ҲАДАФ - ТОҶИКИСТОНСОЗӢ АСТ

Муаллиф: Ширин Қурбонова

Расм

         Дар ҳар давру замон  олимоне  мавҷуд буданд, ки зимни баёни андеша каломи мавзунро истифода мебаранд. Онҳо  донишу маҳорати хешро дар назм  истифода карда, дар  таҳқики падидаҳои мубрами ҷомеа  ва  таблиғи ватандустиву ватандорӣ тавассути ашъор нақш гузоштаанд. Яке аз зумраи онҳо доктори илмҳои ҳуқуқ Дониёр Сангинpзода мебошад, ки  дар баробари таҳқиқоти бунёдии илмӣ, инчунин тамоюлоти фикриро тавассути шеър матраҳ менамояд. Номбурда бо тахаллуси “Дониёр Сангинӣ” шеър гуфта, дар мавзӯи ҳуқуқу қонун ва масоили сулҳу ваҳдату дар ҷомеа беш аз пеш иктифо намудааст. Ба қавли муҳаққиқ Равшани Ҳамроҳ, ки ба китоби ашъори номбурда тахти унвони ”Фахр дорам, Тоҷикам” пешгуфтор навиштааст, шеърҳои Дониёр Сангинзода тахайюли бадеиро кам мавриди баррасӣ қарор дода, ғолибан, андешаро барои хонанда ба таври равшан пешниҳод менамояд. Ин шакли услуб ва вижагиҳои илҳомию эстетикии муаллиф имкон фароҳам меорад, ки хонанда ҳадафи шоирро бидуни шарҳу тафсир дарк кунад:  “Ағлаби шеъри  Дониёр Сангинӣ, асосан, аз вокеияти зиндагии имрӯзаи мо сарчашма мегирад. Вуқуъбаёниҳо назми ӯро аз тахайюл дуртар мебарад. Тобишҳои иҷтимоии назмаш дар китоби мавриди назари мо рушану чашмгиранд”.

        Ба қавли шоир, ҷонфидоиҳои тоҷикон баҳри сулҳофари  ба  раванди тоҷикистонсозиро  мубаддал гашта, ормони миллӣ бинобар татбиқи сиёсати сулҳ боис гардид, ки худогоҳии миллӣ дар замони соҳибистиқлолӣ аз хурофотзадагии динӣ бартарӣ ёбад. Мавсуф дар ин бобат чун ҳамаи хамватанон нақши Ичлосияи ХVI-уми Шурои Олиро дар санаи 1992 ба унвони ”Cанаи такдирсоз” изҳор менамояд. Тибқи фикррониҳо, дар он замон бародар алайҳи бародар ҷангида, шахрвандони кишвар ба душмани ҷони якдигар мубаддал гардида буданд. Маҳз дар он овон ва дар чунин авзоъ, ки масъалаи ҳастию нестии миллату давлатро падид оварда буд, раҳбари хирадманде ба майдони фаъолият омад:

Амри Ҳак ин буд, ки омад як хирадманд он замон,    

Ҳомии миллат ато шуд аз Худои меҳрубон.

Як ҷавонмаде, ки будаш сол чил, шуд роҳбар,  

Сина бинмудӣ сипар бар ханҷару тиру камон.

Ҳокимият рӯ ба фақр оварда будӣ бегумон,

Душмани ҷонӣ бародар буд бародар он замон.

         Ҳамин омилҳо шоирро водор кардааст, ки бобати нақши калидӣ доштани Пешвои миллат дар умури давлатсозии миллӣ иктифо карда, маҳорати раҳбарию солории Сарвари давлатро ҷиҳати пойдории сулҳу рафоқат ва тантанаи осудаҳолӣ бар ҷанги хонумонсуз таъкид кунад.  Аз ҳамин хотир, хама гуна муваффақиятҳо дар чаҳорчуби рушду тараққии сарзамин хушҳолӣ аст, ки онро барои шахрвандони кишвар Сарвари давлатамон тақдим намудаанд. Бинобар ин, омили ифтихору ҷоннисории мо бидуни дудилагӣ фаъолияти Пешвои Миллат маҳсуб мешавад, ки сарзамини точиконро аз буҳрони сиёсӣ  ба давлати тараққикарда оварда, хама гуна хатарҳоро ҷиҳати ноором кардани авзоъ ва аҳволи сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон бартараф менамоянд:

Рушду ободии кишвар баҳри миллат шодӣ аст,     

Як ҷаҳон раҳмат бигуем бар Шумо, эй Пешво!

Хидмати халқу Ватанро аз дилу ҷон мекунем,

Чун фидокоре Шумо бошад бари мо раҳнамо!

