Муаллиф: Ҳайдарзода Рустам
Конститутсияи Тоҷикистони муосир дар ҳаёти миллати тоҷик аҳамияти муҳим ва тақдирсоз дорад.Ин ҳуҷҷат дар даврони мушкили давлатдории миллии тоҷикон бо ташаббуси бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар райъпурсии умумихалқӣ қабул шуд.
Агар ба таърихи қабули ҳуҷҷати сарнавиштсози миллат назар афканем,ҷоиз ба таъкид аст,ки фазои воқеӣ ва мусоид ва иқдоми қабули Конститутсияи нави кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон моҳи ноябри соли 1992 дар раванди Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати дувоздаҳум) дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд муҳайё гардид.
Баъдан, дар моҳи ноябри соли 1993 Қарори Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъсиси Комиссия оид ба омода намудани лоињаи Конститутсияи нави Љумњурии Тоҷикистон» қабул гашт.
Қобили зикр аст, ки тарҳи Конститутсияи нав барои нахустин бор ба забони тоҷикӣ омода шуда, ҷомеа ба баҳси фаъолонаи он шурӯъ кард. Лоиҳаи Конститутсия аз ҷониби коршиносони ИМА, Англия, Русия, СММ, Шӯрои Амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ва дигар созмонҳои байналмилалӣ арзёбиҳои мусбат гирифт.
Ҳамин тариқ, 6 ноябри соли 1994 бори нахуст дар таърихи муосири тоҷикон ифодаи умуми иродаи халқ сурат гирифт. Зиёда аз 87 фоизи аҳолии Тоҷикистон ба тарафдории лоиҳаи Конститутсия овоз доданд.
Конститутсияи нав дар як давраи барои мамлакат душвор, ки оташи ҷанги шаҳрвандӣ ҳануз пурра хомуш нашуда буд, қабул карда шуд. Қабули он дар роҳи мустаҳкам намудани асосҳои истиқлоли давлатӣ ба омили ҳалкунанда мубаддал гардид. Конститутсияи нав барои гузариши минбаъда ба ҷамъияти демократӣ ва давлати ҳуқуқбунёд шароит фароҳам оварда, њалли бисёре аз мушкилоти иљтимоию иќтисодї ва сиёсию њуќуќии кишварро босамар намуд. Конститутсия қабулшударо ғайрирасмӣ Конститутсияи халқӣ меномиданд. Бе муболиға, иштироки васеъи шаҳрвандони кишвар дар раъйпурсии умумихалқӣ бо ҳисси баланди масъулияти ватандорӣ ва руҳияи меҳандустонаи мардум воқеан таърихӣ буд.
Конститутсияи соли 1994 аз 10 боб ва 100 модда иборат аст. Дар бобҳои он чунин мавзӯҳои муҳим инъикоси худро ёфтанд: асосҳои сохти конститутсионӣ; ҳуқуқ, озодиҳо ва вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд; президент; Ҳукумат; мақомоти маҳаллӣ; ВМКБ; суд; прокуратура ва тартиби даровардани тагйирот ба Конститутсия.
Конститутсия муқаррар кардааст, ки ҳама дар назди қонун ва суд баробаранд. Давлат ҳуқуқ ва озодиҳои ҳар як узви ҷомеаро, сарфи назар аз миллат, нажод, ҷинс, дин, эътиқоди сиёсӣ, маълумот, вазъи иҷтимоӣ ва молу мулк кафолат медиҳад. Ин ҳуҷҷат баробарии зану мардро кафолат дода, меъёрҳои он барои инкишофи ташаббуси шаҳрвандӣ шароити мусоид фароҳам меоваранд. Муҳимтар аз ҳама, инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои онҳо арзиши олӣ эътироф шудаанд.
Яке аз муҳимтарин боби Конститутсия ба ташаккули ниҳоди президентӣ дар Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар моддаҳои Конститутсияи Тоҷикистон омадааст, ки «Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвари давлат ва ҳокимияти иҷроия (Ҳукумат) аст. Президент ҳомии Конститутсия ва қонунҳо, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, кафили истиқлолияти миллӣ, ягонагӣ ва тамомияти арзӣ, пойдориву бардавомии давлат, мураттабии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҳамкории онҳо, риояи шартномаҳои байналмилалии Тоҷикистон мебошад».
