ДИПЛОМАТИЯИ СУЛҲ ВА ҲУСНИ ҲАМҶАВОРӢ РОҲҲАЛИ БӮҲРОНИ ПОКИСТОНУ АФҒОНИСТОН

Муаллиф: Раҳмонов Мирсаид

Расм

Ҷойгоҳи стратегии минтақа

         Минтақаи Осиё аз калонтарин минтақаи ҷаҳон буда, ин ҷо бо қисмати Осиёи Ҷанубӣ ё Ҷануби Осиё аз муҳимтарин манотиқи стратегӣ маҳсуб мешавад, ки бо кишварҳои бо иқтидори минтақавӣ, ташаббускору созандаи худ ба мисли Ҳиндустону Покистон дар ҳалли масоили гуногуни минтақа ва ҷаҳон нақш мебозад. Минтақаи Осиёи Ҷанубӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон равобити хубу ҳасана дошта, дар эҷод ва рушди иқтисодӣ ва тиҷоратӣ муштаракона бо ҳам ҳамкорӣ доранд.  Ҳарду ба воситаи шоҳроҳи бузурги “Роҳи Абрешим”, ки на танҳо ҳамчун воситаи ҳамлу нақли мол хидмат мекард, балки ба нашру таблиғи андешаву ақидаҳои фалсафӣ, динӣ ва тафаккурро мусоидат мекард, пайванди қадимӣ доранд.

         Бешак ҳамаи аҳолии сайёра ба иборае дар як деҳкадаи хурде ҷой гирифта, ҳар лаҳза аз ҳар гӯшаи он садои "ё чунин кун ё чунон" ба гӯши мову шумо мерасад. Муддатест, ки тавассути ВАО кашмакашиҳо ва "гиру ногир"-ро байни ҳамсоякишварҳои бузурги Осиё мушоҳида мекунем, ки ин кишварҳо дорои муштаракоти фарҳангӣ ва забонӣ буда, аз манобеи табии ва дигар заруриятҳои инсонӣ низ ғанӣ ҳастанд.  Минтақаи Осиёи Ҷанубӣ, ки аз лиҳози ҷуғрофӣ бо Осиёи Миёна, Осиёи Шарқӣ, ва Ховари Миёна пайвандии хушкӣ ва баҳрӣ дошта, шомили кишварҳои Афғонистон, Бангладеш, Бутан, Ҳиндустон, Молдив, Непал, Покистон ва Шриланка мебошад, ки беш аз 21% аҳолии дунёро ташкил медиҳад.

         Кишварҳои бузурги Осиёи Ҷанубӣ бо шумули Афғонистону Покистону Ҳиндустон  дар гирдоби  баҳсҳои минтақавӣ ва “ману ту гуиҳо” гирифторанд, ки монеаи рушду нумуи барномаву лоиҳаҳо гардидааст. Ҷангу ҷадалҳо миёни кишварҳои минтақа, ҷилавгирӣ ва мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ низ ба минтақа паёмади нохуб мерасонад, ки омил ва монеаи рушд дар тиҷорату иқтисоди онҳо мегардад.

         Набудани машварату маслиҳату муросо ва коҳиши донишу маърифат дар оромӣ ва суботи минтақавӣ таҳдиду хатарҳо овардааст, ки тавассути он гурӯҳҳои даҳшатфакан бо равияҳои тероризму экстремизм ва паёмадҳои марбут  минтақаро ба сӯи ҷаҳолату разолату даҳшату ваҳшат мекашонад. Ҷангу низоъҳо  миёни  ҳамсоякишварҳо ба хусус Покистону Афғонистон бештар шуда,  масоили оддӣ ва ҳалшаванда ба ҷангҳои  шадиду хашминона табдил ёфтааст. Ҳамин тавр, чунин низоъҳо ба мураккабшавии вазъи сиёсии минтақа ва  ҷаҳон оварда расонидаст.

Омилу сабабҳои аслии муноқишаҳои минтақавӣ

         Тибқи маълумотҳо пас аз ҳодисаи 11 сентябр, минтақаи Осиё ба хусус кишвари Афғонистон маркази муноқишаву мубоҳисаву муборизаҳо миёни кишварҳо боқӣ мондааст. Дар ин кишвар дар баробарии мардон таъдимоти занонро ба таври муносибу муназзам роҳандозӣ  нашудааст, ки низоми қонунии онро зери шубҳа  мегузорад.

          Бӯҳрони бад шудани равобит миёни  Покистон ва Афғонистон дар соли 2021 бештар гардида, дар фарозу нишебҳои печида  қарор дошта, бо муноқишаву радду бадалҳо, ҳамкории муштарак барои ҷилавгирӣ аз гурӯҳҳои даҳшатафкан вазъро вахимтар сохта, рашку хашму хушунатро зиёдтар кардааст.

