НАХУСТНОМАИ ҲУҚУҚИ БАШАР

Муаллиф: Ширин Қурбонова

Расм

Ё худ дар маънии ин ки Куруши Кабир нахустномаи ҳуқуқиро барои башар тақдим сохту гузашта аз он, бобати чудо намудани ҳокимияти сиёсӣ ба се шохаи аслӣ мубтакир гардид, аммо авомили дар Тавроту Қуръон пайдо шудани насаби ӯ ҳамоно вижагиҳое дар қудратдорӣ ҳастанд, ки дар таърихи башар адли сиёсиро падид овардаанд.

 

       Куруши Кабирро дар асри ҳозир ҷаҳониён медонанд ва ҳеҷ эҳтиёҷе бобати муаррифии ӯ намебинем, аммо вижагиҳои хосси ҳаёт, ҷаҳонкушоӣ ва пайвандҳои ногусастании ин шахсияти таърихӣ бо фарҳангу тамаддуни ориёӣ ва соири миллатҳои мавҷудбуда дар замони зиндагиаш моро водор хоҳад кард, ки онҳоро таҳқиқ намуда, ба бархе аз таърихсозиҳои муосиру гузашта бобати гузаштанависии аҳли қалам посухҳои ҳақиқӣ иншо кунем. Номбурда дар маохизи гуногуне чун манобеи юнонӣ, ибрию арабӣ ва тоҷикӣ- форсӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтааст, ки аз корномаҳои таърихии ӯ ба тарзи мухолифи якдигар ёдоварӣ мекунанд. Баъзан чунин ба назар мерасад, ки ривоятҳои падидомада бобати айёми туфулият, камолёбӣ ва ахди қудратдории Куруши Кабир ҳам дар матнҳои юнонию румӣ ва ҳам дар навиштаҳои ибрию арабӣ муболиға шудаанд, чунки ҳикоятҳои ба корномаи Куруш бахшидашуда ҳадалимкон тобишҳои ривоятиро касб карда, аз доираи ҳақиқати таърихӣ хориҷ мегарданд. Масалан, манобеъ аввалан, ҷиҳати ному насаби Куруш фарзияҳои мухталифро таъкид месозанд, ки таҳқиқи онҳо дар роҳи шинохти ин шахсияти ҷаҳонӣ муфид мебошад. Сониян, бобати айёми кӯдакӣ, ба дунё омадану аз дунё рафтани Куруши Кабир аксари манобеъ аз қабили ривоятҳои ибрию юнонӣ ва форсӣ самти ҳақиқати таърихиро гузашта, беш аз пеш ба қиссапардозӣ иктифо намудаанд. Солисан, сарчашмаҳо дақиқ накардаанд, ки чаро Куруши Кабир пас аз футуҳоти азим ба ақвом иҷозат дод то дини хешро парастиш кунанд.

       Яке аз таҳқиқоти ҷадид бобати пажуҳиши корномаву зиндагиномаи Куруши Кабир асари Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки дар санаи 2016 таҳти унвони таърихнависон Баҳманро аз Кайруш ҷудо намуда, равиши кишваркушоии дувумиро тибқи дастурҳои аввалӣ матраҳ сохтаанд. Аксари муаррихон муътақиданд, ки падари Куруш Аҳушвераш буд ва ин ном ба форсии нав Хишояршо талаффуз мешавад. Муаррихини исломӣ аз қабили Табарӣ, Масъудӣ, Исфаҳонӣ ва ғайра иттилоъ додаанд, ки маҳз Баҳман Куруши Кабирро дастур додааст, ки Бобилро аз зулми Бухтунаср пок карда, ҷиҳати бозгашти яҳуд ба сарзамини хеш мусоидат кунад, аммо воқеият тақозо дорад, ки Куруши Кабир чун лашкаркаши матин ва соҳибфикр дар татбиқи андешаҳои худ ихтиёр дошта,  бидуни дахолати дигарон Бобилро дар тасарруфи худ овардааст. Фақат Масъудӣ инкор менамояд, ки Куруш тибқи дастурҳои Баҳман ба ғасби Бобил шуруъ кардааст.

       Дар “Таърихи Табарӣ” мусанниф Курушро “Кабриш” хондааст. Тибқи маълумоте, ки ин сарчашма пешниҳод менамояд, Куруши Кабир банӣ Исроилро дастур медиҳад, ки ба сарзамини хеш баргарданд ва шаҳри Байтулмуқаддасро обод кунанд. Тибқи маълумоте, ки бобати ба қудрат омадани Курун дар “Таърихи Табарӣ” омадааст, падари Куруш дар мулки Бобил ҳукумат доштааст ва пас аз реҳлаташ қудрат ба Куруш мегузарад [2,388].

