ИМА ва СӼШ: мушкилиҳо ва дурнамои инкишофи муносибатӽо

Муаллиф: Шамсиддин Каримов

Мақолаи мазкур ба масъалаҳои марбут ба мушкилиҳо ва дурнамои инкишофи муносибатҳои ИМА бо СҲШ бахшида шудааст. Аз назари муаллиф, дар ибтидо ИМА ба арсаи ҳаёти сиёсӣ қадам гузоштани СҲШ-ро чандон ҷиддӣ қабул накарданд. Баъдтар эҷоди чунин як ниҳоди авруосиёии дорои қудрати атомӣ ва он ҳам бо захираҳои бузурги табииву инсонӣ ва имконоти ҳарбиву низомӣ Вашингтонро хеле нигарон сохтааст. Сабаби ташвиш ва нигаронии ИМА торафт нуфузи бештар касб кардани СҲШ дар арсаи сиёсати байналмилалӣ ва боло рафтани мақоми он дар ҳаллу фасли 10 масъалаҳои калидии сиёсати замони муосир аст. Имрўз муносибати ИМА ба СҲШ ба таври куллӣ таҷдиди назар шудааст. Маълум, ки ИМА ҳавасманди он аст, ки аз имконоти СҲШ барои пешбурди манфиатҳояш дар минтақа истифода намояд. Ин дурнамо дар чӣ ифода мегардад? Муаллиф ба ин фикр аст, ки пеш аз ҳама дар самти муносибатҳои иқтисодӣ, чун мавзўи рушди иқтисодӣ ва баланд бардоштани сатҳи рифои мардум дар ҳама кишварҳои аъзои СҲШ аз масъалаҳои мубрам ва аввалиндараҷа ба шумор меравад. Дуюм, ҳамкориҳо дар бобати таъмини сулҳи саросарӣ ва суботу амният дар минтақа ба шумули мубориза бар зидди ифротгароӣ, тундгароӣ, терроризм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, назорат аз болои силоҳи қатли ом ва ғайра. Сеюм, ҳамкориҳои судманд дар самти фароҳам сохтани кумакҳои гуманитарӣ ва техникию иттилоотӣ, рушди илму фарҳанг, таҳкими ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ниҳодҳои он.

БОЗГАШТ