МАСУНИЯТИ ЮРИСДИКСИОНИИ ДАВЛАТҲОИ ХОРИҶӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муаллиф: Сангинзода Дониёр

Расм

Ба истиқболи  35 -солагии Истиқлоли давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

         Дар шароити муосир, ки муносибатҳои байналмилалӣ ва иқтисодӣ байни давлатҳо торафт амиқтар мешавад, масъалаи масунияти юрисдиксионии давлатҳои хориҷӣ ва моликияти онҳо дар ҳудуди давлатҳои дигар яке аз масъалаҳои муҳимтарини ҳуқуқи байналмилалӣ ва ҳуқуқи дохилӣ ба ҳисоб меравад. Аз як тараф, ҳифзи соҳибихтиёрӣ ва баробарии давлатҳо (принсипи par in parem non habet imperium) талаб мекунад, ки давлатҳо нисбат ба ҳамдигар масунияти судӣ дошта бошанд. Аз тарафи дигар, рушди фаъолияти тиҷоратӣ, сармоягузорӣ ва муносибатҳои иқтисодии давлатҳо бо субъектҳои хусусӣ зарурати маҳдуд кардани ин масуниятро (назарияи restrictive immunity) ба миён овардааст.

        Дар ҳуқуқи байналмилалӣ ин гузариш аз масунияти мутлақ ба масунияти маҳдуд дар Конвенсияи Созмони Миллалҳо оид ба масунияти юрисдиксионии давлатҳо ва моликияти онҳо аз 2 декабри соли 2004 инъикос ёфтааст, ки ҳанӯз ба қувваи қонунӣ надаромадааст, аммо ба ҳайси манбаи муҳими ҳуқуқи одатӣ эътироф мешавад. Дар ҳуқуқи дохилии бисёр давлатҳо, аз ҷумла давлатҳои ИДМ, қонунҳои махсус қабул шудаанд, ки ин принсипҳоро танзим менамоянд.

        Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масунияти юрисдиксионии давлати хориҷӣ ва моликияти он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 15 марти соли 2023, №1949 қадами ҷиддӣ ва саривақтии қонунгузории Тоҷикистон мебошад. То қабули ин қонун масъалаҳои марбут ба масунияти давлатҳои хориҷӣ дар ҳуқуқи Тоҷикистон танҳо дар меъёрҳои умумии Кодекси мадании ҶТ ва қонунҳои мурофиавӣ инъикос мешуданд, ки меъёрҳои умумӣ буданд. Қонуни мазкур асосҳои ташкилӣ, ҳуқуқӣ, тартиб ва ҳолатҳои татбиқи масунияти юрисдиксиониро муқаррар намуда, ҳам ҳифзи соҳибихтиёрӣ и давлатҳои хориҷӣ ва ҳам ҳифзи ҳуқуқҳои субъектҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъмин менамояд.

        Дар ҳуқуқи байналмилалӣ масунияти юрисдиксионии давлатҳо (state immunity) яке аз принсипҳои қадимтарин ва муҳимтарин ба ҳисоб меравад, ки ҳифзи соҳибихтиёрӣ и давлатҳоро дар муносибатҳои байнидавлатӣ таъмин менамояд. Аз замони мутлақ будани давлатҳо дар асрҳои XVII–XIX назарияи масунияти мутлақ (absolute immunity) ҳукмфармо буд. Мувофиқи ин назария, давлати хориҷӣ дар ҳудуди давлати дигар ҳеҷ гуна юрисдиксияи судӣ надошт ва ҳатто дар баҳсҳои тиҷоратӣ низ аз даъвоҳо эмин буд. Ин принсип аз идеяи баробарии давлатҳо (par in parem non habet imperium) ва эҳтироми ҳокимияти мустақил бармеомад.

