“НЕРӮИ НАРМ” ВА СИЁСАТИ ХОРИҶИИ ӮЗБЕКИСТОН: ТАҶРИБА ДАР ҲАМКОРӢ БО ИТТИҲОДИ ИҚТИСОДИИ АВРУОСИЁ

Муаллиф: Давлиёрова Сафаргул

Расм

        Сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар солҳои охир тағйироти назаррасро таҷриба намудааст. Пас аз ба мансаби президентӣ интихоб гардидани Шавкат Мирзиёев дар соли 2016, кишвар ба фаъолшавии бештар дар арсаи байналмилалӣ рӯ оварда, муносибатҳои хориҷии худро бо давлатҳо ва созмонҳои байналмилалӣ ба таври назаррас густариш дод.

        Яке аз ҷанбаҳои муҳимми ин сиёсат татбиқи “нерӯи нарм” дар муносибат бо созмонҳои минтақавӣ, бахусус Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё мебошад. Ин раванд ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон имконият медиҳад, ки бидуни истифодаи фишангҳои сахти сиёсӣ ва иқтисодӣ, манфиатҳои миллии худро тавассути усулҳои дипломатии мулоим пеш барад.

         Дар асри XXI консепсияи “нерӯи нарм” ба яке аз унсурҳои калидии сиёсати хориҷии давлатҳои муосир табдил ёфтааст. Ин мафҳум бори аввал аз ҷониби олими амрикоӣ Ҷ. Най пешниҳод гардида, ба қобилияти давлатҳо барои таъсиррасонӣ ба дигарон тавассути ҷозибаи фарҳангӣ, арзишҳои сиёсӣ ва сиёсати муассир ишора мекунад.

        Дар ин замина, истифодаи “нерӯи нарм” ба кишварҳо имкон медиҳад, ки нуфузи худро дар арсаи байналмилалӣ тақвият бахшида, ҳамзамон робитаҳои устувор ва дарозмуддатро бо шарикони хориҷӣ ба роҳ монанд [2].

         Истифодаи “нерӯи нарм” аз ҷониби Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар доираи Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (бо мақоми нозир) ба ташаккули имиҷи мусбати байналмилалӣ, таҳкими робитаҳои фарҳангӣ ва гуманитарӣ, инчунин густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ равона гардидааст.

         Дар ин раванд, Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз маҷмӯи васеи воситаҳои “нерӯи нарм” истифода мебарад, ки миёни онҳо тарғиби мероси таърихию фарҳангӣ, рушди соҳаи сайёҳӣ, татбиқи барномаҳои таълимӣ ва тақвияти ҳамкорӣ бо диаспораҳои минтақавӣ мавқеи муҳим доранд.

         Инчунин, тавассути чунин василаҳо кишвар мекӯшад, ки нуфузи худро дар фазои минтақавӣ таҳким бахшида, заминаи мусоидро барои ҳамкориҳои дарозмуддат ва мутақобилан судманд фароҳам созад.

         Стратегияҳои асосии татбиқи “нерӯи нарм” дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон маҷмӯи васеи самтҳоро фаро мегиранд, ки ба таҳкими нуфузи байналмилалӣ ва густариши ҳамкориҳои минтақавӣ равона шудаанд.

         Яке аз самтҳои калидӣ тарғиби фарҳанг, санъат ва анъанаҳои миллӣ дар кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё мебошад. Ин раванд ба наздиксозии халқҳо, таҳкими ҳамдигарфаҳмӣ ва густариши робитаҳои гуманитарӣ мусоидат менамояд.

         Инчунин, рушди табодули академӣ, таъсиси филиалҳои муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва густариши ҳамкориҳои илмӣ аз омилҳои муҳимми нерӯи нарм ба ҳисоб мераванд. Ин иқдомҳо ба тарғиби забон ва фарҳанги узбек, инчунин ба баланд бардоштани сатҳи ҳамкориҳои зеҳнӣ дар минтақа мусоидат мекунанд.

