НАҚШИ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМ ВА РУШДИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ

Муаллиф: Ҳайдарзода Рустам

Расм

       Пас аз ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ санаи 9 сентябри соли 1991, Тоҷикистон роҳи бунёди давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёдро интихоб кард, ки гуногунандешии сиёсӣ яке аз принсипҳои меҳварии он аст. Дар ҷомеаи демократӣ, ташкилотҳои сиёсӣ одамони ҳамфикрро муттаҳид намуда, дар доираи қонунгузорӣ ҳизбҳои сиёсӣ таъсис медиҳанд, то дар ташаккули сиёсати давлатӣ саҳм гузоранд. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон(ҲХДТ) , ки 10 декабри 1994  таъсис ёфт, зуд ҳамчун ҳизби пешбар шинохта шуд ва ҳадафҳояш ба сохтмони давлати мустақил, демократӣ ва иҷтимоӣ равона гардид. Роҳбарии ҳизбро аз 18 апрели 1998 муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ҳамзамон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, ба уҳда дорад. Ин ҳамҷоягӣ ба ҳизб имкон дод, ки сиёсатҳои давлатиро муассир амалӣ кунад.

       Таъсиси ҲХДТ дар шароити бӯҳрони ҷанги шаҳрвандӣ (1992-1997) сурат гирифт, вақте ки кишвар ба неруи муттаҳидкунанда ниёз дошт. Ҳизб маҳсули андешаҳои фалсафӣ-сиёсии Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки дар ибтидои соли 1993 идеяи таъсиси ҳизби навро пешниҳод кард, то манфиатҳои давлат ва миллатро фарогир созад. 12 июни 1993 Кумитаи тадорукотӣ таъсис дода шуд, ки ҳуҷҷатҳои ҳизбҳои демократии Русия, Ҳизби сотсиал-демократи Олмон, Ҳизби демократии ШМА ва дигар ҳизбҳои ҷаҳониро омӯхт. Кумита ба хулоса омад, ки ҳизби нав бояд моҳияти халқӣ ва демократӣ дошта бошад. Пешвои миллат таъкид мекунанд, ки ҳадафҳои ҳизб аз моҳияти иҷтимоии давлат сарчашма гиранд ва ниёзҳои саросарии аҳолиро  дар назар дошта бошанд. Сарвари давлат шахсан ҳар як санади ҳизбро мутолиа ва таҳрир намуда, барои такмили он супоришҳо медод, то ҳизб ба манфиатҳои ҳамаи қишрҳои ҷомеа ҷавобгӯ бошад. Қарор дода шуд, ки дар Оиннома ва Барномаи ҳизб меъёрҳои демократӣ асос қабул карда шаванд. Кумитаи тадорукотӣ ин ҳадафҳоро дар минтақаҳо тарғиб карда, паҳлуҳои муҳими онро ба мардум мефаҳмонд. 10 декабри 1994 Анҷумани муассисон қарор дар бораи таъсиси Ҳизби Халқии Тоҷикистон қабул намуда, Оиннома ва Барномаи онро тасдиқ кард. 15 декабри 1994 Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳизбро таҳти №199 ба қайд гирифт. 30 марти 1996 Анҷумани дуюми ҳизб доир шуд. 25 июни 1997 Анҷумани сеюм баргузор гардида, ибораи "Демократӣ" ба номи ҳизб илова шуд ва аз он пас Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон номида мешавад.

       18 апрели 1998 Анҷумани чорум Эмомалӣ Раҳмонро расман раиси ҳизб интихоб кард, ва  23 сентябри 1999 Анҷумани панҷум ӯро номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ намуд. Оинномаи ҳизб ба арзишҳои миллӣ, дунявият ва рушди иҷтимоӣ такя мекунад, ки мустақиман ба таҳкими истиқлолият мусоидат карда, дар соли 1997 ба имзои Созишномаи сулҳ кӯмак расонд ва  нуқтаи гардиш дар таърихи кишвар буд. ҲХДТ на танҳо ҳамчун ҳизби сиёсӣ, балки ҳамчун абзори барқарорсозии ҷомеа амал карда, ба рушди устувори давлатӣ мусоидат намуд.

