Дипломатияи мардумии Кореяи Ҷанубӣ

Муаллиф: Файзуллаева Нигора

Расм

  Кореяи Ҷанубӣ кишвари дорои таърихи қадима мебошад, вале имрӯз дар татбиқи лоиҳаҳои дипломатияи мардумӣ дар баробари Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Иттиҳоди Аврупо на он қадар таҷрибаи зиёд дорад. Аввалин кӯшишҳои дипломатии мардумӣ дар Корея ҳанӯз дар асри V оғоз гардидааст, ки тибқи баъзе сарчашмаҳо, яке аз шаҳрвандони кореягӣ Ван Ин бо хоҳиши шоҳи Япония ба япониягиҳо дарси адабиёт ва фалсафаро оғоз намуда буд. Имрӯз дар Корея барои мафҳуми васеи оммавӣ консепсияи “дипломатияи мардумӣ” хело норавшан буда, бештар ба соҳаи фарҳанг ва ё бо рушди босуръати брендҳои бузурги Корея алоқамандӣ дорад.
 

  Давраҳои рушд ва намудҳои дипломатияи мардумӣ дар Кореяи Ҷанубӣ: “дипломатияи фарҳангӣ”

  Дипломатияи мардумӣ дар Кореяи Ҷанубӣ дар миёнаи солҳои 1990-ум, вақте ки истилоҳи мавҷи Корея ё “Ҳаллю” пайдо шуд, инкишоф ёфт. Дар сатҳи давлатӣ аввалин маротиба соли 2001 Президенти онвақта Ким Дэ Ҷун дар суханронии худ дар конфронси рушди сайёҳӣ ин консепсияро зикр карда буд. Аз ҳамон вақт мафҳуми “Ҳаллю” ба сифати яке аз захираҳои иқтисодӣ ба ҳисоб меравад, ки баҳри баланд бардоштани сатҳи ҷолибияти Корея ва ҷалби сайёҳон мусоидат мекунад.

  Аз он вақт инҷониб ҳукумати Корея барои нигоҳ доштани фонди дипломатияи мардумӣ кӯшишҳои ҳамаҷонибаи худро равона намуда, моҳи августи соли 2017 “Қонуни дипломатияи мардумӣ”-ро қабул кард. Дар Қонун таърифи дипломатияи мардумӣ чунин шарҳ дода шудааст: “Фаъолияти дипломатӣ, ки тавассути он фаҳмиши Корея ва эътимоди шаҳрвандони хориҷиро мустақиман ё бо мақомотҳои маҳаллӣ, тавассути паҳн намудани фарҳанги кореягӣ, дониш, сиёсат ва ғайраҳо зиёд мегардонад”. Тибқи қонуни мазкур “Стратегияи якуми дипломатияи мардумӣ барои солҳои 2017-2021” қабул шуда, нақшаи ҳамаҷониба оид ба амалисозии дипломатияи мардумӣ барои соли 2018 тасдиқ карда шуд.

  Вазорати корҳои хориҷии Кореяи Ҷанубӣ се самти дипломатияи мардумиро муайян намудааст. Аввал, ин ба истилоҳ “дипломатияи фарҳангӣ” мебошад. Воқеан, ҷанбаи фарҳангӣ дар раванди иртиботи Кореяи Ҷанубӣ бо кишварҳои ҷаҳон бартарӣ дорад. Дар умум, коршиносон рушди “дипломатияи фарҳангӣ”-ро ба 3 марҳила ҷудо намудаанд. Марҳилаи аввал миёнаҳои солҳои 1990-ро дарбар мегирад, вақте ки ҷомеа ҳарчи бисёртар дар бораи “мавҷи Корея” ҳарф мезаданд. Марҳилаи дуюм-охирҳои соли 1990-ро дар бар мегирад, ки фаъолияти мавҷи K-Wave аз ҳисоби тарғиботи мусиқии Корея тавсиф гардидааст. Марҳилаи сеюм давраҳои аввали 2000-умро дар бар мегирад, ки то имрӯз дар саросари ҷаҳон фаъолона ва пайваста паҳншавии арзишҳои фарҳангии миллӣ мушоҳида мегардад.