        Муаррихони юнонӣ якдилона ақида доранд, ки номи Курушро ҳангоми таваллудаш ба ӯ нагузоштаанд, балки баъд аз он, ки шоҳаншоҳ аллакай ба тахт нишаста буд, гирифта шудааст. Этимологияи ном маълум нест. Плутарх мегӯяд, ки ӯро ба шарафи Офтоб номгузорӣ кардаанд. Страбон мегӯяд, ки номи Куруш ба шарафи дарён Кур, ки дар наздикии Пасаргод ҷорӣ мешавад, гузошта шудааст. Гуфта мешавад, ки шоҳи Эрон номи ин дарёро гирифта, худро аз Аградат ба Куруш иваз кардааст. Ҷустин шояд маънои ин номро ба вожаи “чупон” нисбат диҳад, зеро тибқи пажуҳиши номбурда “Писарбача, ки дар бай ни шӯбонон зиндагӣ мекард, номи Курушро гирифтааст”.

       Ҳеродот нақл менамояд, ки Куруш ҳамаи қабоилу ақвоми эрониро муттаҳид сохта, ба онҳо гуфтааст, ки агар хоҳед то зиндагиатонро тагйир “Чеҳраҳои мондагор” ба табъ расидааст. Муаллиф Куруши Кабирро чун такмилдиҳандаи низоми сиёсӣ ва поягузори навъи ҷадиди давлатдорӣ донистаанд: “Куруш дар таърихи тамаддуни башарӣ бо сиёсати оқилонаи кишваркушоӣ, таъсиси империяи тавоною мутамаркази ориёӣ, усули нави идоракунӣ ва шакли мукаммали давлатдорӣ, ислоҳоти умури сипоҳу низоми лашкар, густариши тиҷорату тадбирҳои роҳсозӣ, алалхусус, пойдории адолату пуштибонии ҳуқуқи манзалати ҷумлаи халқиятҳои сокини қаламраваш шуҳрати ҷаҳонӣ пай до кардааст. Эъломияи таърихии Куруш бошад, аз чониби олимону муаррихон ҳамчун нахустин эъломияи ҳуқуқи башар эътироф шудааст, ки низоми одилона, инсонпарварона ва дунявии давлатдориро пуштибонӣ мекард” [7,7].

       Ба қавли Ибни Халдун, ки ӯро аксари муҳаққиқин асосгузори илми ҷомеашиносӣ ном бурдаанд, шоҳони Ҳахоманиш ва ба вижа, бо ибтикори Баҳман ном шаҳаншоҳи Эрон бобати бозгашт намудани яҳудиён ба сарзамини хеш мусоидат намуданд. Аммо Баҳмане, ки Ибни Халдун дар “Муқаддима” мутазаккир шудааст, аввал чунин ба назар мерасад, ки гӯё ҳамин Баҳман дар асл ҳамон Куруши Кабир аст. Пасон, бо дарназардоштг таҳқиқ ва вижагиҳои пажуҳиши густурда маълум мекунем, ки Куруш  бидуни дастури касе ба тасарруфи кишварҳо машғул гардидааст: “Ҳангоме ки подшоҳони Эрон банӣ Исроилро ба сарзамини муқаддасашон авд карданд, Узайр яке аз паёмбарони банӣ Исроил ба кумаки Баҳман - подшоҳи Эрон масҷидро бори дигар бино кард. Ва ин подшоҳ касест, ки банӣ Исроилро аз асорати Бухтунассар наҷот дод ё  эшонро фармонравоӣ бахшид ва подшоҳи мазбур дар бунёд ниҳодани масҷид ҳудуде барои онон таъин кард, ки поини ҳудуди Сулаймон ибни Довуд буд ва онҳо аз ҳудуди мазбур таҷовуз накарданд” [1,725].

       Муаррихини исломӣ истилоҳи “Кайруш”-ро беш аз пеш истифода бинмудаанд, ки тибқи иттилооти ба таърих ҳамоҳангдошта ҳамон Куруши Кабир маҳсуб мешавад. Ба қавли Ҳеродот, Куруш тамоми форсизабононро гирд оварда гуфт: “Форсҳо! Тамоми умр шумо ба Астиагҳои Мидия тобеъ будед. Аз шумо хоҳиш мекунам, ки ду рӯз тоъати ман кунед”. Форсҳо розӣ шуданд. Дар рӯзи аввал Куруш фармуд, ки бо досу табар биёянд ва онҳоро маҷбур кард, ки бехи онро решакан кунанд. То охири кор онҳо аз хастагӣ базур ба по хестанд. Дар рӯзи дуюм Куруш ҳамаро сари дастархон шинонд ва зиёфат то шом давом кард. Дар охир Куруш гуфт: “Форсҳо! Ҳар кӣ бихоҳад мисли дирӯз зиндагӣ кунад, бигзор ба модияҳо итоат кунад. Ва ҳар кӣ қарор дод, ки мисли имрӯз зиндагӣ кунад, бигзор ба ҷанг омода шавад. Охир, мо аз мидиён бадтар нестем ва чун ҷанговар боз далертару тавонотарем. Биёед озодии худро ба даст орем! Ҳамин тавр, форсҳо пешвое ёфтанд ва шод буданд, ки аз юғи Мидия озод шудаанд” [5,173].

