Муаллиф: Маҳмадбекзода М.Ш.
Ҷашни Наврӯзи оламафрӯз, ҳамсон бо ҷашнҳои миллии тоҷикон, аз қабили Тиргон, Меҳргон ва Сада, моҳиятан фарогири масъалаҳои муҳимми рӯзгори инсони соҳибмаърифат ва бофарҳанг буда, ба таҳкими ҷомеаи адолатпарвар ва шинохти мақоми волои инсон мусоидат мекунад.
Олимон ва коршиносони ҷомеашинос, бо такя ба анъанаҳои қадим, пайдоиши Наврӯзро ба даврони Ҷамшеди донишманд нисбат медиҳанд. Ба ақидаи онҳо, Ҷамшед шахсияти дорои “фар” будааст. Мафҳуми “фар” рамзи дониш, биниш, рӯшноӣ, шукӯҳ ва қудрат мебошад. Дар “Шоҳнома” он ҳамчун омили ташаккули меъёри ҳаёти инсон ва тақвиятбахшии ҷаҳони зоҳирӣ ва ботинии ӯ маънидод мешавад. Дар замони муосир “фар” бештар ба маънии донишу тафаккури созанда ва ҷаҳонбинии пешрафта фаҳмида мешавад, ки тавассути он зиндагии инсон бонизом ва пурбаракат мегардад.
Аз ин ҷиҳат, метавон гуфт, ки ҳар кишвари дорои хирад ва тафаккури созанда қодир аст барои аҳли ҷомеаи худ корҳои хайр ва бунёдкорӣ анҷом диҳад. Наврӯзи бостонӣ, ки бо хирад ва биниши воқеӣ ташаккул ёфта, то замони мо омада расидааст, дар ғанигардонии маърифат, рушди худшиносӣ ва ҳувияти миллӣ нақши муассир дорад.
Бо назардошти нақши созандаи Наврӯз дар ҷомеаи муосири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз оғози даврони Истиқлоли давлатӣ тадбирҳои муҳим дар ҷодаи эҳё, рушди устувор ва баланд бардоштани мақоми ҷашнҳои миллӣ, аз ҷумла Наврӯзро амалӣ кардаанд. Бо ташаббус ва ибтикори Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Наврӯз ҷашни давлатӣ, ҷашни миллӣ ва ҷашни байналмилалӣ гардид.
Барои тоҷикон ва кишварҳои ҳавзаи тамаддуни Наврӯз ифтихор аст, ки ин ҷашни куҳану бостонӣ ва ҷашни зебои табиат аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун ҷашни байналмилалӣ эътироф шуд. Дар ин раванд саҳми Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва сарварони давлатҳои дӯсту бародар боис гардиданд, ки 30 сентябри соли 2009 Наврӯз бо 76 унсури ғайримоддии худ ба рӯйхати мероси ғайримоддии башарии ЮНЕСКО ворид гардад. Қарори ворид намудани унсурҳои мероси ғайримоддӣ аз ҷониби 24 давлати иштирокчии Кумитаи байнидавлатӣ оид ба ҳифзи мероси ғайримоддӣ пазируфта шуд.
18 феврали соли 2010 дар иҷлосияи 64-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид, дар ҳошияи моддаи 49-и рӯзномаи ҷаласа бо унвони “Фарҳанги ҷаҳон”, қатъномаи “Рӯзи ҷаҳонии Наврӯз” ба тасвиб расид. Мувофиқи ин қатънома, Наврӯз ҳар сол дар рӯзи 21 март ҳамчун “Рӯзи байналмилалии Наврӯз” ҷашн гирифта мешавад.
Дар Қатъномаи СММ оид ба “Рӯзи байналмилалии Наврӯз” таъкид шудааст, ки давлатҳои аъзои ин созмон бояд сатҳи огоҳиашонро дар бораи Наврӯз баланд бардоранд ва ҳамасола бо мақсади тарғиби донишҳои марбут ба таърих ва суннатҳои наврӯзӣ чорабиниҳо баргузор намоянд. Ин дастоварди арзишманд натиҷаи талошҳои муштарак ва пайгирии чандинсолаи Тоҷикистон ва давлатҳои дӯсту бародар мебошад.
