ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ — БУНЁДИ ОЗОДӢ ВА ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

Муаллиф: Холназаров Назар

Расм

Ба истиқболи 34- умин солгарди  Рӯзи Истиқлоли давлатӣ - 9 сентябр

         Бар асари фурӯпошии Иттиҳоди Шуравӣ баробарвазнии манфиатҳои геополитикию геостратегии қудратҳои ҷаҳонӣ дигар шуд. Акнун дар таърихи башар як марҳилаи нави сиёсӣ, яъне давраи наве зери нуфузи ҷаҳонқудратҳо ва қудратҳои минтақавӣ қарор гирифтани баъзе аз қисматҳои ҷаҳон, пеш аз ҳама, қаламрави собиқ Иттиҳоди Шуравӣ ва Аврупои Шарқӣ фаро расид.

         Дар натиҷаи қатъ гардидани  робитаҳои сиёсиву иҷтимоӣ, фарҳангиву иқтисодӣ, нақлиётӣ ва дигар намуди иртибот миёни собиқ ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Шуравӣ дар солҳои 90-ум ва ҳамчунин бархӯрди манфиатҳои соҳибқудратҳои ҷаҳониву минтақавӣ Ҷумҳурии тозаистиқлоли Тоҷикистон ба бӯҳрони амиқи сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангиву иҷтимоӣ гирифтор гардид.

         Дар натиҷаи ба истиқлол расидани 15 ҷумҳурии Иттиҳоди Шуравӣ ва сар задани низоъҳо, аз ҷумла, низоъҳои мусаллаҳона дар қисме аз хоки Иттиҳоди Шуравӣ ва даъвати Иҷлосияи ғайринавбатии Шурои Олии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе рӯзи 24.08. 1990 “Эъломияи истиқлолият”-и Ҷумҳурии шуравии сотсиалистии Тоҷикистонро қабул намуд ва аз ҳамин давра сар карда дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон давраи нави таърихӣ ба гардиш даромад.

         Мутобиқи Эъломияи мазкур Ҷумҳурии Тоҷикистон акнун метавонист дар қаламрави худ тамоми масоили сиёсӣ, иқтисодӣ, байналмилалӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангиро мустақилона ва бо дарназардошти манофеи миллӣ ҳаллу фасл намояд. Тибқи ин Эъломия Чумҳурии Тоҷикистон муваззаф гардида буд, ки ҳуқуқи дахлнопазирии Иттиҳоди Ҷамоҳири Шуравии Сотсиалистӣ ва ҷумҳуриҳои иттифоқиро эҳтиром ва эътироф намояд. Вале чунин истиқлолият ҳануз ифодакунандаи истиқлоли комили давлатӣ набуд, зеро баъзе банду модаҳои ҷудогонаи ин санади муҳими таърихӣ вобаста будан ба ҷумҳуриҳои дигарро ифода менамуданд. Аз ин рӯ, ҳаёт зарурати ворид намудани баъзе тағйироту иловаҳо ба Эъломияи дар сана  24 августи соли 1990  қабулшударо ба миён овард.

         Пас аз “табаддулот”-и бебарори Кумитаи давлатии вазъи фавқулодда (ГКЧП), дар Россия, ки коммунистони ғоявӣ ташкил намуданд, муборизаи ҷунбишу созмонҳои миллӣ-демократии Тоҷикистон барои истиқлоли комили Тоҷикистон аз Иттиҳоди Шуравӣ  аз нав авҷ гирифт. Бо талаби тазоҳуркунадагони гирдиҳамоиҳо дар Душанбе Иҷлосияи ғайринавбатии даъвати 12-ум, 9 сентябри соли 1991 ҳуҷҷати ”Изҳорот дар бораи Истиқлоли давлатии Тоҷикистон”-ро қабул намуд.

         Баъд аз ворид намудани тағйироту иловаҳо ин боб чунин шакл гирифт: “Бо дарназардошти тағйироти инқилобӣ дар Иттиходи ҷумҳуриҳои Шуравии Сотсиалистӣ, Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Истиқлолияти давлати”-и Ҷумҳурии Тоҷикистонро эълом менамояд.

         Эълони Истиқлолияти давлатӣ 2 матлаби муҳимро ба вуҷуд овард. Якум, талоши тамоми ҷумҳуриҳои соҳибистиқлол барои аз нав барқарор намудани муносибатҳои байниҳамдигарӣ, дуввум, такмили мафҳуми истиқлол бо илова намудани истилоҳи “ давлатӣ”, ки арзиш ва моҳияти байналмилалӣ дошта, ҳамин мавқеъгирӣ Тоҷикистонро ба сифати субъекти ҳуқуқи байналмилалӣ муаррифӣ намуд.

         Соли 1992 дар ҷумҳурии тозаистиқлоли мо гурӯҳҳои тундрав ва ифротгарои динӣ-сиёсӣ ҳамчун неруи қавии қудратталаб шакл гирифта, мавқеи неруҳои демократиро заиф сохта ва бо суйиистифода аз фурсат ва имконоти равандҳои демократӣ ва озодихоҳӣ ба муборизаи ошкоро оғоз намуданд. Ин неруҳои ифротгарои динӣ-сиёсӣ хуб огаҳ буданд, ки неруҳои демократӣ аз надоштани имкониятҳои моливу пулӣ имрӯз  ё фардо  маҷбур хоҳанд шуд, то ба онҳо бипайваданд. Ҳамин тавр ҳам шуд.

         Ҳамин тариқ, Истиқлолияти давлатӣ барои Тоҷикистон муҳимтарин дастоварди таърихӣ ва пояи озодиву ваҳдати миллӣ мебошад. Он заминаи устувори рушду пешрафти кишварро фароҳам оварда, ба миллати тоҷик имконият дод, ки бо такя ба фарҳангу арзишҳои худ, сиёсати мустақил ва манфиатҳои миллӣ давлатдориро мустаҳкам намояд. Дар шароити мураккаби ҷаҳони муосир истиқлолият рамзи пойдорӣ ва ҳувияти миллӣ буда, ҳифзу таҳкими он вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди кишвар аст.

 

Холназаров Назар

ходими илмии Шуъбаи Шарқи Миёна ва Наздики

Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои

Осиё ва Аврупои АМИТ

БОЗГАШТ