МЕРОСИ ТАЪРИХИВУ ФАРҲАНГӢ - ШИНОСНОМАИ МИЛЛАТИ КУҲАНБУНЁДИ ТОҶИК

Муаллиф: Достиева Дилафруз

Расм

«Мо дар замони соҳибистиқлолӣ ба рушди соҳаи фарҳанг ҳамчун таҷассуми симои маънавии халқ, муттаҳидсозандаи неруҳои зеҳнӣ, баёнгари таърихи гузаштаву муосир, ойину анъана, дигар муқаддасоти миллӣ ва ташаккулдиҳандаи одобу ахлоқи ҳамида эътибори доимӣ медиҳем»

Эмомалӣ  Раҳмон

  (Бардошт аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,  16.12.2025)

       Дар ҳақиқат аз файзу баракати истиқлолият, сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ фарҳанги  миллати тоҷик зина ба зина рушду такомул ёфта,  фазои мусоиду озод дар ҷомеа фароҳам оварда шудааст. Маҳз дар зарфи солҳои соҳибистиқлолӣ робитаҳои фарҳангӣ миёни Тоҷикистон ва дигар давлатҳои ҷаҳон густариш ёфта, мақоми шоиста пайдо намуд. Мисоли равшани он баргузории барномаҳои муштараки фарҳангӣ дар дигар давлатҳо мебошад, ки расму оинҳоро бо якдигар шинос месозанд. Албатта, имрӯз бо шарофати сиёсати дарҳои кушоди Пешвои миллат, инчунин фаъолияти ҳунармандону санъаткорони тоҷик Тоҷикистонро  ҷаҳониён бештару беҳтар мешиносанду ба фарҳанги пурғановати мо баҳои баланд медиҳанд.

       Аҷдодону гузаштагони мо тоҷикон ҳануз аз замонҳои қадим фарҳанги бою ғании худро, ки аз гузаштагонашон ба худ мерос гирифта буданд ва бо он фахр доштанд, ба воситаи иншо намудани асарҳои пурмуҳтавою пурмазмуни худ ифшо менамуданд ва бо ин восита онро муаррифӣ менамуданд.

       Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паёми имсолаи худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ироа намуданд, ки  фарҳанг ҳастии миллат аст ва мусаллам аст, ки дар даҳ соли охир Ҳукумати мамлакат 150 иншооти соҳаи фарҳангро  сохта, 3500 иншооти соҳаро таъмиру азнавсозӣ намуданд.

       Пешвои миллат ишора бар он намуданд, ки муассисаҳои соҳаи фарҳанг бояд дар маркази диққат қарор дошта бошанд, зеро фарҳанги миллӣ,  ки заиф шуд, ҷояшро фарҳанги бегона пур мекунад.

       Пешвои миллат дар ибтидо ишора ба он намуданд, ки бо дастури Роҳбари давлат 3 миллиону 200 ҳазор нусха китоби “Тоҷикон”-и аллома Б. Ғафуров ва “Шоҳнома”-и безаволи Абдулқосим Фирдавсӣ  ба таври ройгон ба мардуми сарбаланди тоҷик туҳфа гардид.

       Сарвари давлат зикр намуданд, ки мероси таърихию фарҳангӣ шиносномаи миллати куҳанбунёди тоҷик мебошад, вале бо вуҷуди он ки ёдгориҳои бостонӣ зиёда аз 70 %-и ин меросро ташкил мекунанд, дар кишвар қонуни соҳаи бостоншиносӣ мавҷуд нест. Дар партави ин гуфтаҳо роҳбари давлат ба масъулини соҳа супориш доданд, ки лоиҳаи қонуни мазкурро таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд.

       Зимнан дар идома қайд намуданд, ки бо саъйу талошҳои  кишвари мо 11 ёдгории мероси фарҳангии Хуттали Қадим дар н. Ҷ.Балхӣ, Данғара, Восеъ, Фархор ва Ховалинги вилояти Хатлон ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардиданд. Дар ин равиш аз ҷониби ЮНЕСКО қабул шудани қатъномаҳо дар мавриди эътирофи шаҳри Панҷакент  ҳамчун шаҳри ҷаҳонии ҳунарҳои дастӣ барои сӯзандӯзӣ ва ҳузурдошти  як ҳазору панҷоҳ солагии Робияи Балхӣ дар солҳои 2026 - 2027 далели ҷойгоҳи хосаи фарҳангиву маънавии тоҷикон дар тамаддуни умумибашарӣ  мебошад.

       Пешвои миллат ба роҳбарони шаҳру ноҳияҳо дастур доданд, ки то ҷашни 35- солагии истиқлоли давлатӣ камбудиву мушкилоти ҷойдоштаи соҳаро пурра бартараф намоянд. Инчунин вазорати корҳои хориҷӣ ва вазорати фарҳанг вазифадор карда шуданд, ки бо дарназардошти саҳми таърихии Борбади Марвазӣ дар рушди фарҳанги ҷаҳонӣ, ҷиҳати ба Феҳристи шахсиятҳои барҷастаи фарҳангии ЮНЕСКО ворид намудани номи ӯ тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо камоли хушнудӣ  иброз доштанд, ки хушбахтона мо дар соҳаи фарҳанг истеъдодҳои зиёде дорем, ки гулчин ва тарбия кардани онҳо вазифаи мову шумост.

        Ҳамчунин, Президенти кишвар атрофи масъалаи дигари нигаронкунанда ва баҳсталаб пушидани сару либосҳои миллӣ  ибрози ақида намуда, чунин қайд намуданд, ки миллати тоҷик аз қадим дорои фарҳанги бойи худ буда, дар арсаи ҷаҳон бо фарҳанги худ шинохта шудааст ва либоси миллии худро дорост, ки ҳатто дар созмонҳои бонуфӯзи дунё пазируфта шуда, лоиқу шинаму муаррифкунандаи зани тоҷик аст. Дар ин масир худи Сарвари давлат, Пешвои миллати тоҷикони дунё чунин мегӯяд:

Мувофиқи сарчашмаҳои илмии этнографӣ халқи мо аз қадим либосҳои зебои занона дошт ва ҳеҷ гоҳ сиёҳпуш набуд. Дар суннати анъанавӣ низ сиёҳпушӣ раво нест, шумо худатон хуб медонед, ки ҳатто либоси мотамии мардуми мо сиёҳ нест.

       Мақсад аз гуфтаҳои боло чунин аст, ки Ҳукумат бояд ба бегонапарастиву хурофотпарастии баъзе занону бонувон хотима бахшида, онҳоро аз фарҳангу оини куҳани хеш бохабар намоянд, то ки мардум аз фарҳангу маданияти гузаштагони худ огоҳ бошанд ва аз бегонапарастӣ даст кашанд.

       Хулосаи сухан ва бардошт аз Паёми ироашуда ин аст, ки гиромидошти фарҳанг омили пойдории миллати тоҷик мебошад. Ва ҳар як сокини кишвари маҳбубамонро зарур аст, ки барои баланд бардоштани фарҳанги шаҳрвандӣ, донишу малакаи касбӣ, ҳуввияти миллӣ, ифтихори давлатдорӣ ва пос доштани муқаддасоти миллӣ пайваста саъю кӯшиш намоянд.

 

Достиева Дилафрӯз

лаборанти калони шуъбаи Шарқи Миёна ва Наздики

Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ

БОЗГАШТ