ИҶЛОСИЯИ ТАЪРИХӢ

Муаллиф: Сангинзода Дониёр

Расм

Дар замоне, ки фалаҷ гардида буд аҷзои давлат,

Дар замоне, ки бародарҷанг мерафт аз ҷаҳолат.

Дар миёни оташи хашму ҷаҳолат Кохи давлат,

Мардумон бехонумону ноумеду ғарқи зиллат.

Якдигарнофаҳмиву бадбиниву мансабталошӣ,

Рӯ ба рӯ бар инқирозу дил шикастан, дилхарошӣ.

Бо ризои Ҳақ Таоло хост аз ҷо марди майдон,

Дар сутуни миллати худ баст маҳкам банди паймон.

Ӯ чу як тандиси сулҳи ҷовидона гашт боло,

Дод дар Иҷлосия нури дурахшоне таҷалло.

Маснади таъриху тарҳи нақшаи эҳёи миллат,

Роҳи Истиқлол, нобудии нуқсон, рафъи иллат.

Бори аввал гашт ин таърихи миллат офтобӣ,

Кӯчаву паскӯчаҳои ҷаҳлу зулмат офтобӣ.

Парлумони кишвар аз Иҷлосия рӯшангарӣ шуд,

Рӯйдоди таърихии халқ бо ин доварӣ шуд.

Нақшаи ояндаи давлат бигардид тарҳрезӣ,

Ҳамдилӣ, ободкорӣ, ошноӣ, ғамситезӣ.

Шонздаҳ рӯз ин нишаст аз баҳри давлат сохтан буд,

Беш аз ҳафтод ҳуҷҷатро ба кор андохтан буд.

Пешрафту сулҳ буд дар меҳвари Иҷлосия боз,

Мурғи Ваҳдат гашт дар бому дари давлат ба парвоз.

Сафҳае аз худшиносӣ боз шуд дар роҳи тоҷик,

Муҳри қонунӣ гирифт ҳар ҳуҷҷату имзои тоҷик.

Пешаи фарҳангсолориву ободӣ ба дилҳо,

Ҷо гирифту ёфт дар ҳар хонаи тоҷик таҷалло.

Дониёро то абад Иҷлосия дар ёди худ дор,

Дар суруди хеш бахти миллататро баршумор.

Дониёр Сангинӣ

БОЗГАШТ