Масъалаи ниҳоди президентӣ дар шароити Тоҷикистон аз вижагии хос бархурдор аст, зеро то ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ дар кишвари мо ниҳоди президентӣ ҳамчун узви низоми сиёсии ҷомеа мавҷуд набуд. Таҷрибаи амалӣ нишон медиҳад, ки «ниҳоди президентӣ» шакли махсуси идоракунии низоми сиёсии ҷомеа мебошад. Умуман мафҳуми «ниҳоди президентӣ» мафҳуми калидии илми сиёсӣ мебошад.
Ниҳоди президентӣ як сохторест, ки аз ҷузъҳо ва унсурҳои гуногун иборат аст. Фаъолияти ин ниҳод ба хусусиятҳои шахсияте, ки ба мансаби Президент интихоб шудааст, вобастагии амиқ дорад. Таърих нишон медиҳад, ки давлатҳои аз ҷиҳати ҳарбӣ ва молиявӣ пуриқтидор танҳо аз он хотир барҳам хӯрданд, ки ниҳоди президентӣ дар ин кишварҳо дар дасти шахсиятҳои сустирода ва бемасъулият қарор дошт. Барои мисол, давлати абарқудрати Иттиҳоди Шӯравӣ дар натиҷаи фаъолияти роҳбарияти сустирода ва бемасъулият барҳам хӯрд. Ва баръакс, давлатҳое мавҷуданд, ки ба буҳрони сиёсӣ-ҳарбӣ гирифтор буданду бо омадани шахсиятҳои барҷастаи сиёсӣ ва хирадмандона ба кор мондани фаъолияти ниҳоди президентӣ ватани худро ҳифз намуда, онро ба зинаи нави тараққиёти сиёсӣ ва иқтисодӣ бароварданд. Намунаи ин гуфтаҳо, албатта, ҷасорат ва рафтори қаҳрамононаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки тавонист ҳам сулҳу суботро дар Тоҷикистон таъмин намояд ва ҳам заминаҳои рушди сиёсӣ ва иқтисодии Тоҷикистонро фароҳам оварад. Яъне нақши шахсияти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар рушду фаъолияти босамари ниҳоди президентӣ ва таҳкими давлатдории миллии тоҷик муайянкунанда ва аввалиндараҷа аст. Дар ин ҷода ман мутмаинам, ки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз лиҳози аҳамияти сиёсии фаъолият ва хизматҳои беғарази худ баҳри наҷоти Ватан ва миллат дар радифи бузургтарин сиёсатмадорони ҷаҳонӣ мақоми арзандаеро соҳиб гаштааст.
Ташаккули ниҳоди президентӣ зарурати таърихӣ дошт. Тавре ҳамагон иттилоъ доранд, баъди пайдо кардани истиқлолияти давлатӣ, ватани мо ба гирдоби низои шаҳрвандӣ дармонд. Дар чунин вазъияти мураккаби сиёсӣ-иҷтимоӣ маҳз ташаккули ниҳоди президентӣ, ки бо ибтикори Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифта буд, метавонист моро аз оташи ин низоъ раҳоӣ бахшад. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун лидери сиёсӣ ва роҳбари давлат дар ҳамон замони барои миллати тоҷик фоҷиабор тавонист мавқеи комилан дурусти сиёсиро интихоб намуда, ба тоҷикон сулҳу субот оварад. Рушди ояндаи мамлакат ва интихоби роҳи дигаргунсозии демократии ҷомеа, сулҳу субот, ваҳдати миллӣ бевосита бо ниҳоди президентӣ вобаста аст ва меҳвари он Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Дар давоми президентии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба низои шаҳрвандӣ хотима бахшида шуд, сохти конститутсионӣ дар кишвар барқарор гардид, ислоҳоти амиқи иқтисодӣ ва сиёсӣ гузаронида шуд: яъне низоми нави молиявӣ ташаккул ёфт, сохтори мақомоти ҳокимияти давлатӣ қавитар гардида, низоми таъмини амниятӣ ва мудофиавии мамлакат таҳким ёфт, мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва коррупсия пурзӯр гардид ва барои ислоҳоти конститутсионӣ заминаҳои иқтисодӣ ва сиёсӣ гузошта шуданд.
