаи телевизионии "Илм ва табиат" таваҷҷуҳ зоҳир мекунад. Ин ибтикорҳо ба рушди илмҳои дақиқ, баланд бардоштани сатҳи тафаккури техникии ҷомеа ва саноатикунонии босуръати кишвар мусоидат мекунад. Таъсиси Мактаби зеҳнӣ дар самти илмҳои дақиқ ва техники дар соли 2019 нишонаи талошҳои давлат барои омода кардани кадрҳои ҷавони илмӣ аст.

         Аз нигоҳи методологияи таҳлили илмӣ, боб ба таври муфассал ва бо далелҳои мушаххас нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар рушди илм тасвир мекунад. Истифодаи омор (масалан, шумораи лоиҳаҳо, патентҳо, мақолаҳо), иқтибосҳо аз суханрониҳои Сарвари давлат ва мисолҳои мушаххаси дастовардҳо ба ин боб эътимоднокии баланд мебахшад. Қавитарин нуктаҳои боб инчунин дар истифодаи далелҳои таърихӣ ва оморӣ барои тасдиқи саҳми Пешвои миллат, баррасии ҳамаҷонибаи соҳаҳои мухталифи илм ва дастовардҳои онҳо, таъкид бар аҳамияти илм ҳамчун омили рушди иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ифода меёбанд.

         Боби "Нақши Пешвои миллат дар рушди илми ватанӣ" аз нигоҳи таърихӣ, илмӣ ва сиёсӣ аҳамияти бузург дорад. Он нақши роҳбарияти давлатро дар ташаккули сиёсати илмӣ, таҳкими заминаи моддию техникӣ ва баланд бардоштани мақоми олимон дар ҷомеа равшан нишон медиҳад. Инчунин, ба аҳамияти илм ҳамчун омили асосии рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ таъкид шуда, бо ҳадафҳои стратегии Тоҷикистон, аз қабили саноатикунонии босуръат мувофиқ аст. Дастовардҳои илмӣ, аз қабили кашфи маъданҳо, нашри мақолаҳои байналмилалӣ ва таъсиси муассисаҳои нав, нишонаи пешрафти илми тоҷик мебошад.

         Дар боби "Нақши Пешвои миллат дар рушди илми ватанӣ" як таҳлили муназзами саҳми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар рушди илми тоҷик нишон медищад, ки далелҳои таърихӣ, омор ва иқтибосҳо муаллиф тавонистааст аҳамияти сиёсати давлатиро дар ҳифз ва тараққии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон инъикос намуда, он ҳамчун манбаи муҳим барои омӯзиши таърихи илми тоҷик дар даврони Истиқлол хизмат кунад.

 

ҚУРБОНОВА Ширин

сарходими илмии Шуъбаи Осиёи Ҷанубу Шарқии

Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои

Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои таърих.

БОЗГАШТ