  Бо ин мақсад сохторҳои институтсионалӣ таъсис дода шуд, ки якҷоя бо Вазорати корҳои хориҷӣ, як қатор лоиҳаҳоро амалӣ месозанд. Яке аз лоиҳаҳои калидӣ дар доираи дипломатияи мардумии Кореяи Ҷанубӣ намоишгоҳҳо дар намояндагиҳои хориҷӣ мебошад, ки ба ташаккул ва тарғиби симои мусбати миллӣ мусоидат намуда, ва ба меҳмонҳо имконияти шинос шудан ба санъат ва фарҳанги кишварро фароҳам меорад. Ғайр аз ин, барномаи стратегии пешбурди табодули фарҳангӣ амалӣ карда мешавад, ки чорабиниҳо бахшида ба барқарорсозии робитаҳои дипломатӣ ва чорабиниҳои муҳими дипломатӣ таваҷҷуҳ ба ҷанбаи фарҳангӣ баргузор мегардад. Вазорати корҳои хориҷии Корея “Ҳафтаи Корея”-ро баргузор мекунад, ки чорабинии мазкур симои мусбии Кореяро дар ҷаҳон муаррифӣ менамояд.

  Вазорати корҳои хориҷии Корея, дипломатияи варзиширо як ҷузъи дипломатияи мардумӣ меномад, ки тавассути варзиш имидҷи бренди миллиро баланд мебардорад. Инчунин Вазорати корҳои хориҷӣ барои паҳн намудани таэквандо, дар 205 кишвари ҷаҳон дар байни зиёда аз 80 миллион донишҷӯ машҳур гардидаат, яъне давлат талошҳои худро ба ин самт равона намудааст. Дар ин самт сармоягузорӣ аз рӯи моддаҳои гуногун хароҷот карда мешавад: барномаҳо ва сафарҳои таълимии устодон ва хизматчиён дар хориҷа, нигоҳубини молҳоли таэквандо дар ҳамкории муассисаҳои дахлдор, муассисаҳои савдо ва ғайраҳо пешбинӣ карда шудааст.

  Дар ин ҷо мавҷудияти ҷамъияти “дипломатияи мардумӣ”-ро қайд кардан зарур аст, ки сарфи назар аз ин, таэквандо як қисми ҷанбаи фарҳангӣ мебошад. Соли 2013 ҷамъияти махсус аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷии Кореяи Ҷанубӣ дар ҳамкорӣ бо Фонди Корея таъсис дода шуд. Лоиҳа дар шакли онлайн-платформа барои табодули иттилоот ва иртибот сохторҳои монанд мавҷуд аст. Махсусан дар шароити пандемияи ҷаҳонӣ, набудани имконият барои тамосҳои шахсӣ, дар сатҳи муколамаи байнидавлатӣ нофаҳмиҳоро ба вуҷуд меорад. Яъне таваҷҷуҳ ба ин навъи варзиш аллакай масъалаи мубрам гардидааст.

  Дар заминаи “дипломатияи фарҳангӣ” қайд кардан зарур аст, ки саҳми саноати мусиқии Корея (K-pop) дар ташаккули симои мусбии кишвар дар ҷаҳон назаррас аст. Шуъбаҳои дипломатии давлатӣ ба он таваҷҷуҳ мекунанд, ки аз соли 2011 инҷониб ҷашнвораи ҳамасолаи K-pop фестивали K-pop ва World Festival аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷӣ дар якҷоягӣ бо Вазорати фарҳанг, варзиш ва туризм баргузор мегардад. Тақрибан дар 100 сафорат ва консулгариҳои Корея дар саросари ҷаҳон ҳамасола давраҳои интихобии фестивали K-pop ва World Festival-ро ҷашн мегиранд. Дар доираи рушди муносибатҳои дуҷонибаи фарҳангӣ миёни кишварҳо Кумитаи муштарак оид ба фарҳанг таъсис дода, созишномаҳои дахлдор тартиб дода шуд. Дар он масъалаҳо доир ба муносибатҳои фарҳангӣ ва рушди ҳамкориҳои ду кишвар муқаррар карда шудааст.

