НАҚШИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ

Author: Ashurov Ardamehr

Расм

         Мусаллам аст, ки дар масири Истиқлоли давлатӣ миллати тоҷик тавонист бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳи бунёди давлатдории миллиро эҳё намуда, дар ин змина асосҳои сиёсиву иқтисодии онро устувор гардонад. Дар ин росто, қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ташаккули ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона замина гузошт, аз муҳимтарин дастовардҳои даврони Истиқлол маҳсуб меёбад.

         Албатта, давлатдории миллӣ ҳамчун рукни асосии ҳастии ҳар як миллат дар заминаи арзишҳои таърихӣ, сиёсӣ ва ҳуқуқӣ ташаккул меёбад. Аз ин лиҳоз, барои Тоҷикистон, ки пас аз ҳазорсолаҳо дубора ба давлатдории мустақил расид, Конститутсия нақши асосии муқарраркунандаи принсипҳо, сохтор ва ҳадафҳои давлатдории миллиро инъикос менамояд. Зеро, қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 ноябри соли 1994 на танҳо як рӯйдоди ҳуқуқӣ, балки воқеаи сиёсӣ ва таърихиест, ки заминаи ҳуқуқии Истиқлоли давлатӣ ва рушди минбаъдаи ҷомеаи тоҷикро ҷомеаи ҳуқуқбунёд таъмин намуд.

         Ба ибораи дигар, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади олитарини ҳуқуқӣ буда, дорои қувваи мустақими амал аст, ки  дар моддаи якуми он «Ҷумҳурии Тоҷикистон — давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад» ифодаи моҳияти давлатдорӣ зикр ёфтааст. Аз дигар тараф, ин муқаррарот асоси ҳувияти ҳуқуқии давлатро муайян карда, роҳнамои рушди минбаъдаи сиёсӣ ва иҷтимоии кишвар мебошад.

         Илова бар ин, Конститутсия барои муқаррар кардани низоми тақсимоти ҳокимият, қонунгузор, иҷроия ва судӣ замина гузошт, ки ин яке аз нишонаҳои муҳимтарини давлатдории муосир аст.

         Агар ба муҳиммияти Констиутсия дар бақову ҳастии миллату давлатҳо назар афканем, пас аён аст, ки Конститутсия ҳамчун “Қонуни асосӣ” вазифаи ташаккули низоми идоракунии давлатӣ, ҳимояи Истиқлол ва таъмини ваҳдати миллиро ба душ дорад. Аз ин ҷост, ки дар меҳвари Конститутсия масоили таъмини истиқлолияти ҳуқуқӣ, тақвияти волоияти қонун, Ваҳдати миллӣ ва суботи сиёсӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ва дигар ҷанбаҳои муҳими давлатдорӣ бо назардошти асолату заминаҳои ҳуқуқӣ дарҷ гардидаанд.

          Ба ин маънӣ, метавон таъкид дошт, ки Конститутсия на танҳо санади ҳуқуқӣ, балки рамзи ваҳдат, худшиносӣ ва давлатсозии тоҷикон буда,  арзишҳои миллӣ ва умумибашариро дар худ таҷассум намуда, дар ташаккули афкори ҳуқуқӣ ва маърифати ҳуқуқиву сиёсии шаҳрвандон нақши муҳим дорад.

         Аз ин рӯ, таълим ва тарғиби мазмуну моҳияти Конститутсия дар байни ҷавонон ва ҷомеа омили муҳими боло бурдани ҳисси масъулият ва худогоҳии шаҳрвандӣ мебошад. Зеро, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчуни санади сарнавиштсоз ба таҳкими давлатдории миллӣ, устувории Истиқлол ва пешрафти ҷомеаи демократӣ ва дунявӣ мусоидат менамояд. Бинобар ин, эҳтиром ва риояи Конститутсия вазифаи ҳар як шаҳрванд буда, таҷлили Рӯзи Конститутсия рамзи эҳтиром ба қонун, ваҳдат ва худшиносии миллии мост.

        Хулоса, қабули Конститутсия натиҷаи устувории Истиқлоли давлатӣ буда, барои фаъолияти давлат ва ҷомеа заминаи устувори ҳуқуқӣ фароҳам овард.  Бо вуҷуди ин, Конститутсия ифодаи иродаи умумии халқ ва манфиати тамоми ҷомеа буда, ҳамчун ҳуҷҷати ҳуқуқии созишӣ ва умумибашарӣ манфиатҳои умумимиллӣ ва арзишҳои волои шаҳрвандиро таҷассум менамояд.

 

Ардамеҳр Ашуров

номзади илмҳои таърих, ходими пешбари илмии

шуъбаи Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқии

Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ

BACK