Адмирал Ли Сун Син ва қаҳрамониҳои ӯ дар таърихи Корея

Муаллиф: Файзуллаева Нигора

Расм

Яке аз қаҳрамониҳои миллии Кореяи Ҷанубӣ адмирали маъруф Ли Сун Син мебошад, ки солҳои 1545-1598 умр ба сар бурдааст. Ӯ дар давраи ҷангҳо бо Япония флоти баҳриро роҳбарӣ мекард. Дар тӯли фаъолияти худ дар ягон муҳориба мағлуб нагардида, дар давраи ҳукмронии сулолаи Чосон ҳамчун ҷанговари асил машҳур гардидааст. Дар давраи фаъолияташ дар 23 муҳорибаи баҳрӣ иштирок намудааст. Инчунин бо тарҳрезии аввалин киштиҳои зиреҳпӯштаҳти номи “сангпушт” машҳур шудааст. Дар замони муосир кореягиҳо Ли Сун Синро ҳамчун “қаҳрамони миллӣ” ва “муҳофизи Ватан” мешиносанд ва эҳтиром мекунанд. Аз ин рӯ, ҳукумати Корея тасмим гирифтааст, ки ҳамасола 28-апрел рӯзи зодрӯзи Адмирал Ли Сун Синро дар саросари кишвар бо шукӯҳу шаҳомат ҷашн гиранд.

Адмирал Ли Сун Син 28 апрели соли 1545 дар пойтахти кишвар Сеул дар оилаи ашрофзода таваллуд шудааст. Соли 1519 бобои адмирал Ли Пен Нок, ки ба ҳизби ислоҳотчиёни Конфутсий тааллуқ дошт, ӯро бо ноҳақ гунаҳкор мекунанд. Тибқи қонуни онвақта, оилаи мансабдори айбдоршударо аз тамоми мақомҳо ва ҳуқуқҳо маҳрум месохтанд ва фарзандонашонро ба хизмати давлатӣ қабул намекарданд, аз ин рӯ, оилаи Ли аз ҳамаи дороиҳо маҳрум мешавад. Ҳамсояҳо ва одамони гирду атроф пайваста оилаи онҳоро таҳқир намуда, ҳамчун хоинони давлат ба онҳо менигаристанд. Дар Сеул зиндагӣ намудан барои онҳо тоқатнопазир мегардад, аз ин сабаб оилаи Ли тасмим мегирад, ки ба зодгоҳи модари Ли Сун Син ба Асан кӯч бандад.

Соли 1565 Ли Сун Син дар синни 19-солагӣ бо духтари собиқ сардори вилояти Посон мансабдори кореягӣ оиладор мешавад. Падарарӯс дар домодаш қобилияти ҳарбиро дарёфта, ба ӯ нозукиҳо ва асосҳои ҳунари ҳарбиро меомӯзонад. Аз сабаби он ки Ли Сун Син аз оилаи аз ҷиҳати сиёсӣ “беэътимод” буд, ӯ мансаби баландмақоми давлатиро ба даст оварда наметавонист, дар Корея шахсони маҳорати ҳарбидошта одатан хизматчиёни давлатии “дараҷаи дуюм” ҳисоб мешуданд, аз ин рӯ роҳи ҳарбиро интихоб кард. Хизмати ҳарбӣ намудан барои Ли Сун Син худи ҳамон сол, пас аз ба сари тахт нишастани Ван Сонг Чо кушода мегардад, мақоми ислоҳотчиёни саркӯбшудаи Конфутсиониро барқарор намуд, ки ба оилаи Ли низ тааллуқ дошт ва ба авлоди онҳо иҷозат дод, ки дар артиш мавқеи арзандаро ишғол намоянд. Ли Сун Син ба Академияи ҳарбии Сеул дохил шуда, камонкашӣ, шамшербозӣ, аспсаворӣ, маҳорати ҷангӣ ва стратегияи сиёсиро меомӯзад.   

Пас аз таҳсили 8-сола Ли Сун Син, соли 1572 имтиҳонҳои давлатӣ барои вазифаи мансабдори ҳарбӣ ва афсарӣ месупорад. Ӯ натиҷаҳои хуб нишон медиҳад, вале дар вақти супоридани имтиҳон ҷароҳат мебардорад, аз ин сабаб ин натиҷаҳо ба ҳисоб гирифта намешаванд. Соли 1576 дар синни 32 солагӣ имтиҳони давлатии ҳарбиро бомуваффақият аз сари нав супорид ва рутбаи 9-умро гирифт, ки пасттарин рутба дар Корея буд. Ба ҳайси лейтенанти қалъаи Тонгу дар вилояти Ҳамгёнги Корея таъйин гардид.