  Ниҳоят, ҳукумати Корея ба таблиғи маҳсулоти ғизоӣ дар хориҷа аҳамияти ҷиддӣ медиҳад, ки онро як қисми “нерӯи нарм”-и Корея меҳисобанд. Дар робита бо ин, соли 2009 Институти Корея оид ба таблиғи ғизоии Корея таъсис дода шуд, ки тавассути нигоҳдории фаъоли канали YouTube (Ютуб), ба васеъ паҳн намудани хусусиятҳои таомҳои миллӣ мусоидат мекунад. Тибқи маълумоти Вазорати иқтисод ва молияи Кореяи Ҷанубӣ то соли 2030 ҳаҷми буҷаи истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ ба маблағи 24,9 трилион Вон зиёд хоҳад шуд, ки дар муқоиса ба соли 2018 ду баробар зиёд аст. Инчунин ба ин хароҷот баргузории ҷашнҳои фарҳангии Корея низ дохил мешавад, ки ба баланд бардоштани обрӯи кишвар мусоидат мекунад.

  Тибқи маълумотҳои Вазорати иқтисод ва молияи Корея барои пешбурди самти фарҳангии дипломатияи мардумӣ дар буҷаи соли 2021 696,1 миллиард вон (584,8 миллион доллар) ҷудо гардидааст, ки нисбат ба соли гузашта 42,7% зиёд аст. Азбаски пас аз пандемияи Covid-19 тамоюлҳои фарҳангӣ бидуни тамос паҳн мешавад, ҳукумат нақша дорад, ки фарҳанги Кореяро тавассути бунёди толори консертии онлайнӣ тарғиб намояд. Намояндагони Вазорат ҳамзамон эълон кардаанд, ки ҳукумати Корея барои таблиғи консертҳои интернетии гурӯҳҳои K-pop 29 миллиард Вон хароҷот хоҳанд кард.
 

  “Дипломатияи илмӣ”

  Ба ақидаи Вазорати корҳои хориҷӣ, самти дигари муҳими дипломатияи мардумӣ дар баробари самти фарҳангӣ ин “дипломатияи илмӣ” мебошад. Блоки иттилоотӣ, маҷмӯи лоиҳаҳоеро дар бар мегирад, ки баҳри баланд бардоштани сатҳи ҷолибияти Корея равона гардидааст. Дар мадди аввал, викторинаи байналмилалӣ-озмуни виктарина оид ба дониши Корея барои хориҷиёнро дар бар мегирад, ки мақсади он ташаккули таваҷҷуҳи байналхалқӣ ба Корея мебошад. Давраҳои аввал дар намояндагиҳои дипломатии Корея дар саросари ҷаҳон баргузор мегардад ва ғолибони ҳар як кишвари иштироккунанда ба Корея даъват карда мешавад, то бо фарҳанги анъанавии Корея аз наздик шинос шуда, дар давраи ниҳоӣ ширкат варзанд. Илова бар ин, Вазорати корҳои хориҷии Кореяи Ҷанубӣ барои омӯзиши забони кореягӣ ва таблиғи забони кореягӣ дар хориҷи кишвар, аз ҷумла дар Русия дастгириҳои зиёд мекунад. Инчунин Вазорати Корҳои хориҷӣ бо Вазорати маориф ва дигар муассисаҳои таълимӣ бо мақсади дастгирии мубодилаи байналмилалӣ ҳамкорӣ мекунад.

