Муаллиф: ИОМДОА
МАКТУБИ ИТТИЛООТӢ
Шӯъбаи ШМА ва Канадаи Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар таърихи 30 марти соли 2026 Конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявиро таҳти унвони «Неруи нарм ва дипломатияи мардумӣ ҳамчун омили муассир дар муносибатҳои байналмилалӣ ва татбиқи он дар Тоҷикистон» баргузор менамояд.
Дар конференсия масъалаҳои зерин мавриди баррасӣ қарор хоҳанд гирифт:
Дар кори конференсия иштироки олимон, коршиносон, намояндагони вазорату идораҳои давлатӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар назар дошта шудааст.
Забонҳои кории конференсия: тоҷикӣ, русӣ, англисӣ.
Риояи меъёрҳои навиштани мақолаи илмӣ ҳатмист. Матнҳои ирсолшуда бояд таҳриршуда ва ба талабот ҷавобгӯй бошанд. Матни мақола набояд аз 8-саҳифа (формати-А4) зиёд бошад. Мақола бояд бо шрифти Тimes New Roman TJ, андозаи ҳарф - 14 ва фосилаи байни сатрҳо 1,5 пешниҳод гардад.
Муҳлати қабули мақолаҳо - то 10-уми март соли 2026.
Нишонӣ барои ирсоли мақолаҳо: Шӯъбаи ШМА ва Канадаи ИОМДОА АМИТ, ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 33.
Почтаи электронӣ: nekbaht2004@mail.ru, dep.use.canada@gmail.com
Телефонҳо барои тамос: (992) 174665005, 935219683
Шахси масъул: Дороншоева Н.Ш.