          Ҳамин тариқ, дар мавзеъгирии дипломатии кишварҳои ҳамсоя ба хусус Покистон нисбат ба  Афғонистон барои идораи кишвар зери шубҳа гузоштааст. Покистон дар гузашта боварӣ дошт, ки Афғонистон ба унвони як ҳукумати муваққат нақш хоҳанд бозид, вале баръакс бо гузашти замон эҳсоси хатару таҳдидҳо дар марз миёни ин ду кишвар бештар мушоҳида  мешавад.

          Бояд  қайд кард, ки Афғонистону Покистон  муддатҳост, ки миёни ҳам  барои масоили гуногун, аз ҷумла муҳоҷират, мубориза бо гурӯҳҳои даҳшатафкан ва ғайра муноқиша доранд.  Баррасиҳо нишон медиҳад, ки Покистон аз замони таъсисёбӣ аз ҳамсояҳои худ Ҳиндустон ва Афғонистон аз ҳар  навъ мудохилаҳои беруна бими хатар дошта, пайваста барои амну субот чораҳо меандешад. Ҳарчанд решаҳои таърихии муноқишаву хусумати миёни Ҳиндустону Покистон ба тақсимшавӣ ва масъалаи Кашмир  вобастагӣ дорад, вале мушкилоти калидӣ бо Афғонистон аз хатти сарҳади  Дюранд, ки аз соли 1947 инҷониб баҳс мекунанд, сарчашма мегиранд. Хатти Дюранд соли 1893 ҳамчун сарҳади байнулмилалӣ байни  Афғонистон ва Ҳиндустони Бритониё аз ҷониби дипломати давлатӣ Мортимер Дюранд ва амири онвақти Афғонистон Абдурраҳмонхон бо ҳадафи таъйини маҳдудияти доираи нуфузи онҳо ва равобити дипломатӣ ва тиҷорат таъсис шудааст. Кишвари Бритониё дар он замон Афғонистонро як давлати мустақил медонист, гарчанде ки умури хориҷӣ ва равобити дипломатии онро таҳти назорат доштанд.

          Ҳамсоякишварҳо Афғонистону Покистону Ҳиндустон дорои манобеъи табиӣ буда, дар роҳи таърихии “Шоҳроҳи Абрешим” ҷойгир мебошанд. Агарчӣ кишварҳои минтақа дар СММ, СҲШ ва МҲТБО фаъол мебошанд, вале дар ҳоли ҳозир  дар гирдоби муноқишаҳои марзӣ қарор дошта, бо таҳдиду хатарҳо, аз ҷумла ҳамлаҳои гурӯҳҳои даҳшатафкан дучор буда, вазъияти минтақа рӯз то рӯз шадидтару ваҳимтар гардидааст. Зимни он муносибатҳо миёни кишварҳо  бештари вақт халадор шуда, ба дараҷаи қатъи равобити дипломатӣ,  тиҷоратӣ мерасад, ки дар натиҷаи он ба даргириҳои марзӣ ва талафоти ҷонӣ  оварда расонидааст.

Нақши созмону давлатҳои минтақа ва ҷаҳон

          Тоҷикистон чун кишвари  сулҳпарвар ва ташаббускор дар  ҳалли масоили мубрами ҷомеаи ҷаҳонӣ  ҳадафу талошҳои асосиаш сулҳу субот миёни кишварҳо буда, ба мақсади ҳалли масоили марбут ба самтҳои мушкилоти глобалӣ равона карда шудааст. Ин ҷо бояд ишора кард, ки кишвари Покистон чун узви фаъоли СММ ва созмону форумҳои минтақавӣ ва фароминтақавӣ, аз ҷумла СҲШ, СҲИ ва МҲТБО нақши муҳим мебозад.  Ҳамин тавр, Покистон ва ҳамсояҳои он Ҳиндустон чун кишвари пешрафтаву таррақиёфта ва дорои хуби таҷрибаҳои хуби низомӣ, иқтисодӣ, саноатӣ, тиҷоратӣ ва  узви созмонҳову муассисаҳои ҷаҳон, аз ҷумла СММ ва созмони минтақавии SAARC бештар ҳамкорӣ дошта, дар доираи он бо СҲШ дар ҳалли масоили минтақавӣ ва пешгирӣ аз хатару таҳдидҳо минтақаро ба суи фардои хуб роҳнамоӣ намуда, минтақаро аз ихтилофоту муноқишаҳо раҳо созанд.

Тавсияву пешниҳодҳо

          Покистону Ҳиндустон дорои яроқи ядроӣ буда, ҳар ду бо Афғонистон робита доранд. Ҳамкориҳои наздик ва муносибатҳои хуби дипломатӣ миёни ин кишварҳо  чун узви фаъоли СММ, СҲШ ва дигар форуму ташкилотҳо метавонад оромиро дар минтақа фароҳам меорад. Дар сурати идома ёфтани муноқишаҳо миёни ин кишварҳои соҳибиқтидору соҳибистиқлол таъсири манфии он ба минтақа бештар расида, зарарҳои зиёд хоҳад овард.

