МАВҚЕИ ТОҶИКИСТОН ДАР ФОРУМИ МУКОЛАМАВИИ "ОСИЁИ МАРКАЗӢ ВА ҶОПОН "

Муаллиф: Соҳиби Баҳруло

Расм

        Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати "дарҳои боз"-ро барои рушди механизмҳои ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба бо кишварҳои шарик ва дӯст эълон намуда, ҷонибдори муколама мебошад. Вақтҳои охир, аз ҷониби кишварҳои абарқудрати ҷаҳонӣ ва минтақавӣ "дипломатияи муколамавӣ"-ро дар сиёсати хориҷии худ ҷой дода, дарк намуданд, ки дар муносибатҳои байналмилалӣ бемуколима ҳадафҳои гузоштаи худро амалӣ кардан ғайриимкон аст. Ҷопон яке аз давлатҳои Осиё мебошад, ки "дипломатияи муколама"-ро дар сиёсати хориҷии худ афзалият дониста, аввалин бор ба минтақаи Осиёи Ҷанубу Шарқӣ ва пас аз он Формати муколамаи "Осиёи Марказӣ ва Ҷопон" бо Осиёи Марказӣ ба роҳ монд. Давлати Ҷопон бо панҷ кишвари Осиёи Марказӣ пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шуравӣ муносибатҳои дипломатиро барқарор намуда, байни кишварҳо муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаро марҳила ба марҳила рушд додааст. Ҷопон аввалин шуда, соли 2004 дар сатҳи вазирони корҳои хориҷӣ ва дигар ниҳодҳои давлатӣ Форуми "Ҷопон ва Осиёи Марказӣ" ба роҳ монд. Кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷопон дар ин самт муносибатҳои устувор ва бисёрҷамбаро барои ҳамкории бисёрҷониба эҷод кардаанд.

        Санаи 18-20 декабри соли 2025 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷопон сафари давлатӣ ва кори анҷом доданд. Ҷопон пас аз 20 сол Форуми муколимавии худро дар сатҳи олӣ баргузор намуд. Роҳбарони панҷ давлатҳои Осиёи Марказиро дар Форум ширкат намуданд. Дар сафар мулоқотҳои мутақобилаи дуҷониба байни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, сарварии Ҷопон ва ҳайати баланпоя ҷопонӣ анҷом дода шуд. Дар ин сафар 20 декабр нишасти шаш давлат баргузор гардид, ки Пешвои миллат дар он суханронӣ намуда, механизмҳои дарозмуддати ҳамкориҳоро пешниҳод намуданд.

         Бояд қайд кард, ки Нишасти "Осиёи Марказӣ ва Ҷопон" дар шаҳри Токио намунаи нодири дипломатия муколамавӣ буд, ки дар он масъалаҳои хеле мушаххасу саривақтӣ манзур гардид, аз ҷумла оид ба масъалаҳои об, иқлим, энергетика, технология ва ояндаи инсонии минтақаро дар бар мегирифт. Яке аз суханрониҳои консептуалӣ ва пурмазмун дар ин нишаст суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки мавқеи кишвар ва тамоми минтақаро ба рӯзномаи рушди устувори ҷаҳонӣ муттаҳид кард. Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст ба Ҳукумати Ҷопон барои дастгирӣ аз татбиқи лоиҳаҳо дар соҳаҳои иқтисод, нақлиёт, энергетика, кишоварзӣ, экология, тандурустӣ, маориф ва беҳдошт миннатдории самимӣ изҳор намуданд. Ҷопон на донор ё бозигари беруна барои Осиёи Марказӣ мебошад, балки ҳамчун шарики рушд ҷойгоҳи хоса дорад. Дар шароити воқеиятҳои нави иқтисодӣ, Президенти Тоҷикистон таъкид кард, ки ҳамкории саноатӣ ва тиҷоратӣ бояд на ба лоиҳаҳои якдафъаина, балки ба суботи дарозмуддати иқтисодии давлатҳои минтақа нигаронида шавад. Таҷрибаи Ҷопонро дар татбиқи ташаббусҳои хурду миёна ва лоиҳаҳои бузурги инфрасохторӣ дар сатҳи миллӣ ва минтақавӣ аҳамияти хоса дод. 