        Бо вуҷуди ин, дар асри XX, хусусан пас аз Ҷанги Дуюми Ҷаҳон бо рушди муносибатҳои иқтисодӣ, тиҷорати байналмилалӣ ва афзоиши фаъолияти соҳибкории давлатҳо (давлатҳои иҷтимоӣ, ширкатҳои давлатӣ ва ғайра) назарияи масунияти маҳдуд (restrictive/limited immunity) пайдо шуд ва паҳн гардид. Мувофиқи ин назария, масунияти давлатҳо танҳо нисбат ба амалҳои ҳокимиятӣ (acta jure imperii – амалҳои давлатӣ, соҳибиҳтиёрӣ) ҳифз мешавад, аммо нисбат ба амалҳои тиҷоратӣ ва ғайриҳокимиятӣ (acta jure gestionis – амалҳои хусусӣ, соҳибкорӣ) масунияти судӣ татбиқ намегардад. Ин гузариш дар амалияи судҳои миллӣ (аз ҷумла дар ИМА, Британияи Кабир, Канада, Австралия ва давлатҳои Аврупо) инъикос ёфт ва дар соли 1976 бо қабули Қонуни масунияти юрисдиксионии давлатҳои хориҷӣ  (Foreign Sovereign Immunities Act) дар ИМА ва соли 1978 бо Қонуни масунияти давлатӣ (State Immunity Act) дар Британияи Кабир расмӣ гардид.

        Дар сатҳи байналмилалӣ кӯшишҳои кодификатсияи ин принсипҳо дар Конвенсияи Созмони Миллалҳо оид ба масунияти юрисдиксионии давлатҳо ва моликияти онҳо аз 2 декабри соли 2004 (UN Convention on Jurisdictional Immunities of States and Their Property 2004) ҷамъбаст шуданд. Конвенсияи мазкур назарияи масунияти маҳдудро қабул карда, ҳолатҳои истисноиро муфассал муайян менамояд (моддаҳои 10–17). То имрӯз конвенсия ҳанӯз ба қувваи қонунӣ надаромадааст (барои эътибор пайдо кардан 30 давлат онро бояд ратификатсия намояд), аммо ба ҳайси манбаи ҳуқуқи одатӣ ва меъёри муосир эътироф мешавад. Тоҷикистон ин конвенсияро ратификатсия накардааст, вале Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масунияти юрисдиксионии давлати хориҷӣ ва моликияти он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба меъёрҳои он хеле наздик аст ва ҳамчун қадами ҷиддӣ ба сӯи ҳамоҳангсозии ҳуқуқи дохилӣ бо стандартҳои байналмилалӣ ба ҳисоб меравад.

        Қонуни мазкур дар таърихи ҳуқуқи Тоҷикистон ҳодисаи муҳим ва зарурӣ мебошад. Чунки то қабули ин қонун масъалаҳои масунияти давлатҳои хориҷӣ дар ҳуқуқи Тоҷикистон танҳо дар моддаҳои умумии Кодекси мадании ҶТ (моддаи 1323), Кодекси мурофиавии мадании ҶТ (боби 43(1)) ва санадҳои байналмилалии эътирофшуда инъикос мешуданд. Ин ҳолат нопурагии ҳуқуқӣ эҷод мекард ва дар амалияи судӣ мушкилоти зиёд ба вуҷуд меовард. Қонуни мазкур ин меъёрро пур карда, асосҳои ташкилӣ, ҳуқуқӣ, тартиб ва ҳолатҳои татбиқи масунияти юрисдиксиониро муқаррар менамояд.

        Қонун ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии дохилӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, асос ёфтааст. Ин муқаррарот ҳамоҳангии ҳуқуқи дохилиро бо ҳуқуқи байналмилалӣ таъмин менамояд ва принсипи бартарии меъёрҳои байналмилалиро амалӣ мегардонад.

