Конститутсияи Тоҷикистонисоҳибихтиёрҳамчунсанадиифодагариистиқлолуозодиихалқимодартаъсисидавлатдориинавинитоҷикон ва пойдориву бардавомии он нақшиҳалкунандадорад.
Воќеан ҳам Конститутсия санади меъёрии ҳуќуќиест, ки қувваи олии ҳуќуќӣ дошта, шоҳроҳи муайянкунандаи самтҳои асосии фаъолияти ҳар давлат ва ҷомеаи пешрафта мебошад. Тамоми санадҳои дигари ҳуќуќӣ бевосита аз Конститутсия сарчашма гирифта, бояд ба он мутобиқат намоянд.
Ҳамин тариқ, Конститутсия дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодиву фарҳангии ҳар як кишвар аҳамияти муҳим дорад. Ҳар як шахс дар Ҷумҳурии Тоҷикистон новобаста аз миллат, ҷинс, эътиқод дар асоси Конститутсия ҳимоя мегардад ва ҳаёти босаодати вай таъмин мегардад. Эҳтиром нисбат ба Конститутсия ва қонунҳои амалкунандаи кишвар вазифаи ҳар як шахс мебошад. Аз ин рў шаҳрвандонро зарур аст, ки ҳуќуқ ва озодиҳои ҳамдигарро эътироф намоянд, барои пойдорӣ ва таҳкими давлатдории миллӣ ва бунёди ҷомеаи адолатпарвар саҳмгузор бошанд.
Қодирова З.Б.
ходими хурди илмии Шуъбаи Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқии
Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