         Дар суханронии худ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сиёсати "сабз"-и пешгирифтаи Тоҷикистонро ҳамчун интихоби стратегӣ пешниҳод карданд. Қайд карда шуд, ки Тоҷикистон бо иқтидори бузурги гидроэнергетикии худ гузариш ба саноати "сабз" ва ҷорӣ намудани технологияҳои экологии тозаро ҳамчун асоси рушди иқтисодии оянда мешуморад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷалби сармоягузориҳо ва технологияҳои Ҷопон ба энергияи барқароршаванда, бахусус гидроэнергетика, инчунин ба бахши иқтисодиёт даъват намуда, ба ҳозирин бахшҳои афзалиятнокро дар соҳаҳои гидроэнергетика, истихроҷи маъдан, металлургия, истеҳсоли автомобилҳо, саноати сабук ва коркарди хӯрокворӣ пешниҳод намуданд. Дар идомаи суханонӣ  иброз доштанд, ки Тоҷикистон барои ҳамкории васеъ бо шарикони ҷопонӣ на танҳо дар истихроҷи захираҳои табиӣ, балки дар коркарди пешрафтаи онҳо низ омода аст.

         Дар суханронии Эмомалӣ Раҳмон мавзӯи об ва иқлимро муҳим арзёбӣ намуда, қайд карданд, ки обхезӣ, хушксолӣ, тӯфонҳои хокӣ, харобшавии экосистема ва боришоти шадид дигар фарзияҳо нестанд, балки воқеияти минтақа мебошанд. Президенти кишвар таъкид намуданд, ки: "Мо аз аҳамияти ҳифзи захираҳои об ҳамчун асоси амнияти озуқаворӣ, энергетика ва рушди устувор хуб огоҳ ҳастем". Таваҷҷуҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дипломатияи обӣ, энергияи сабз ва истифодаи зеҳни сунъӣ ва дигар самтҳо асоси ҳамкориҳои минбаъда мебошанд.

         Аз ин рӯ, дар давраи  буҳронҳои сиёсии ҷаҳон дипломатияи муколимавии "Осиёи Марказӣ ва Ҷопон"  саривақтӣ буда, маҳз ҳамгироӣ дар нооромиҳои ҷаҳонӣ, ояндаи воқеии минтақаро низ ташаккул диҳад. Формати "Осиёи Марказӣ ва Ҷопон" метавонад ба як намунаи нодири шарикии устувор дар ҷаҳон табдил ёбад. Дар он ояндаи Осиёи Марказӣ ба вобастагии захираҳо ва бештар ба идоракунии захираҳо, дониш ва идоракунии хатарҳо вобаста аст. Барои Ҷопон ин муколама на танҳо имкони сармоягузорӣ, балки барои якҷоя эҷод кардани модели нави рушд барои Авруосиё мебошад. Дар Саммити мазкур самтҳои ояндаи шаш кишвар муайян ва пешниҳод карда шуд. Умедвори онем, ки ташаббусҳои пешниҳодшуда,  аз раванди оби Душанбе то лоиҳаҳои муштараки экологӣ ва рақамӣ, дар ояндаи наздик амалӣ гардад.

Пешниҳодҳо:

1.  Пешниҳод карда мешавад, ки давлатҳои Осиёи Марказӣ механизми Консепсияи сиёсати хориҷии худро дар доираи Машваратҳои Осиёи Марказӣ дар асоси принсипҳои манфиатҳои тарафайн ташкил диҳанд. Зеро солҳои охир Форуми муколимавӣ бо давлатҳои ҷаҳон, аз ҷумла Ҷопон, Чин, Кореяи Ҷанубӣ, Россия, Ҳиндустон, ИМА, Иттиҳоди Аврупо, Олмон, Италия ба роҳ монда шудааст. Консепсияи сиёсати хориҷии Осиёи Марказӣ+1 саривақтӣ мебошад.

2. Пешниҳод карда мешавад, ки Форумҳои мазкур дар пойтахтҳои кишварҳо баргузор карда шавад. Зеро кишварҳо, халқҳо ва тоҷирон аз пешравии кишварҳо аз наздик шинос шаванд.

 

Соҳиби Баҳруло

ходими илмии шуъбаи Осиёи

Ҷанубӣ ва Шарқии Институти

омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ

БОЗГАШТ