НАҚШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР РУШДИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ

Муаллиф: Маҳмадбекзода М.Ш.

Расм

        Таърихнигорон ва ҷомеашиносон собит сохтаанд, ки миллати тоҷик дорои таъриху фарҳанги ниҳоят куҳани давлатдории миллӣ мебошад. Мутаассифона, баъди таназзули давлати Сомониён  то аз байнравии Иттиҳоди Ҷамоҳири Сотсиалистии Шӯравӣ ин миллати куҳанбунёд ва соҳибтамаддун давлати мустақили миллии худро надошт.

        Сароғози Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, ки ба 9-уми сентябри соли 1991 рост меояд, барои миллати тоҷик ибтидои поягузории давлатдории миллӣ маҳсуб меёбад.

        Маҳз бо ҷидду ҷаҳди собитқадамона ва иқдоми бунёдгароёнаи фарзанди дурандеши миллати тоҷик, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давлати тоҷикон аз вартаи нобудшавӣ наҷот ёфта, ба шоҳроҳи  рушди давлатдории миллӣ қадам ниҳод ва дар як муддати кӯтоҳи таърихӣ ба дастовардҳои беназир мушарраф гардид.

         Тавассути баргузории Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қасри Арбоби Хуҷанд ва ба ҳайси Раиси Шӯрои Олӣ сарвари давлати тоҷикон интихоб гардидани Эмомалӣ Раҳмон қадамҳои устувор дар роҳи истиқлолияти комили миллӣ ва таҳкими пояҳои давлатдорӣ гузошта шуданд.

         Ҳукумати навтаъсиси мамлакат бо сарварии Эмомалӣ Раҳмон пас аз баргузории Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ пайваста тадбирҳои муассирро дар роҳи таъмини сулҳу субот амалӣ менамуд.

        Таъсиси ҳокимияти давлатӣ, шохаҳои асосии ҳокимияти сиёсӣ ва рукнҳои идоракунии давлат дар роҳи таҳкими истиқлолият ва бунёди давлати муосири тоҷикон яке аз роҳу василаи муҳим ва калидӣ ба ҳисоб мерафт. Муҳимтарин вазифа дар ин роҳ тарҳрезии низоми идораи давлат ва бунёди механизми идоракунии мамлакат маҳсуб ёфт. Баъд аз барқарор шудани Ҳукумати конститутсионӣ Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чанд санадҳои муҳими меъёрии ҳуқуқиро қабул намуд, ки ба барқарорсозии фаъолияти фалаҷгаштаи мақомоти давлатӣ хотима бахшида, ба таҳкими истиқлолияти давлатӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва ба роҳ мондани муносибатҳои байналхалқии Тоҷикистон замина гузошт.

        Бояд зикр кард, ки яке аз масъалаҳои муҳим ва асосие, ки дар оғози истиқлолият ба миён омад, ин интихоби роҳи дурусти давлатдорӣ, тарҳрезии шакли идоракунӣ, низоми сиёсӣ ва сохтори давлат буд. Маҳз сиёсати дурбинона ва оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Эмомалӣ Раҳмон имкон фароҳам овард, ки вазъи бӯҳронии кишвар бо роҳи музокира ва мусолиҳа бартараф гардад. Аз моҳи апрели соли 1994 то июни соли 1997 дар кишварҳои хориҷӣ музокироти байни тоҷикон баргузор гардиданд ва билохира Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон 27-уми июни соли 1997 дар шаҳри Маскав ба имзо расид.

       Созишномаи истиқрори сулҳ ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ хотима гузошт. Таҷрибаи нодири сулҳи тоҷикон аз ҷониби Дабири Кулли Созмони Миллали Муттаҳид Кофи Аннан ҳамчун амсилаи муассири ҳалли низоъҳои дохилидавлатӣ ба давлатҳое, ки ба бӯҳрони сиёсӣ, ҷангҳои байниҳамдигарӣ дучор гардидаанд, тавсия карда шуд.

        Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Сарвари давлат аз қадамҳои нахустинашон роҳ ба сӯи бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоиро интихоб намуда, дар қатори вазифаҳои аввалиндараҷа ҳаллу фасли масъалаҳои зеринро ба миён гузоштанд: 

       “Асосиқонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро нав карда, онро бо дарназардошти меъёрҳои ҳуқуқи байналхалқӣ такмил дода, барои бунёди давлати нав – давлати демократии ҳуқуқбунёд замина гузоштан зарур аст”.

        Яке аз рӯйдодҳои муҳим барои давлатдории миллии мо тариқи райъпурсии умумихалқӣ қабул гардидани Конситутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад, ки он роҳи ояндаи давлати моро ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона муайян намуд.

        Қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (6-уми ноябри соли 1994) барои таҳия ва тасдиқи силсилаи қонунҳои конститутсионӣ, қонунҳо, кодексҳо ва санадҳои зерқонунӣ замина гардид ва ин иқдоми ниҳоят муҳим пояҳои ҳуқуқии давлати миллиро боз ҳам мустаҳкамтар намуд.

        Қадами дигари ниҳоят муҳим ин тавассути райпурсии умумихалқӣ ворид намудани тайғиру иловаҳо ба Конститутсия аз 26-уми сентябри соли 1999, 22-уми июни соли 2003 ва 22-уми майи соли 2016 маҳсуб меёбад, ки барои амалӣ гардонидани бандҳои алоҳидаи Созишномаи истиқрори сулҳ, таҳкими пояҳои ваҳдати миллӣ, таъмини амният ва суботи ҷомеа, мутобиқнамудани санадҳои меъёрии ҳуқуқии миллӣ ба санадҳои байналмиллалие, ки Тоҷикистон эътироф намудааст, мушаххас намудани салоҳият ва самтҳои фаъолияти мақомоти давлатӣ такони ҷиддӣ бахшид.

        Бо ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низоми  нави ҳуқуқи миллӣ ҳамчун таҳкурсии бинои давлати нав, роҳандозӣ гардид. Низоми мазкур бо назардошти меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ, ислоҳоти ҳуқуқӣ аз ҷониби тамоми мардуми давлатҳои мухталиф пазируфта шуд. Аз ин пас Тоҷикистон дар арсаи байналхалқӣ ҳамчун давлати воқеан демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ шинохта шуд.

        Дар оғози қарни нав ироаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, он ҳамчун дастур, ҳидоят, барнома, тарҳу нақшаи фаъолият барои оянда, раҳнамо, қутбнамо, дурнамо ва санади сарнавиштсози рисолати созанда ва бунёдкорона дошта, дар рушди минбаъдаи кишвар саҳми сазовор гузошт.

       Дар раванди рушди давлатдории миллӣ Пешвои миллат ба масъалаи  тақвиятбахшии андешаи миллӣ ва тафаккури миллии аҳли ҷомеаи Тоҷикистони навин, махсусан ҷавонон таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд.

        Яке аз омилҳои ваҳдатгустари тафаккури миллӣ расму русум, ойину анъанаҳо мебошад, ки дар давоми асрҳои зиёд пайдо ва густариш ёфтааст. Бо иқдоми бевоситаи Сарвари давлат ҷашни Наврӯз ҷашни умумимиллӣ эълон гардид ва Созмони Милали Муттаҳид онро ба ҳайси  ҷашни умумибашарӣ эътироф намуд. Инчунин, таҷлил ва ёдбуди шахсиятҳои фарҳангию маънавӣ ва асарҳои оламшумули гузаштагон, аз қабили анҷуманҳои байналмилалии ҳазораи “Шоҳнома”и Фирдавсӣ (1994), 680 ва 700 - солагии Мир Саййид Алии Ҳамадонӣ (1995, 2015), 675-солагӣ ва 700 - солагии Хоҷа Камол (1996, 2020), 1000 - солагии Носири Хусрав (2003), 1025 - солагии Абуалӣ ибни Сино (2005), 800-солагии Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ (2007), 1150-солагии Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ (2008), 600-солагии Абдураҳмони Ҷомӣ (2014), 150 - солагии Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ (2015), 90-солагии академик Бобоҷон Ғафуров (1998), 100-солагии Мирзо Турсунзода (2011) ва амсоли инҳо барои тақвиятбахшии раванди худшиносии миллӣ, ҳамчунин шинохти ҷаҳониён бо шахсиятҳои варзида ва таърихи тоҷикон аҳамияти хоса дорад.