        Дар Моддаи 1 мафҳумҳои асосӣ муайян карда шудаанд, ки барои татбиқи якранг ва дурусти қонун аҳамияти калон доранд:

1) давлати хориљї – давлат, маќомоти њокимияти давлатї, воњидњои таркибии давлат ва маќомоти онњо, ташкилотњои дигар ва (ё) намояндањои ваколатдори давлат, ки дар доираи салоњияти худ њуќуќи амалї намудани ваколатњои мустаќили њокимиятро доранд;

2) моликияти давлати хориљї – молу мулки ба давлати хориљї тааллуќдошта, ки дар њудуди Љумњурии Тољикистон ќарор доранд;

3) масунияти юрисдиксионии давлати хориљї ва моликияти он – масунияти судї, масуният нисбат ба чорањои таъмини даъво ва иљрои њалномаи суд;

4) масунияти судї  –  уњдадории  суди  Љумњурии Тољикистон оид ба риоя намудани масунияти давлати хориљї њангоми баррасии парвандањои нисбат ба ин давлат оѓозгардида ва худдорї намудан аз љалби давлати хориљї ба иштирок дар мурофиаи судї;    

5) масуният нисбат ба чорањои таъмини даъво  – уњдадории суди Љумњурии Тољикистон оид ба худдорї намудан аз гузоштани њабс ба  моликияти давлати хориљї ё нисбат ба ин давлат андешидани чорањои дигаре, ки минбаъд метавонанд баррасии бањс ва (ё) иљрои њалномаи судро таъмин кунанд; 

6) масуният нисбат ба иљрои њалномаи суд – уњдадории суд ё маќомоте, ки иљрои маљбурии њуљљати иљроро амалї менамояд, оид ба худдорї намудан аз нигаронидани ситониш ба моликияти давлати хориљї, андешидани чорањои дигар нисбат ба давлати хориљї ва моликияти он бо маќсади иљрои маљбурии њалномаи суд; 

7) суди Љумњурии Тољикистон – судњои низоми њокимияти судии Љумњурии Тољикистон;   

8) юрисдиксияи суди Љумњурии Тољикистон – маљмуи ваколатњои суди Љумњурии Тољикистон оид ба баррасї ва њалли бањсњои њуќуќї дар доираи салоњияти худ;

9) ваколатњои мустаќили њокимият – ваколатњои ба соњибихтиёрї асосёфтаи давлат, ки бо маќсади амалисозии њокимияти давлатї анљом дода мешаванд.  

         Ин таърифҳо ба моддаи 2-и Конвенсияи СММ 2004 мувофиқанд ва имкон медиҳанд, ки судҳо дар амал якрангӣ таъмин намоянд. Масалан, мафҳуми «ваколатњои мустаќили њокимият» (acta jure imperii) калидӣ аст ва дар ҳолатҳои истисно аз масунияти судӣ (Боби 3) аҳамияти калон дорад.

Моддаи 3 масунияти юрисдиксиониро ҳамчун қоидаи умумӣ муқаррар менамояд: давлати хориҷӣ дар ҳудуди Тоҷикистон масунияти юрисдиксиониро бо тартиби пешбинишуда истифода мебарад. Суд уҳдадор аст, ки ҳатто ҳангоми иштирок накардани давлати хориҷӣ масъалаи масуниятро баррасӣ намояд. Ин муқаррарот ҳифзи ҳуқуқҳои давлатҳои хориҷиро таъмин намуда, ҳамзамон аз сӯиистифода пешгирӣ мекунад.

Моддаи 4 имтиёзҳо ва масуниятҳои дигарро, ки қонун маҳдуд намекунад, муайян менамояд: имтиёзҳои дипломатӣ, консулӣ, миссияҳои махсус, намояндагиҳо дар ташкилотҳои байналмилалӣ, инчунин масунияти роҳбарони давлатҳо, ҳукуматҳо ва вазирони корҳои хориҷӣ; масунияти киштиҳои ҳавоӣ ва объектҳои кайҳонӣ барои мақсадҳои ғайритиҷоратӣ. Ин муқаррарот ба Конвенсияҳои Вена оид ба муносибатҳои дипломатӣ (1961) ва консулӣ (1963) мувофиқанд.

