Оқибатҳои шӯриши 18-уми май дар таърихи Кореяи Ҷанубӣ

Муаллиф: Файзуллаева Нигора

Расм

Дар таърихи Кореяи Ҷанубӣ 18-уми май рӯзи муҳим мебошад. Дар ин рӯз шаҳрвандон бар зидди як гурӯҳи тасарруфгарони ғайриқонунии ҳокимият баҳри ба даст овардани озодӣ ва демократия истодгарӣ намуда, шӯриш бардоштаанд. Ҳангоми шӯриш бе ягон қувваҳои полис шаҳрвандон тартиботро нигоҳ медоштанд ва ягон ҳодисаи ғоратгарӣ аз ҷониби муассисаҳои молиявӣ сабт нагардидааст. Ҳаракати демократихоҳии 18-уми майи соли 1980 воқеан аҳамияти таърихӣ дорад, зеро дар ин рӯз арзишҳои умумибашарии инсоният, демократия, ҳуқуқи инсон ва сулҳро дар кишвар пойдор гардонидаанд. 

Пас аз анҷоми ин шӯриш, халқи Корея хоҳиш намуд, ки “Гурӯҳи нави ҳарбӣ”, ки дар ҳаракати “18-уми май” гунаҳгор буданд, аз рӯи қонун ҷазо дода шаванд ва 18-уми май ба рӯзи ёдбуди миллӣ табдил ёфт. Инчунин ба қурбониён ва иштироқчиёни “ҳаракати 18-уми май” ҳамчун саҳмгузорони демократия эҳтиром ва арҷгузории сазовор намуданд. Ғайр аз ин “ҳаракати моҳи май” ҳаракати демократӣ буда, иштирокчиёни он асосан шаҳрвандон ва донишҷӯён буданд ва “Гурӯҳи нави ҳарбӣ”, ки асоси ҷунбиши 18-уми май буд, пас аз амалҳои соли 1980 роҳро ба шӯриши демократие, ки санаи 10-уми июн рух дода буд, кушод ва режими Чун До Ҳван, ки низоми Юшинро мерос гирифта буд, сарнагун карданд. Шӯриши 18-уми май як қувваи асосие буд, ки дар сиёсати Корея тағйироти муҳимро ба вуҷуд овард. Инчунин, Ҷунбиши инқилоби халқӣ низ ба ҳисоб меравад, зеро рӯҳияи худидоракунӣ, демократӣ, ҳуқуқи инсон ва сулҳро дар Осиёи Шарқӣ дастгирӣ намуда, хотираҳои тираи мустамликадориро дар минтақа равшан мекунад.

Ҳукумати ҳарбии Пак Чун Ҳи, ки бо роҳи табодулоти ҳарбӣ 16-уми майи соли 1961 ҳукуматро ба даст оварда буд, барои паҳн намудани талаботи демократии донишҷӯён, кормандон ва шаҳрвандон роҳи зӯровариро пеша намуд. Зикр кардан ба маврид аст, ки якчанд генерал аз ҷумла Чун Ду Хван ва Роҳ Тэ У “Гурӯҳи нави ҳарбӣ”-ро ташкил намуда, 12 декабри соли 1979 диктатураи ҳарбӣ тартиб дода, табоддулоти давлатӣ гузарониданд. Аз ин рӯ сиёсатмадорон, донишҷӯён ва шаҳрвандони демократихоҳ изҳор намуданд, ки ҳолати низоми Юшин бекор карда шавад. Ғайр аз ин, донишҷӯён барои ташкили иттиҳодияи донишҷӯён дар донишгоҳҳо оғоз намуда, соли 1980 ба ҷойи “Ҷумҳурии зимистона”-и низоми Юшин “Баҳори демократия”-ро ба вуҷуд оварданд. Санаи 17-уми майи соли 1980 “Гурӯҳи нави ҳарбӣ” барои сафарбар кардани қувваҳои ҳарбӣ вазъияти ҳарбиро ғайриқонунӣ тамдид намуда, шаҳрвандонро барои паҳн намудани демократия даъват намуданд.

