Муаллиф: Ширин Қурбонова
«Занон қувваи бузурганд ва мо бо дилпурӣ гуфта метавонем, ки онҳо дар ҳамаи риштаҳои зиндагӣ пешсаф ҳастанд ва дар ҳалли вазифаҳои муҳими ҷомеа саҳми арзанда доранд».
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
Инсоният дар тӯли таърих ҷиҳати баҳогузории бонувону модарон ва нақши онҳо дар таҳкими ҷомеаи иҷтимоӣ аз дерзамон пардохта, то кунун эҳтироми хоссеро нисбат ба ҷинси латиф қоиланд. Бархе аз муҳаққиқони таърихи бостон модаршоҳиро шакли нахустини адолати иҷтимоӣ гуфтаанд.
Фурӯғи Фаррухзод, ки аз зумраи муҳаққиқони садаи гузашта буд, зимни баҳогузории ҳамнавъон мегӯяд:
Аз баҳри ҳуқуқи хеш мекӯш, эй зан,
Бинмоӣ зи иффату шараф ҷома ба тан.
Аз илму ҳунар вуҷуди худ зиннат кун,
То марди наку бипарварӣ дар доман.
Дар зиндагӣ шак овардан ба худ моро нобуд мекунад ва ҳар монеае, ки зимни фаъолият пайдо мешавад, моро ба навмедӣ мебарад, дар ҳоле ки фақат зане муваффақ мегардад, ки ин ҳама монеагузориро паси сар хоҳад кард. Дар ин маврид беҳтарин армуғон барои марду зан ҷаҳонбинии илмӣ маҳсуб мешавад, чунки ошноии занону духтарон бо илму маърифат онҳоро неруманд сохта, имкон фароҳам месозад, ки дар иҷтимоъ нақши босазо аз худ гузоранд.
Тибқи ҷаҳонбинии динӣ низ занону бонувон мавқеи хоссе доранд ва дар сурати воқиф будан аз ҳақиқати динҳо мо метавонем бар даҳони розҷӯёни динӣ муҳр гузошта, ҳуқуқҳои хешро ҳифз кунем ва нагузорем то дигарон ва судҷӯён ҳаққи бонувонро поймол созанд.
Яке аз равшанфикрони сарзамини Ҳинд Ҷавоҳирлол Неҳруст, ки бехабарии занро омили марги миллате баҳогузорӣ кардааст:
"Бесаводии мард гуноҳи худи ӯст, зеро дар ҳаёт уқубатҳои зиёд мекашад, вале бесаводии зан ин бесаводии миллат аст".
Асосгузори давлати Покистон Муҳаммад Алии Ҷанноҳ хонашинии занро ҷиноят пиндоштааст:
Ҷиноят аст, ки занони мо дар миёни чаҳордевори хона маҳбус бимонанд".
Акнун мегузарем ба ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ! Аввалан, дар ҷое, ки ковишҳои бостоншиносон аз таърихи фарҳанг ва тамаддун дарак медиҳанд, он ҷо ҳатман нақши занон мушоҳида мешавад. Яъне дар гузаштаи дур занон баробари мардон иқдом менамуданд ва дар баробари онҳо кишвари худро аз душман ҳифз мекарданд. Дар Қуръони карим низ офарида шудани зану мард аз нафси воҳид зикр гардидааст.
Ёдгории таърихии Саразм, ки 5500 — солагиашро истиқбол гирифтем, бар нақши зан иқрор аст ва далел ба ин гуфтаҳо бозёфти нодири ҳафриёти мазкур ин ҳамон "Маликаи Саразм" аст, ки аз як ҷониб аз нақши модаршоҳӣ дар он давра гувоҳӣ медиҳад ва аз тарафи дигар исбот намудааст, ки зан дар давраи хеле куҳан беҳтар аз мардон нақшгузор будааст. Ҳамин гуна мушоҳидаҳоро мо дар дигар мавзеҳои таърихӣ ва ёдгориҳои бостоншиносӣ чун Фархору Ховалинги қадим ва Карон мебинем, ки аз нақшу ҳашамати бонувон дар атиқа гуфтугӯ мекунанд. Чунонки, Иқболи Лоҳурӣ дар ин маврид сурудааст:
Марду зан вобастаи якдигаранд,
Коиноти шавқро худ раҳбаранд.