Моддаи 5 принсипи мутақобила (reciprocity)-ро муқаррар менамояд, ки ҷанбаи хоси қонунҳои пасошӯравӣ (аз ҷумла Қонуни Федератсияи Русия аз соли 2015 №297-ФЗ) мебошад. Масунияти пешбинишуда метавонад дар асоси мутақобила маҳдуд карда шавад, агар дар давлати хориҷӣ нисбат ба Тоҷикистон ва моликияти он маҳдудиятҳо вуҷуд дошта бошанд. Суд ҳуқуқ дорад бо ташаббуси худ ё дархости тарафҳо принсипи мутақобиларо татбиқ кунад, ва таносуби ҳаҷми масуниятҳо аз ҷониби суд бо назардошти далелҳои тарафҳо ва хулосаи Вазорати корҳои хориҷии ҶТ муайян карда мешавад. Ин механизм ҳифзи манфиатҳои миллии Тоҷикистонро таъмин намуда, ҳамзамон ба давлатҳои хориҷӣ имкон медиҳад, ки масунияти худро ҳифз намоянд.

         Дар маҷмӯъ, қисми умумии Қонун (Боби 1) назарияи муосири ҳуқуқи байналмилалиро дар бораи масунияти маҳдуди давлатҳо инъикос менамояд. Он ҳам ҳифзи соҳибихтиёрӣ и давлатҳои хориҷӣ ва ҳам рушди муносибатҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва сармоягузориро дар ҳудуди Тоҷикистон таъмин менамояд. Қонун бо қонунҳои шабеҳи давлатҳои ИДМ (Русия, Қазоқистон) ва стандартҳои байналмилалӣ ҳамоҳанг аст ва заминаи устувори ҳуқуқӣ барои ҳалли баҳсҳои мураккаб фароҳам меорад.

        Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масунияти юрисдиксионии давлати хориҷӣ ва моликияти он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар бобҳои 2 ва 3 муқаррароти марказии худро оид ба татбиқи масунияти юрисдиксионӣ муайян менамояд. Ин бобҳо ҳамчун механизми асосии ҳалли таносуб байни ҳифзи соҳибихтиёрӣ и давлатҳои хориҷӣ ва ҳифзи ҳуқуқҳои субъектҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон амал мекунанд. Таҳлили муфассали онҳо нишон медиҳад, ки қонунгузор назарияи масунияти маҳдуд (restrictive immunity)-ро қатъӣ қабул кардааст, ки дар Конвенсияи Созмони Миллалҳо оид ба масунияти юрисдиксионии давлатҳо ва моликияти онҳо аз соли 2004 (минбаъд – Конвенсияи СММ 2004) ва қонунҳои шабеҳи давлатҳои ИДМ (аз ҷумла Қонуни Федератсияи Русия №297-ФЗ аз 3 ноябри 2015) инъикос ёфтааст.

        Моддаи 6 розигии давлати хориҷиро барои амалисозии юрисдиксияи судҳои Тоҷикистон ҳамчун истиснои асосӣ муқаррар менамояд. Мувофиқи қисми 1, давлати хориҷӣ наметавонад ба масунияти юрисдиксионӣ ҳавола кунад, агар уҳдадории эътирофи юрисдиксияро дар яке аз се ҳолат ба зимма гирифта бошад: 

1) шартномаи байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон; 

2) созишномаи хаттии тарафҳои баҳс; 

3) ариза ё огоҳномаи хаттӣ ба суд (тавассути роҳҳои дипломатӣ). 

        Ин муқаррарот ба моддаи 7 Конвенсияи СММ 2004 мувофиқ аст ва розигиро ҳамчун амали ихтиёрӣ ва мушаххас (express consent) муайян менамояд. Қисми 2 муҳим аст: розигӣ бозхонднашаванда аст ва тамоми марҳилаҳои мурофиаро фаро мегирад (ба истиснои ҳолатҳои пешбинишуда дар созишнома). Ин қоида устуворӣ ва пешгӯишавандаи муносибатҳои ҳуқуқиро таъмин менамояд ва аз сӯиистифода пешгирӣ мекунад. 

