ДАР БОРАИ ИНСТИТУТ
Расм
ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПОИ АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо муассисаи навтаъсиси илмӣ-таҳқиқотӣ буда, он бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2016, таҳти №466 дар сохтори Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ташкил шудааст.

Институти мазкур ягона муассисаи илмиест, ки ба омӯзиши сиёсат, иқтисодиёти ҷаҳон, афкори иҷтимоӣ, забон, адабиёт, таърих, муносибатҳои байналмилалӣ, ҷунбишҳои мазҳабӣ ва сиёсӣ, низоъҳои минтақавӣ ва масъалаҳои фарҳангӣ дар кишварҳои Осиё, Аврупо ва Амрико машғул мебошад.

 

СОХТОРИ ИНСТИТУТ

1.Шуъбаи  Шарқи Наздик ва Миёна

2.Шуъбаи Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқӣ

3.Шуъбаи Аврупо ва Амрико

4.Шуъбаи Осиёи Марказӣ

         I.Бахши       арабшиносӣ

       II.Бахши          туркшиносӣ

 

ЛОИҲАҲОИ ИНСТИТУТ

  1. Таърихи ҳамкории муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои Иттиҳоди Аврупо: дастовардҳо ва дурнамои он (барои  солҳои 2019-2023)
  2.  Тоҷикистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ: самтҳои асосии ҳамкорӣ: мушкилот ва дурнамо (барои солҳои 2019-2023)
  3. Тамоюлҳои рушди вазъияти сиёсию иҷтимоӣ ва масоили амниятӣ дар кишварҳои Шарқи Наздик ва Миёна (барои солҳои 2021-2025)
  4. Муштаракоти таърихиву фарҳангӣ ва робитаҳои иқтисодию фарҳангии халқи тоҷик бо кишварҳои Шарқи Миёна ва Наздик ва дурнамои он (барои солҳои 2021-2025)
  5. Масъалаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии равандҳои геополитикӣ ва интегратсионии кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқӣ (барои  солҳои 2021-2025)

САМТҲОИ ҲАМКОРӢ

-таҳқиқ ва таҳлили масъалаҳои вобаста ба сиёсат, иқтисодиёт, иҷтимоиёт, тамаддун, фарҳанг ва забони кишварҳои хориҷӣ аз нигоҳи илми муосир;

-омӯзиши масъалаи рушди иҷтимоӣ-сиёсӣ, сохтори идоракунӣ, сиёсати инноватсионии давлатҳои хориҷӣ;

- бурдани таҳқиқоти илмӣ оид ба масъалаҳои вобаста ба низоъҳои дохилӣ ва минтақавӣ, бехатарӣ дар мубориза бо ҷиноятҳои дохилӣ ва фаромиллӣ (аз ҷумла дар мубориза бо ифротгароӣ ва даҳшатафканӣ);

-омӯзиши масъалаҳои ваҳдатсолорӣ, ҳамгироии иҷтимоӣ дар низоми ҷомеа, низоъҳои иҷтимоӣ ва роҳҳои ҳалли он, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳалли мушкилоти маҳалгароӣ, зиддияти байни маҳалҳо ва қавмҳо; 

- ташкили конфронсҳои илмӣ, семинарҳо ва мизҳои мудаввар дар мавзӯъҳои гуногун;

-ташкили назарсанҷӣ ва пурсишҳо дар қишрҳои гуногуни ҷомеаи шаҳрвандӣ дар мавзӯъҳои мухталиф;

-ташкили курсҳои кӯтоҳмуддат ва дарозмуддати забономӯзӣ. 

 

Суроға: ш.Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 33

Индекс: 734025

Телефон: 221-03-28

E-mail: info@osiyoavrupo.tj

Сомона:http://www.osiyoavrupo.tj


Расм
ШУЪБАИ ОСИЁИ ҶАНУБУ ШАРҚӢ

Самтҳои фаъолияти илмии шуъбаи Осиёи Ҷанубу Шарқӣ ин аз масоили кишваршиносӣ, геопалитика, таърихи муносибатҳои байналмилалӣ ва робитаҳои адабию фарҳангии кишварҳо иборат аст.

Номи лоиҳа: Геополитикаи Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ; Вижагиҳои таърихию фарҳангӣ ва мазҳабии равандҳои геопалитикӣ дар Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқӣ.

Дар Шуъба мутобиқи барнома нишастҳои илмӣ, семинар, конфронс, симпозиум ва дигар чорабиниҳои илмӣ баргузор мешавад.

Телефон: +992 000 00 00 00

Email: email@gmail.com


Расм
ШУЪБАИ ШАРҚИ МИЁНА ВА НАЗДИК

Шуъбаи Шарқи Миёна ва наздик масоили кишваршиносӣ, геополитикӣ, таърихи муносибатҳои байналмилалӣ ва робитаҳои адабию фарҳангии кишварҳои минтақаи Шарқи Миёна ва Наздикро мавриди таҳқиқ ва омӯзиш қарор медиҳад.

   Лоиҳаҳои шуъба: “Ҷунбишҳои сиёсӣ, идеологию мазҳабӣ ва низоҳои минтақавии Шарқи муосир: ҳадафҳо, тамоюлот ва пайомадҳо”. Дар чаҳорчӯби ин лоиҳа масъалаҳои умдаи ҷунбишҳои сиёсӣ, мазҳабӣ ва нақши онҳо дар авҷгирии низоъҳои минтақавӣ, омилҳои ташаккули ҷунбишҳои динӣ, омилҳои этникӣ ва мазҳабӣ дар низоҳои минтақавӣ ва вижагиҳои муносибатҳои таърихӣ ва руҳиву равонии кишварҳои Шарқи наздик ва Миёна таҳқиқ мешаванд.

Телефон: +992 000 00 00 00

Email: email@gmail.com