Бо вуҷуди ин, бояд таъкид кард, ки раванди таҳким ва такомули ниҳоди президентӣ раванди мураккаб ва дурудароз аст. Дар ҳаёти сиёсии Тоҷикистон то ҳол падидаҳои манфӣ ба мисоли унсурҳои ғайридемократӣ амал мекунанд, ки ба рушди равандҳои сиёсии ҷомеа таъсири мусбат надоранд. Барои таҳкими ниҳоди президентӣ бояд бар зидди чунин зуҳурот, мисли экстремизми динӣ ва терроризми байналмилалӣ муборизаи беамон бурд. Бартараф намудани ин зуҳуроти манфӣ бояд дар асоси ҳамкории пурмаҳсули сохторҳои давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ сурат гирад.
Рисолати Президент аз он иборат буд, ки дар давраи мушкилтарини миллати тоҷик бори вазнини ватандориро ба дӯши худ гирифтанд ва бо як ҷасорату мардонагии фавқулодаи худ бар ҳифзи сохти конститутсионӣ камар бастанд. Дар ин маврид ҷоиз аст бигӯем — Эмомалӣ Раҳмон наҷотбахши миллат аст ва дар хотираи садҳо ҳазорон ҳамватанон бо ҳамин унвон боқӣ мемонад. Баъд аз имзои сулҳи байни тоҷикон дар фазои сиёсии Тоҷикистон давраи мураккаби баъдиҷангӣ оғоз гардид, ки мушкилоти он аз мушкилоти давраи ҷанги шаҳрвандӣ камтар набуд. Таҳдид ва фишорҳои дохилӣ ва берунӣ ба ҳукумат дар ҳамон давра хеле зиёд буданд. Аз як тараф, бояд масъалаҳои муҳими сиёсӣ ҳалли худро меёфтанд, аз тарафи дигар, мушкилоти зиёди молиявӣ ва иқтисодӣ дар муддати кӯтоҳ бояд бартараф мешуданд. Новобаста ба ин омилҳо, Пешвои миллат тавонист стратегияи рушди Тоҷикистонро дар давраи баъдиҷангӣ амалӣ созад. Пешвои миллат, аз замоне, ки дар арсаи сиёсии Тоҷикистон фаъолияти худро оғоз намуданд, пеш аз ҳама, ба неруи бузурги созандаи шаҳрвандони Тоҷикистон такя менамуданд. Президенти кишвар ҳамзамон масъалаҳоеро бояд ҳал мекарданд, ки он ҳам аз давраи шӯравӣ ва ҳам баъди низои шаҳрвандӣ мерос монда буд. Пеш аз ҳама, сухан дар бораи роҳандозии консептсияи Ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон меравад, ки асоси онро ниҳоди президентӣ ташкил медиҳад. Дар давраи баъди низоъ бояд самтҳои ҳам сиёсӣ ва ҳам иқтисодии таъмини ин лоиҳа муайян мегардид. Барои таъмини Ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон Пешвои миллат аз роҳандозии лоиҳаҳои инфрасохторӣ оғоз намуданд. Вазифаи аввалиндараҷае, ки дар назди Пешвои миллат меистод- ин аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани минтақаҳои Тоҷикистон буд. Ин масъала аз давраи шӯравӣ ба Тоҷикистони навистиқлол мерос мондааст. Дар натиҷи пайвастани минтақаҳои Тоҷикистон бо шоҳроҳи Кулма- сарҳади Ӯзбекистон, масъалаи ҳамгироии иқтисодӣ ва фарҳангии минтақаҳои кишвар ҳалли худро пайдо кард, ки дар натиҷа ба таҳкими Ваҳдати миллӣ заминаи хуб фароҳам оварда шуд.