        Қисмҳои 3–6 ҳолатҳои ғайрирозигиро муайян менамоянд: дохил шудан ба мурофиа барои изҳори масуният, пешниҳоди далелҳо оид ба ҳуқуқи моликият, розигӣ ба татбиқи қонунгузорӣ, иштирок накардан ё ҳозир шудан ҳамчун шоҳид/коршинос ҳамчун розигӣ ҳисоб намешаванд. Ин муқарраротҳо ҳифзи ҳуқуқҳои давлати хориҷиро таъмин намуда, ҳамзамон принсипи ҳақиқӣ будани розигиро мустаҳкам месозанд. Қисми 7 боз як ҷанбаи муҳимро таъкид менамояд: розигӣ ба юрисдиксияи судӣ ба масунияти нисбат ба чораҳои таъмини даъво ва иҷрои ҳалнома паҳн намегардад. Ин тафовут байни масунияти судӣ ва масунияти иҷроӣ (executive immunity)-ро равшан нишон медиҳад ва ба стандартҳои байналмилалӣ мувофиқ аст.

        Моддаи 7 механизмҳои даст кашидан аз масунияти судӣ (waiver)-ро муфассал шарҳ медиҳад. Даст кашидан ҳангоми пешниҳоди даъво, дохил шудан ба мурофиа ҳамчун иштирокчӣ ё иҷрои амалҳои дигар оид ба моҳияти баҳс ба амал меояд. Ин муқаррарот ба моддаи 8 Конвенсияи СММ 2004 ва қонунҳои Аврупо мувофиқ аст. Ҳолати махсус дар қисми 1 пешбинӣ шудааст: агар давлати хориҷӣ исбот кунад, ки то анҷом додани амалҳо далелҳои масуният ба ӯ маълум набуданд, ӯ метавонад фавран ба масунияти ҳавола намояд. Ин ҳолат ҳифзи ҳуқуқҳои давлатҳои хориҷиро дар ҳолатҳои ногаҳонӣ таъмин менамояд. 

        Қисмҳои 2–4 дахл доранд ба созишномаҳои арбитражӣ, даъвоҳои муқобил ва даъвоҳои муқобили даъво. Масалан, имзо кардани созишномаи арбитражӣ ҳамчун даст кашидани ихтиёрӣ эътироф мешавад. Ин муқарраротҳо барои рушди ҳалли баҳсҳои тиҷоратӣ тавассути арбитраж заминаи мустаҳкам фароҳам меоравад. Қисми 5 боз ҳамон қоидаи умумиро тасдиқ менамояд: даст кашидан бозхонднашаванда аст ва ба тамоми марҳилаҳо паҳн мешавад, аммо ба масунияти нисбат ба чораҳои таъмин ва иҷро паҳн намегардад. Таҳлил нишон медиҳад, ки моддаҳои 6 ва 7 ҳамоҳангии комил байни розигӣ ва даст кашиданро таъмин намуда, ҳамзамон ҳифзи ҳуқуқҳои давлатҳои хориҷиро дар ҳолатҳои маҳдуд нигоҳ медоранд.

        Боби 3 (моддаҳои 8–13) ҳолатҳои татбиқ нагардидани масунияти судӣ (exceptions to judicial immunity)-ро муайян менамояд. Ин боб ҳамчун ҷанбаи асосии назарияи restrictive immunity амал мекунад ва ба моддаҳои 10–17 Конвенсияи СММ 2004 хеле наздик аст. 

        Моддаи 8 баҳсҳои аз аҳдҳои ҳуқуқии мадании ғайритиҷоратӣ ва фаъолияти соҳибкорӣ бармеояндро аз масунияти судӣ озод менамояд, агар онҳо ба ваколатҳои мустақили ҳокимият алоқаманд набошанд. Суд моҳият ва мақсади аҳдро ба назар мегирад – ин талаботи таҳлилии амиқ аст ва ба таҷрибаи судҳои миллӣ (аз ҷумла практикаи Суди Олии ИМА) мувофиқ аст. Қисмҳои 2 ва 3 ҳолатҳои истисно ва фаъолияти иқтисодиро муайян менамоянд. 

