ДИПЛОМАТИЯИ ФАРҲАНГИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ЗАМИНАИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

Муаллиф: Турсунмурод Турсунов

Расм

        Дар замони муосир, ки муносибатҳои байналмилалӣ бештар ба усулҳои нарм ва таъсиргузории фарҳангӣ такя мекунанд, дипломатияи фарҳангӣ ҳамчун абзори муҳими муаррифии давлат ва миллат дар арсаи байналмилалӣ ба ҳисоб меравад.

        Дар шароити мураккаби сиёсӣ ва фарҳангии ҷаҳони муосир, ки равандҳои ҷаҳонишавӣ ва таъсиргузории қудратҳои фарҳангӣ босуръат вусъат меёбанд, ҳар як давлат талош мекунад, ки симои мусбат ва арзишҳои фарҳангии худро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намояд. Барои расидан ба ин ҳадаф, яке аз абзорҳои муассир дипломатияи фарҳангӣ мебошад. Аммо то замоне ки дар дохили як кишвар ваҳдати миллӣ ва суботи устувор таъмин нагардад, татбиқи самараноки дипломатияи фарҳангӣ номумкин аст. Маҳз ваҳдати миллӣ заминаи асосӣ барои ташаккул ва тавсеаи дипломатияи фарҳангӣ ба ҳисоб меравад.

         Пас аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистон ба марҳилаи нави давлатсозӣ ворид гардид, ки дар он мушкилоти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ба шиддат ҳис мешуданд. Ҷанги шаҳрвандии солҳои 1992–1997 ҷомеаро ба гирдоби нооромӣ кашид, вале дар пайи ба имзо расидани Созишномаи умумии сулҳ ва ризоият дар соли 1997, кишвар ба сӯйи ваҳдати миллӣ қадам гузошт. Ин ваҳдати миллӣ барои Тоҷикистон на танҳо омили субот ва ҳамбастагӣ, балки заминаи муҳими ташаккули дипломатияи фарҳангӣ гардид, ки имрӯз ҳамчун як воситаи таъсиргузор дар муаррифии кишвар ва таҳкими равобити байналмилалӣ истифода мешавад.

         Ваҳдати миллӣ маънои якдилии тамоми қишрҳои ҷомеа, миллатҳо, гурӯҳҳои этникӣ ва иҷтимоиро дар атрофи арзишҳои умумимиллӣ дорад. Чунин ваҳдат ҳувияти ягона, забони воҳид ва ифтихори муштаракро ташаккул медиҳад, ки ин ҳама пояи тавоно барои муаррифии фарҳанги миллӣ дар сатҳи байналмилалӣ мегардад. Танҳо миллати муттаҳид ва давлате, ки дар он фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва ризоияти ҷомеа ҳукмфармо аст, метавонад фарҳанги худро бо эътимод ба ҷаҳониён намоиш диҳад.

         Ҳангоми мавҷудияти ваҳдати миллӣ, фарҳанги миллӣ дар худ унсурҳои гуногуни минтақавӣ ва этникӣ, урфу одатҳо, санъат, забон ва таърихи халқи кишварро муттаҳид сохта, ба як симои муназзами фарҳангӣ табдил меёбад. Ин фарҳанги ягона метавонад дар саҳнаи байналмилалӣ ҳамчун нишонаи ҳувияти миллӣ ва рамзи сулҳу суботи кишвар амал намояд. Дар чунин ҳолат, давлат метавонад дипломатияи фарҳангии худро бо истифода аз воситаҳои нарм, мисли фестивалҳои фарҳангӣ, намоишгоҳҳои ҳунарӣ, рӯзҳои фарҳангӣ, муаррифии адабиёти миллӣ, забон ва таърих дар сатҳи ҷаҳонӣ таблиғ намояд.