         Таблиғи фаъоли иқтидори сайёҳии кишвар ҳамчун воситаи муҳимми ташаккули имиҷи мусбати байналмилалӣ хизмат мекунад. Ҷалби сайёҳон на танҳо манфиатҳои иқтисодӣ меорад, балки ба муаррифии фарҳанг ва таърихи миллӣ низ мусоидат менамояд.

         Рушди робита бо ҳамватанони бурунмарзӣ, бахусус дар кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё, яке аз самтҳои муҳимми сиёсати нерӯи нарм ба шумор меравад. Ин ҳамкорӣ ба ҳифзи ҳувияти миллӣ ва густариши шабакаҳои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ мусоидат мекунад.

         Дар маҷмӯъ, стратегияи “нерӯи нарм” дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба дастгирии ҳамкориҳои иқтисодӣ, беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва истифодаи муколама бо созмонҳои ҳуқуқи инсон равона гардида, ба афзоиши эътимоди ҷомеаи байналмилалӣ нисбат ба кишвар мусоидат менамояд.

         Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё яке аз шарикони асосии тиҷоратии Ҷумҳурии Узбекистон ба шумор рафта, ба афзоиши ҳаҷми савдои мутақобила, бахусус бо Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Қазоқистон, мусоидат менамояд.

         Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар доираи мақоми нозирии худ ба ҳамоҳангсозии регламентҳои техникӣ бо стандартҳои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд. Ин раванд барои густариши содироти маҳсулоти нассоҷӣ ва кишоварзӣ шароити мусоид фароҳам меорад.

         Яке аз самтҳои муҳим баррасии масъалаҳои беҳтар намудани шароити фаъолияти меҳнатии шаҳрвандони Узбекистон дар кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё мебошад. Ин омил ба афзоиши ҳаҷми интиқоли маблағҳо ва дастгирии иқтисоди миллӣ мусоидат мекунад.

          Бартараф намудани монеаҳои тарифӣ ва ғайритарифӣ метавонад ба афзоиши маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (минбаъд ММД) тавассути дастрасӣ ба бозорҳои нав, рушди ҳамкориҳои саноатӣ ва ҷалби сармоягузорӣ мусоидат намояд.

          Равандҳои ҳамгироӣ ба коҳиш додани вобастагии иқтисоди кишвар аз содироти ашёи хом (аз ҷумла пахта ва газ) мусоидат намуда, рушди бахшҳои истеҳсолиро тақвият мебахшанд.

          Ҳамгироӣ ба шабакаҳои нақлиётии АвруОсиё ба баланд бардоштани самаранокии логистика ва беҳтар гардидани дастрасӣ ба бозорҳои байналмилалӣ мусоидат мекунад, ки барои кишвари аз баҳр дур аҳаммияти стратегӣ дорад.

          Дар баробари имкониятҳо, ҳамгироӣ метавонад бо баъзе хавфҳо, аз ҷумла афзоиши рақобат барои истеҳсолкунандагони маҳаллӣ, ки ба стандартҳои баланди Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё мутобиқ нестанд, ҳамроҳ гардад.

          Дар маҷмӯъ, Ҷумҳурии Ӯзбекистон Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиёро ҳамчун имконияти муҳимми навсозии иқтисоди миллӣ арзёбӣ намуда, ба татбиқи самтҳои стратегии рушди ҳамгироӣ то соли 2025 таваҷҷуҳ зоҳир мекунад.

          Дар контексти Осиёи Марказӣ, ин раванд аҳаммияти хос дорад, зеро кишварҳои минтақа ҳамзамон зери таъсири қудратҳои бузург, аз ҷумла Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Иттиҳоди Аврупо қарор доранд. Ин вазъият зарурати пешбурди сиёсати мутавозин ва чандсамтаи хориҷиро тақвият медиҳад.

          Дар давраи президентии Ислом Каримов, Ҷумҳурии Ӯзбекистон мавқеи эҳтиёткорона нисбат ба ҳамгироии минтақавӣ дошт. Ислом Каримов таъсиси Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиёро соли 2014 танқид карда, таъкид намуд, ки чунин созмонҳо метавонанд Истиқлоли сиёсиро таҳдид намоянд. Дар ин замина, Ҷумҳурии Ӯзбекистон соли 2006 ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё пайваст, вале соли 2008 аз он хориҷ гардид. Ин раванд нишон медиҳад, ки сиёсати “ғайритарафдорӣ” яке аз принсипҳои асосии сиёсати хориҷии кишвар ба шумор мерафт.