        Моддаи 9 иштироки давлати хориҷӣ дар ширкатҳо, ассотсиатсияҳо ва шахсони ҳуқуқии Тоҷикистонро ҳамчун сабаби татбиқ нагардидани масунияти судӣ муқаррар менамояд (агар шахси ҳуқуқӣ иштирокчиёни дигар дошта бошад). Ин муқаррарот барои ҷалби сармояи давлатҳои хориҷӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон замина фароҳам меорад. 

        Моддаи 10 баҳсҳои марбут ба ҳуқуқи моликият (ғайриманқул дар ҳудуди Тоҷикистон, мерос, идоракунӣ, моликияти зеҳнӣ ва вайронкунии ҳуқуқҳои сеюм)-ро пурра аз масунияти судӣ озод менамояд. Ин ҳолатҳо ба моддаи 13 Конвенсияи СММ 2004 мувофиқанд. 

        Моддаи 11 ба истифодаи воситаҳои нақлиёти обӣ бо мақсади тиҷоратӣ дахл дорад ва масуниятро маҳдуд менамояд (бо назардошти санадҳои байналмилалӣ). 

        Моддаи 12 ҷуброни зарари (tort/delict) дар ҳудуди Тоҷикистон расонидашударо аз масунияти судӣ озод менамояд – ин принсипи умумии ҳуқуқи байналмилалӣ аст. 

        Моддаи 13 баҳсҳои меҳнатӣ байни давлати хориҷӣ ва кормандони дар ҳудуди Тоҷикистон коркунандаро аз масунияти судӣ озод менамояд, аммо бо истисноҳои васеъ (кормандони дипломатӣ, вазифаҳои ҳокимиятӣ, манфиати амниятӣ ва ғайра). Ин муқарраротҳо ҳифзи ҳуқуқҳои кормандони Тоҷикистонро таъмин намуда, ҳамзамон имтиёзҳои дипломатиро нигоҳ медоранд.

        Дар маҷмӯъ, моддаҳои 8–13 ҳолатҳои истисноро ба таври мукаммал ва ҳамоҳанг муайян менамоянд. Онҳо ҳам ҳифзи ҳуқуқҳои субъектҳои хусусӣ ва ҳам риояи принсипи баробарии давлатҳоро таъмин менамоянд. Таҳлили муқоисавӣ нишон медиҳад, ки қонун ба стандартҳои байналмилалӣ ва қонунҳои Русия, Қазоқистон ва Ӯзбекистон хеле наздик аст, аммо принсипи мутақобила (моддаи 5) онро хоси Тоҷикистон мегардонад.

        Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масунияти юрисдиксионии давлати хориҷӣ ва моликияти он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои амалияи судӣ ва муносибатҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти калон дорад. Дар ҳолатҳои амалӣ судҳо ҳангоми баррасии парвандаҳо бо иштироки давлати хориҷӣ уҳдадоранд, ки масъалаи масунияти юрисдиксиониро ҳатто ҳангоми иштирок накардани давлати дахлдор баррасӣ намоянд (моддаи 3). Огоҳномаҳо тавассути роҳҳои дипломатӣ фиристода мешаванд (моддаи 17), ки ин тартибро бо меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ҳамоҳанг месозад. 

        Дар соҳаи иқтисодӣ қонун имкон медиҳад, ки субъектҳои хусусӣ (шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқӣ) дар баҳсҳои тиҷоратӣ, ҳуқуқи моликият, ҷуброни зарар ва баҳсҳои меҳнатӣ нисбат ба давлатҳои хориҷӣ ба суд муроҷиат намоянд, агар фаъолият ғайриҳокимиятӣ (acta jure gestionis) бошад. Ин механизм барои ҷалби сармоягузорӣ, ҳифзи ҳуқуқҳои инвесторҳо ва рушди муносибатҳои тиҷоратӣ заминаи мустаҳкам фароҳам меорад. Масалан, дар ҳолати баҳсҳои марбут ба аҳдҳои мадании ғайритиҷоратӣ ё иштирок дар ширкатҳои Тоҷикистон масунияти судӣ татбиқ намегардад (моддаҳои 8 ва 9). 