         Агар дар ҷомеа ихтилоф, душманӣ ва тақсими идеологӣ ҳукмфармо бошад, дипломатияи фарҳангӣ ба як воситаи заиф ва нотавон табдил меёбад. Чун дар чунин шароит давлат наметавонад бо овози ягона сухан гӯяд ва арзишҳои муштараки миллиро муаррифӣ кунад. Ҳузури ихтилоф дар дохил, ба зеҳни ҷаҳонӣ низ таъсири манфӣ мерасонад ва симои фарҳангии кишварро дар арсаи байналмилалӣ заиф мекунад.

         Дипломатияи фарҳангӣ як шохаи дипломатияи нарм аст, ки тавассути табодули арзишҳо, фарҳанг, забон ва санъат байни миллатҳо муносибатҳои мусбат ва дарозмуддатро тақвият медиҳад. Мақсади он эҷоди фазои эътимод ва ҳамкории фарҳангӣ бо кишварҳои дигар мебошад.

         Дар ҷаҳони муосир, ки равандҳои ҷаҳонишавӣ ва мутақобилан таъсиргузории фарҳангҳо авҷ гирифтааст, дипломатияи фарҳангӣ ҳамчун як абзори муҳим дар таҳкими муносибатҳои байнимиллӣ ва пешбурди манфиатҳои миллӣ мавқеи хос пайдо кардааст. Дипломатияи фарҳангӣ метавонад нақши калидӣ дар таъмини ваҳдати миллӣ, таҳкими ҳамзистии осоишта ва рушди ҳувияти ягонаи миллӣ бозӣ кунад.

Тоҷикистон бо такя ба мероси бойи фарҳангӣ ва ваҳдати миллӣ кӯшиш дорад, ки симои мусбати худро дар ҷаҳон нишон диҳад ва тавассути арзишҳои фарҳангӣ мавқеи байналмилалии худро таҳким бахшад. Дар шароити Тоҷикистон бо назардошти таърихи душвори солҳои 90-ум, ваҳдати миллӣ на танҳо яке аз муҳимтарин дастовардҳои сиёсӣ аст, балки заминаи устувори рушди сиёсати хориҷии фарҳангӣ мебошад.

Тоҷикистон мисоли равшани он аст, ки чӣ гуна ваҳдати миллӣ метавонад ба рушди дипломатияи фарҳангӣ мусоидат намояд. Ҳукумати Тоҷикистон бо рӯи кор овардани сиёсати ваҳдати миллӣ, имконият фароҳам овард, ки намояндагони миллатҳои гуногун дар фазои сулҳу субот зиндагӣ ва фаъолият кунанд. Маҳз дар ҳамин давра буд, ки кишвар тавонист фарҳанги худро ба ҷаҳониён муаррифӣ кунад. Чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ далели равшани онанд, ки ваҳдати миллӣ ба кишвар имкон дод ба сифати як давлати фарҳангсолор ва сулҳхоҳ дар арсаи байналмилалӣ баромад намояд.

Дар чунин шароит, дипломатияи фарҳангӣ на танҳо воситаи муаррифии фарҳанг, балки абзоре барои таҳкими нуфузи сиёсӣ, иқтисодӣ ва эътимодсозӣ дар миёни давлатҳои дигар мегардад. Ҳар боре ки як ҳунарманди тоҷик дар саҳнаи ҷаҳонӣ ҳунари худро намоиш медиҳад, ё асари як шоир ё нависандаи тоҷик тарҷума ва нашр мешавад, ин на танҳо муаррифии шахс аст, балки нишон додани пояҳои устувори фарҳанги муттаҳиди як миллат аст, ки дар фазои ваҳдати миллӣ ташаккул ёфтааст.

         Муаррифии фарҳанги тоҷикон дар сатҳи ҷаҳонӣ, таҳкими равобити дӯстона бо кишварҳои хориҷӣ, ҷалби таваҷҷуҳи байналмилалӣ ба фарҳанг ва санъати миллӣ, эҷоди замина барои рушди туризми фарҳангӣ аз дастовардҳои беназири Тоҷикистон дар заминаи ваҳдати миллӣ мебошад. Дар заминаи ваҳдати миллӣ имконият барои ташкили чорабиниҳои байналмилалии фарҳангӣ (фестивалҳо, рӯзҳои фарҳанг), таҳкими муносибат бо кишварҳои форсизабон (Эрон, Афғонистон), муаррифии ҳунарҳои миллӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ, рушди сиёсати фарҳангии хориҷӣ бо кишварҳои ИДМ, Осиёи Марказӣ ва ҷаҳон, фароҳам гардид.

