ТАҚРИЗ ба китоби Давлатов Зубайдулло Абдуллоевич «Истиқлолияти давлатӣ ва рушди давлатдории миллӣ»

Муаллиф: Зафар Сайидзода

Расм

Ин асар на танҳо маҷмуаи мақолаҳо, балки таҳлили низомманд ва назариявии падидаи истиқлолият ва давлатдории миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

1. Истиқлолият ҳамчун мафҳуми динамикӣ

Муаллиф истиқлолро ҳамчун ҳолати собит не, балки ҳамчун раванди муттасили сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва маънавӣ маънидод мекунад. Аз нигоҳи назариявӣ, чунин бардошт ба таълимоти классикии соҳибихтиёрӣ ва ҳамзамон ба назарияи соҳибихтиёрии муосир, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ ташаккул ёфтааст, мувофиқат менамояд.

Истиқлол дар асар ҳамчун:

-мақоми ҳуқуқии давлат,

-қобилияти институтсионалӣ,

-захираи стратегии рушд,

-пояи худшиносии миллӣ

тавсиф мегардад.

2. Давлатдорӣ ҳамчун раванди институтсионалӣ

Дар китоб нишон дода мешавад, ки давлатсозӣ раванди бепоёни такмили ниҳодҳо ва рушду таҳкими фарҳанги сиёсӣ мебошад. Аз нигоҳи назарияи неоинститутсионалӣ, пойдории давлат ба самаранокии ниҳодҳо ва эътимоди ҷомеа вобаста аст.

Муаллиф, бо такя ба таҷрибаи солҳои соҳибистиқлолӣ, исбот менамояд, ки таҳкими давлатдорӣ бидуни рушди маърифати сиёсӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ ғайриимкон аст.

3. Конститутсия ҳамчун меҳвари давлатдорӣ

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асар ҳамчун шоҳсутуни низоми сиёсӣ ва ҳуқуқӣ баррасӣ мегардад. Он на танҳо санади меъёрӣ, балки ифодаи ризоияти ҷамъиятӣ ва кафили тавозуни ҳокимият арзёбӣ шудааст.

Ин таҳлил ба назарияи давлати ҳуқуқбунёд ва конститутсионализм пайваст мешавад, ки бар тибқи он қонун поя ва дар айни замон маҳдудкунандаи ҳокимият мебошад.

4. Пешвоӣ ва идоракунии стратегӣ

Паёмҳои ҳамасолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун созукори (механизми) муайянсозии самтҳои стратегии рушду тараққӣ таҳлил шудаанд. Муаллиф нишон медиҳад, ки онҳо воситаи банақшагирии сиёсӣ ва ҳамзамон омили муттаҳидсозии ҷомеа мебошанд.

Аз нигоҳи назарияи идоракунии давлатӣ, чунин шакли роҳбарӣ ба модели давлатдории барномавӣ мувофиқат мекунад.

5. Амнияти миллӣ ва ҳамкориҳои байналмилалӣ

Дар шароити муосири ҷаҳонӣ, амният хусусияти фарогир касб кардааст. Муаллиф амниятро ҳамчун маҷмуи унсурҳои ҳарбӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ, экологӣ ва фарҳангӣ арзёбӣ мекунад.

Таъкид мешавад, ки таъмини амният бидуни ҳамкории минтақавӣ ва байналмилалӣ ғайриимкон аст.

6. Давлатдорӣ ва ҳувияти миллӣ

Асар нишон медиҳад, ки давлатдорӣ танҳо низоми сиёсӣ нест, балки падидаи фарҳангӣ ва тамаддунӣ мебошад. Забон, арзишҳои миллӣ, анъанаҳо ва ҷашнҳои таърихӣ ҳамчун сармояи рамзии давлатдорӣ маънидод шудаанд.

Муаллиф ба хулосае меояд, ки бидуни таҳкими ҳувияти миллӣ истиқлоли сиёсӣ осебпазир мемонад.

7. Манфиатҳои миллӣ ҳамчун меъёри асосӣ

Дар бобҳои хотимавӣ масъалаи афзалияти манфиатҳои миллӣ бар манфиатҳои дигар матраҳ мешавад. Ин мавқеъ ба назарияи реалистии муносибатҳои байналмилалӣ мувофиқ буда, давлатро ҳамчун ҳомии асосии манфиатҳои миллӣ муаррифӣ менамояд.

Бо вуҷуди ин, муаллиф ба ҳамбастагии иҷтимоӣ ва фарҳанги баланди сиёсӣ ҳамчун шарти асосии ҳифзи манфиатҳои миллӣ таъкид менамояд.

Бо итминон метавон гуфт, ки ин асар саҳми назариявии муҳим дар таҳкими мактаби миллии сиёсӣ ва ҳуқуқии кишвар мебошад.

 

Сайидзода Зафар Шералӣ,

мудири Шуъбаи ИДМ-и

Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои

Академияи  миллии илмҳои Тоҷикистон,

доктори илмҳои таърих

 

БОЗГАШТ