Моҳи феврали соли 1579 Ли Сун Син рутбаи 8-умро ба даст оварда сардори шуъбаи тайёрии ҳарбӣ таъйин мегардад. Ӯ вазифаи худро содиқона иҷро мекард ва дар он давра, ки дар Корея бо ёрии ришва масъалаҳои кадрӣ ҳал карда мешуд, ӯ бо ин роҳ ба мансаб расидан худдорӣ менамуд. Аз рӯи принсипҳои худ, ӯ бо котиби Вазорати ҳарбӣ Со И Ко, ки хеши худро ба кор гирад ва қонунҳои мавҷударо вайрон кунад, ихтилоф пайдо мекунад. Моҳи ноябри соли 1579 Ли Сун Синро ба сифати масъули тайёр кардани кадрҳо ба артиши музофоти Чунчхон дар райони Хеми фиристода менавад. Пас аз 7 моҳ, моҳи августи соли 1580 Ли Сун Син флоти чапи вилояти Чолла таъйин мегардад. Дар Палпо ба яке аз базаҳои ҳарбӣ роҳбарӣ мекард ва аввалин таҷрибаи ҳарбии баҳриро дар онҷо гирифтааст. Қайд кардан зарур аст, ки муносибатҳои Ли Сун Син бо ҳукуматдорони ҳарбии баҳрӣ хело душвор буд, зеро ӯ ришва ва порахӯрии маъмурияти ҳарбиро ошкоро маҳкум мекард. Дар соли 1582 бо туҳмат ва айбномаи бардурӯғ Ли Сун Синро аз роҳбарии флоти ҳарбӣ ва мақоми “манхо” маҳрум мекунанд.

Қайд кардан зарур аст, ки пас аз чор моҳи бекорӣ, моҳи июни соли 1582 Ли Сун Синро ба вазифаи сардори ҳайати шахсии шуъбаи тайёрии ҳарбӣ барқарор мекунанд. Моҳи ноябри соли 1583 бошад Ли Сун Синро ба ҳайси лейтенанти дидбонгоҳи сарҳадии Конви дар вилояти Хамгёнги Корея таъйин мекунанд. Дар инҷо ба пирӯзиҳои назаррас ноил гардида, ба ӯ муяссар мегардад, ки рутбаи 7-уми расмиро ба даст оварад. Соли 1586 ба хизмати давлатӣ баргашта, моҳи феврали ҳамон сол рутбаи 6-умро гирифта, ба вазифаи котиби шуъбаи ҳисобу китоби Вазорати дифоъ таъйин мешавад ва дар он ҷо ба тартиб додани реестри нақлиёти давлатӣ ва аспҳо машғул мешавад. Пас аз 16 рӯз ӯро ба сифати “манхо” дар Қалъаи Чусан дар вилояти Хамгён ба артиш интиқол медиҳанд. Ин интиқоли фаврӣ ба ноором шудани марз вобаста буд.

Моҳи сентябри соли 1587 ҷазираи сарҳадии Ноктундо дар вилояти Туманган, ки аҳамияти муҳимми стратегӣ дошт ба таври иловагӣ ба ихтиёри Ли Сун Син гузошта мешавад. Дар набудани ӯ, Қалъаи дар ҷазира буда, сӯзонда мешавад. Дар ин сӯхтор Ли Сун Синро гунаҳгор мекунад. Ҳукумати Корея Ли Сун Синро ҳукми қатл медиҳад, вале бо далели хизматҳои шоистаи дар гузашта намудааш шоҳ Ван ба ӯ ҳаёти дубора бахшид ва ӯро ба сафи сарбозони паст ворид менамояд. Ӯро дубора ба шимол мефиристоданд ва пас аз чор моҳи хизмат тамоман аз дигарон фарқ мекард. Моҳи феврали соли 1588 Ли Сун Синро бахшиданд ва рутбаи афитсериро баргардониданд. Моҳи марти соли 1589 вазифаи афсари штаб ва ёрдамчии нозири вилояти Чолла таъйин карданд.

