БАЁНИЯИ конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони “Неруи нарм ва дипломатияи мардумӣ ҳамчун омили муассир дар муносибатҳои байналмилалӣ ва татбиқи он дар Тоҷикистон” ш. Душанбе, 17 марти соли 2026

Муаллиф: ИОМДОА

Расм

         Конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони “Неруи нарм ва дипломатияи мардумӣ ҳамчун омили муассир дар муносибатҳои байналмилалӣ ва татбиқи он дар Тоҷикистон” аз тарафи Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо мақсади дар амал беҳтар татбиқ намудани фаъолияти илмию таҳқиқотии Институт дар асоси Оиннома, Низомнома ва Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастуру супоришҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар асоси Қарори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон  “Дар бораи нақшаи баргузории чорабиниҳои АМИТ  барои соли 2026” баргузор карда шуд.

         Конференсияи мазкур ба масъалаҳои мубрами сиёсӣ ва таҳкими низоми муносибатҳои байналмилалӣ ва давлатдории муосир бо истифода аз нерӯи нарм ва абзори мухталифи он ихтисос дода шуда, мавзӯъҳои мухталиф, аз қабили мафҳум, назария ва равишҳои таҳлили «неруи нарм» дар муносибатҳои байналмилалӣ; дипломатияи мардумӣ ҳамчун унсури сиёсати хориҷӣ ва механизми таъсиргузорӣ ба афкори ҷомеа; робитаи неруи нарм бо дипломатияи фарҳангӣ, дипломатияи ҷамъиятӣ ва брендсозии миллӣ; нақши ҷомеаи шаҳрвандӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ВАО дар ташаккул ва татбиқи неруи нарм; татбиқи неруи нарм дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон: таҷриба, имкониятҳо ва маҳдудиятҳо; истифодаи воситаҳои рақамӣ (дипломатияи рақамӣ, шабакаҳои иҷтимоӣ) дар рушди дипломатияи мардумӣ; ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи маориф, илм, фарҳанг ва сайёҳӣ ҳамчун захираҳои неруи нарм; дурнамо ва тавсияҳои амалӣ ҷиҳати тақвияти неруи нарм ва дипломатияи мардумии Тоҷикистон ва ғайра мавриди омӯзиш ва таҳлили илмӣ қарор гирифтанд.

          Дар кори конференсияи мазкур  меҳмонон, мутахассисон, коршиносон, олимону муҳаққиқон, намояндагони муассисаву марказҳои таълимӣ, илмию таҳқиқотӣ ва ғайра иштирок намуда, дар маърӯзаҳо, баҳсу мунозираҳо, гузориш ва музокираҳо фикру назар, ақида, андеша ва пешниҳодҳои хешро дар атрофи ҷанбаҳои сиёсию иҷтимоӣ, иқтисодӣ, илмию фарҳангӣ ва иттилоотии истифодаи босамар аз неруи нарм ва дипломатияи мардумӣ  иброз намуданд.

         Боиси таваҷҷуҳ аст, ки дар таҳқиқи масоили мазкур донишмандони зиёди ватанӣ ва хориҷӣ саҳми босазо гузоштаанд. Омӯзишу таҳқиқи масоили сиёсию иҷтимоӣ, иқтисодӣ, илмиву фарҳангӣ ва иттилоотии истифодаи босамар аз неруи нарм ва абзори мухталифи дипломатияи мардумӣ на танҳо аҳамияти амалӣ дорад, балки он барои муайян кардани самтҳои нави таҳқиқ  дар замони муосир низ аз аҳамият холӣ нест.