         Фарҳанги тоҷикӣ, ки решаҳои амиқи таърихӣ дорад, баёнгари тамаддуни пурқимати ин миллат аст. Ин фарҳанг дар шакли адабиёт (асарҳои Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Хайём), мусиқӣ (мақом, фалак), меъморӣ (Ҳулбук, Саразм ва ғ.) ва ҳунарҳои мардумӣ (чакан, кандакорӣ, бофандагӣ) таҷассум ёфтааст.

Иштироки Тоҷикистон дар барномаҳои ЮНЕСКО, аз ҷумла: эътирофи Наврӯз ҳамчун мероси ғайримоддии фарҳангӣ, сабт намудани чакан, палав, ва мақом ба феҳристҳои байналмилалӣ, намунаи равшани истифодаи фарҳанг ҳамчун дипломатияи нарм мебошад.

Дар самти таҷаллии фарҳанг дар ҷаҳон мушкилот, аз қабили норасоии сармоягузорӣ барои чорабиниҳои фарҳангии байналмилалӣ, коҳиши таваҷҷуҳи насли нав ба арзишҳои миллӣ вуҷуд дошта, ислоҳоти сиёсати фарҳангии хориҷӣ барои мутобиқсозӣ бо стандартҳои ҷаҳонӣ зарурият дорад. 

  Ташаккули дипломатияи фарҳангии Тоҷикистон дар заминаи ваҳдати миллӣ як иқдоми муваффақ ва умедбахш дар роҳи рушди давлатдорӣ ва муаррифии кишвар дар арсаи байналмилалӣ мебошад. Ваҳдати миллӣ на танҳо заминаи амнияту суботи дохилӣ, балки шарти муҳими эҷоди муносибатҳои фарҳангии судманд бо ҷаҳони беруна аст. Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва рақобати арзишҳо, истифодаи самараноки мероси фарҳангӣ ва дипломатияи нарм метавонад Тоҷикистонро дар сафи кишварҳои дорои таъсири мусбат дар сиёсат қарор диҳад.

         Нақши дипломатияи фарҳангӣ дар таҳкими ваҳдати миллӣ бо муаррифии арзишҳои умумимиллӣ, қаҳрамонҳои таърихӣ ва рамзҳои фарҳангии кишвар метавонад ба эҷоди ҳисси якпорчагӣ миёни гурӯҳҳои миллӣ ва иҷтимоӣ мусоидат намояд. Ҳамзамон, ташкили фестивалҳо, намоишгоҳҳо ва барномаҳои мубодилавии фарҳангӣ дар дохили кишвар ва бо иштироки намояндагони миллатҳои гуногун шароити мусоид барои муколама, шиносоӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ фароҳам меорад.  Тавассути шиносоӣ бо анъанаҳо, урфу одат ва забонҳои халқиятҳои гуногун, фазои таҳаммул ва эҳтиром ба гуногунандешӣ ва гуногунфарҳангӣ ташаккул меёбад, ки омили муҳими суботи иҷтимоӣ ва ваҳдати миллӣ мебошад.

Дар сатҳи байналмилалӣ, давлатҳо метавонанд аз воситаҳои дипломатияи фарҳангӣ барои муаррифии сиёсати сулҳомез ва ифшои саҳми халқи худ дар тамаддуни ҷаҳонӣ истифода баранд, ки дар навбати худ ҳисси ифтихори миллӣ ва ваҳдати дохилиро тақвият медиҳад. Баргузории ҷашнвораҳои фарҳангии миллатҳои сокини Тоҷикистон, ки бо иштироки ҳамаи халқиятҳои кишвар сурат мегирад, фаъолияти марказҳои фарҳангии миллатҳо ва ақаллиятҳои миллӣ, ки ба таблиғи фарҳанг ва забон мусоидат мекунанд, аз зумраи тадбирҳое, мебошад, ки ба густариши дипломатияи фарҳангӣ мусоидат мекунад.