Мавриди зикр аст, ки бо талошҳо ва заҳматҳои шоистаи худ моҳи августи соли 1590 ба Ли Сун Син рутбаи 3-юм, рутбаи генерал дода мешавад ва фармондеҳи дидбонгоҳи Косари вилояти Пхёнан таъйин карда мешавад, вале пас аз чанд рӯз ин таъйинот бо сабаби эътирозҳои ходимони ғарбӣ бекор карда мешавад. Моҳи марти соли 1592 аъзоёни гурӯҳи ғарбӣ кӯшиш намуданд, ки ӯро ба қатори сарбозон дохил накунанд, вале ӯ аз рафиқонаш пешсаф буд, ки ин амали ӯ шоҳро қонеъ кард ва водор намуд, ки Ли Сун Синро ба вазифаи фармондеҳи флоти чапи вилояти Чолла, адмирали дараҷаи 3-юм таъин мекунанд.

Ҳамзамон зикр кардан ба маврид аст, ки Ли Сун Син ба барқарор ва ҷорӣ намудани тартибот дар тақсимбандии системаи нави мукофоту ҷазоҳо вобаста намуданд. Барои хурдтарин хато ва саркашӣ кардан бо лату кӯб ва баъзан бо қатл расонидан ҷазо дода мешуд. Ба аскарони болаёқат новобаста аз вазъияти иҷтимоияшон, имконияти ба даст овардани рутбаи офитсерӣ мумкин буд. Ли Сун Син тариқи фоидаи ба даст овардаи тиҷорати хусусии худ бюджети флоти ҳарбиро мустақилона пура мекард. Аввалин маротиба дар тӯли даҳсолаҳои охир киштиҳо таъмир гардида, машқҳои ҳарбӣ дар баҳр гузаронида мешаванд. Адмирал ба ҷанги фосилавӣ аҳамияти ҷиддӣ дода, сарбозонро ба таълими камонкашӣ ва тӯппаронӣ ба таври ҷиддӣ машғул шуд. Инчунин ба таҳияи киштиҳои нави зиреҳпӯш “киштиҳои сангпушт” машғул гардидааст. Пас аз омӯхтани ҷуғрофия Ли Сун Син обҳои соҳилии флотро мувофиқи релефи маҳаллӣ ислоҳ кард. Штаби ӯ дар вилояти Ёмсу бо таҷҳизотҳои навтарини ҳарбӣ таъмин мегардад.

Дар соли 1592 Япониягиҳо ба Корея ҳуҷум намуданд ва Ли Сун Син фармондеҳи нерӯҳои баҳрии Корея таъин гардид. Аввалин маротиба дар муҳорибаи Танхпо аз силоҳи нави Ли Сун Син ихтироъ карда, истифода мебаранд, ки дар натиҷа  72 киштии душманро дар баҳр ғарқ  менамоянд. Бо шарофати ғалабаҳои флоти ҳарбии баҳрӣ Ли Сун Син дар Окпо-Тонён дар халиҷи Сочхон дар наздикии Пусан ва Анголпо нақшаҳои фармондеҳи Япония, ки нақшаи бо роҳи хушкӣ ва баҳрӣ ҳуҷум намуданро пеш гирифта буд, барбод мегардад. Пас аз хисоротҳои зиёд бо мақсади тайёр кардани ҳуҷуми нав соли 1593 аз ҷониби япониягиҳо ба гуфтушунид розӣ мешаванд. Раванди ин музокирот аз соли 1593 то 1596 идома кардааст.

Дар давраи сулҳ байни элитаҳои Корея тарс ва ҳарос оид ба қаҳрамони халқӣ шудани Ли Сун Син зиёд мегардад. Дар натиҷаи дасисаҳо ва найрангҳои зиёд Ли Сун Синро туҳмат ва айбдор намуда, ӯро ба зиндон меандозанд. Пас аз зиндонӣ гардидани адмирал Ли Сун Син япониягиҳо ба Корея дубора ҳуҷум мекунанд. Дар ин давра адмирал Вон Гюн фармондеҳи нави нерӯҳои ҳарбии баҳрӣ буд. Дар як муддати кӯтоҳе, ки Вон Гюн роҳбарӣ мекард, қобилияти муҳорибавии флоти ҳарбӣ коҳиш меёбад. Дар муҳорибаи Чилчоннян, япониягиҳо ба киштиҳои кореягӣ бе ягон тайёрӣ ҳуҷум намуда, ғалабаи комил ба даст оварданд, дар натиҷа тамоми флоти ҳарбии Корея ҳалок гардид, инчунин ҳангоми муҳориба худи Вон Гюн ва шарики ӯ, адмирал Ли Ок Ки, ки яке аз шарикони боистеъдоди адмирал Ли Сун Син буд, вафот мекунанд.