         Конференсияи мазкур собит кард, ки нерӯи нарм ва ашколи мухталифи дипломатияи мардумӣ омили калидии татбиқи сиёсати хориҷии кишварҳо, таъмини амният ва суботи сиёсӣ, аз ҷумла таҳкими мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ буда, имкон медиҳад то тавассути фарҳанг, маърифат ва ҳамкориҳои иҷтимоӣ ба афкори ҷаҳонӣ таъсири мусбат расонда шавад. Тоҷикистон ҳамчун кишвари соҳибистиҷлол метавонад ва бояд бо такя ба арзишҳои аслӣ ва анъаноти пурғанои ниёгонамон дар фазои геосиёии замони муосир мавқеъ ва мақоми арзандаи худро дошта бошад. Дар ин самт, масалан, таҷриба ва ташаббусҳои пайвастаи Пешвои миллат на фақат баёнгари хирад ва иродаи неки сиёсии Президент Эмомалӣ Раҳмон аст, балки намунаи хуби таҳия ва татбиқи муваффақонаи сиёсати хориҷии кишвар ҷавобгӯ ба меъёрҳои пешқадами низоми муносибатҳои байналмилалии ҷаҳони имрӯз ҳам мебошад.

Дар натиҷаи баҳсу мунозираҳо иштирокчиёни конференсия тасмим гирифтанд, ки барои татбиқи самарабахши нерӯи нарм дар Тоҷикистон чунин тадбирҳои мушаххасро амалӣ гардонанд:

  • Тақвияти ҳамкориҳо бо ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ниҳодҳои мухталифи он: Пешбурди лоиҳаҳои муштарак дар соҳаи фарҳанг ва маориф, аз ҷумла барномаҳои таълимиву фарҳангӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ, Россия, Чин, ШМА ва Аврупо, ҳамчунин ташкили ҳамоишҳои муштарак бо иштироки васеи ҷавонон бо маҷсади шинохти комил ва муаррифии мероси миллӣ ва арзишҳои умумҷаҳонӣ;

  • Рушди дипломатияи рақамӣ: Истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ (Telegram, Instagram, TikTok) ва платформаҳои байналмилалӣ (YouTube, LinkedIn) барои таблиғи бештари бренди миллии тоҷикӣ, анъаноти миллӣ ва сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат бо такя ба мероси бузурги Исмоили Сомонӣ, ташаббусҳои байналмилалии обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳову низоми солими муҳити зист бо мақсади ба таври назаррас афзоиш додани шумораи пайравони расмии дипломатияи рақамии Тоҷикистон;

  • Таҳияи стратегияи миллӣ оид ба нерӯи нарм: Дар ҳамкорӣ бо Вазорати корҳои хориҷӣ ва дигар мақомоти марбутаи кишвар таҳия ва мавриди истифода қарор додани Стратегияи миллӣ оид ба истифодаи неруи нарм бо назардошти таҷрибаи муваффақи Ҷумҳурии Мардумии Чин (Институтҳои Конфутсий), Штатҳои Муттаҳидаи Америка (барномаҳои фарҳангии Fulbright), инчунин таҷрибаи Тоҷикистон дар мавриди ҳамкории судманд бо СММ ва Созмони Ҳамкории Шанхай;

  • Баргузории конфронсҳои минбаъда ва ҳамоишҳои илмиву амалӣ: Ташкили ҳамоишҳои илмии ҳарсола бо иштироки мутахассисони соҳа,  аз ҷумла дипломатҳо, журналистон ва фаъолони ҷамъиятӣ бо дастгирии шарикони байналмилалӣ (UN, UNDP, UNESCO, OSCE, Сафоратхонаҳо) ва интишори маҷмӯаҳои илмӣ бо истифода аз натиҷаҳои конференсияҳо.

         Иштироккунандагони конференсия бо қаноатмандӣ кори ин ҳамоиши илмиро мусбат арзёбӣ намуда, пешниҳод намуданд, ки тавсияҳои конфронси аз тарафи вазорату корхонаҳо ва сохторҳои мухталифи давлативу ҷамъиятӣ ба хотири таҳкими бештари раванди давлатдории миллии Тоҷикистони соҳибистиқлол, беҳтар амалӣ сохтани фармудаву нишондодҳо ва ҳидоятҳои Пешвои миллат – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ташвиқ ва муаррифии бештари симои сулҳофарини Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташаббусҳои созандаи он дар минтақа ва арсаи байналмилалӣ мавриди арзёбӣ ва истифодаи васеъ қарор дода шавад.

 

Шуъбаи ШМА ва Канадаи

Институти омӯзиши масъалаҳои

давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ

БОЗГАШТ