        Дар амал ин қонун метавонад ба ҳалли баҳсҳои марбут ба молу мулки ғайриманқул дар ҳудуди Тоҷикистон, истифодаи воситаҳои нақлиётӣ бо мақсади тиҷоратӣ ва ҷуброни зарари дар ҳудуди ҷумҳурӣ расонидашуда мусоидат намояд. Ҳамчунин, ҳалномаҳои ғоибона пас аз риояи муҳлати думоҳа қабул мешаванд (моддаи 18), ки ин устуворӣ ва пешгӯишавандаи мурофиаро таъмин менамояд.

Бо вуҷуди пешрафта будани қонун, чанд мушкилоти амалӣ вуҷуд дорад: 

1. Муайян кардани табиати фаъолият — судҳо бояд моҳият ва мақсади аҳдро барои фарқ кардани фаъолияти соҳибкорӣ аз ваколатҳои мустақили ҳокимият (acta jure imperii) таҳлил намоянд (моддаи 8). Ин метавонад ба тафсирҳои гуногун ва таъхирҳои судӣ оварда расонад. 

2. Татбиқи принсипи мутақобила — ниёз ба хулосаҳои саривақтии Вазорати корҳои хориҷӣ (моддаи 5) метавонад раванди мурофиаро мураккаб гардонад, хусусан дар ҳолатҳои фаврӣ. 

3. Омӯзиши кадрҳо — судяҳо, адвокатҳо ва кормандони мақомоти иҷроия бояд қонунро амиқ омӯзанд, зеро то соли 2023 масъалаҳо танҳо дар меъёрҳои умумӣ танзим мешуданд. 

4. Ҳамоҳангсозии қонунҳои мурофиавӣ — зарурати ворид кардани тағйирот ба Кодекси мурофиавии граждании ҶТ ва дигар санадҳо барои татбиқи пурраи моддаҳои 16–18. 

5. Масъалаҳои дипломатӣ — супоридани ҳуҷҷатҳо тавассути роҳҳои дипломатӣ метавонад вақтбаракшавӣ ба вуҷуд орад, хусусан ҳангоми иштирок накардани давлати хориҷӣ. 

        Ин мушкилотҳо метавонанд дар марҳилаи аввали татбиқ (солҳои 2023–2026) зиёдтар эҳсос шаванд.

        Қонуни Тоҷикистон ба стандартҳои муосири байналмилалӣ, хусусан Конвенсияи Созмони Миллалҳо оид ба масунияти юрисдиксионии давлатҳо ва моликияти онҳо аз соли 2004 (ки ҳанӯз ба қувваи қонунӣ надаромадааст ва Тоҷикистон онро ратификация накардааст) хеле наздик аст. 

        Муқоиса бо Федератсияи Русия (Федералӣ қонуни №297-ФЗ аз 3 ноябри 2015 «Дар бораи юрисдиксионӣ иммунитетҳои давлати хориҷӣ ва моликияти он дар Федератсияи Русия»): 

- Ҳарду қонун назарияи restrictive immunity-ро қабул кардаанд. 

- Принсипи мутақобила дар ҳарду ҳолат пешбинӣ шудааст (дар Русия низ суд метавонад иммунитетро маҳдуд кунад). 

- Истисноҳо аз масунияти судӣ (тиҷорат, ҳуқуқи моликият, ҷуброни зарар) шабеҳанд. 

- Қонуни Русия муфассалтар аст ва тағйирот ба кодексҳои мурофиавӣ ҳамзамон ворид шудаанд. 