          Пас аз интихоб шудани Шавкат Мирзиёев, сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон фаъол гардида, кишвар ба тавсеаи ҳамкориҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ равона шуд. Соли 2019 масъалаи эҳтимолии пайвастани Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ба мавзӯи баҳсҳои гарми дохилӣ ва байналмилалӣ табдил ёфт. Бо вуҷуди ин, Ҷумҳурии Ӯзбекистон роҳи миёнаро интихоб намуда, 11 декабри соли 2020 мақоми нозир дар Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиёро соҳиб шуд.

          Фарҳод Толипов, яке аз олимони маъруфи соҳаи сиёсати хориҷӣ, дар корҳои худ фарқияти байни нерӯи нарм ва “нерӯи хокистарӣ”-ро таҳлил мекунад. Ба ақидаи ӯ, “нерӯи нарм” асосан ба ҷозибаи фарҳангӣ, забонӣ ва идеологӣ такя дорад, дар ҳоле ки “нерӯи хокистарӣ” шакли пинҳонии фишор ва таъсиргузории сиёсиро ифода менамояд.

          Ф. Толипов дар мақолаи худ “Soft or Hard Power? Russia Reacts to Uzbekistan's Draft Language Policy” (2020) нишон медиҳад, ки вокуниши вазорати корҳои хориҷии Русия ба лоиҳаи қонуни забон дар Ҷумҳурии Узбекистон намунаи “нерӯи хокистарӣ” буда, на “нерӯи нарм” аст. Вай таъкид мекунад, ки ҳимояи забони русӣ дар хориҷа, ки одатан ҳамчун воситаи нерӯи нарм шинохта мешавад, дар ҳолати Узбекистон ба шакли фишори сиёсӣ табдил ёфт [4].

Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар муносибат бо Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё кӯшиш мекунад, ки асосан “нерӯи нарм”-и иқтисодиро истифода барад. Барои ин кишвар:

  • танҳо мақоми нозирро дар Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё гирифт ва на аъзои пурраи он шуд;
  • аз пайвастан ба структураҳои низомӣ, монанди Созмони аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ, худдорӣ кард ва сиёсати бисёрқутбаро пайгирӣ намуд, ки ин ба Ӯзбекистон имкон медиҳад бо ҳамаи абарқудратон ҳамкорӣ кунад.

          Моҳияти стратегия аз он бармеояд, ки сиёсати хориҷии Ӯзбекистон дар давраи Шавкат Мирзиёев ба принсипи бисёрқутба асос ёфтааст. Яъне кишвар талош дорад муносибати баробарҳуқуқ ва муфидро бо ҳамаи абарқудратон - Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Мардумии Чин, ИМА, Иттиҳоди Аврупо ва кишварҳои минтақавӣ- барқарор намояд [4].

Ҷумҳурии Ӯзбекистон “нерӯ”-и нарми худро тавассути чандин роҳҳо татбиқ мекунад:

А) Ҳамкориҳои иқтисодӣ: Аз соли 2020 то 2024 гардиши тиҷоратии Ӯзбекистон бо кишварҳои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё 11% афзоиш ёфтааст. Кишвар дар 22 соҳа бо Иттиҳод ҳамкорӣ дорад ва дар лоиҳаҳои пилотӣ ширкат меварзад.

Б) Фаъолияти фарҳангӣ: Ӯзбекистон тавассути ташкили чорабиниҳои фарҳангӣ, монанди "Бозиҳои оянда", ки дар Қазон баргузор шуда буд, президент Шавкат Мирзиёев пешниҳод кард, ки бозии дуюм дар Узбекистон гузаронида шавад, ӯ бо ин “нерӯи нарм”-и худро намоиш медиҳад.

