tj ru en

Дар бораи маҷалла

Нашрияи илмии «Осиё ва Аврупо»-и Институти омўзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон маҷаллаи академӣ буда, дар он натиҷаҳои асосии таҳқиқоти диссертатсионӣ аз рўйи самти омода кардани докторони фалсафа (PhD), доктор аз рўйи ихтисос, номзадҳои илм ва докторҳои илм нашр мегарданд.

Мундариҷаи асосии маҷалларо мақолаҳои илмӣ, фишурдаҳои илмӣ ва тақризҳо ташкил медиҳанд. Маҷалла дар як сол чаҳор маротиба нашр мегардад ва дар ду сол на камтар аз 8 шумораи он ба табъ мерасад. Номгӯ ва мавзӯоти фарогири маҷалла бо самтҳои илмӣ ва гурӯҳи тахассусҳои кормандони илмӣ мувофиқ буда, бо феҳрасти (Номенклатураи) тахассусҳои илмие, ки аз рӯи он дарёфти дараҷаҳои илмӣ сурат мегирад ва аз ҷониби Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-юми сентябри соли 2021, №7 тасдиқ карда шудааст, мутобиқат менамояд.

Нашрия ҳамаи маводҳоеро, ки ба маҷалла пешниҳод мегарданд, мавриди таҳлил ва омӯзиш қарор дода, бо мақсади муайян намудани мувофиқати мавзӯи мавод бо феҳристи мавзӯоти маҷалла ва ба хотири додани баҳои экспертӣ, тақриз медиҳад. Ҳамаи муқарризон дар соҳаи мавзӯоти маҷалла мутахассисони варзида мебошанд ва дорои мақолаҳои илмии мувофиқ бо мавзӯҳои маҷалла ҳастанд. Ҳайати таҳририяи маҷалла ба муаллифон нусхаи тақриз ва ё тақризи манфие, ки дар он сабабҳои чоп нагардидани мақола дар маҷалла нишон дода шудааст, ирсол менамояд.

Маҷалла дар Индекси русии иқтибосоварии илмӣ (РИНЦ) дар раванди бақайдгирӣ буда, марҳила ба марҳила ба Индекси русии иқтибосоварии илмӣ (РИНЦ) дар бораи мақолаҳои нашршудаи шумораҳои маҷалла маълумот пешниҳод хоҳад кард. Бойгонии электронии маҷалла дар сомонаи расмии маҷалла ҷойгир карда шудааст. Дар сомонаи расмии маҷалла ҳамаи маводҳо дастраси хонандагон мебошанд.

Ҳайати таҳририя аз 3 академик, 1 аъзо-корреспондент, 7 доктори илм ва 4 номзади илм иборат мебошад, ки онҳо аз ҳисоби кормандони илмӣ ва илмию педагогӣ интихоб гардидаанд. Ҳамаи аъзоёни ҳайати таҳририя мутахассисони варзида мебошанд.

Ҳамаи мақолаҳое, ки дар маҷалла чоп мегарданд, дорои рӯйхати адабиёти истифодашуда буда, ба талаботи маҷалла мувофиқат менамоянд.

Ҳамаи мақолаҳои чопшаванда дорои шарҳи мухтасари мазмуни мавод ва калидвожаҳо мебошанд.

Маҷалла дорои рақами стандартии байналхалқии силсиланашрия мебошад (ISSN 2790-7198).

Муассиси маҷалла: Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо.

Дар маҷалла мақолаҳою фишурдаҳои илмӣ, тақризҳо ва ахбор дар бахши муносибатҳои байналмилалӣ, сиёсати беруна, иқтисодиёти ҷаҳонӣ, забон ва адабиёти кишварҳои хориҷа ба табъ мерасанд.

Маҷалла соли 2019 таъсис ёфтааст. Дар як сол чор шумора нашр мешавад.

Маҷаллаи илмии «Осиё ва Аврупо» таҳти № 154/РЗ – 97 санаи 12 июни соли 2020 дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст.

Индекси обунавӣ: 77731

Бахшҳои асосии маҷалла:

Муносибатҳои байналмилалӣ

Шарқшиносӣ

Филологияи хориҷӣ

Иқтисодиёти ҷаҳонӣ