       Ин ҳикояҳои ҷавонии Куруш ва равобити ӯ бо Астиогро метавон ҳамчун афсонаи ошиқона арзёбӣ кард, ки қисман ба далели теъдоди зиёди унсурҳо дар ҳисоб, ки намунаҳои маъруфи жанри биографияи шоҳона ва шеваҳои юнонии навиштани достонҳо ва ҳикояҳои фароғатӣ доранд. Бо вуҷуди ин, достоне, ки чӣ тавр Куруш замони худро пеш аз ҳамла ба Мидия дар Форс дастгирӣ мекард, метавонад як гӯшаи ҳақиқати таърихиро дар бар гирад.

       Дигар мушкилӣ зимни баррасии масоили марбут ба зиндагинома ва корномаҳои Куруши Кабир ривояти тавлиди ин шахсият аст, ки дар маохизи гуногуне аз қабили мутуни юнонӣ, ибрӣ, арабӣ ва форсӣ ба тарзи номуайян ба қалам омадааст. Бавижа, муаррихини юнонӣ ба мисли Ксенафонт, Ҳеродот ва Страбон ҳаводиси ба дунё омади подшоҳи Эронро матраҳ намуда, яке а авомили рад кардани тифли бадунёомадаро дар хоббинии шоҳи Мод Астио дидаанд. Номбурда тибқи ривоят хоб мебинад, ки аз шиками духтараш Мондоно дарахти токе баромад ва Осиёро фаро гирифт. Чун афрод: таъбиркунандаро назди худ хонда, вазъи хобро барояшон матраҳ кард, онҳо дар посух гуфтанд, ки духтарат фарзандеро ба дунё меорад, ки оқибат салтанатро аз дастат бозмегирад. Астиог, ки ба таъбири хоб мутмаин гашт, дастур дод то кӯдаки навзодро қатл кунанд. Вазири Астиог тифлро ба дасти шубоне бо исми Меҳрдод дода, ӯро дастур медиҳад, ки кӯдакро қатл намояд, аммо шубон, ки фарзандаш аз модар мурда мутаваллид ёфт, тасмим гирифт кӯдакро ҳифз карда, ба тарбияи ӯ пардозад. Ҳамин гуна ривоят дар байни эрониҳо мустамал мебошад. Дар иртибот бо Бадман ва духтараш Ҳумой, ки пас аз марги падар тифл ба дунё оварда, дар ҳоли маҳзунӣ андеша мекунад, ки ин тифл чун бузург гардад, тахти шоҳаншоҳиро аз дастам мерабояд. Бинобар ин, Ҳумой кӯдакро дар тобут баста, онро дар рӯди Кур мепартояд. Страбон ҳам иқрор мекунад, ки асли пайдоиши номи Куруш аз номи дамин рӯд аст.

       Мусаннифи “Таърихи Табарӣ”, ки қаблан Курушро Кабриш номидааст, зимни баррасии ҳикояти Ҳумой ва радо кардани тифл, номбурдаро “Дороб” номида, иловатан мегӯяд, ки ӯро бинобар дар об ёфтан Дороб номидаанд: “Пас Ҳумой бизод писаре ва пиндон дошт аз бими он ки мулкат аз вай бишавад. Ва он писарро ба тобут андар кард бо ҳазор динор ва руқъате набишту ба тобут андар нидод ва гуфт: “Ҳар кас, ки ин ин писар ёбад, инро бузург кунед”. Пас он тобут ба дасти осиёббоне афтод ва ӯро дамепарварид, то соле чанд баромад. Ҳумой огод шуд, осиёббонро бихонд ва кӯдакро бихост ва осиёббонро ҳадя дод ва ӯро дамедошт, то бистсола шуд. Пас як рӯз мардумонро биёвард ва он писарро ҳозир карду гуфт: “Ин писари ман аст. Ва ман ба ин писар чунину чунон кардам аз бадри мамлакатро. Акнун ба ҷои мамлакат расид ва ман ин подшодӣ бад-ӯ супурдам”. Ва мардумон сухани вай устувор доштанд ва ӯро бинишонданд. Ва номи ӯ Дороб карданд, аз бадри он ки аз об ёфта буд” [2,394].

       Куруш чун бузург мешавад, ба Форс рафта, он ҷо ҳукумат менамояд, вале замони кишваркушоиҳо низ фаро мерасанд ва Куруши Кабир, ки дар таърих бо номи Куруши II машҳур мебошад, яке аз нахустин лашкаркашоне маҳсуб мешавад, ки зимни таҳияи ҷанг ва таъмини ғалаба бар рақибон меъёри адолатро риоя менамудааст. Дар асри VI пеш аз милод дар Шарқи Наздик чаҳор давлати бузург вуҷуд доштанд: Лидия, Мидия, Бобил ва Миер. Куруш солҳои тӯлонӣ ҳанӯз пеш аз ба тахт нишастан маҳорати ҷангӣ ва сиёсии худро такмил дода, нуфузи худро дар байни мардуми Форс вусъат дод. Аз соли 553 то соли 550 аз милод номбурда ба шуриши қабоили эронӣ бар зидди Мидия роҳбарӣ мекард, ки он бо пирӯзӣ бар бобои Куруш, яъне Астиог ва аз тахт даст кашиданаш ба нафъи Куруш анҷом ёфт. Солномаҳои бобулии он вақт гузориш медиҳанд, ки Куруш пойтахти Мидияи шаҳри Экботанро (алҳол Ҳамадон) забт карда, ғорат менамояд.

