Яке аз маъруфтарин дипломатҳои шуравӣ ва рус, собиқ муовини Дабири кулли СММ В.Ф. Петровский пешниҳод кардааст, ки: “Байни дипломатия ва тиҷорат низ умумият хеле бештар аст. Имрӯз дипломатия дар самти таҳкими ҷомеа такмил меёбад. То асри XIX дипломатҳо асосан бо сиёсат машғул буданд. Таърихнигорон аксари вақт дипломатияи он давраро бо бозии шоҳмот муқоиса мекунанд, яъне ҳар як иштирокчӣ кушиш мекард, то рақиби худро мағлуб созад. Дар асри ХІХ дар “тахтаи шоҳмот” – и ҷаҳон иқтидори ҳарбӣ бештар арзишманд буд. Дар асри ХХ илова бар он идеология мавриди истифода қарор гирифт. Ҳоло дипломатия бори дигар тахтаи шоҳмотро хотиррасон мекунад, вале бо як фарқияти муҳим – бозингарон, пеш аз ҳама, дар пешбарии манфиатҳои иқтисодии худ истодагарӣ мекунанд” [8, с. 57].
ба роҳ мондани ҳамкориҳо бо созмонҳо ва ташкилотҳои байналмилалӣ дар асоси ба даст овардани узвият дар онҳо;
мустаҳкам намудани ҳамкориҳо ва муносибатҳо бо кишварҳои ИДМ, пеш аз ҳама бо Федератсияи Русия, Ҷумҳуриҳои Узбекистон, Қазоқистон, Қирѓизистон ва Туркманистон;
дахолат накардан ба ба корҳои дохилии кишварҳои дигар, барқарор намудани муносибат ва ҳамкориҳо бо тамоми кишварҳои љаҳон, аз љумла бо Афѓонистон, Покистон, Чин, Эрон ва дигар давлатҳои минтақаҳои гуногун [6, с. 354-355].