Озодандешӣ, озодагӣ ва озодманишӣ низ моли ҳам марду ҳам зан аст ва ҳамаи натиҷаи фаъолияти инсон дар гузашта ва имрӯз баробар бар марду зан тааллуқ дорад.
Оре, имрӯз ҳеҷ риштаи зиндагии моро бе ширкати Зан - Модар тасаввур кардан амрест маҳол.
Бонувону модарони мо дар ҳамаи ҷабҳаҳои ҳаёт нақши намоёну шоиста доранд. Дар робита ба ин гуфтаҳо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ- Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз 3-юми декабри соли 1999 «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» ба тасвиб расида буд, асос шуда метавонад.
Бемуҳобот, Зан- Модар бузургтарин офарандаи Яздони пок буда, сарчашмаи ҳаёти ҷовидон, ҳусну ҷило ва зебу зиннати олами ҳастӣ | мебошад. Ҳатто Наполеон Бонапарт,ҳамчун лашкаркаши матин назди зебоии занон худро оҷиз ҳис мекард ва гуфта буд, ки
«Агар мехоҳед андозаи тамаддун ва пешрафти миллатро бидонед, ба занони он миллат бинигаред».
Шоири шаҳири тоҷик,устод Лоиқ Шералӣ фармудааст:
Гар равад зери замин ё ба фалак хайма занад,
Ҳар куҷо марди бузургест, гирифтори зан аст.
Зан-Модар аст, ки ҳаёт дар рӯйи замин пойдору устувор аст, набзи рӯзгор дар гардиш аст, зиндагӣ мазмуну маънии тоза пайдо мекунад. Оғӯши пурмеҳру гарми модар-оғӯши зиндагист.Зан-Модар чун баҳорон воқеан тавлидгару офаранда ва эҳёгари зебоист. Дар радифи баҳору фарорасии Наврӯзи оламафрӯз тавъам омадан ва таҷлил намудани ин иди сайид ва фархунда ҳамчун Рӯзи модарон аз тарафи Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар санаи 8-уми марти ҳар сол худ гувоҳи гуфтаҳои фавқ аст. Барҳақ;
Зан асту зиндагӣ доим баҳор аст,
Ҳаёту бахти инсон пойдор аст.
Хушбахтию осудаҳоии мардон бе занон мушоҳида карда намешавад. Беҳуда нагуфтаанд, ки зиндагиву осоиш хоҳӣ агар, бирав назди модар хидмат бикун.
Донишманд, мутафаккир Аҳмади Дониш гуфтааст: “Ҳеҷ неъмате бузургтар аз зани шоиста нест”.
Дар модар хушбаёнӣ, ширинсуханӣ, меҳр ба фарзанд дар ҳаёт нақши муҳим мебозад. Модар ягона мавҷудест, ки дӯст доштанаш бидуни манфиат оғоз ёфта, анҷом надорад.
Мо дар ин ҷо мисраҳои меҳрномаи шоир Ниҳониро меорем:
Қанду асалам гуфтӣ, зери бағалам гуфтӣ,
Шаҳду шакарам гуфтӣ, эй тоҷи сарам гуфтӣ.
Воқеан ҳам занони мо сарчашмаи меҳру муҳаббат ва боли иқболи мардҳоянд. Феълан бонувони хуштолеъи кишвари мо дар паҳлӯи мардҳо истода пурмаҳсул кору фаъолият менамоянд. Онҳо дар пешбурди соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ саҳми боризи худро мегузоранд. Зан-Модар таҷассумгари меҳру муҳаббат, покию назофат, ростию ҳақиқат, ишқу вафою иффат ва садоқату дигар хислатҳои неку ҳамидаи инсонист.
Воқеан табиати мо бонувон фасли баҳорро мемонад. Соли нави ниёгонамон- Наврӯзи фархундапайк барои мо азизон чун дастагуле бо ҳазорон орзуву ҳавас пешкаш мегардад.Танҳо мо занону модарон бо тамоми ҳастӣ эҳсос мекунем, ки чӣ гуна парастуҳои фараҳбахши умеду интизорӣ, пас аз сармои зимистони тӯлонӣ ва ғӯтавар аз ташвишҳои баҳри беканори рӯзгор бо ҳазорон орзуву омол, шодиву сурур чи гуна болу пар мекушоянд.