       Китоби Муқаддаси насоро нобудшавии Бобилро бо майли динӣ тасвир мекунад. Дар он туфта мешавад, ки ҳокими шаҳр Бухтуннаср маъбади Байтулмуқаддасро зиёрат карда, зиёфат дод ва дар он зарфҳои муқаддаси маъбадро барои шароб истифода бурд. Ба гуфтаи Ҳеродот, дар ин вақт Куруш қарор дод, ки оби дарёи Фуротро аз шаҳр ҷунбонад, то ба қасри подшоҳӣ дар қад-қади маҷрои дарёи на он қадар калон бирасад. Форсҳо то зону қаъри об ба Бобил даромаданд ва Бухтуннаср дар рӯзи ид кушта шуд. Тибқи сарчашмаҳои ибрӣ, оммаи васеи мардумон иборат аз ашрофу ҳокиму маҳкум Курушро ҳамчун озодкунандаи сарзамини худ истиқбол гирифтанд. Вай тороҷи маъбадҳоро манъ кард ва фармуд, ки ба шаҳр даст нарасонанд. Сипае, ҳокими Форс ба халқҳое, ки дар асорати Бобил буданд, иҷозат дод, ки ба ватан баргарданд ва аз ҷумла яҳудиҳоро иҷозат дод, ки маъбади харобшудаи Сулаймонро дар Байтулмуқаддас барқарор кунанд.

       Ҳеродот ба низоми тарбия, ки Куруш дар байни форсизабонон таъсис додааст, ба ваҷд меояд, чунки аз дидгоҳи ӯ эрониён ба кӯдакони аз панҷсола то бистсола танҳо се чиз меомӯзонанд: аспсаворӣ, камонварӣ ва ростгӯӣ.

       Дар соли 539 пеш аз милод лашкари Куруши Кабир, аввалин подшоҳи Эрони бостон, шаҳри Бобилро забт кард, аммо амалҳои минбаъдаи ӯ як дастоварди бузург барои инсоният буданд. Ӯ ғуломонро озод кард ва эълон кард, ки ҳама одамон ҳақ доранд дини худро интихоб кунанд ва баробарии нажодро эълон кард. Ин ва дигар фармонҳои ӯ дар силиндраи гили пухта бо хатти мехӣ сабт шуда буданд. Ин санади қадимӣ имрӯз бо номи Cylinder Cyrus маъруф аст, ки аввалин оинномаи ҳуқуқи башар дар ҷаҳон маҳсуб мешавад. Он ба ҳамаи шаш забони расмии Созмони Милали Муттаҳид тарҷума шудааст ва муқаррароти он дар чаҳор моддаи аввали Эъломияи умумии ҳуқуқи башар инъикос ёфтааст. Ҳамин тариқ, Эъломияи Куруши Кабир пайдо гардид, ки онро дар осорхонаи шаҳри Лондон нигахдорӣ мекунанд ва ин бозёфти бостоншиносон алҳол бо номи “Устувонаи Куруши Кабир” машҳур мебошад.

       Осорхонаи Бритониё яке аз ганҷҳои бостонии худ - Устувонаи Курушро ба дамтоёни амрикоии худ қарз медиҳад, то ба ҳамкории фарҳангӣ миёни ШМА ва Эрон мусоидат кунад. Ин устувонаи гилин беш аз ду ҳазору панҷсад сол пеш бо фармони шод Куруши бузург дар Эрони бостон сохта шуда буд ва шоҳаншоҳи Эрон Куруши Кабир дар он дастур додааст, ки феҳристи дастовардҳо ва мероси ӯ ба авлодаш наққошӣ шавад. Устувона соли 1879 аз ҷониби экспедитсияи Ҳурмузд Рассам, шогирди бостоншиноси маъруфи бритониёӣ сэр Остин Ҳенри Лайард ҳангоми ҳафриёт дар Бобил (наздикии Багдод) кашф шудааст. Рассам устувонаро бо ҳамроҳии қисми боқимондаи китобхонаи ба номи шоҳ Ашурбанипал ба Лондон бурд. Дар он ҷо матн аз ҷониби сэр Ҳенри Роулинсон, бузургтарин коршиноси тамаддуни оссурӣ хонда ва нашр шуд. Бисёриҳо онро аввалин эъломияи ҳуқуқи башар дар таърих медонанд: дар онҳо Куруш барои барҳам додани гуломӣ ва озодии дин сухан мегӯяд. Дар матне, ки бо хатти мехӣ навишта шудааст, аз ҷумла гуфта мешавад, ки ба бобулиён, ки онҳоро форсҳо тасарруф карда буданд, иҷоза дода шудааст, ки ҳар худое, ки хоҳанд, парастиш кунанд. Дар ин санад аз номи Куруш забт кардан и Бобул тасвир шудааст. Куруш дар матни мазбур минҷумла мегӯяд: “Ман сулҳро дар Бобил барқарор кардам ... ва юғро барҳам додам”.

