АҲАМИЯТИ ТАЪРИХИИ САНАДҲОИ НАВИ БА ИМЗОРАСИДА МИЁНИ ҶАМОҲИРИ ҲАМҶАВОРИ ТОҶИКИСТОН ВА ҚИРҒИЗИСТОН

Муаллиф: Давлиёрова Сафаргул

Расм

Дар ҳошияи сафари  давлатии Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон

Садир Жапаров ба Ҷумҳурии Тоҷикистон 08-09 июли соли 2025

       Тазаккур бояд дод, ки ҳамкориҳо байни ду ҳамсоякишвар босуръат рушд карда, тамоюли ба сатҳи сифатан нав баромаданро нишон медиҳанд. Ёдовар шудан ба маврид аст, ки дар “Қасри миллат” масоили мубрами ҳамкории Тоҷикистону Қирғизистон дар мулоқоти хоссаи сарони давлатҳо ва бо иштироки ҳайатҳои расмӣ баррасӣ гардид, аз ҷумла:

- густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва гуманитарӣ;

-  анҷом додани раванди демаркатсия;

-  таҳким ва густариши робитаҳои байнипарлумонӣ;

- тавсеаи ҳамкории иқтисодӣ, тавсеаи робитаҳо дар сатҳи минтақавӣ, аз ҷумла миёни ноҳияҳои наздисарҳадӣ;

- татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар соҳаҳои кишоварзӣ ва саноати сабуку хӯрокворӣ;

- пешбурди ҳамкорӣ дар арсаи содироту воридоти маҳсулоти кишоварзӣ ва озуқаворӣ;

- сармоягузорӣ дар ҳудуди минтақаҳои озоди иқтисодӣ, рушди марказҳои логистикию саноатӣ ва густариши шарикӣ дар соҳаи рушди низомҳои иттилоотӣ;

- таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаҳои ояндадори энергетика, тавсеаи шоҳроҳҳои транзитию нақлиётӣ ва зиёд кардани шумораи парвозҳои ҳавопаймоҳои мусофирбар;

- рушди ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустӣ, робитаҳои байни муассисаҳои илмию тадқиқотӣ, табобатию солимгардонӣ ва муассисаҳои санитарию курортӣ;

- баргузор намудани фестивалҳо, намоишгоҳҳо ва дигар чорабиниҳои фарҳангӣ;

- мубориза бо терроризм, экстремизм, тундгароии динӣ, қочоқи маводи мухаддир, киберҷинояткорӣ ва дигар зуҳуроти ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ ;

  • ҳамкории зич ба хотири ҳалли мушкилоти тағйирёбии иқлим, кам кардани оқибатҳои  манфии гармшавии глобалӣ ва ҳифзи пиряхҳо;

- ҳамкории кишварҳо дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, Созмони ҳамкории Шанхай ва дигар сохторҳои байналмилалию минтақавӣ .

         Нуқтаи дигари қобили таваҷҷуҳ он аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон чун кишвари сулҳпарвар ва ҷонибдори ҳамкориҳо бо тамоми кишварҳои олам вазифаи сиёсати хориҷии худро дар фароҳам овардани шароити мусоиди берунӣ барои таъмини рушди устувори иқтисодӣ, таҳким ва инкишофи ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҳифзи тамомияти арзӣ ва амнияти мамлакат медонад.

         8 июли соли 2025 дар чаҳорчӯби сафари давлатии Президенти Қирғизистон Садир Жапаров ба Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими имзои  асноди дуҷониба  баргузор шуд.

         Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров ба Изҳороти муштарак миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон имзо гузоштанд.

         Ҳамчунин санадҳои зерин ба имзо расиданд:

- Созишнома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба тадбирҳои эътимод;

- Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Девони Вазирони Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба таъсиси Шурои байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон;  

- Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Девони Вазирони Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи геодезия, харитасозӣ, заминсозӣ, кадастр, бақайдгирии молу мулки ғайриманқул ва мушоҳидаи фосилавии Замин;

- Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Девони Вазирони Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи стандартизатсия, метрология, баҳодиҳии мутобиқати маҳсулот ва аккредитатсия;  

- Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Девони Вазирони Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ;

- Ёддошти тафоҳум миёни Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати меҳнат, ҳифзи иҷтимоӣ ва муҳоҷирати Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи иҷтимоӣ;

- Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи хизмати давлатӣ миёни Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии давлатӣ оид ба хизмати давлатӣ ва худидоракунии маҳаллии назди Девони Вазирони Ҷумҳурии Қирғизистон;    

- Барномаи ҳамкорӣ миёни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қирғизистон барои солҳои 2026-2027;   

- Нақшаи чорабиниҳо миёни Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати иқтисод ва тиҷорати Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи саноат барои давраи солҳои 2025-2026;     

- Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ва рушди устувор байни Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати захираҳои табиӣ, экологӣ ва назорати техникии Ҷумҳурии Қирғизистон;      

- Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ миёни Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Корпоратсияи миллии радиошунавонии Ҷумҳурии Қирғизистон;

- Ёддошти тафоҳум миёни Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон ва Институти илмию тадқиқотии зироаткории назди Вазорати захираҳои об, кишоварзӣ ва коркарди саноатии Ҷумҳурии Қирғизистон;        

- Созишнома оид ба таъсиси Шурои корӣ миёни Палатаи савдо ва саноати

Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Қирғизистон.

         Мавриди зикри хос аст, ки аҳамияти таърихии санадҳои нави имзошуда миёни ҷамоҳири ҳамҷавори Тоҷикистону Қирғизистон дар он аст, ки онҳо барои рушду таҳкими муносибатҳои неки минбаъда заминаи устувор гузоштанд.

         Метавон хулоса намуд, ки дар таърихи навини ҳамкориҳои  Тоҷикистон ва Қирғизистон саҳифаи тоза ва давраи сифатан нави ҳамкориҳои судманд боз гардид. Бидуни шак, чунин ҳамкориҳои гуногунҷанбаи дуҷониба дархури манфиатҳои ҳар ду ҳамсоякишвар буда, ба амну субот ва пешрафту шукуфоию ободии минтақаи Осиёи Марказӣ мусоидат хоҳанд кард.

         Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 8-9 июли соли 2025 сурат гирифта буд, ба поён расид. Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров 9 июли соли 2025 пас аз анҷоми сафари давлатӣ ба Тоҷикистон ба шаҳри Бишкек баргашт.

 

Давлиёрова Сафаргул Тешаевна,

ходими калони илмии Шуъбаи

Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқии

Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ

номзади илмҳои фалсафа

БОЗГАШТ