        Дар Қазоқистон қонунҳои марбут ба иммунитети юрисдиксионӣ дар қонунҳои мурофиавӣ ва ҳуқуқи байналмилалӣ инъикос ёфтаанд ва ба модели маҳдуд наздиканд. Қонуни Тоҷикистон аз ҷиҳати муфассалӣ ва ҷудо кардани бобҳои алоҳида (розигӣ, истисноҳо, масунияти иҷро) пешрафта аст. 

        Дар Узбекистон қонуни махсуси мустақил дар ин соҳа камтар таҳия шудааст ва масъалаҳо бештар тавассути меъёрҳои умумӣ ва санадҳои байналмилалӣ ҳал мешаванд. Қонуни Тоҷикистон дар ин замина қадами ҷиддӣ ба ҳисоб меравад. 

        Дар маҷмӯъ, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масунияти юрисдиксионии давлати хориҷӣ ва моликияти он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо қонунҳои ИДМ ҳамоҳанг аст ва ба Конвенсияи СММ 2004 мувофиқат мекунад, аммо принсипи мутақобила онро хоси минтақа мегардонад.

Барои татбиқи самараноки қонун тавсияҳои зерин пешниҳод мешаванд: 

1. Таҳия ва қабули дастурамалҳои методӣ барои судҳо оид ба муайян кардани табиати фаъолият ва татбиқи принсипи мутақобила. 

2. Омӯзиши доимӣ барои судяҳо, кормандони Вазорати корҳои хориҷӣ ва мақомоти иҷроия тавассути семинарҳо ва курсҳои такмили ихтисос. 

3. Баррасии ратификатсияи Конвенсияи СММ 2004 барои ҳамоҳангсозии пурра бо стандартҳои байналмилалӣ. 

4. Ворид кардани тағйирот ба кодексҳои мурофиавӣ барои содда кардани тартиби супоридани ҳуҷҷатҳо ва ҳалномаҳои ғоибона. 

5. Гузаронидани тадқиқотҳои илмӣ ва мониторинги амалияи судӣ пас аз 2–3 соли татбиқ барои ислоҳи камбудиҳо. 

6. Таҳкими ҳамкории байни Вазорати корҳои хориҷӣ ва судҳо барои додани хулосаҳои саривақтӣ оид ба мутақобила. 

        Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масунияти юрисдиксионии давлати хориҷӣ ва моликияти он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» қадами муҳим дар рушди ҳуқуқи байналмилалӣ дар дохили ҷумҳурӣ мебошад. Он назарияи масунияти маҳдуди давлатҳои хориҷиро қабул намуда, механизмҳои равшани розигӣ, даст кашидан ва истисноҳо аз масунияти судӣ, инчунин қоидаҳои қатъии масунияти нисбат ба чораҳои таъмин ва иҷрои ҳалномаҳоро муқаррар менамояд. 

        Қонун ҳам ҳифзи соҳибихтиёрии давлатҳои хориҷӣ ва ҳам ҳифзи ҳуқуқҳои субъектҳои дохилиро таъмин намуда, барои ҷалби сармоягузорӣ ва рушди муносибатҳои иқтисодӣ заминаи ҳуқуқии устувор фароҳам меорад. Муқоиса бо қонунҳои Русия, Қазоқистон ва стандартҳои байналмилалӣ нишон медиҳад, ки Тоҷикистон ба сатҳи муосири ҳуқуқӣ наздик шудааст. 

        Бо вуҷуди мушкилотҳои эҳтимолии татбиқ, татбиқи дуруст ва пурраи қонун имкон медиҳад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари боэътимод ва ҷолиби сармоя дар арсаи байналмилалӣ эътироф шавад. Қонун на танҳо меъёрҳои ҳуқуқиро пур кард, балки заминаи нав барои ҳамкориҳои ҳуқуқӣ ва иқтисодии байналмилалӣ муҳайё намуд.

 

САНГИНЗОДА Дониёр

муовини директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои

Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон оид ба илм ва таълим,

доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор.

БОЗГАШТ