       Ин бозёфт, ки ҳақиқати таърихи Бобилро бо дарназардошти тасарруфоту қудратдории Куруши Кабир исбот менамояд, дигарбора матни осори муаррихини ахди қадимро тасдиқ намуда, гувоҳӣ медиҳад, ки дар таърихи башар мисли Куруш лашкаркаше ва қудратманде набудааст. Ҷиҳати ошноӣ бо муҳтавои ин хатти мехӣ тасмим гирифтем, порае аз онро ин ҷо мутазаккир шавем то таваҷҷуҳ ба вижагиҳои қудратдории Куруши Кабир пайдо гардад: “Манам Куруш, шоҳи шоҳон, шоҳи бузург, шоҳи нерӯманд, шоҳи Бобил, шоҳи сарзамини Сумер ва Акад, шоҳи чаҳор гӯшаи ҷаҳон, писари Камбуҷия - шоҳи бузург, шоҳи Аншон, наводаи Куруш, шоҳи бузург, аз тухмаи Чишпиши шоҳи бузург, шоҳи Аншон, аз дудмони салтанатии ҷовидон, ки Баъл ва Набу фармонравоии ононро гиромӣ медоранд ва салтанати ононро ба ҷону дил хосторанд. Ҳангоме ки ман ба оромиш ба Бобил даромадам, бо суруру шодмонӣ кохи шоҳиро ҷойгоҳи фармонравоӣ қарор додам. Мардук - Худой бузург мардуми кушодадили Бобилро бар он дошт, то маро... Ман ҳар рӯз ба ситоиши ӯ ҳиммат гумоштам. Сипоҳи бешумори ман бе музоҳимат дар миёни шаҳри Бобил ҳаракат кард. Ман ба ҳеҷ кас иҷоза надодам, ки сарзамини Сумер ва Акадро дучори ҳарос кунад. Ман ниёзмандиҳои Бобил ва ҳама парастишгоҳҳои онро дар назар гирифтам ва дар беҳбуди вазъашон кӯшидам. Ман юғи нописанди мардуми Бобилро бардоштам, хонаҳои вайрони онҳоро обод кардам. Ман ба бадбахтиҳои онон поён бахшидам. Мардук - Худой бузург аз кардаам хушнуд шуд ва ба ман - Куруши шоҳ, ки ӯро ситоиш кардам ва ба Камбуҷия фарзандам, ки аз тухмаи ман аст ва ба тамоми сипоҳи ман баракат арзонӣ дошт ва аз самими қалб мақоми шомихи ӯро басе сутудам. Тамоми шоҳоне, ки дар боргоҳҳои худ бар тахт нишастанд, дар саросари чаҳор гӯшаи ҷаҳон аз дарёи забарин то дарёи зерин, касоне, ки дар минтақа маскан доштанд, тамоми шоҳони сарзамини Бохтар, ки дар маскан доштанд, маро хироҷе гарон оварданд ва дар Бобил бар поям бӯса заданд. Аз ... то шаҳрҳои Ошур ва Шуш ва Огода ва Ушнуно ва шаҳрҳои Замбон ва Мурну ва Дар то ноҳияи сарзамини Гутиюм шаҳрҳои муқаддаси он сӯйи Даҷларо, ки муддати дарозе парастишгоҳҳояшон дастхуши вайронӣ буд, таъмир намудам ва пайкараи худоёнеро, ки ҷойгоҳи онҳо дар миёни онон буд, ба ҷойи худашон бозгардонидам ва дар манзилгоҳе пойдор ҷой додам, Ман ҳама сокинони онҳоро гирд овардам ва хонаҳояшонро ба онон бозпас додам. Худоёни Сумер ва Акад, ки Набунияд онҳоро ба Бобил оварда ва Худой худоёнро хашмнок сохта буд, май ба хости Мардук - Худой бузург ба сулҳу сафо ба ҷойгоҳи писандидаи худашон бозгардонидам” [6,42-43].

       Солҳои 2010-2011 Устувонаи Куруши Кабир бо қарз дар Осорхонаи миллии Теҳрон ба намоиш гузошта шуд. Бори охир силиндраи Куруш дар давраи ҳукмронии шоҳ дар моҳи октябри соли 1971 дар Эрон ба намоиш гузошта шуда буд, ки ин кишвар 2500-солагии подшоҳии Эронро ҷашн мегирифт. Соли 1970 ЮНЕСКО санадеро қабул кард ва дар он гуфта мешавад, ки арзишҳои таърихиро бидуни иҷозати мақомоти он аз кишвар берун бурдан мумкин нест.