Фаъолияти ниҳоди президентӣ ҳамчунин дар рушди соҳаи маориф, илм ва тандурустии Тоҷикистон, ки рушди сармояи инсонӣ ба онҳо иртибот дорад, хеле назаррас аст. Яъне бо ибтикори Пешвои миллат фаъолияти низоми маориф ва илм ба талаботу стандартҳои ҷаҳонӣ мутобиқ гардонида шуд.
Президенти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали ба сари қудрат омадан модели давлати дунявиро интихоб карданд,зеро давлати дунявӣ сохтори сиёсие мебошад, ки дар он муассисаҳои динӣ аз сиёсат ҷудо карда шудааст. Дар давлати дунявӣ муносибатҳои ҷамъиятӣ на дар асоси меъёрҳои динӣ, балки дар асоси меъёрҳои шаҳрвандӣ танзим мегарданд. Яке аз нишонаҳои муҳими давлати дунявӣ озодии виҷдон мебошад. Яъне танҳо давлати дунявӣ имконият медиҳад, ки одамон, новобаста аз дину мазҳаб, мансубияти милливу нажодии худ озодона дар дохили давлат зиндагӣ ва фаъолият намоянд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти он, ки дар Тоҷикистон намояндагони дину мазҳаб ва миллатҳои гуногун зиндагӣ ва фаъолият мекунанду шаҳрвандии Тоҷикистонро доранд, барои ҳама як хел шароити сиёсӣ-ҳуқуқӣ фароҳам овардаанд.
Яке аз хислатҳои барҷастаи ҳар як сиёсатмадори бузург- ин мавҷудияти иродаи сиёсӣ мебошад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти сермаҳсул ва тамаддунгарои худ борҳо исбот кардаанд, ки дорои иродаи қавии сиёсӣ мебошанд. Ягон зуҳуроту падида наметавонад Пешвои миллатро аз роҳи созандагӣ баҳри миллаташ баргардонад. Ҳар ҳадафе, ки Президенти мо онро интихоб намудааст, хоҳ кандани нақби Анзоб бошад, хоҳ сохтмони НБО –и Роғун, ба он ҳатман муваффақ мешавад. Яъне Пешвои миллат ҳар ваъдае, ки дар назди миллаташ кардааст, онро сарбаландона иҷро намудаанд.
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меъмори модели давлатдории миллии тоҷикон аст, ки он дар асоси мардумсолорӣ ва беҳтарин арзишҳои демократияи ҷаҳонӣ ва бо такя ба суннат ва анъанаҳои миллии мо сохта шудааст. Сулҳу субот дар ватан, амният ва хушбахтӣ, саломатии ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон барои Сарвари давлат беҳтарин мукофотанд, чунки инҳо маҳсули ранҷу заҳматҳои шабонарӯзии ӯ баҳри ин сарзамин мебошанд. Тамоми фаъолияти пурмаҳсули сиёсии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон- ин як мактаби бузурги ҷасорату мардонагӣ, тамаддунгароиву таҳаммулпазирӣ, мактаби одаму олимпарварӣ ва ватанпарастӣ мебошад ва хушбахттарин инсон касе аст, ки аз ин мактаб бархурдор мегардад.
Ҳамин тариқ ,Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 6 ноябри соли 1994 қабул шуд, қадами муҳиме дар роҳи муайян намудани самтҳои афзалиятноки давлатдории тоҷик ба ҳисоб меравад. Яке аз моддаҳои бунёдӣ, ки он дар матни ҳамин Конститутсия инъикос ёфтааст, муайян кардани мақоми ниҳоди президентӣ мебошад. Яъне бояд махсус тазаккур дод, ки аслан то ҳамин лаҳзаҳое, ки дар боло қайд намудем, мафҳуми «ниҳоди президентӣ» дар Тоҷикистон мавҷуд набуд ва дар фазои амалии сиёсӣ ва доираҳои назариявӣ- илмии кишварамон истифода ҳам намегардид.
Бо итминони комил гуфтан мумкин аст, ки дар ташаккули ниҳоди президентӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нақши калидӣ ва тақдирсозро иҷро намудааст.
Ҳайдарзода Рустам Ҷӯра
директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои
Академияи милли илмҳои Тоҷикистон,
доктори илмҳои фалсафа