Пас аз ин мағлубият подшоҳи Корея Ван дигар чорае надошта адмирал Ли Сун Син-ро аз зиндон озод карда, ӯро фармондеҳи флоти ҳарбӣ таъйин мекунад, зеро ягона шахси ботаҷриба ва бомаҳорат дар он замон танҳо адмирал Ли Сун Син буд. Азбаски қисми зиёди киштиҳои Корея ғарқ шуда буд, Адмирал Ли Сун Син маҷбур шуд, дар ин муҳориба бо шумораи зиёди флоти ҳарбии Япония рӯ ба рӯ шавад. Вале истеъдод ва таҷрибаҳои муҳорибавии адмирал Ли хело зиёд буд, аз ин дар ҷанги Норянҷин дар Норян, моҳи ноябри соли 1598 флоти баҳрии Корея дар баҳр ғалабаи комилро ба даст овард ва талафоти Япония дар ин ҷанг тақрибан 200 киштии ҳарбиро ташкил дод. Пас аз ғалаба ба даст овардан, дар охири ҷанг адмирал Ли захмдор шуда вафот мекунад. Пеш аз вафоташ аз ҷиянаш Ли Бун хоҳиш мекунад, ки ҷасади ӯро пинҳон кунад, то ки ҳамсафонаш рӯҳия ва эътимодашонро аз даст надиҳанд. Боқимондаи афсарони флоти Япония ақибнишинӣ намуда ба Тсусима бармегарданд. Баъд аз маргаш додгоҳи дарбории Корея ба хидматҳои шоистаи Ли Сун Син баҳои баланд дода, ба ӯ номи “Чунмугон” яъне пешвои низомии содиқ эътироф мекунанд. Инчунин номи ӯро дар рӯйхати Сонму Илдин Консин шахси имтиёзноки дараҷаи якум сабт намуда, бо унвонҳои “Токпун Пувонгун-шоҳи бузурги Токпун”, “Юмён Сугун Тодок-адмирали флоти чинии Мин” ва унвони баъди “Йонгийҷон-сарвазир” сарфароз мегардонанд.

Ҳамзамон як нуқтаи асосиро оид ба ин адмирали бузург қайд кардан зарур аст, ки дар баробари сарфармондеҳ, ихтироъкор, инженер, устоди санъати ҳарбӣ буданаш, ӯ шоир ва нависандаи боистеъдод низ будааст, ки дар раванди муҳориба карданаш шеърҳо низ эҷод кардааст. Имрӯзҳо дар Корея ёдгориҳои таърихие, ки ба номи қаҳрамони миллӣ бахшида шудааст, хеле зиёд мебошанд. Ҳамасола ба муносибати рӯзи ин қаҳрамони миллӣ дар саросари кишвар ҷашни ботантана баргузор мегардад, ва бо як шукуҳу шаҳомати хоса ҷашн гирифта мешавад.

Адабиёт

1. Великий адмирал Ли Сун Син. Часть 1 — Steemit https: // steemit . com / travel/@irisworld/velikii-admiral-li-sun-sin-chast-1

2. 이순신, 李舜臣 Памятник герою. Памятник адмиралу Ли Сунсину / Yi Sun-sin monument (turbinatravels.com) https://turbinatravels.com/guide/Seul-Respublika - Koreya -103633 / Otzyvy / Tchto - delat - dostoprimetchatelnosti /Arkhitektura–Pamyatniki/3/0/Pamyatnik-admiralu-Li-Sunsinu-35479 / Otzyv / Pamyatnik-geroyu-86721/

3. Ли Сун Син - великий корейский герой | Корея: Взгляд со стороны | Дзен (dzen.ru) https://dzen.ru/a/XqgSHFlDoCbMGH4e

4. Адмирал Ли Сун Син: краткая биография, военная карьера (autogear.ru) https://autogear.ru/article/239/018/admiral-li-sun-sin-biografiya-voennaya-karera/?ysclid=lgelkjkvxk252315154

5. Флотоводец Ли Сун Син — герой корейского народа » Детская энциклопедия (первое издание) (de-ussr.com) https://de-ussr. сom /history / sredn/flotovodets-li-sun-sin.html

 

Файзуллаева Нигора,

ходими илмии шуъбаи

Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқӣ

 

БОЗГАШТ