        Қадршиносии Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода, Нусратулло Махсум ва Шириншо Шотемур бо унвони олии Қаҳрамони Тоҷикистон арҷгузории Сарвари давлатро ба хизматҳои беназири фарзандони фарзонаи миллати тоҷик инъикос мекунад.

        Бо ташаббуси Роҳбари дурандеши давлат ҷашн гирифтани санаҳои бузурги таъриху тамаддуни халқу миллат, аз қабили 1100-солагии давлатдории Сомониён (1999), 2500-солагии шаҳри бостонии Истаравшан (2002), Соли бузургдошти тамаддуни Ориёӣ (2006), 2700- солагии шаҳри Кӯлоб (2006), Соли бузургдошти Имоми Аъзам (2009), 3000-солагии Ҳисори Шодмон (2015)  аз он дарак медиҳад, ки насли наврасм ва ҷавон аз таъриху фарҳанги худ огоҳ бошанд.

        Пешвои миллат дар суханрониҳои худ ҳамеша таъкид менамоянд: «Ба даст овардани истиќлолият кори бисёр душвору зањматталаб мебошад, вале њимояи пирўзї ва дастовардњои истиќлолият кори аз он њам душвортару пурмасъулият аст».

        Вазифаи муҳимтарин ва асосии ҳар давлат дар шароити кунунии ҷаҳони имрӯза ҳифзи истиқлолияти давлатӣ мебошад. Ҳифзи истиқлолияти давлатӣ дар меҳвари асосии фаъолияти сиёсӣ ва ҳуқуқии Пешвои миллат дар тамоми ҷараёни давлатсозӣ, давлатдории навини тоҷикон қарор дорад. Ҳифзи истиқлолият дар масири таърих гуногун аст. Маъмулан дар байни сиёсатшиносон, ҷомеашиносон ду роҳи эътирофшудаи он – яке маънавӣ ва дигар низомӣ машҳур аст. Сарвари давлати тоҷикон дар ҳар ду самт иқдомҳои муҳим ва тақдирсозро роҳандозӣ намуда, дар таҳкими истиқлолияти ғоявӣ, маънавӣ, иқтидори мудофиавии кишвар, таъмини якпорчагӣ, дахлнопазирии сарҳад, хизматҳои шоиста намуданд.

       Лозим ба ёдоварист, ки бо саъю эҳтимоми пайвастаи Пешвои миллат Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун иштирокчии фаъоли созмонҳои ҳамгироии минтақавиву байналхалқӣ чун ИДМ, СҲШ, ЕврАзЭС, Созмони ҳамкории иқтисодӣ, Созмони Ҳамкориҳои Исломӣ пайваста барои ҳалли масъалаҳои мубрами иқтисодаву сиёсӣ, аз қабили хатарҳои фаромиллии ҷаҳони имрӯза саҳмгузорӣ менамояд. Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба ҳалли қазияи Афғонистон, пешгирии терроризм ва экстремизм, ҳалли муаммоҳои норасоии обу экология, тағйирёбии иқлим дар сайёра ташаббусҳои нав ба навро пешниҳод менамоянд, ки он аз ҷониби СММ пазируфта шудааст.

        Аз ин рӯ, ба қадри истиқлолияти давлатӣ расидан, хизматҳои шоистаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро гиромӣ доштан, роҳи интихобкардаи халқи тоҷикро ҳифз кардан, сиёсати оқилона, хирадмандона ва дурандешонаи Президенти кишварро ҷонибдорӣ намудан ва саҳм гузоштан дар ҷодаи бунёди давлати миллӣ, ҳуқуқбунёд ва демократии тоҷикон қарзи инсонӣ, виҷдонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мо маҳсуб меёбад.

 

Маҳмадбекзода М.

сарходими илмии Шуъбаи Шарқи Миёна ва Наздики

Инстиути омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ

БОЗГАШТ