         Шоир дар каломи хеш аз ҳаргуна муваффақиятҳои давлати мо хушнуд гардида, изҳори сипос менамояд, ки дар кишвари биҳиштосои мову шумо қабл аз ҳама, сулҳу осоиш ва рушду тараққии дилхоҳ соҳа ба мушоҳида мерасад. Мавсуф чун ҳар фарди ватандӯст аз шукуфоии давлат руҳбаланд гардида, хештанро дар муҳити солим дармеёбад ва ифтихор аз он менамояд, ки тоҷик асту дар кишваре иқомат мекунад, ки чун муҳатарам Эмомалӣ Рахмон Пешвои муаззам дорад. Агар дар ин замина ба ашъори Дониёр Сангинӣ мутаваҷҷеҳ шавем, пас дер ё зуд натиҷагирӣ хоҳем кард, ки фахри шоир бо тоҷик будани худ. дар заминаи ҳарфе аз суханрониҳои Пешвои миллат падид омадааст, ки гуфта буданд: ”Ман аввал тоҷикам, баъд мусулмон”. Акнун ба шеърҳои шоир ру меорем, ки омили ифтихор ба мансубаи  миллиро чӣ гуна ба қалам овардааст. Лозим ба ёдоварист, ки ифтихор бо мансубияти миллии худ дар асри ҳозир муқаддамтар аз дигар мансубиятҳост ва дилхох инсони муосир кушиш мекунад тавассути миллати мансуббуда муаррифӣ шавад. Аз ҳамин хотир, ифтихор доштан ба миллати худ зинаи аввалини ҳисси хувиятшиносии афрод баррасӣ мешавад. Акнун ба изҳороти шоир мегузарем, ки ифтихор ба миллатро дар кадом поя шарҳ додааст. Мавсуф чунин фахрро дар иттиҳоди миллат ва дар атрофи Сарвари давлат муттаҳидгардии шахрвандонро чун ифтихори миллӣ баррасӣ менамояд:

Тоҷике аз будани худ гар намояд ифтихор,

Чарх бояд гирд гардад, зери ҳар фармони ӯ .

Сарсупориҳои тоҷик, тоҷикистонсозӣ шуд,

Моху Хуршеди фалак насб аст дар айвони ӯ.

         Дигар масъалае, ки шоир ба он дилбохтагии мушаххасе зоҳир намудааст, васфи Модар маҳсуб мешавад. Ба қавли мавсуф, модар ягона вуҷуде аст, ки меҳрро миёни башар тақдим медорад. Бинобар ин, модар дар тасвири шоир ягона мавҷуди табиат аст, ки фақат аз дидгоҳи мусбат матраҳ ёфта, ҳамаи хислатҳои наҷибона дар ҳастии  у баррасӣ мешавад. Шоир дар шеъре, ки ба модари хеш эҳдо намудааст,  чунин менависад.

Ман шавам бемор агар бемор гардад модарам,

То шифои комилам маҳзун аз бори ман аст.

Ӯ надорад кинае аз нуқсу аз кирдори ман,

Шири модар ҳодие бар нек кирдори ман аст.

         Шоир меҳри модарро нотакрор медонад ва бо гумони ғолиб хешро барои он дар ду ҷаҳон қурбон менамояд. Ба қавли номбурда, лаҳзаи бемодарӣ айёми раҳгумию саргардонӣ аст. Бинобар ин, шоир бо эътиқоди шадиде дар тасвири модар сахткӯш буда, мутмаин аст, ки пас аз Худо, модар асоситарин муттакои ӯ хохад буд:

Дар чаҳон баъди Худо бошӣ бароям муттако,

Бахту тахту зиндагиям аз дуоят, очаҷон.

          Нақшу меҳри модар аксар шоиронро водор сохтааст ҷиҳати образофарии ӯ дар ҳамин меъёр иктифо кунанд, ки дорои хислатҳои хос буда, дар ҳаёти фарзандаш вазифаи муҳимро иҷро мекунад. Нақши модарро аҳли қалам вобаста ба фарҳанг, меъёрҳои иҷтимоӣ ва афзалиятҳои инфиродӣ фарқ мекунанд. Аз вижагиҳои хос ба модар мафҳумҳое маҳсуб мешаванд, ки дар дилхоҳ ҷомеа бобати тавсифи онҳо иктифо намудаанд. Дар замони шуравӣ ин мафҳум бо  мафҳуми “Ватан” муродиф маҳсуб меёфт.

          Назари Дониёр Сангинӣ ба ҳайси шоир бобати инсоншиносӣ  ва инсонпарастии  ҳамватанони мо ҳамоно пайгирӣ аз вижагихои хосси фарҳанги миллӣ аст, ки тоҷикон дар гузашта ва имрӯз онро замзама кардан ва мекунанд. Дар тасвирҳои камназири Дониёр Сангинӣ мо тоҷикон ҳамчун миллати бохабар аз илму дониш ва  муаллифони ихтирооти башарӣ  тавсиф мешавем. Дар тафаккури шоир, тоҷик дар  масири таърихи тамуддуни инсонӣ  илму фанро силоҳ сохта, дар арсаи ҷахонӣ бо китобдорӣ машҳур гардидааст, дар ҳоле ки дигарон алайҳи якдигар бо тиру туфанг посух мегуянд.

 

ҚУРБОНОВА Ширин,

сарходими илмии Шуъбаи Шарқи Наздик ва Миёнаи

Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ

доктори илмҳои таьрих,профессор

БОЗГАШТ