       Ин санадро қадимтарин эъломияи ҳуқуқи башар низ меноманд, зеро дар он шоҳи Форс Куруш озодии динро ба ҳамаи халқҳои сокини қаламравҳои забткардааш кафолат додааст. Эъломияи аслӣ, ки дар асри VI пеш аз милод дар устувонаи гилин бо хатти мехӣ навишта шудааст, дар девори Бобил баста буд. Ин қонунҳоро бисёриҳо аввалин намунаи таҳияи ҳуқуқи башар медонанд ва нусхаи устувонаи Куруши Кабир дар қароргоҳи СММ дар Ню-Йорки ШМА ҳамчун рамзи арзиши асль ва пойдори ҳуқуқи башар маҳфуз аст. Маънои ин устувона дар он аст, ки он аввалин эъломияи ҳуқуқи инсон аст, зеро Куруш амр дод, ки занони бобулиро таҷовуз накунанд, хонаҳоро вайрон накунанд ва хонаҳо ва маъбадҳои онҳоро барқарор кард. Пасон, ӯ яҳудиёнро аз асорати Бобил озод кард ва ба онҳо иҷозат дод, ки маъбадро дар Урушалим барқарор кунанд. Ҳамин тариқ, ин аввалин эъломияест, ки дар он ҳуқуқи инсон баён шудааст. Аммо муаррихон ба идеализатсияи Куруш ва ба унвони як ҳокими поквиҷдону адолатпеша муаррифӣ кардани ӯ шадидан мухолифанд. Онҳо таъкид мекунанд, ки қонунҳое, ки дар силиндраи Куруш навишта шудаанд, як навъ таблиғ буда, сирф хусусияти декларативӣ доранд. Аммо Созмони Милали Муттаҳид шитоб намекунад, ки аз тезис дар бораи он ки матни аввалин эъломияи ҳуқуқи башар дар устувонаи Куруш навишта шудааст, даст кашад. Матни қонунҳои қадимӣ ба тамоми забонҳои СММ тарҷума шудааст ва нусхаи устувона дар саросари ҷаҳон намоиш дода мешавад.

       Аз Бобил идеяи ҳуқуқи инсон зуд ба Ҳиндустон, Юнон ва ниҳоят ба Рум паҳн гардид. Дар он ҷо ғояи “қонуни табиӣ” ба вуҷуд омадааст, зеро мушоҳида мешуд, ки одамон ба баъзе қоидаҳои нонавишта дар зиндагӣ пайравӣ мекунанд ва ҳуқуқи Рум ба андешаҳои оқилонае, ки аз табиати ашё бармеояд, асос ёфтааст. Ҳуҷҷатҳои муқарраркунандаи ҳуқуқҳои инсон, аз қабили Магна Карта (1215), Муроҷиатномаи Хуқуқ (1628), Конститутсияи ШМА (1787), Эъломияи Фаронса дар бораи ҳуқуқи инсон ва шаҳрванд (1789) ва Билл оид ба ҳуқуқҳои Амрико (1791), пешгузаштаи бисёр ҳуҷҷатҳои муосир бобати дифоъ аз ҳуқуқҳои инсон маҳсуб мешаванд, ки заминаи пайдоиши онҳо Эъломияи Куруши Кабир мебошад.

       Куруши Кабир ба ҳайси ғайри мансубаи сомӣ, ки намояндагӣ аз банӣ Исроил надошт, дар Тавроту Қуръон зикр мегардад. Ба ибораи дигар, номбурда нахустин ва танҳотарин фарде мебошад, ки дар кутуби осмонӣ номашро дарҷ кардаанд. Гузашта аз ин, кутуби мазкур ӯро ба сифати раҳнамо ва инсони муваффақ ҷиҳати тасхири қитъаҳо ва шоҳаншоҳи одилу раиятпарвар ба қалам овардаанд. Тибқи маълумоте, ки дар Таврот дарҷ гардидааст, Куруши Кабир муваҳҳид асту ба Худойи воҳид итоат мекунад: “Худованд ба Куруши тадҳиншудаи Худ чунин мегӯяд: Ман аз дасти рости ту хоҳам гирифт, то ки халқҳоро пеши ту мутеъ созам ва камарҳоро аз камари подшоҳон хоҳам дод, то ки дарҳо барои ту кушода шаванд ва дарвозаҳо баста нашаванд”. Таврот 22 маротиб аз Куруш ёдовар мешавад ва номбурдаро ба ҳайси подшоҳи Эрон муаррифӣ мекунад. Бояд мутазаккир шуд, ки Таврот бобати тасарруфи Бобил аз ҷониби Куруши Кабир иктифо намуда, зимни баррасии масоили бозгашти бани Исроил ба Урушалим таъкид менамояд, ки Куруши Кабир ин амалро бо дастури Яздон роҳандозӣ намудааст. Ба ибораи дигар, яҳудиҳо омили хушбахтии худро дар Куруш дида, ӯро болотар аз рисолати паёмбарӣ ҷой додаанд.

       Дар Қуръони маҷид бахше ки мансуб ба ҳикояти Зулқарнайн аст, мутобиқ ба тафсиру шарҳи он пеши назар Куруши Кабир меояд. Албатта, бештари уламо бар ин боваранд, ки мурод аз Зулқарнайн Искандари мақдунӣ мебошад, аммо чӣ дар гузашта ва чӣ дар замони муосир донишварон ин ақидаро рад карда, далел меоранд, ки ҳадаф аз Зулқарнайн фақат Куруши Кабир маҳсуб мешавад.