В) Дипломатияи парлумонӣ: Акмал Саидов таъкид кардааст, ки нигоҳ доштани мақоми нозир барои Ӯзбекистон ба манфиатҳои миллӣ мувофиқ аст[8].

         Дар соли 2024, комиссияи парлумонии Ӯзбекистон, таҳти роҳбарии Акмал Саидов, зиёда аз 1000 ҳуҷҷати Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиёро омӯхт ва хулоса баровард, ки мақоми нозир ба манфиати кишвар мебошад. Ин нишон медиҳад, ки Узбекистон тавассути нерӯи нарми дипломатӣ тавонистааст мавқеи худро нигоҳ дорад, бе он ки ба фишорҳои сиёсӣ таслим шавад.

Мисолҳои муқоисавӣ нишон медиҳанд, ки мақоми нозир чӣ манфиат меорад:

  • Ҷумҳурии Қазоқистон аъзои пурраи Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё мебошад, аммо тибқи гуфтаи А. Саидов, “манфиати зиёде” аз ин аъзогӣ насибаш нашудааст. Ин таъкид мекунад, ки Ӯзбекистон тавассути мақоми нозирӣ метавонад манфиатҳои иқтисодиро ба даст орад, бе он ки ба ӯҳдадориҳои сиёсии вазнин гирифтор шавад;
  • Ҷумҳурии Қирғизистон низ аъзои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё аст, вале мушкилоти иқтисодии зиёд дорад. Ҳифз кардани мақоми нозир барои Ӯзбекистон имкон медиҳад, ки аз таҷрибаи Ҷумҳурии Қирғизистон сабақ гирад ва хатогиҳоро такрор накунад[8].

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки Ӯзбекистон нисбат ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё стратегияи “нерӯи нарм”-и оқилонаро пеш гирифтааст:

  1. Манфиатҳои иқтисодӣ бе ӯҳдадориҳои сиёсӣ ва низомӣ: Мақоми нозир имкон медиҳад, ки кишвар аз имкониятҳои иқтисодии Иттиҳод баҳра барад, бе он ки ба ӯҳдадориҳои вазнин гирифтор шавад.
  2. Сиёсати бисёрқутба: Ин принсип ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон имкон медиҳад, ки бо ҳамаи абарқудратон муносибати баробарҳуқуқ дошта бошад ва аз таъсири пинҳонии сиёсӣ ё "нерӯи хокистарӣ" канорагирӣ кунад.
  3. Фаъолияти фарҳангӣ ва дипломатӣ: Ташкил ва ширкат дар чорабиниҳои фарҳангӣ ва дипломатӣ шаҳодат медиҳад, ки Ӯзбекистон бидуни истифода аз фишори сиёсӣ нақши худро дар минтақа тавсеа медиҳад.
  4. Ҳифзи истиқлолияти сиёсӣ: Ин арзиши асосӣ ба консепсияи нерӯи нарм мувофиқ буда, ба амалигардонии сиёсати хориҷии оқилона кӯмак мекунад.

          Фарҳод Толипов дар мақолаи охирини худ (2025) таъкид мекунад, ки Москва кӯшиш мекунад тавассути “режими бисёрсаммитӣ” (multi-summit regime) ва фаъолияти созмонҳои расмӣ ва ғайрӣ, мисли CIS ва EAEU, “нерӯи нарм”-и сунъӣ эҷод кунад. Бо вуҷуди ин, Узбекистон дар муқобили ин кӯшишҳо тавонистааст мавқеи мустақили худро нигоҳ дорад[6].

          Раиси Раёсати Комиссияи иқтисодии АвруОсиё, Бакитҷон Сагинтаев, дар форум дар Маскав натиҷаҳои иқтисодии Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиёро ҷамъбаст кард. Вай қайд кард, ки аз соли 2020 то 2024 ММД-и кишварҳои узви Иттиҳод 11% афзоиш ёфта, бахши саноат 15% ва кишоварзӣ 10% рушд кардааст. Тибқи пешбиниҳо, суръати афзоиши ММД дар соли 2025 низ мусбат боқӣ мемонад (1,7%). Ҳиссаи ҳисоббаробаркуниҳо бо асъори миллӣ байни кишварҳои узви Иттиҳод ба 93% расид ва кишварҳои сеюм низ манфиатдори тиҷорат бо Иттиҳод ҳастанд[3].

          Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё созмонест, ки дар он Россия нақши барҷаста дорад ва кишварҳои узвро-Қазоқистон, Қирғизистон, Белорус ва Арманистон муттаҳид мекунад. Ташкилот барои пешбурди иттифоқи гумрукӣ, минтақаи озоди иқтисодӣ ва иҷрои вазифаҳои иқтисодӣ ва башардӯстона таъсис шудааст[3].

          Ҳамин тариқ, “нерӯи нарм” ва сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон: таҷриба дар ҳамкорӣ бо Иттиҳоди Иқтисодии АвруОсиё бармеояд, ки нерӯи нарм ба яке аз муҳимтарин ҷузъҳои сиёсати хориҷии муосир табдил ёфтааст. “Нерӯи нарм” имконият медиҳад, ки кишвар тавассути ҷозибаи фарҳангӣ, арзишҳо ва сиёсатҳои дуруст дигаронро ҷалб кунад, бар хилофи нерӯи сахт, ки асосан ба нерӯи ҳарбӣ ва иқтисодӣ такя мекунад. Дар Ӯзбекистон ин стратегия ба пешрафти фарҳанг ва забон, сиёсати хориҷӣ ва арзишҳои демократӣ, илм ва технология, иқтисоди бозорӣ ва ҳамкориҳои байналмилалӣ равона шудааст.

 

Давлиёрова Сафаргул Тешаевна

ходими пешбари илмии Шуъбаи

Иттиҳоди Давлатҳои Мустақили

Институти омӯзиши масъалаҳои

давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ,

номзади илмҳои фалсафа, дотсент

 

 

 

АДАБИЁТИ ИСТИФОДАШУДА

  1. Узбекистан и ЕАЭС: Перспективы и потенциальные эффекты экономической интеграции.Электорнная версия: https://eabr.org/upload/EDB_ 2021_Report_Uzbekistan_and_the_EAEU_rus.pdf#:~:text=%D0%A3%D0%. Дата обращения: 11.02.2026
  2. Таджиев, Ш. (2023). «Мягкая сила» во внешней политике Республики Узбекистан на современном этапе . in Library, 3(3), 3–237. извлечено от https://inlibrary.uz/index.php/archive/article/view/24084
  3. Дар 4 сол ММД-и кишварҳои узви Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё 11% рушд кардааст. Манбаи электронӣ: https://sputnik.tj/. Санаи муроҷиат:20.02. 2026
  4. Tolipov F. Soft or Hard Power? Russia Reacts to Uzbekistan's Draft Language Policy. CACI Analyst, June 8, 2020. // www.cacianalyst .org/publications/ analytical-articles/item/13623-soft-or-hard-power.
  5. Tolipov F. Political scientist Farhod Tolipov on the information attacks on the Central Asian region. CABAR.asia, June 8, 2021. // cabar.asia/
  6. Tolipov F. Russia's Central Asian Underbelly: The Case of Uzbekistan. Central Asia-Caucasus Analyst, January 28, 2025.// cacianalyst. org
  7. Tolipov F. Reform in Uzbekistan: An Interview with Farkhod Tolipov. The Diplomat, January 8, 2020. // thediplomat.com/2020/01/
  8. The Times of Central Asia. Uzbekistan Rejects Military Alliances and Maintains Observer Role in EAEU. October 21, 2024. // timesca.com/
  9. Gazeta.uz. Uzbekistan wants to maintain observer status at Eurasian Economic Union - Akmal Saidov. October 20, 2024.// www.gazeta.uz/en/2024/10/20/eaeu/
  10.  Embassy of Uzbekistan in Turkey. Uzbekistan-EAEU: Further Steps to Expand Multilateral Cooperation within Regional Structures. // www.uzembassy. org.tr/news/6992
  11.  Eurasian Economic Union. Official website.//www.eaeunion.org/? lang=en

БОЗГАШТ