Иқдоми саривақтӣ ва муҳимтарини Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷодаи боло бурдани мақоми Наврӯз таъсис додани Маркази байналмилалии Наврӯз мебошад. Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ” (16 декабри соли 2025) масъулини идора ва корхонаҳои давлатӣ муваззаф намуданд, ки маркази мазкурро таъсис диҳанд. Таъсиси марказ ба Наврӯз мақоми ниҳоди фарҳангӣ ва тамаддунӣ бахшид ва метавонад ҳамчун воситаи ҳамкорӣ ва рамзи муттаҳидсозандаи тамаддуни башарӣ хизмат кунад.
Бо саъю кӯшиши Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ наврӯзгоҳҳо бунёд гардида, кӯдакистонҳо, мактабҳо, муассисаҳои миёна ва олии касбӣ, ташкилотҳо ва деҳаҳо Наврӯзи бостониро бо шукӯҳу шаҳомат таҷлил менамоянд. Хурду бузурги тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ дар рӯзҳои Наврӯз бо шодию хурсандӣ ба наврӯзгоҳҳо меравад ва ҳамдигарро ҳамроҳӣ мекунанд.
Имрӯз низ расму оинҳои Наврӯз, аз ҷумла оростани дастархони наврӯзӣ бо ҳафтшину ҳафтсин, суманакпазӣ, рақс ва суруди гирди оташи фурӯзон, сурудҳои фалаку Шашмақом, ҷуфтбарории деҳқонон, гӯштингирӣ ва аспдавонии паҳлавонон бо эҳтиром ва шукӯҳ баргузор мешаванд.
Айни замон, Наврӯз ҳамчун ҷашни ҳамбастагӣ ва таҳкими дӯстиву таҳаммулпазирӣ хизмат мекунад. Дар суруду таронаҳои мардумӣ таъкид мешавад, ки дар оғози соли нав набояд касе бо касе қаҳр дошта бошад ва ҳунармандон ва сарояндагон шахсони ба ҳам қаҳрро оштӣ месозанд.
Дар айёми Наврӯз мусобиқаҳои варзишӣ дар намудҳои гӯштини миллӣ, аспдавонӣ, бандкашӣ ва чавгонбозӣ баргузор мегарданд, ки маъмултарини онҳо гӯштин мебошад ва дар ҳамаи шаҳру деҳот ба равобит ва дӯстии мардум мусоидат мекунад.
Дар айёми Наврӯз хӯрокҳои анъанавӣ тайёр карда мешаванд, ки асосан аз ғалладонагӣ, аз қабили гандуми кӯфта, нахӯд ва лӯбиё иборатанд. Ин маҳсулот бо гиёҳҳои хуштамъ, ба монанди райҳон, пудина, ҷаъфарӣ ва пиёз омода мешаванд. Хӯрокҳои гандумӣ рамзи фаровонии соли нав ва ғизои солим мебошанд.
Аз суннати бостонии ниёгон оро додани ҳони наврӯзии “ҳафт син” мебошад. Ба ин хон 7 ашё гузошта мешавад, ки номашон бо ҳарфи арабии “син” (с) оғоз мегардад: сабза, сир, себ, суманак, санҷид, сипанд ва сирко. Ҳамчунин, ба хонҳои “ҳафт шин” ҳафт неъмат гузошта мешуд, ки номашон бо ҳарфи арабии “шин” (ш) оғоз меёбад: шир, шакар, шамъ, шароб, шарбат, шамшод ва шаҳд.
Наврӯз ҷашни нуру сафо ва ҳамчунин поксозӣ ва бахшиш мебошад. Аз нигоҳи фолклор ва суннатҳои ниёгон, дар ин рӯз бояд дур кардани қудуроту адоват ва бахшидани гуноҳҳо, гирифтани дуои хайри мӯйсафедон, ёрӣ ба ятимону ниёзмандон, обод кардани боғҳо, шинонидани ниҳолҳои самарабахш ва тоза кардани муҳити атроф амалӣ карда шавад.
Ҳамин тариқ, Наврӯз ҷашни миллӣ ва ҷаҳонӣ маҳсуб ёфта, намунаҳои дигари он чунинанд:
Маҳмадбекзода Моёншо,
сарходими илмии Шуъбаи
Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқии
Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ.
доктори илмҳои сиёсӣ