Дар ин зимн, дар Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ аз ҷониби ходими пешбари илмии Шуъбаи Осиёи Ҷанубу Шарқии Институт ,номзади илмҳои таърих Раҳмонзода Азимҷон Шералӣ китоби “Муносибатҳои байналмилалии минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон” (Дар мисоли шаҳри Душанбе)” дар ҳаҷми 144 саҳифа таҳия ва нашр гардид. Китоби мазкур иборат аз феҳристи ихтисорҳо, муқаддима, 4 боб ва хулосаву руйхати адабиёт буда, муаррифии Тоҷикистони муосир ва равобити байналмилалӣ, ба хусус сурату симои сиёсии шаҳри Душанбе бо зикри аҳамияти геополитикии минтақа ва дурномаи кишвар ва адабу фарҳангии мардуми тоҷик саҳми арзанда дошта, мавриди баррасӣ ва омӯзиш қарор дода шудааст.
Муаллиф дурнамои ҳамкориҳои муносибатҳои байналмилалӣ ва масоили муҳим ва мубрами Тоҷикистон дар раванди шаклгирии ҷаҳони бисёрқутба ва мавриди таваҷҷӯҳ қарор дода, роҳҳои ҳал ва тавсияву пешниҳодҳо ироа гардидааст.
Маврид ба зикри хос аст, ки китоб аз ҷониби муҳаққиқи ҷавону фарҳангдӯст Азимҷон Раҳмонзода бо назардошти таҳқиқоту тадқиқоти ихтисосӣ барои доираи васеи хонандагон, сиёсатшиносон, кишваршиносону мутахассисони равобити кишварҳои ҷаҳон ва дипломатия пешниҳод гардидааст. Муаллифи китоб дар асоси корҳои таҳқиқотии худ нақши Тоҷикистон ба хусус пойтахти он шаҳри Душанберо хело хуб баррасӣ кардааст, ки хонанда метавонад аз масоили сиёсиву дипломатӣ огаҳии илмӣ пайдо кунад.
Китоб зери таҳрири доктори илмҳои фалсафа Ҳайдарзода Рустам Ҷӯра ва тақризҳои илмии докторҳои илмҳои сиёсӣ Ш.Каримов ва Н.Сангинов рӯи чоп омадааст.
Китоби “Муносибатҳои байналмилалии минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон” (Дар мисоли шаҳри Душанбе) бо феҳристи ихтисораҳо, муқаддима ва бобҳо бар асоси равобиту муносибатҳои байналмилалии Тоҷикистон дар замони муосир таҳия ва мураттаб гардидааст.
Дар муқаддимаи китоб муаллиф низоми муносибатҳои байналмилалиро аз ибтидои асрҳои ХХ-ХХ1 шарҳу эзоҳ дода, таъкид кардааст, ки он яке аз вазифаҳои асосии давлати муосир таъмини манфиатҳои миллӣ ва муносибатҳои босамари байналмилалӣ ба ҳисоб меравад. Ҳамин тариқ, ба андешаи муаллиф хусусиятҳои марҳалаҳои муосири тараққиёти Тоҷикистон дар рушди минтақаҳои гуногуни он, аз ҷумла шаҳри Душанбе инъикос пайдо ёфтааст,зеро пойтахти кишвар бо шаҳру форумҳои ҷаҳонӣ шарикӣ дошта, пайваста ҳамкориҳои судмандро ба роҳ мондааст.
Бояд зикр кард, ки мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» аз 1 марти соли 2005 ҳамасола шанбеи сеюми моҳи апрел Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе таҷлил шуда, симову сирати пойтахт чун оинаи фарҳанг ва тамаддуни ҳар шаҳрванди ин сарзамин мавриди баррасиҳои хос қарор мегирад.
Имрӯз Душанбе дар радифи даҳгонаи мавзеъҳои бехатар аз рӯи таъмини амнияти шабона дар ҷаҳон эътироф гардид. Пойтахти Тоҷикистон бо якчанд шаҳрҳои дунё бародаршаҳр аст, ки тавассути он Осиёи Миёнаро бо Осиёи Ҷанубӣ дар чаҳорчӯбаи ҷодаи бузурги Шоҳроҳи бузурги "Абрешим" пайванд намуда, дӯстиву ҳамдилӣ, тиҷорату саёҳат ва сулҳу суботро таҳким мебахшад. Шаҳри Лоҳури Покистон аввалин шаҳр дар Осиёи Ҷанубӣ мебошад, ки бо Душанбе аз соли 1973 бародаршаҳр аст. Дар давраи шоҳигарӣ он маркази идоракунии умури давлатдорӣ буда, дар биноҳои қадимаи он навиштаҷот ба забони тоҷикӣ-форсӣ дида мешавад, ки робитаи адабӣ-фарҳангии Душанбеву Лоҳурро боз ҳам наздиктар мекунад.
Муаллифи китоб шаҳри Душанберо чун намоди намунавии сиёсӣ нишон дода, дар доираи сарчашмаву созмонҳои гуногун, аз ҷумла СММ, ИДМ, СҲШ ва дигар ташкилоти байналмилаливу минтақавӣ ва ҳуҷҷатҳои расмии вазорату муассисаҳо нақшу барномаҳои созандаи пойтахтро бо далелу санадҳо баён намуда, ба сокинону меҳмонони он маълумотҳои муфид ироа намудааст.
Боби якуми китоб “Муносибатҳои байналмилалӣ ҳамчун категорияи илмӣ ва падидаи иҷтимоӣ” ном гирифта, моҳият ва мазмуни он хело хуб баён гардидааст. Принсипҳо, шаклҳо ва тамоюлҳои муосири рушди муносибатҳои байналмилалӣ низ мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.