Машваратҳо оид ба коррупсия ва роҳҳои пешгирии он дар Афғонистон

Муаллиф: Қурбонов Ҳоким

Расм

Дар ҳошияи татбиқи “Стратегияи давлатии муқовимат

 ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030”

Коррупсия дар ҷаҳони муосир яке аз масъалаҳои доғи  ҷомеаҳо боқӣ мемонад. Кишварҳо барои рушди устувор бо ин зуҳуроти номатлуб мубориза мебаранд. Дар миёни онҳо  Афғонистони ҳамсоя кишварест,  ки коррупсия яке аз мушкилоти асосии ин кишвар ба ҳисоб меравад ва дар давраҳои мухталифи ҳокимияти гуногун нишондодҳои мухталиф ба шиддат ҳузур дошта, рушди сиёсӣ, иқтисодӣ ва амниятии кишварро сахт зери таъсири манфӣ қарор додааст.

Бояд қайд намуд, ки решаи фасоди молӣ дар сохторҳои давлатӣ, амниятӣ, иқтисодӣ ва ҳатто бахшҳои иҷтимоии ҷомеаи Афғонистон давонда, яке аз монеаҳои ҷиддӣ дар роҳи давлатсозӣ ва рушди устувор маҳсуб мешавад. Вақте, ки кишвари Афғонистон ҳолати оромиро ба сар намебарад, заминаи зуҳуроти фасодро фароҳам оварда ва бинобар сустии низоми қонунгузорӣ ва заъфи иҷрои он омили асосии паҳншавии коррупсия дар Афғонистон мегардад.

Инчунин вуҷуди ҳизбҳои сиёсӣ, гуруҳҳои мусаллаҳ ва чеҳраҳои қудратманди мусаллаҳ ба кору фаъолияти мақомоти давлатӣ дахолат ва таъсири манфӣ расонида, заминаи дигари густариши фасод мегарданд. Ин ҳолат ба шаффофияти хароҷоти давлатӣ, тарҳи бунёдҳои ҳукуматӣ ва ҷалби сармояи хориҷӣ  заминаи  дигари шаффафиятро коста мегардонад. Зеро мардуми ин кишвари ҳамсоя дар чунин як фазои ноором аксаран аз кадом ҳуқуқҳои худ ҳимоя намуда ва ба назди кадом қудрат шикоят баранд. Чунин ҳолат нобовари мардумро ба давлат афзуда, боиси нобоварӣ ба идораҳо гардида, коҳиши ҷалби сармоягузорӣ низ мегардад. Ҳамзамон кишварҳо ва созмонҳои байналхалқӣ дар чунин шароит кӯмакҳояшонро кам карда, шояд маблағҳои ками онҳо
низ танҳо  тавассути созмонҳои  ғайриҳукуматӣ   тақсим  мешаванд, ки ин мардум имкониятҳои зиёди рушдро аз даст медиҳанд, зеро сармояҳо ва кумакҳо ба ҷайби шахсони манфиатдор хоҳад рафт.

 

Ҳокимони нави Афғонистон баъд аз ба қудрат расидан (15 августи соли 2021) эълон карданд, ки онҳо ба фасод муборизаи беамон мебаранд ва ҳукумати шафоф ташкил мекунанд. Аммо дар амал ин шаффофият дида намешавад. Аз таҳлилҳо ва гузоришҳои муҳаққиқони байналмилалӣ бармеояд, ки фасоди молӣ ба таври густурда дар ин кишвар боқӣ мондааст. Вале акнун назоратшуда, махфитар ва мутамарказ гардидааст. Хусусиятҳои фасоди молӣ дар зери султаи ҳаракати толибон чунинанд:

- Фасод бештар ба гуруҳи наздик ба раҳбарияти ҳаракат маҳдуд аст. Тасарруф ва тақсими  захираҳо (молиёт, боҷи гумрукӣ, металҳои қиматбаҳо аз қабили  тилло, литий ва ғайра) таввасути шабакаҳои маҳдуди дохилӣ анҷом мешавад. Махфияти молӣ ҳар гуна ҳисобдиҳӣ ба мардум ва созмонҳои байналмилалӣ мавҷуд нест. Маблағҳои ҷамъоваришуда ва хароҷотҳо бо шафофият нашр намешаванд. Маълумоте вуҷуд дорад, ки онҳо аз ҳисоби содироти ғайриқонунӣ металҳои қимматбаҳо маблағҳои ҳангуфт ба даст меорад. Фасод дар идораҳои гумрук ва молиёт низ авҷ гирифтааст. Мисол дар гузаргоҳҳои сарҳадӣ ба мисли Турхам, Исломқалъа ва ғайра ришва ва ситодани маблағи ғайриқонунӣ идома дорад. Аксари тоҷирон мегӯянд, ки “бе пардохти ҳаққи ғайрирасмӣ”  воридоту содироти мол дучори мушкилот мешаванд. Бозори сиёҳ ва ғайриқонунӣ. Ин пеш аз ҳама фурӯши маводи мухаддир, сангҳои гаронбаҳо ва захираҳои маъданӣ зери назорати гуруҳҳои махсус қарор доранд. Баъзе маълумотҳо баёнгари он ҳастанд, ки нақлиёт, барқ, бозор ва иҷораҳо низ бо пардохти ришва идора мешаванд. Фасоди молӣ дар дохили худи ҳукумати нави ҳамсоякишвар бархе аз ҷанҷолҳои дохилӣ ва ихтилофотҳо байни фармондеҳон далели “бе мақсад” набудани фасод дар байни худи онҳо мебошанд. Аз гузоришҳо маълум мегардад, ки аз тақсими ноодилонаи даромад байни вилоятҳо ва марказ мавҷуд аст. Хулоса, шакли коррупсия дар ин кишвар тағйир меёбад, вале фасоди системавӣ боқӣ мемонад.

Қурбонов Ҳокимҷон – ходими хурди илмии шуъбаи

 Шарқи Миёна ва Наздики Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ

БОЗГАШТ