          Дар ин зимн, Тоҷикистон бо Покистону Ҳиндустон чун узви СҲШ  равобитаҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи  наздику стратегӣ дошта, дар доираи  як қатор созмонҳои  байналмилалӣ бо ҳам аъзо буда, таҷрибаи  дипломатия сулҳҷуёна ва ташаббусҳои созанда дошта, пайваста барои сулҳу  суботи кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла Афғонистон талош мекунад.

          Ташаббуси Президенти Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар бораи эълони даҳсолаи таҳкими сулҳ ва устувории ин раванд барои наслҳои оянда як иқдоми муҳим ва ҷиддии сиёсӣ мебошад. Сулҳ ҳамчун яке аз муҳимтарин  арзишҳои давлатдории миллӣ эътироф шуда, ба эълон кардани даҳсолаи таҳкими сулҳ бо мақсади мустаҳкам кардани заминаи сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии кишвар, инчунин барои наслҳои оянда бо мақсади эҷоди муҳити амн ва осоиштагӣ нақш мебозад[1].

          Ҳамин тариқ, эълони даҳсолаи таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда нақши муҳим дар устувор кардани сулҳ дар минтақа ва ҷаҳон кӯмак расонида, кишварҳои минтақаро водор месозад то аз он сабақ гирифта, муноқишаҳоро бо истифода аз гуфтушунидҳо саривақт ҳал намоянд.

          Дар баробари он тавсия дода  мешавад, ки ҷонибҳои даргир  аз мактаби сулҳофаринии   Тоҷикистон сабақ  гирифта, аз диломатияи сулҳофаринии  ин кишвар муноқишаҳоро ҳал намоянд. Ин кишварҳоро лозим  меояд то таваҷҷӯҳу тамаркуз ба риояи  ҳуқуқи ҳамсоягиву ҳамҷаворӣ  карда, муштаракона  барои ҷилавгирӣ ва барҳам додани гурӯҳҳои даҳшатафкан ва паноҳгоҳҳои террористии фаромарзӣ  ҳамкорӣ дошта бошанд.

          Ба андешаи коршиносони минтақа барои низомиёни Покистон, даргириҳои охири марзӣ на танҳо як масъалаи идоракунии сарҳад, балки раванди омодагӣ барои ҷилавгирӣ аз ҷангҷӯён мебошад. Барои Афғонистон бошад ҳамлаҳои ҳавоӣ ҳамчун нақзи истиқлолият арзёбӣ шуда, хашми ҳамаро чун бедор карда, муборизаву муқовимати онҳоро  ба мудохилаи беруна тақвият мебахшад.

          Аз ин рӯ, барои истифодаи ҳалли буҳрони марзиву сиёсӣ ва ҳарбӣ  миёни кишварҳои даргир зарурати роҳҳи гуфтушинид дар доираи СММ ва СҲШ бо миёнҷигарии кишварҳои таҷрибадор  ташкил карда шавад. Ҳамин тариқ, кишвари Покистон ба мисли баъзе кишварҳои дигари минтақа хостори таъсиси ҳукумати фарогиртар дар Афғонистон шудааст  аст, ки тамоми мардумро намояндагӣ кунад.

          Хулосаи калом, оташбас миёни Афғонистону Покистон бо миёнҷигарии давлатҳои ҷаҳон, аз ҷумла Қатар ва Туркия заминаи хуб буда, роҳро ба самти дипломатияи сулҳ мекушояд. Ин  созишнома на танҳо муносибатҳои дуҷонибаро аз нав муайян мекунад, балки метавонад дурнамои минтақавиро дигар намуда, робитаҳои фаромиллӣ, тиҷорат ва амалисозии лоиҳаҳо бузурги минтақавӣ, аз ҷумла CASA 1000 ва ғайраро ки  Осиёи Марказӣ ва Ҷанубиро мепайвандад, ба таври назаррас тавсеа дода, ба ҳаёти  миллионҳо нафар дар саросари минтақа оромиву ободиро фароҳам хоҳад овард.

 

Мирсаид РАҲМОНОВ

ходими калони илмии Шуъбаи Осиёи Ҷанубу Шарқии

Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ

 

Адабиёти истифодашуда:

1.Сайидзода Зафар Шералӣ (Саидов Зафар Шералиевич). Тоҷикистони муосир: масъалаҳои мубрами истиқлоли миллӣ. – Нашри дуюми иловадор. –Душанбе: ҶДММ «Контраст», 2020. – 640 саҳ.(С.34)

БОЗГАШТ