  Яъне, забони кореягӣ низ як ҷузъи ҷудонашавандаи “Ҳолю”-и муосир мебошад. То соли 2012 дар беш аз 40 кишвари дунё марказҳои омӯзиши забони кореягӣ кушода шудааст. То соли 2013 аллакай зиёда аз як миллион нафар имтиҳони байналмилалии забони кореягӣ яъне “Topik”-ро супориданд ва рақами мазкур айни ҳол афзоиш ёфта истодааст. Аввалин маротиба имтиҳони Topik дар соли 1997 баргузор гардида буд. Аз он вақт инҷониб, шумораи иштироккунандагон давра ба давра зиёд гардида истодааст, ки дар соли 2019 шаш санҷиш гузаронида шуд ва шумораи умумии иштирокчиён 375871 ҳазор нафарро ташкил дод. Чӣ тавре ки ҷашнвораи Ҳолюи кореягӣ машҳур шуд, ҳамон тавр шумораи одамоне, ки забони кореягиро меомӯзанд низ афзоиш ёфт. Аз сабаби пандемияи Covid-19 санҷиши дуюм, ки барои соли 2020 ба нақша гирифта шуда буд, бекор гардид. Дар робита ба ин барои супоридани имтиҳони Topik дар соли 2020 ҳамагӣ 36 ҳазор нафар муроҷиат намуданд.

  Вазорати корҳои хориҷии Кореяи Ҷанубӣ дар якҷоягӣ бо Вазорати маориф барои ислоҳот ва дуруст намудани маълумотҳои нодуруст оид ба Корея дар китобҳои дарсии хориҷӣ корҳои зиёде анҷом доданд. Инчунин корҳо оид ба таҳияи дастури аудиоӣ бо забони кореягӣ барои сомонаҳои асосии сайёҳони хориҷӣ идома дорад, то ки шаҳрвандони Корея аз таҷрибаи фарҳангии кишварҳои хориҷа баҳра гиранд.
 

  Қисми сиёсии дипломатияи мардумӣ

  Самти сеюми дипломатияи мардумӣ дар Корея ин бахши сиёсӣ мебошад. Дар ин бахш форуми ҳарсолаи дипломатияи мардумӣ нақши муҳим дорад, ки аз соли 2013 инҷониб баргузор мегардад ва барои муколамаи байни давлатҳо самарабахш мебошад. Ғайр аз ин, тавассути намояндагиҳои хориҷӣ, сиёсати фаъоли иттилоотӣ пеш бурда мешавад. Барномаҳои гуногун, аз қабили семинарҳо, ток-шоуҳо, мизҳои мудаввар, конфронсҳо ва озмунҳо оид ба масъалаҳои марбут ба Корея аз ҷониби намояндагиҳои хориҷии Корея барои муносибат бо ҷамъияти хориҷӣ дар сатҳҳои гуногун ташкил карда мешавад.

  Дар соли 2017 Мун Ҷэ Ин ба сари қудрат омад ва 100 самти фаъолияти афзалиятноки сиёсати ҳукумати Кореяи Ҷанубӣ муайян гардид. Нақшаи стратегияи нави минтақавӣ аз ҷониби Кумитаи сиёсати хориҷӣ ва амнияти миллӣ пешниҳод гардидааст, ки аз се самти асосӣ иборат аст: Платформаҳои сулҳ ва ҳамкорӣ дар Осиёи Шимолу Шарқӣ, Сиёсати нави Шимолӣ, Сиёсати нави Ҷанубӣ. Дар доираи сиёсати нави Ҷанубӣ, Кореяи Ҷанубӣ бо кишварҳои Меконг ҳамкориҳои зичро ба даст овард. Бо шарофати кӯшишҳои ҳукумати Кореяи Ҷанубӣ ва кишварҳои Меконг моҳи ноябри соли 2019 дар Пусан нахустин нишасти Корея-Меконг баргузор гардид. Ин имконият барои роҳбарони шаш кишвар, ки бори дигар робитаҳои амиқро муайян намуданд ва тадбирҳои гуногуни ҳамкориҳо баҳри ба даст овардани рушди ҳамаҷонибаро баррасӣ карданд. Дар соли 2020 бо умеди таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳо ва якдигарфаҳмӣ байни Корея ва кишварҳои Меконг, Вазорати корҳои хориҷии Кореяи Ҷанубӣ озмун оид ба ташкили нишон ва шиоре, ки ҳамкориҳои Меконг ва Кореяи Ҷанубиро беҳтар инъикос намояд, баргузор гардид. Арзиши ҷоиза барои ғолиби озмун 3000000 млн Вон (тақрибан 2500 доллари амрикоӣ) буд.

