Дониш талабу бузургӣ омӯз

Муаллиф: Мадимарова Гулҳаё

Расм

Дар ҳошияи суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ,30 августи 2025

        Дар тӯли таърихи башарият дониш ҳамеша калиди пешрафт, ваҳдат ва сулҳу осоиштагӣ будааст. Маҳз тавассути илм ва дониш миллатҳо мустаҳкам гардида, ҷомеаҳо қудрат ва тавоноӣ пайдо кардаанд. Ҳамчунин фарҳанги сулҳ, ки решаҳои амиқ дар арзишҳои маънавию ахлоқии башарӣ дорад, бо илму маърифат пайвандест ногусастанӣ дорад. Мулоқоти навбатии Пешвои миллат бо омӯзгорон ва олимон боз як далели он аст, ки роҳбари давлат аҳамияти беандоза ба рушди илм, боло бурдани мақоми омӯзгор ва тарбияи насли донишманд медиҳад. Дар суханронии хеш Сарвари давлат таъкид намуданд, ки «омӯзгор ва олим на танҳо роҳнамои маърифат, балки пайвандгари сулҳу ваҳдат дар ҷомеа мебошанд». Ин андешаҳо ба воқеиятҳои имрӯзаи Тоҷикистон такя мекунанд. Ҷомеаи мо дар даврони соҳибистиқлолӣ баробари бунёди давлатдорӣ ва таҳкими сулҳу ваҳдат, ҳамчунин ба рушди илму маориф диққати ҷиддӣ равона намуд. Ҳарчанд мушкилоти ҷаҳони муосир- аз тағйирёбии иқлим то таҳдидҳои экстремизм-ҷомеаҳои моро фаро гирифтаанд, аммо ҷавоби муассир ба онҳо танҳо тавассути дониш ва илм имконпазир аст. Аз ин ҷост, ки Президенти кишвар пайваста дар паёмҳо ва суханрониҳои худ зарурати дастгирии ҷавонони боистеъдод, баланд бардоштани сатҳи таҳсилот ва ҳамкории зичи илм бо ҷомеаро таъкид мекунанд. Ҳамзамон, омӯзгорон вазифадоранд, ки на танҳо дониш омӯзанд, балки рӯҳияи ватандӯстӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ ва ҷаҳонбинии сулҳомезро дар ҷавонон тарбия намоянд. Бо ибораи дигар, «сулҳ ва дониш» ду рукни асосии пешрафти Тоҷикистон мебошанд. Сулҳ бидуни дониш устувор намемонад, ва дониш бидуни сулҳ самар намедиҳад. Имрӯз вақте ки ҷаҳони муосир бо ҷангу низоъҳо, мухолифатҳои мазҳабиву сиёсӣ ва рақобатҳои геополитикӣ рӯ ба рӯст, таҷрибаи сулҳовар ва донишпарваронаи Тоҷикистон метавонад намунаи арзишманд барои ҷомеаи ҷаҳонӣ гардад. Суханронии  Пешвои миллат дар ин ҳошия ба аҳли илму маориф танҳо як суханронӣ набуд, балки барномаи амалӣ барои рушди ояндаи ҷомеа мебошад. Барои ҳар як омӯзгор, донишманд ва ҷавони тоҷик ин мулоқот як даъвати ҷиддӣ аст, сар карда аз дониш андӯхтан, сулҳро ҳифз кардан, ва бо илм ва фарҳанг барои ояндаи дурахшони кишвар саҳм гузоштан.

        Яке аз паҳлӯҳои муҳимтарини ин мулоқот ба сифати таълим ва тарбияи насли нав бахшида шуд. Пешвои миллат дар ин замина нақши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистонро махсус таъкид карда, зарур шумориданд, ки ин ниҳод ҳамчун назораткунанда ва муқарризи асосӣ дар таҳия ва дастрас намудани китобҳои дарсӣ фаъолият намояд. Ба андешаи Сарвари давлат, танҳо тавассути иштироки мустақими олимони Академия ва баҳрабардорӣ аз таҷрибаи илмии онҳо, метавон китобҳои дарсие таҳия намуд, ки ба талаботи замон ҷавобгӯ бошанд ва сатҳи маърифати насли ҷавонро боло бардоранд. Ин иқдом аҳамияти бузург дорад, зеро сифати таълим аз муҳтавои китобҳои дарсӣ вобастагии мустақим дорад. Агар китобҳо бо мазмун, бо забони равон ва бо такя ба дастовардҳои нави илмӣ таҳия шаванд, насли ҷавон на танҳо дониш меандӯзад, балки ҷаҳонбинии илмӣ ва тафаккури созанда пайдо мекунад. Аз ин ҷост, ки Президенти кишвар пайваста зарурати дастгирии ҷавонони боистеъдод, баланд бардоштани сатҳи таҳсилот ва ҳамкории зичи илм бо ҷомеаро таъкид мекунанд.  

 

Гулҳаё  Мадимарова

ходими калони илмии шуъбаи  

Шарқи Миёна ва Наздики  

Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ

БОЗГАШТ