ИСТИҚЛОЛИЯТ РАМЗИ СОҲИБДАВЛАТӢ ВА ВАТАНДОРӢ

Муаллиф: Достиева Дилафруз

Расм

       Воқеан, сиву чор сол пеш миллати куҳанбунёду соҳибфарҳанги тоҷик ба дастоварди муқаддасу таърихӣ – Истиқлолияти давлатӣ мушарраф гардид, ки ҳоло мо бо ҳисси ифтихору сарфарозӣ  онро ҷашн мегирем. Хосияти ҳар як ҷашн, пеш аз ҳама, дар он ифода меёбад, ки моро ба таҳлилу ҷамъбаст ва  натиҷагириҳои  рўйдодҳои гузашта, мушаххас  сохтани вазифаҳои имрўза ва чашмандозӣ ба оянда водор мекунад.  Аз ин нигоҳ Истиқлолияти давлатӣ барои мардуми тоҷик падидаи бемислу монанди таърихист, ки силсилаи воқеаҳои сарнавиштсозро дарбар мегирад ва бинобар ин, мо бояд онҳоро аз дидгоҳи фарохтару баландтар тақвиму тақдир намоем. 

       Дар ин росто, қабл аз ҳама, бояд дарк кард, ки истиқлолият волотарин ва арзишмандтарин дастоварди миллати тоҷик тайи ҳазорсолаи охир мебошад. Тоҷикистон маҳз ба шарофати истиқлолият ҳамчун узви баробарҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ  эътироф  гардид ва дар арсаи  сиёсати ҷаҳонӣ  бо ҳама вижагиҳои давлатдории муосир арзи ҳастӣ намуд.

       “Роҳи таърихии  тайкардаи  мардуми тоҷик”-, ба андешаи Сарвари давлат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон - роҳи ҳамвору осон набуд ва ёфтани миёнроҳи тиллоӣ низ амри маҳол менамуд”. Аз нахустин қадамҳои истиқлолият доираҳои муайяни бадхоҳ бо истифода аз таҷрибаи даврони гузашта ва усулҳои озмудаи худ, бо роҳи барангехтани низоъҳои дохилӣ ва бозиҳои сиёсие, ки бар асари онҳо ҳанўз ҳазор сол пеш давлати бузурги Сомониён завол ёфта буд, тавонистанд  миллати  моро ба гирдоби мухолифат ва даргириҳои сиёсӣ кашида, баъдан давлати ҷавони Тоҷикистонро дучори ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ гардонанд. Дар натиҷа беш аз сад ҳазор шаҳрвандони мо ҷони худро аз даст доданд, қариб як миллион нафар  иҷборан хонаву дари худро тарк карда, ба кишварҳои ҳамсоя фирор намуданд. Ҷанги таҳмилӣ ба иқтисодиёти мамлакат дар маҷмўъ беш аз 10 миллиард доллари амрикоӣ зиёни моддӣ расонид. Зарари маънавии ҷанг ҳадду ҳисоб надорад.   Зиёда аз ин, миёни доираҳои сиёсии беруна ва шарикони дохилии онҳо нақшаи таҷзияи Тоҷикистон, пароканда  сохтани миллат ва бо ҳамин роҳ аз байн бурдани давлатдории тоҷикон тарҳрезӣ мешуд. Вале, бар хилофи азму талошҳои гурўҳҳои бегонапараст, нерўҳои тундрави дохилӣ ва баъзе доираҳои манфиатдори хориҷӣ неруҳои солими ҷомеаи мо дар як муддати кўтоҳ зери парчами нангу номус ва ягонагии миллӣ  ба ҳам омада, роҳи расидан ба сулҳ ва ваҳдати миллиро интихоб карданд. Баъд аз зиёда аз панҷ соли мухолифати мусаллаҳона Созишномаи умумӣ дар бораи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид, ки дастоварди нодиртарини тоҷикон дар даврони истиқлолият мебошад ва ҳоло таҷрибаи сулҳофарии тоҷикон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардида, ба мактаби омўзиш табдил ёфтааст.

       Тавре мебинем, даҳсолаи аввали давлатдории навини миллии тоҷикон  асосан ба ҳалли масоили  сиёсӣ, бозгардондани гурезагон, ҳалли масъалаҳои дар Созишномаи  умумии  истиқрори  сулҳ ва ризоияти миллӣ муайяншуда сарф гардида, танҳо пас аз соли 2000 - ум ба давлату ҳукумат муяссар гардид, ки ҷиддан ба ҳалли масоили иқтисодиву иҷтимоӣ бипардозад. Дар нимаи дуюми соли 2000-ум рӯйдоди хеле муҳимми даврони истиқлолият ба вуқӯъ пайваста, як силсила ислоҳоти иқтисодиву молиявӣ ба роҳ андохта шуд, ки он ба болоравии нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар тамоми соҳаҳои иқтисодиёти мамлакат ва раҳоии кишвар аз буҳрони иқтисодӣ, инчунин, беҳдошти ҳолати молиявӣ, муътадил гардидани буҷети давлатӣ ва вазъи иқтисодиву иҷтимоии кишвар мусоидат намуд. Ҷумҳурии Тоҷикистон  имрўз дар  роҳи  иҷрои 4 ҳадафи стратегӣ –  раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, ба даст овардани истиқлолияти энергетикӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръати кишвар қарор дорад.

       Тоҷикон дар таърихи гузашта бо доштани ҷавонмардони худ ифтихор дошт ва дорад. Саҳифаҳои таърихии мо то имрӯз дар китобҳо нуҳуфтааст. Ҳанӯз аз қаҳрамонони шуҷои халқи тоҷик  ба мисли Темурмалику Восеъ, Муқаннаву Спитамени  бузург ва садҳо қаҳрамонони шуҷои Ватан сарчашма мегирад. Имрӯз ҷавонони мо низ дар пайравии гузаштагони худ барои ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва таҳқими Истиқлолияти давлатӣ камари ҳиммат бастаанд. Ташаббусҳо ва имкониятҳои фаррохи васеъи имрӯзаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати ҷавонон беандоза аст. Имкониятҳои хуби илмомӯзӣ, касбомӯзӣ ва забономӯзӣ барои ҷавонон фароҳам шудаанд. Барои ҳамаи ин имкониятҳои фароҳамшуда, мутмаин аз онем, ки ҷавонони мо дучанд барои номдории номи кишвар саҳми бориз мегузоранд. Зиҳи Истиқлоли миллат, зиҳи шаҳболи устувори давлат.

 

Дилафруз Достиева

ходими хурди илмии шуъби Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқии

Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ

БОЗГАШТ