Офтоби ҷонбахши баҳорон бо дурахши нурҳои шуълаафшони хеш кошонаю қалбҳои моро гарм месозад. Ба қадри ҳар як зарра нури он бояд расид. Ба қавли шоир;
Рангу буйи зиндаги аз ҳусни рухсори зан аст,
Хонаи дил гарму нарм аз меҳри саршори зан аст.
То хати эҷод бошад дар хати тақдири мо,
Достони зиндагӣ эҷоду осори зан аст.
Лозим ба тазаккур аст, ки ба туфайли ғамхориҳои пайвастаи Президенти кишварамон, Ҷаноби Олӣ, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бонувони Тоҷикистон ба мақому мартабаҳои баланду муносиб соҳиб гардиданд. Имрӯзҳо занону модарони накӯноми мо дар тамоми ҷабҳаҳои рӯзгор пурсамар кору фаъолият дошта баҳри рушду нумӯи кишвари азизи хеш саҳми шоиста мегузоранд. Зан-Модар ҳолиё роҳбар, эҷодкору омӯзгор, пизишку соҳибкор ва муҳандису бинокор аст. Зан-Модар нерӯи хушкнашавандаи ҳаёти башар, тавлидгару мураббии замон, сарчашмаи меҳру муҳаббат, таҳкимбахши вахдату рафоқат ва такдирсози ҷомеа буда, ба рӯзгор шукӯҳу шаҳомати хоса мебахшад ва нерӯи дучанд ато менамояд.
Дар хотир дорам, ки рӯзи 26-уми апрели соли 1997 роҳбари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Анҷумани сеюми Иттиҳодияи занон махсус қайд карда буданд; « Занон дар ҷомеаи имрӯзаи мо нақш ва мавқеи басо муҳим доранд. Кадом проблемаи дорои моҳияти иҷтимоию сиёсиро нагирем, ҳаллу фасли онҳоро бе иштироки фаъолонаи занон, бе назардошти фикру андешаи онҳо тасаввур кардан душвор аст».
Дар моддаи 17-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст: «Занон бо мардон баробарҳуқуқанд». Бинобар ин занони меҳнатқарини мо ба шарофати ғамхориҳои пайвастаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯҳбаланд гардида, кӯшиш менамоянд, ки баҳри ободию гулгулшукуфии Ватани азизи хеш софдилона меҳнат кунанд, дар бунёди ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ саҳми муносиби худро гузоранд.
Маҳз адолати иҷтимоӣ ва эҳсоси баробарҳуқуқӣ натиҷаи талошҳои бепоёни инсонӣ маънидод мешаванд. Тасвири ҷомеаи боадолат ин ин нахустин кӯшишҳое буд барои ба вуҷуд овардани зиндагии босаодат, фароҳамсозии инкишофи озодона ва зиндагии шоиста. Мушоҳида намудан лозим аст, ки имрӯз ба шарофати истиқлолият ва сулҳу ваҳдати миллӣ, ҳисси масъулиятшиносӣ ва эҳсоси меҳанпарастию расидан ба зиндагии хубу арзанда дар ботини ҳамаи одамони накӯиқбол мавҷ мезанад.
Зан агар олиҳаи ҳусни замин гӯям кам аст,
Зан агар дар хонадон ҳуснофарин гӯям кам аст,
Гар набошад, зан барои мо ҳаёту шодӣ нест,
Зан чароғи нозанини зиндагӣ гӯям кам аст.
Аз мавриди муносиб истифода бурда ҳамаи модарону бонувони кишварро ба муносибати фарорасии иди баҳору зебоӣ-Рӯзи модарон самимона шодбош гуфта, барояшон беҳтарин хушиҳои рӯзгорро таманно менамоям. Бигзор зебоӣ, фазилату меҳрубонӣ, табассуми латиф, хушбахтӣ ва осоиштагӣ ҳамеша ҳамдаму ҳамсафари доимиашон бошад ва дар бунёди Тоҷикистони соҳибистиқлолу демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёд саҳм гузошта, фарзандҳои зебою фозил ба воя расонанд.
Дар ҷаҳони меҳрубонӣ беназирӣ, модарам,
Дар диёри бовафоён ту амирӣ, модарам,
Имтиҳони маргро дар зиндагӣ, биспурдаи,
Зиндагибахшандаӣ, ҳаргиз намирӣ, модарам.
Муборак бод, Рузи модарон ба Шумо модарону бонувони арҷманд!
ҚУРБОНОВА Ширин
сарходими илмии Шуъбаи ИДМ-и
Института омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ,
доктори илми таърих,