АРТИШ ҲАМЧУН ОМИЛИ МУТТАҲИДКУНАНДАИ МИЛЛАТ

Муаллиф: Судуров С.А.

Расм

(Мулоҳизаҳо дар бораи рисолати таърихӣ, иҷтимоӣ ва амниятии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон)

“Ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлолият,

амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси шаҳрванд аст.”

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Моддаи 43

         Дар низоми муосири муносибатҳои байналмилалӣ ва назарияи давлатдорӣ, Қувваҳои мусаллаҳ на танҳо ҳамчун абзори муҳофизати воқеъӣ,  балки ҳамчун сутуни асосии соҳибихтиёрии миллӣ ва кафили ваҳдати маънавӣ эътироф мешавад. Барои миллати тоҷик, ки дар оғози солҳои 90-уми асри XX дар вартаи нестшавии ҷисмонӣ ва парокандагии ҳудудӣ қарор дошт, таъсиси Артиши миллӣ на як иқдоми маъмурии банақшагирифташуда, балки зуҳури иродаи матини сиёсӣ дар шароити “вакууми стратегӣ” маҳсуб меёфт. Ин ниҳоди муқтадир на дар фазои осоишта, балки дар сангарҳои доғи ҳифзи сохти конститутсионӣ ва дар мубориза барои ҳастии давлати соҳибистиқлоли тоҷикон шакл гирифт.

         Агар дар тафаккури ҷамъиятии аксари халқҳои олам неруҳои низомӣ танҳо воситаи рафъи таҳдидҳои беруна арзёбӣ гарданд, барои ҷомеаи Тоҷикистон ин мафҳум мазмуни амиқтар ва фарогири тамаддуниро дорост. Бунёди сипари мудофиавӣ дар шароите, ки хазинаи давлат холӣ ва низоми идорӣ фалаҷ буд, як ҷасорати фавқулодаи таърихӣ ба шумор мерафт. Ҳангоми қабули тасмими таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ, бисёре аз коршиносони дохиливу хориҷӣ ба ояндаи ин иқдом бо шубҳа менигаристанд, зеро кишвар дар оташи низоъҳои дохилӣ месӯхт ва заминаҳои моддиву техникии низомӣ амалан вуҷуд надоштанд.

        Дар ин марҳилаи тақдирсоз, Артиши миллӣ танҳо рисолати дифоиро иҷро накарда, балки ба муҳимтарин институти интегратсияи иҷтимоӣ-сиёсӣ мубаддал гашт. Он вазифаи таърихии муттаҳид сохтани миллати ба маҳалҳо ҷудошударо бар зимма гирифта, идеологияи ватандӯстиро аз доираи маҳдуди минтақавӣ ба сатҳи умумидавлатӣ иртиқо бахшид.

        Вақте мо Артишро ҳамчун омили ваҳдатсоз баррасӣ мекунем, падидаи беназиреро дар назар дорем, ки чӣ гуна дар харобаҳои ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ниҳоде қомат афрохт, ки тавонист нафрату хусуматро ба масъулияти шаҳрвандӣ ва ҷудоихоҳиро ба ҳамбастагии миллӣ табдил диҳад. Сипари низомии мо на ҳамчун мошини таҳоҷумгар, балки ҳамчун меҳвари сулҳофарӣ ба вуҷуд омад. Ин нахустин сохторе буд, ки собит намуд: тоҷик метавонад аз манфиатҳои маҳдуди маҳалливу гурӯҳӣ боло истода, ба арзишҳои олии давлатдории миллӣ хизмат кунад.

         Таърихи муосири давлатдории мо бо саҳифаҳои фоҷиабор ва дар айни замон қаҳрамонона оғоз шуд. Таҷрибаи Тоҷикистон дар таъмини амнияти миллӣ дар фазои пасошӯравӣ як падидаи нодир аст. Бархилофи кишварҳои ҳамсоя, ки низоми мудофиавии худро дар заминаи ҳавзаҳои низомии муназзами Иттиҳоди Шӯравӣ мерос гирифтанд, Тоҷикистон ин сохторро аз нуқтаи сифр бунёд намуд. Низомиёни мо “генетикаи меросӣ” надоштанд. Онҳо дар холигоҳи комили техникиву кадрӣ ва дар оташи набардҳои ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ташаккул ва обутоб ёфтанд. Ин сохторест, ки на аз мерос, балки аз иродаи зинда мондани миллат сарчашма мегирад. Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин бора дуруст таъкид доштаанд: “Қувваҳои Мусаллаҳи мо дар шароити ниҳоят вазнин ва ҳассоси таърихӣ бе ягон заминаи моддиву техникӣ таъсис дода шуданд”.