       ҲХДТ дар барқарорсозии суботи сиёсӣ пас аз ҷанги шаҳрвандӣ саҳми бузург гузошт ва аз соли 2000 аксарияти парлумонро назорат мекунад. Дар маъракаҳои интихоботӣ, ҳизб бартарияти назаррас нишон додааст, ки ҳукмронии устувори онро тасдиқ мекунад. Баъд аз таъсис, дар кишвар ҳафт интихоботи парлумонӣ (1995, 2000, 2005, 2010, 2015, 2020, 2025) ва чор интихоботи президентӣ (1999, 2006, 2013, 2020) баргузор шуд. Дар интихоботҳои парлумонӣ, ҲХДТ 5 курсӣ дар соли 1995    , 36 курсӣ дар соли 2000  , 49 курсӣ дар соли 2005,  55 курсӣ дар соли 2010,  51 курсӣ дар соли 2015,   47 курсӣ дар соли 2020 ва 49 курсӣ аз 63 курсӣ дар соли 2025 ба даст овард. Дар интихоботҳои президентӣ, Эмомалӣ Раҳмон, номзади ҳизб, дар соли 1999   97.6%, дар соли 2006  79.3%, дар соли 2013       83.9% ва дар соли 2020     90.9% овозҳоро соҳиб шуд. Ин натиҷаҳо қудрати сиёсии ҳизбро нишон медиҳанд ва ба идомаи сиёсатҳои давлатӣ, аз ҷумла қабули Конститутсияи соли 1994, ки Тоҷикистонро ҳамчун давлати ҳуқуқбунёд, демократӣ ва дунявӣ муайян кард, мусоидат карданд. Ғояҳои сиёсӣ ва иҷтимоии ҲХДТ аз ҷониби аксарияти мардум дастгирӣ ёфта, дар бартараф кардани мухолифатҳои дохилӣ, барқарории сулҳ, таҳкими ваҳдати миллӣ ва ислоҳотҳои сиёсию иқтисодӣ нақши муҳим бозид. Ҳизб ҳамчун қисми таркибии низоми сиёсӣ, аз рӯзи аввал тавассути сиёсати бунёдкорона ва татбиқи ҳадафҳои барномавӣ, бо такя ба масъулиятшиносии аъзоён, омили таҳкимбахши созандагӣ дар Тоҷикистони соҳибистиқлол гардидааст. ҲХДТ инчунин дар ҳамкориҳои байналмилалӣ фаъол аст ва бо ҳизбҳои сиёсии “Русияи Воҳид”, “Нур Отан” (Қазоқистон), “Озарбойҷони Нав”, Ҳизби коммунистии Хитой, Ҳизби минтақа ва Ҳизби ҷумҳуриявии Арманистон робитаҳои дӯстона барқарор кардааст, ки ба болоравии нуфузи Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ кӯмак расондааст.

       ҲХДТ дар амалисозии барномаҳои миллӣ, аз қабили “Стратегияи рушди миллӣ”, саҳми назаррас дошта, ба таъмини ҳуқуқҳои инсон, баробарӣ ва рушди ҷавонон диққат медиҳад. Ҳизб дар бартараф кардани оқибатҳои ҷанг ва бунёди ҷомеаи ҳуқуқбунёд нақши калидӣ бозида, ба пешрафти иқтисодӣ ва иҷтимоӣ мусоидат кардааст.ҲХДТ сохтори комил ва шеваи фаъолияти хос дошта, барнома ва стратегияи давлатро меҳвари фаъолияташ қарор медиҳад. Ҳамчун ҳизби масъулияти таърихӣ дошта, он барои баланд бардоштани ифтихори ватандорӣ, асолати миллӣ ва ризоияти ҷомеа тавассути ҷалби шаҳрвандон ба ҳалли масъалаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ кӯшиш мекунад. Ҳизб дастовардҳои пешқадами афкори ҷомеаро эҷодкорона татбиқ намуда, манфиатҳои мардумро новобаста аз мавқеи иҷтимоӣ, мансубияти миллӣ ва муносибат бо дин дастгирӣ менамояд ва анъанаҳои миллӣ, таърихӣ ва фарҳангиро эҳё месозад. Ҳизб ҳама гуна таассуби динӣ, экстремизм, терроризм ва ифротгароиро маҳкум карда, ба муқобили ин зуҳурот мубориза мебарад. Он бо мақсади баланд бардоштани некӯаҳволии халқ, рушди иқтисод дар заминаи ҳама гуна шакли моликият, таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва муттаҳидии қувваҳои солими ҷомеа кӯшиш мекунад. ҲХДТ бо ҳамаи ҳизбҳои сиёсӣ, ки дар асоси Конститутсия фаъолият мекунанд, ҳамкорӣ дорад. Ин ҳизби Ватан дар таъмини субот ва ҳамкориҳои байналмилалӣ саҳми мусбат гузошта, ба рушди устувори кишвар мусоидат кардааст. Дар солҳои охир, ҳизб ба масъалаҳои камолоти ҷавонон ва рушди маънавӣ диққати хос зоҳир карда, ба таҳкими арзишҳои миллӣ ва истиқлолият кӯмак расондааст.

       ҲХДТ ҳамчун зодаи даврони Истиқлол, дар таҳкими давлатдорӣ ва рушди Тоҷикистон саҳми арзишманд гузоштааст. Аз ҳалли ҷанги шаҳрвандӣ то пешбурди ислоҳотҳои иқтисодӣ-иҷтимоӣ ва ҳамкориҳои байналмилалӣ, ҳизб неруи калидӣ будааст. Ояндаи он ба идомаи ҳамкориҳо, ислоҳотҳо ва мубориза бо мушкилоти муосир вобаста аст.

 

ҲАЙДАРЗОДА Рустам Ҷӯра

директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои

Осиё ва Аврупои АМИТ

доктори илмҳои фалсафа, профессор.

 

САНГИНЗОДА Дониёр Шомаҳмад

муовини директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои

Осиё ва Аврупои АМИТ оид ба илм ва таълим

доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор 

БОЗГАШТ