       Абурайҳони Берунй аз зумраи донишмандоне мебошад, ки ҳаводиси дар таърих рухдодаро тибқи далоили таърихӣ баррасӣ кардааст. Аз зумраи осори пурғановати ӯ яке “Осор-ул-боқия” аст, ки бобати санаҳои таърихии ба Куруши Кабир иртиботдошта таваққуф намудааст. Ба қавли номбурда, маҳз Куруши Кабир сарзамини Шомро дигарбора обод мекунад. Илова бар ин, Берунӣ мутмаин аст, ки мурод аз Зулқарнайни дар Куръон зикргардида подшоҳи Эрон маҳсуб мешавад: “Зулқарнайн марде буд, ки Атракис ном дошт ва бар Сомирус, ки яке аз мулуки Бобил аст, хуруҷ кард ва бо ӯ пайкор кард, то он ки чира шуд ва сари Сомирусро бо муйҳо ва ду гесӯе, ки дошт, аз тан биканд ва дод сарро даббоғӣ карданд ва ӯро тоҷи худ қарор дод ва гуфтанд, ки бад-ин сабаб ӯро Зулқарнайн гуфтанд” [3,61].

       Зимни пажуҳиш мутарҷими рисолаи Мавлоно Абдулкаломи Озод, ки “Куруши Кабир - Зурқарнайн” номгузорӣ шудааст, ин истилоҳро мансуб ба Искандари юнонӣ намепиндорад, чунки бо далелҳои овардааш исбот менамояд, ки Зулқарнайн ба Куруши Кабир бештар мутобиқат дошта, зикри коми Искандар бобати тафсири ин вожа иштибоҳи таърих маҳсуб мешавад: “Бар шахси басир махфӣ нест, ки Зулқарнайни мазкур дар Қуръони маҷид ғайр аз Искандари юнонӣ аст, чун сифоти онҳо комилан нуқтаи муқобили ҳамдигар аст [6,31].

       Мутафаккири камназири Юнони Қадим Арасту низ дар асари хеш таҳти унвони “Сиёсат” бобати баҳогузории шахсияти Куруши Кабир таваққуф намуда, ӯро дар рафъи тавоҷути иҷтимоии ақшор тавсиф менамояд: “Бархе аз подшоҳон монанди Кодрус хатари бандагиро аз сари мардуми худ дур кардаанд. Бархе монанди Куруш кишвари худро аз бардагӣ раҳонидаанд. Ва бархе монанди шоҳони Лосид ва Монӣ ва Мақдунӣ заминҳои тоза барои кишварҳои худ ба даст овардаанд” [4,577].

       Ҳеродот дар асари худ «Таърих» доир ба шахсияти Куруш ва усули давлатдории ӯ чунин нигоштааст: “Куруш подшоҳи фурӯтан, баландҳиммат ва родмарди шуҷоъ буд. Ӯ порсҳоро аз хироҷ додан раҳонид ва соҳиби империяи ҷаҳонӣ ва миллати нерумандтарин гардонид... Куруш ҳангоми сохтани роҳҳо дар фосилаҳои муайяни роҳ аломатҳои шинохти роҳро мегузошт. Баъди ҳар панҷ фарсанг бошишгоҳҳои амонатӣ ва баъди ҳар бист фарсанг дар гузаргоҳҳои чорроҳа корвонсарою шаҳракҳои тиҷоратӣ бунёд менамуданд” [5,178-206].

       Дуктур Бостонии Поризӣ зимни баррасии омилҳо ва сабабҳои ғолибияти Куруши Кабир чунин менависад: “Куруш сармашқи ахлоқ ва намунаи як инсони озод ва намояндаи як ҳақиқати руҳониву худоӣ, яъне василаи наҷоти бандагонаш аз бардагиву асорат буд” [6, 41].

        Пешвои миллат, Президента Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бобати тасвири қаҳрамониҳои ин шахсияти таърихи ҷаҳонӣ таваҷҷуҳ намуда, оқибат ба хулосае меояд, ки номбурда дар аҳди қадим яке аз дурандештарин шоҳаншоҳи мулки Эрон ва соири кишварҳо будааст: “Куруши Кабир дар миёни шоҳаншоҳони аҳди қадим яке аз оқилтарин, боинсофтарин, камозортарин ва дурандештарин шоҳаншоҳ буд, ки бо тамаддунофарию давлатсозӣ, инсонпарварию адолатпешагӣ ва рафтору ахлоқи ҳамидааш нуфузи оламгир ёфтааст. Ниёгони мо дар он давраҳои дур таҳти парчами Куруши Кабир на танҳо як давлати муқтадиру мутамаркази муштарак, балки тақдири муштарак, таъриху фарҳанги муштарак, забону хатти муштарак ва расму ойини муштаракро бунёд гузоштанд, ки аз сарчашмаи тамаддуни ориёӣ об мехӯрд” [7,6].

      Манобеи таърихӣ хислатҳои башардӯстонаи Куруши Кабирро тасдиқ намудаанд. Инсонияти аз тарафи умум эътирофгардидаи ӯ, ки дар заминаи эътиқоди халқҳо падид омадааст, шахсияти Курушро дар пероҳани инсоне фаро гирифтааст, ки ба таърихи Осиёву Африқову Аврупо давраи дурахшонро оварда буд. Ӯ зоҳиран аз ҷониби халқҳо хоста буд ва рафта, Осиёро нав кард ва давраи нави таърихи онро оғоз кард. Дар ёди форсизабонон ӯ ҳамчун “падари мардум” боқӣ мондааст, дар ҳоле ки дар анъанаҳои Юнони қадим ва Китоби Муқаддас ҳамчун симои ҳокими хирадманд ва одил эҳтиром гузошта шудааст.

