ҲАМСОЯАТРО МИСЛИ ХУДАТ ДӮСТ БИДОР…

Муаллиф: Холназаров Назар

Расм

     Инсон дар ҳар куҷое, ки умр ба сар барад ё иқдом ба сохтани манзил намояд ба ҳамсоя ниёз дорад. Дар масъалаи давлатдорӣ низ ҳамсоякишвари хуб доштан худ як давлатест бисёр гаронбаҳо. Тоҷикон ва точикистониён ин воқеиятро дар  мадди назар доранд ва дар таърихи мавҷудияти хеш онро арҷгузорӣ намудаанд. Тоҷикон аслан мардуми озодаву озодипараст, хушхулқу бомаросо буда,дар ягон замоне ба ҳаққи ҳамсоя хиёнатро раво надидаанд.

     Мардуми тоҷик бо мардуми қирғиз тўли ҳазорсолаҳо дар ҳамсоягӣ, дар сулҳу салоҳ зиндагӣ карда, ҳатто риштаҳои хешу табориро ба ҳам гиреҳ задаанд. Беҳуда мо қирғизҳоро «ҷиян» намегўем.

      Тайи ду-се соли ахир ҳарчанд муносибот миёни мардуми тоҷику қиргиз як каме сардгашта буд ва дарвозаҳои заминиву ҳавоии вурудӣ ба хоки ҳарду кишвар баста буданд. Вале мардум аз ҳарду ҷониб, бахусус мардуми наздисарҳадии ду кишвари ба ҳам дӯсту бародар итминони комил доштанд, ки ин мушкилот муваққатӣ буда, рӯзе фаро хоҳад расид, ки қуфлҳои ин дарвозаҳо хоҳанд шикаст ва дарвозаҳо ба рӯйи ҳамдигар боз хоҳанд шуд.

     Дар ҷараёни сафари Давлатии Президенти Қирғизистон, баъд аз баанҷомрасии мулоқоту музокироти сатҳи Олӣ сарони давлатҳо-муҳтарамон Эмомалӣ Раҳмон ва Садир Жапаров дар маросими маҷозии бозкушоии гузаргоҳи сарҳадии “Тоҷварон” ва “Қарамиқ”-и хати сарҳадии Тоҷикистону Қирғизстон иштирок намуданд.

     Чи тавре ки таҷрибаи сиёсиву таърихии Тоҷикистону минтақа нишон медиҳад, мушкилоте, ки аз даврони Иттиҳоди Шӯравӣ ба мерос монда буданд ва дар давоми даҳсолаҳои гузашта сабаби низоъҳои гуногун гардида буданд, танҳо тавассути иродаи сиёсӣ, муколамаи созанда ва ҳадафҳои муштараки сулҳомез метавонанд роҳи ҳалли пойдор пайдо кунанд. Тавре ки шоҳид гаштем, дар минтақа баъзе ихтилофҳое, ки солҳои тӯлонӣ ҳалнашаванда менамуданд, бо саъю талоши роҳбарон ва истифодаи дипломатияи сулҳҷӯёнаи фаъол ба таври мусбат ҳал гардида, оромӣ ва суботи сиёсӣ барқарор шуда истодааст.

     Дар ин росто, нақши Пешвои Миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун шахсияти хирадманд, дорои сабру таҳаммул ва ҷонибдори сулҳи пойдор, қобили зикри хос аст. Бояд эътироф намоем, ки Парвардигор ба мо роҳбареро чун муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳадя намудааст. Бе муболиға, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо он таҳаммул, диду андешаи амиқ, сабуриву пуртоқатӣ, муносиботи олимонаву орифонаи хеш ҳам дар миёни мардуми сарбаланди кишвараш ва ҳам дар байни мамолики дуру наздики сайёра соҳибэҳтиром ва соҳибнуфуз гаштаанд.  Дар даврони роҳбарии ӯ, Тоҷикистон на танҳо аз як давраи буҳронӣ гузашт, балки дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун кишвари сулҳпарвар ва устувор шинохта шуд. Бо дарназардошти ин таҷрибаи арзишманд, моро зарур аст, ки бо эҳтиром ба истиқлолият ва ваҳдати миллӣ, дар атрофи роҳбарияти сиёсӣ муттаҳид бошем ва ҳар гуна мушкилотро тавассути муколама, гуфтугӯи тамаддунҳо ва усулҳои дипломатии байналмилалӣ ҳаллу фасл намоем. Таърих собит намудааст, ки низоъ ва муноқиша ба ягон ҷомеа бурд намеоранд, балки танҳо харобӣ, талафоти ҷонӣ ва аз даст рафтани имкониятҳои рушди устуворро бо худ меоранд. Аз ин рӯ, танҳо сулҳ, сабр ва ҳамдигарфаҳмӣ метавонад кафили пешрафт ва шукуфоии ҳар ҷомеа бошад. 

     Ҳамин тариқ, сулҳ ва дӯстии байни кишварҳои ҳамсоя на танҳо ба манфиати ҳар ду ҷониб аст, балки ҳамчун таҷрибаи арзишманди ояндабинӣ метавонад барои тамоми минтақа намунаи ибрат гардад. Таъмини сулҳу субот, эҳтироми истиқлолият ва якпорчагии ҳамдигар, пояи рушди устувор ва ҳамкориҳои мутақобилан судмандро мегузорад. Сулҳу осоиштагӣ роҳи табиӣ ва пойдори зиндагии осоишта ва пешрафта мебошад, дар ҳоле ки  низоъ ҳамеша ба вайроншавии муносибатҳо, аз байн рафтани дастовардҳо ва фалаҷи равандҳои рушдовар меанҷомад. Таърих шоҳид аст, ки ҷангу ихтилоф на ба бурд, балки ба талафоту фоҷиаи инсонӣ овардаанд. Аз ин рӯ, мо бояд бо истифода аз ҳушёрӣ, зиракии сиёсӣ ва иродаи созанда, кишварҳо ва ҷомеаҳои минтақаро ба ҳамдигарфаҳмӣ, гуфтугӯи тамаддунҳо ва ҳамкорӣ барои сулҳ даъват намоем. Танҳо тавассути таҳкими арзишҳои сулҳпарварӣ ва гуфтугӯи сиёсӣ метавон ба пойдории амният ва шукуфоии минтақа ноил гардид.

 

Холназаров Н.

ходими илмии Шуъбаи Шарқи Миёна ва

Наздики Институти омӯзиши масъалаҳои  

давлатҳои Осиё  ва Аврупои АМИТ

БОЗГАШТ