Гузаронидани ҳамкориҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ, аз ҷумла бо кишварҳои ҳамсоя ва ҷомеаи ҷаҳонӣ
Ҳамкории Ҷопон бо кишварҳои минтақа дар масъалаҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ, аз ҷумла мубориза бо терроризм, қочоқи маводи мухаддир, масъалаҳои экологӣ, энергетика, тиҷорат ва нақлиёт [2].
Мароми саммит ва диалог
Ташвиқи рушди устувор бо таваҷҷуҳ ба сармоягузорӣ ба нерӯи инсонӣ ва "сифати рушд"
Кӯмак ба кишварҳои Осиёи Марказӣ дар татбиқи ислоҳоти иқтисодӣ ва иҷтимоӣ бо истифода аз таҷрибаи Ҷопон
Пуштибонӣ аз ташкили роҳҳои нави тиҷоратӣ ва нақлиётӣ, аз ҷумла тавассути Каспий, ки минтақаи Осиёи Марказиро бо Аврупо мепайвандад ва вобастагиро аз Русия коҳиш медиҳад
Пешбурди ҳамкориҳо дар соҳаҳои муҳими амниятӣ, экологӣ ва энергетикӣ [3]
Хулоса, саммити "Осиёи Марказӣ +Ҷопон" ҳамчун як платформаи бисёрҷониба барои таҳкими ҳамкориҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ миёни Ҷопон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ таъсис ёфта, ҳадафи асосии он аз таъмини субот, рушди устувор ва диверсификатсияи муносибатҳои байналмилалии минтақа иборат мебошад.
Сафари расмии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷопон барои иштирок дар саммити аввали сатҳи раҳбарон дар чаҳорчӯбаи Муколамаи «Осиёи Марказӣ + Ҷопон» (CA+JAD) баргузор мешавад, ки як қадами муҳим дар таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ ва дуҷониба ба шумор меравад. Ин сафар метавонад паёмадҳои стратегии матлуби геополитикиро ба бор оварад, аз қабили таҳкими мавқеи Тоҷикистон дар миёни шарикони ғайринизомӣ ва диверсификатсияи робитаҳои беруна.
Дар назар аст, ки дар чаҳорчӯбаи сафар мулоқот бо Императори Ҷопон ва Нахуствазири кишвар Санэ Такаичи баргузор мешавад, ки имкониятҳои сармоягузорӣ ва рушди тиҷоратро афзоиш медиҳад. Ҳамчунин, вохӯрӣ бо намояндагони тиҷорати Ҷопон барои Тоҷикистон имкони ҷалби сармояҳои нав дар соҳаҳои инфрасохтор, гидроэнергетика ва технологияҳои навро фароҳам меорад. Ин амал ба таҳкими робитаҳои иқтисодӣ мусоидат мекунад, ки аз соли 2004 тавассути формати CA+JAD дар ҷараён аст [4].
Ҳамоиши “Осиёи Марказӣ + Ҷопон” паёмадҳои назарраси минтақавиро ба бор меоварад, чун дар доираи ин чорабинии муҳими сиёсӣ баҳсҳои сатҳи олӣ дар бораи рушди мустақил ва устувори Осиёи Марказӣ, аз ҷумла масъалаҳои об, сарҳадҳо ва иқтисодиёт сурат хоҳанд гирифт. Аз тарафи дигар, ин ҳамоиш мавқеъ ва мақоми Ҷопонро ҳамчун шарики ғайрирақобатӣ мустаҳкам мегардонад. Барои Тоҷикистон ин платформа барои ҳамоҳангсозии манфиатҳои минтақавӣ бо шарикони Ғарбу Шарқ муҳим аст, ки дар ниҳояти кор вобастагии пурраи кишварро аз Россия ва Чин коҳиш медиҳад. Ҷопон тавассути чунин ҳамоишҳо ҳамчун шарики боэътимод, васлгар ва таконбахши равандҳои созанда ва бозсозиҳои минтақаи Осиёи Марказӣ муаррифӣ мегардад [5].
Ниҳоят, сафари расмии Пешвои миллат ба Ҷопон ва иштирок дар ҳамоиши мазкур ба Тоҷикистон имкон медиҳад, ки дар шароити рақобати қудратҳои бузург мавқеи мувозинатиро нигоҳ дорад, сиёсати дарҳои боз ва гуногунқутбии хешро тавсеъа ва тақвият бахшад, ба рушду такомули баъдии низоми байналмилалии замони муосир мусоидат намояд. Кишвари Ҷопон бо таваҷҷуҳ ба амният, суботи сиёсӣ ва рушди устувори минтақа метавонад намунаи хуби шарикии ғайринизомиро пешниҳод намояд, ки барои Душанбе ва манфиатҳои геополитикии он дорои аҳамияти бузурги стратегӣ мебошад. Аз тарафи дигар, сафари мазкур ба таҳкими нақши Тоҷикистон дар дипломатияи минтақавӣ ва ҷалби сармояҳои назаррас барои таъмини рушди устувор ва шукуфоии бештари кишвар мусоидат хоҳад кард.