       Шӯҳрати Куруш дар замонҳои қадим ба дараҷае бузург буд, ки ба ӯ қобилиятҳои аҷиберо нисбат медодаанд. Масалан, ӯ ҷанговарони худро аз рӯи ном медонист ва ба ҳар якеи онҳо эътимод дошт. Рақибони ӯ низ бузургии ӯро эътироф карданд, ки онро анъанаи эллинӣ тасдиқ мекунад. Ҳарчанд давлати тавоное, ки Куруш ба вуҷуд оварда буд, дар тӯли ду асри баъдӣ барои Юнон таҳдид мекард, аммо баъдтар юнониён дар бораи ӯ ҳамчун ҳокими хирадманд ва одил сухан мегуфтанд. Дар “Курушнома”-и Ксенофонт тавсифи асосан сохтаи Куруш ҳамчун подшоҳи идеалӣ оварда шудааст.

       Ҳеродот менависад, ки Куруш бо мақсади таъмини амнияти сарҳадҳои шимолу шарқии империяи худ бар зидди массагетҳо лашкар кашидааст.Сарфи назар аз ғалабаи аввал, амалиёти кишваркушоии Куруш бар зидди массагетҳо барои ӯ ба таври ҳузнангез анҷом мепазирад. Дар набарди шадид қариб тамоми лашкари Эрон мағлуб мегардад ва шоҳ Куруш кушта мешавад. Ба гуфтаи Ҳеродот, Томирис “малика”-и массагетҳо барои марги писараш Спаргапис аз Куруш интиқом гирифта, амр медиҳад, ки ҷасади ӯро пайдо кунанд ва сарашро ба машки шароби пур аз хун тар карда, бо ҳамин ба ӯ имконият медиҳад, ки ташнагии бесериашро ба хун бишканад [5,201].

       Куруш 29 сол ҳукмронӣ кард ва дар Пасаргод ба хок супурда шуд, ки дар он ҷо муҷассамае, ки қабри ӯ маҳсуб мешуд ва ба услуби мақбараҳои Осиёи Хурд шабоҳат дорад, боқӣ мондааст. Дар назди ин қабр матни кутоҳ ва хоксори сунъии форсию бобулӣ - “Ман Куруш, подшоҳ, аз силсилаи Ҳахоманиш” кандакорӣ карда шудааст. Ҳамчунин, ин мақбараро як махлуқи болдоре бо либоси шоҳии эломӣ ва бо сарулибоси худоёни мисрӣ посбонӣ мекунад.

      Дар воқеъ, корномаи Куруши Кабир бинобар бозёфти Устувонаи ӯ дар Бобил имкон фароҳам овард, ки номбурдаро аз дидгоҳи дигар баррасӣ кунанд, чунки Куруши Кабир дар баробари донистани илми ҳарб, боз донишманд низ будааст ва сарчашмаҳо ин ҳақиқатро ошкор сохтаанд. Аммо моро зарур аст, ки бобати омӯзиши хусусияти хосси давлатдории Куруш ба маъхазҳои ҳанӯз дар китобхонаҳои сатҳи ҷаҳонӣ маҳфуз монда муроҷиат кунем ва парда аз он ҳақиқат, ки то кунун зери ниқоби бетаҳқиқӣ афтодааст, бардорем. Ҳамчунин, моро аз лавозим аст, ки зимни таҳқиқи сарчашмаҳо пайгирӣ аз ҳақиқати таърих кунем то иштибоҳоти таърих ошкор гардад.

Ширин ҚУРБОНОВА

сарходими илмии Шуъбаи Осиёи

Ҷанубу Шарқии Институти омӯзиши

масъалаҳои давлатҳои Осиё ва  Аврупои АМИТ

доктори илмҳои таърих

 

Рӯйхати адабиёт:

  1. Абдурраҳмон Ибни Халдун. Муқаддима (иборат аз ду ҷилд). Ҷилди 2. -Душанбе: 2019, - 704 с.

  2. Абуалй Балъамй. Таърихи Табарӣ. Дар ду ҷилд. Ҷилди I. - Теҳрон: 2001,- 824 с.

  3. Абурайҳони Берунӣ. Осор-ул-боқия. - Душанбе: Ирфон, 1990, - 432 с.

  4. Аристотель. Политика // Аристотель. Сочинения: В 4 т. Т. 4. - М.: Мысль, 1983, - С. 374-644.

  5. Геродот. История. Кн.1. -М.: 1972, - С. 177.

  6. Мавлоно Абдулкаломи Озод. Куруши Кабир - Зулқарнайн, - Душанбе: Адиб, 2019,-240 с.

  7. Эмомалй Раҳмон. Чеҳраҳои мондагор. - Душанбе: Эр-граф, 2016, -

364 с.

БОЗГАШТ