  Хулоса

  Ҳамин тариқ, дипломатияи мардумии Кореяи Ҷанубӣ ба се самти асосӣ: фарҳангӣ, илмӣ, сиёсӣ нигаронида шудааст. Дар ҷаҳорчӯбаи он Вазорати корҳои хориҷии кишвар якҷоя бо дигар мақомотҳо, ниҳодҳои муқарраршуда ва институтҳо лоиҳаҳои зиёдеро амалӣ месозанд, ки ба ташаккул ва тарғиби симои мусбати кишвар дар хориҷа равона гардидааст. Ба инҳо лоиҳаҳои тарбиявӣ, фарҳангӣ, барномаҳо барои нигоҳ доштани варзиш ва забони кореягӣ дар хориҷи кишвар, инчунин саммитҳо ва форумҳои байналмилалӣ оид ба дипломатияи мардумӣ алоқаманд мебошад. Аз соли 2017 заминаи қонунгузорӣ ташаккул ёфт, ки ба рушди иқтидори Корея дар самти дипломатияи мардумӣ мусоидат менамояд. Инчунин ба Кореяи Ҷанубӣ имконият медиҳад, ки рейтинги байналмилалии худро боло бардорад. Дар натиҷаи пандемияи Covid-19 шумораи зиёди лоиҳаҳо коҳиш ёфтанд. Ба ин нигоҳ накарда, ҳукумати Кореяи Ҷанубӣ ба рушди дипломатияи мардумӣ мусоидат мекунад. Тибқи маълумоти Вазорати иқтисод ва молия, дар буҷети соли 2021 барои амалисозии лоиҳаҳои дипломатияи мардумӣ ва инчунин барои рушди самтҳои фарҳангӣ 1,68 триллион Вон ҷудо карда шуд. Дар робита бо ин, имрӯз ҳукумати Кореяи Ҷанубӣ ба рушди таҷрибаҳо ва шаклҳои нави дипломатияи мардумӣ, ки ба пандемия мутобиқат мекунад, равона гардидааст.


                                                                               Рӯйхати адабиёт:

  1. Ким, Е. У. Роль культурной дипломатии в «мягкой силе» Республики Корея / Е. У. Ким, Е. С. Постникова. – 2018. URL: http://www.ifes-ras.ru/publications/online/2347-2018-07-23-09-55-35
  2. Корейская волна в културной политике Республики Корея (1963-2013г) (cyberleninka.ru) URL: https://cyberleninka.ru/article/n/koreyskaya-volna-v-kulturnoy-politike-respubliki-koreya-1963-2013-gg/viewer
  3. Мягкая сила и публичная дипломатия в Восточной Азии file:///C:/Users/admin/Downloads/474774890.pdf
  4. Article 2 of the Public Diplomacy Act // Ministry of Foreign Affairs Republic of Korea – 2016. URL: file:///C:/ Users /kafedra /Downloads /Public_Diplomacy_Act. pdf
  5. Public Diplomacy News // Ministry of Foreign Affairs Republic of Korea – 2020. URL: https://www.mofa. go.kr /eng /brd/ m_22723 /view. do? seq = 319620

Файзуллаева Н.Н.,

ходими илмии шуъбаи

Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқӣ

БОЗГАШТ