         Дипломатияи фарҳангӣ метавонад воситаи пурқудрати таҳкими ваҳдати миллӣ бошад. Бо истифодаи дуруст аз ин абзор, давлатҳо метавонанд ҳам дар дохили кишвар суботи иҷтимоӣ ва ҳамгароии фарҳангиро таҳким бахшанд ва дар хориҷи кишвар симои мусбати миллӣ ва сиёсати дӯстона ва ҳамкориҳоро муаррифӣ намоянд. Барои Тоҷикистон, ҳамчун кишвари пасошӯравӣ нақши дипломатияи фарҳангӣ дар эъмори ваҳдати миллӣ аҳамияти хос дорад.

Технологияҳои муосири рақамӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ барои рушди дипломатияи фарҳангии Тоҷикистон дар асоси ваҳдати қавии миллӣ дурнамои нав мекушоянд. Истифодаи платформаҳои рақамӣ на танҳо имкон медиҳад, ки мероси ғании фарҳангии кишвар дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ карда шавад, балки ба таҳкими ваҳдати дохилӣ тавассути муттаҳид кардани гурӯҳҳои гуногуни этникӣ ва иҷтимоӣ дар атрофи арзишҳои умумии фарҳангӣ мусоидат мекунад. Тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ва лоиҳаҳои интернетӣ фарҳанги тоҷикӣ барои доираи васеи мардум ҳам дар дохили кишвар ва ҳам дар байни диаспораҳо дастрас гардида, фазои муколама ва ҳамдигарфаҳмӣ фароҳам меорад. Ҷавонон имкон доранд, ки дар ташаббусҳои фарҳангӣ, ки барои ҳифз ва рушди ҳувияти миллӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ мусоидат мекунанд, фаъолона ширкат варзанд. Ҳамин тариқ, технологияҳои рақамӣ на танҳо ҳамчун як канали табодули байналмилалии фарҳангӣ, балки ҳамчун воситаи дастгирӣ ва таҳкими ваҳдати миллӣ - омили асосии таъмини дипломатияи муваффақ ва устувори фарҳангии Тоҷикистон амал мекунанд.

Ваҳдати миллӣ на танҳо омили суботи дохилӣ, балки асоси муваффақияти дипломатияи фарҳангии ҳар як кишвар мебошад. Давлате, ки дар дохили худ муваффақ ба эҷоди як ҷомеаи муттаҳид шудааст, метавонад фарҳанги худро бо ифтихор ва самимият ба ҷаҳониён муаррифӣ намояд. Аз ин рӯ, ваҳдати миллӣ на танҳо ҳадаф, балки шарти зарурии ҳузур ва таъсири фарҳангии кишвар дар сатҳи байналмилалӣ мебошад.

Бо назардошти ҳамаи ин, метавон гуфт, ки ваҳдати миллӣ на танҳо шарти рушди дохилии кишвар, балки омили асосии таъсиргузорӣ ва ҳузури муваффақи фарҳанг дар сатҳи байналмилалӣ ба шумор меравад. Дипломатияи фарҳангӣ бе ваҳдати миллӣ фақат ба як маҷмӯи фаъолияти номунтазам ва ноустувор табдил меёбад. Танҳо миллате ки муттаҳид аст, метавонад бо фарҳангу ҳувияти ягонаи худ ба ҷаҳониён паёми сулҳ, дӯстӣ ва ҳамкориро бифиристад.

 

Турсунов Т.Х.

д.и.т., профессор, сарходими илмии

шуъбаи Шарқи Миёна ва Наздики ИОМДАО

 

БОЗГАШТ