        Нахустин паради низомии ҷузъу томҳои Артиши миллӣ дар майдони “Озодӣ”- и пойтахт (23-юми феврали соли 1993) намоиши қудрати низомиву техникаи ҷангӣ набуда, балки таҷассуми иродаи матини сиёсӣ буд. Он замон мо на полкҳои муназзам доштему на анборҳои муҳиммоти ҷангӣ. Ин намоиши, пеш аз ҳама, эълони мавҷудияти давлати соҳибихтиёр ва омодагии миллат барои ҳифзи марзу бум буд. Ин иқдом паёме буд ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва нерӯҳои харобкор, ки давлати Тоҷикистон соҳиби воқеӣ дорад ва барои дифоъ аз нангу номуси миллӣ қодир аст. Муваффақияти роҳбарияти сиёсӣ дар он ифода ёфт, ки тавонист неруҳои парокандаи ихтиёриро дар кӯтоҳтарин муддат ба маҷрои қонунӣ ворид карда, монополияи давлатиро ба қудрати низомӣ барқарор намояд.

        Эъмору ташаккули Қувваҳои Мусаллаҳ бо ному фаъолияти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайванди ногусастанӣ дорад. Агар  бинои Артиши миллиро як иншооти муҳташам тасаввур кунем, меъмор ва бунёдгузори асосии он маҳз Пешвои миллат мебошанд. Ҷасорати сиёсии ин шахсият дар шароити фалаҷ шудани сохторҳои идорӣ тавонист низоми ҳарбиро ҳамчун сутуни давлатдорӣ устувор намояд. Имрӯз Сарфармондеҳи Олӣ на танҳо роҳбари низомӣ, балки рамзи ваҳдат ва кафили амнияти ҳар як шаҳрванди кишвар маҳсуб мешавад.

        Яке аз паҳлуҳои муҳимтарини рисолати ваҳдатсози Артиш - раванди ҳамгироии собиқ мухолифини мусаллаҳ ба сохторҳои низомии давлатӣ пас аз имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ (соли 1997) мебошад. Ин таҷриба дар илми низоъшиносии муосир бо номи “Феномени Тоҷикистон” пазируфта шудааст. Хусусияти истисноии Неруҳои мусаллаҳи мо дар он аст, ки онҳо на танҳо бо такя ба зӯрӣ, балки тавассути механизми “бахшиши миллӣ” ва “эътимоди стратегӣ” такмилу тақвият ёфтааст. Ин иқдом як навъ инқилоби зеҳнӣ дар раванди сулҳсозӣ буд. Вақте сарбози дирӯзаи мухолиф ва сарбози ҳукуматӣ зери як парчам савганди садоқат ба Ватан ёд карданд, низоъ дар сатҳи равонӣ  ва низомӣ воқеан поён ёфт.

        Артиши миллии Тоҷикистон на танҳо маҳсули ғалабаи як ҷониб, балки натиҷаи хиради дастҷамъонаи миллат аст. Ҳамгироии ҷанговарони собиқи мухолифин ба суфуфи Артиши миллӣ исбот намуд, ки садоқат ба Ватан метавонад аз ихтилофоти маҳалливу идеологӣ боло истад. Ин таҷрибаи нодир имрӯз дар марказҳои бонуфузи таҳлилии ҷаҳон ҳамчун модели муваффақи созиши ҳарбӣ-сиёсӣ омӯхта мешавад. Маҳз ҳамин “генетикаи ваҳдат” пойдеворе гардид, ки кишвари моро дар баробари таҳдидҳои геополитикии асри XXI устувор нигоҳ медорад.

       Пӯшида нест, ки монеаи асосӣ дар роҳи сулҳу субот маҳалгароӣ буд. Ниҳоди низомӣ нахустин сохторе гардид, ки ба ин бадбахтӣ зарба занад. Сарбозе, ки аз Бадахшон дар Суғд хизмат мекунад ва ё ҷавоне, ки аз Хатлон ба водии Рашт меравад ва ё баракс, дарк менамояд, ки ҷуғрофияи муқаддаси Тоҷикистон воҳид ва тақсимнашаванда аст. Дар ин ҷо Артиш вазифаи  пайвасти иҷтимоиро иҷро намуда, пайвандҳои нави дӯстӣ ва рафоқатро миёни минтақаҳо тавлид кард. Маҳз дар ҳамин нуқта раванди воқеии миллатсозӣ оғоз ёфт. Ҳамсангар шудани ҷавонони тамоми гӯшаву канори кишвар зарбаи қатъӣ ба пайкари маҳалгароӣ буд.

