tj ru en

Қоидаҳои нашри мақолаҳо барои муаллифон

Маҷалла мақолаҳоро бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ дар ҳаҷми то 16 саҳифа пазируфта, ҳамроҳи мақола фишурдаи он низ ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ талаб карда мешавад. Фишурдаи мақолаҳо набояд аз 1 саҳифа беш бошад. Матни мақола бояд дар принтер бо ҳуруфи андозаи 14 дар як рӯяи коғази сафеди андозаи стандартӣ (А4) чоп шуда, ҳар саҳифаи навишта бояд аз 28 сатр (бо шумули замима ва ҳошияҳо), зиёд набошад. Ҳошияҳои дастнавис: аз боло ва поён – 2,5 см, аз чап ва рост – 3 см. Андозаи фосилаи байни сатрҳо – 0,5 см.


Ба дастнависҳо замима мегарданд:


а) маълумот роҷеъ ба муаллиф (ном, номи падар, номи хонаводагӣ, дараҷаи илмӣ, унвон, ҷойи кор, вазифа, нишонии ҷои зист, шохис (индекс)-и шуъбаи почта, рақами телефони хона ва кор, нишонии почтаи электронӣ (агар мавҷуд бошад);


б) Мақолаи дар компютер чоп шуда, ҳамроҳ бо нусхаи электронӣ пешниҳод мешавад, ки дар он маводи муаллиф ба сурати парванда дар вожапардози Word анҷом шудааст; агар ҳуруфи лотинӣ ё дигар аломатҳо истифода шуда бошад, бояд онҳо бо нишондоди номашон ирсол гарданд.


Сарлавҳаи мақола бо ҳарфҳои хурд ва аз матн бо фосилаи се сатр ҷудо карда мешавад. Иқтибосҳо бо сарчашма дақиқ муқоиса карда шуда, дар охири саҳифа асли онҳо аз ҷониби муаллиф оварда мешаванд.


Феҳристи манобеъ дар охири мақола (бо тартиби алифбо – нахуст ба хатти кириллӣ, сипас бо дигар забонҳои хориҷӣ оварда мешавад; осори як муаллиф дар тартиби хронологӣ дарҷ мешавад) бо шуморагузорӣ ва нишон додани маълумоти зайл оварда мешавад:


а) барои китобҳо – ному насаби муаллиф, номи пурраи асар, шаҳр ва соли нашр, теъдоди умумии саҳифаҳо, мисли:


Муллоаҳмадов М. Осори эроншиносӣ, ҷ.1, Душанбе: Дониш, 2018, - 563 с.


б) барои мақолаҳо – ному насаби муаллиф, номи пурраи мақола, номи маҷмӯаи мақолаҳо, китоб, рӯзнома, макони нашр, шаҳр (барои китоб), сол ва шумораи рӯзнома, маҷалла, мисли:


Раҷабов Ҳ. Тасвири бархӯрдҳои мазҳабӣ дар ҳикояи Иброҳим Ҷалис “Ғуломи озод” // Илм ва ҷомеа”, № 2 (10), 2018. –с. 70-78.


Дар дохили матн истинод ба манбаъ дар дохили қавси мураббаъ дода шуда, аз ҳам тавассути вергул ҷудо карда мешавад, мисол: [1, с. 75]; шумораи саҳифаҳои иқтибос бо воситаи вергул ё тире нишон дода мешавад, мисол: [2, с. 72-80].


Дар мақола аз тарафи муаллиф ё муаллифон бояд имзо гузошта шавад.


Дастнавис бояд бодиққат хонда шуда, бидуни ғалат пешниҳод гардад.


Дастнависҳое, ки бидуни риояи талаботи мазкур таҳия шудаанд, баррасӣ намешаванд.


Ҳайати таҳририя дар ҳолатҳои зарурӣ ҳуқуқ дорад мақоларо кӯтоҳ, таҳриру ислоҳ кунад ва ё ба муаллифон ҷиҳати ислоҳ баргардонад. Муаллифон пас аз саҳифабандии мақола онро хонда ризояти худро барои чоп ба таври хаттӣ тасдиқ мекунанд.


Масъулияти ақида ва муҳтавои мақолаҳо бар дӯши муаллифони онҳост.