        Дар асри XXI, ки “ҷангҳои нарм” ва ҳамлаҳои идеологӣ шиддат гирифтаанд, Қувваҳои Мусаллаҳ вазифаи муттаҳидкунандаи худро дар сатҳи маънавӣ идома медиҳад. Дар ин росто, маъракаи даъвати баҳории ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ на танҳо як чорабинии маъмурии ҳарбӣ, балки як раванди муҳимми сиёсӣ ва умумимиллӣ маҳсуб меёбад.  Гузашта аз ин даъвати баҳорӣ барои Қувваҳои Мусаллаҳ на танҳо як маъракаи навбатии сафарбарӣ, балки марҳилаи муҳимми ворид намудани неруи тозаи ҷавон ба пайкари Артиши миллӣ ва оғози мактаби ҷасорату ватандӯстӣ барои насли нави давлатсоз мебошад. Хизмат дар сафи Артиш барои ҷавонони имрӯза марҳилаи муҳимми ҷомеапазирӣ (сотсиализатсия) буда, ба маркази меҳварии тарбияи ватандӯстӣ табдил ёфтааст.

        Вақте насли ҷавон ба хизмати ҳарбӣ фаро гирифта мешавад, ӯ на танҳо истифодаи силоҳ, балки масъулияти ҳифзи як давлати соҳибихтиёрро меомӯзад. Қисмҳои низомӣ макони ҳамгироии ҷавонони минтақаҳои мухталиф ва дарки эҳсоси ягонагии миллӣ мебошанд. Ҷавононе, ки аз деҳоти дурдаст ба сафи неруҳои мусаллаҳ мепайванданд, дарк мекунанд, ки Тоҷикистон хонаи воҳиди ҳамаи мост ва ҳифзи он қарзи конститутсионии ҳар як шаҳрванд мебошад.

        Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки давлатҳои дорои неруи низомии қавӣ, вале миллати пароканда, зуд дучори завол мегарданд. Артиши миллии мо бошад маҳсули иродаи халқ буда, эътимоди баланди ҷомеа ба он нишонаи ҳамбастагии мардум ва давлат дар атрофи ҳадафҳои стратегӣ мебошад. То даме ки ҷавонони тоҷик бо ифтихор дар сафи ниҳодҳои низомӣ хизмат мекунанд ва бо садоқат ба Ватан савганд ёд менамоянд, миллати мо шикастнопазир хоҳад монд.

       Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тӯли зиёда аз се даҳсолаи охир масири беназири таърихиеро тай намуд, ки дар илми низомии муосир ҳамчун феномени ҷаҳиши стратегӣ арзёбӣ мегардад. Ин масирро метавон ҳамчун эволютсияи аз автомати зангзада ва пойафзоли кандаи соли 1993 то низоми мушакии муосир ва дронҳои стратегии соли 2026 тавсиф кард. Ин танҳо иваз шудани аслиҳа нест, балки нишонаи ташаккули як миллати соҳибдавлат аст, ки сулҳу суботи худро бо қимати хун ва заҳмати шабонарӯзӣ ба даст овардааст.

       Дар ҷаҳони пурталотуми муосир, ки аксар вақт бартарии қувва бар ҳуқуқ ҳукмфармост, доштани Артиши муқтадир таҳти роҳбарии Сарфармондеҳи Олӣ ягона кафолати воқеии озодӣ, номус ва бақои миллати тоҷик мебошад. Иқтидори мудофиавии мо имрӯз сипари боэътимодест, ки на танҳо Тоҷикистон, балки суботи стратегии тамоми минтақаро аз таҳдидҳои глобалии терроризм ва экстремизм ҳифз мекунад.

       Тавре ки Сарфармондеҳи Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: “Артиш - сипари боэътимоди Ватан ва кафили зиндагии орому осудаи мардум аст”. Рисолати имрӯзаи ҳар як афсару сарбоз аз доираи маҳдуди ҳифзи физикии марзу бум баландтар истода, ҷанбаи амиқи маънавӣ касб кардааст. Онҳо муҳофизони арзишҳои олии Истиқлолият, Ваҳдат ва Озодӣ мебошанд. Артиши мо - ифтихори миллӣ ва сутуни шикастнопазири “Хонаи умеди тоҷикони ҷаҳон” аст, ки амнияти наслҳои имрӯзу ояндаро кафолат медиҳад.

 

Судуров С.А.

ходими калони илмии шӯъбаи ИДМ – и

Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ (полковники мустаъфӣ)  

БОЗГАШТ