Мавриди зикр аст, ки рӯзи 18-уми май дар назди дарвозаи асосии Донишгоҳи миллии Чоннам эътирози донишҷӯён бар зидди ҷувваҳои ҳарбӣ пахш гардиданд. Донишҷӯёни тазоҳуркунанда барои фирор аз хушунат пароканда шуда, барои баргузор намудани гирдиҳамоии хиёбонӣ дар ҷойҳои мухталифи маркази шаҳр кӯчиданд. Барои амалӣ намудани ин нақша онҳо ба ҷалб намудани шаҳрвандон оғоз намуданд. Ҳамон вақт қувваҳои ҳарбӣ на танҳо донишҷӯён, инчунин шаҳрвандони оддиро низ бо роҳи фиреб таблиғот намуда, дастгирӣ менамуданд. Шаҳрвандони Кванҷу ба ғазаб омада, бо шахсони эътирозгарон ҳамроҳ шуданд. Хонандагони мактаби миёна низ дар ин ҳамоиш иштирок намуда, тақрибан 200 адад мошин бо роҳнамоии ронандагони таксӣ ба сӯи Идораи музофотӣ ҳаракат намуданд, то ин ки бо нерӯҳои низомӣ рӯ ба рӯ шаванд. Аз сабаби он ки матбуот ин тазоҳуротро ҳамчун “нооромӣ аз ҷонибӣ унсурҳои нопок” таъриф намуданд, вале дар бораи хушунатҳои нерӯҳои ҳарбӣ чизе нашр накарданд, инчунин бархе аз шаҳрвандони эътирозгарон ба ширкатҳои телевизионӣ рафтанд, вале онҳо дафтарҳои худро сӯзонданд, то бо онҳо ҳамкорӣ накунанд.

Санаи 21-уми май нерӯҳои ҳарбӣ ба сӯи шаҳрвандоне ки дар назди бинои Идораи шаҳрак барои узрхоҳӣ ҷамъ омада буданд, ҳамла намуданд. Кӯчаи Геумнам ба майдони куштор табдил ёфта, беморхонаҳо пур аз захмгирифтагон ва талафотдидагон гардид. Шаҳрвандон ба ғазаб омада, аз аслиҳаҳои мудофиаи шаҳрвандӣ муқобил баромаданд ва нерӯҳои ҳарбӣ шаҳри Кванҷуро тарк намуданд ва ҳамин тариқ шаҳри Кванҷу ба як шаҳри мустақил ва озод табдил ёфт. Шаҳрвандон барои гуфтани ҳақиқат “Кумитаи чораҳои ислоҳӣ дар рӯзи 18-уми май”-ро ташкил намуда, бо мақомоти нерӯҳои ҳарбӣ гуфтушунид намуданд. Бо ҷуҷуди гуфтушунид бо шаҳрвандон Гурӯҳи нави низомӣ тасмим гирифт, шаҳри Кванҷуро иҷборӣ пахш кард ва тибқи нақшаи “Амалиёти Сангму Чунҷунг” субҳи барвақт рӯзи 27-ум вориди шаҳр шуда, шаҳрвандони Идораи музофотиро бераҳмона саркӯб намуданд. Сарварони шӯриш аз ҷумла Юн Санг Вон ин амалиёти низомиро интизор буданд, занон ва хонандагони мактаби миёнаро ба хонаҳошон фиристоданд ва бар зидди қувваҳои ҳарбӣ мавқеи ниҳоии худро нишон доданд.

Мавриди зикр аст, ки дар шӯрише, ки ҳамагӣ 10 рӯз давом кард, ҳамагӣ 23 сарбоз, чаҳор корманди полис ва тахминан 166 нафар ғайринизомӣ кушта шуда, инчунин 108 сарбоз ва 852 ғайринизомӣ захмӣ гардиданд. Тибқи ҳисоботҳои расмӣ дар шӯриши 18-уми май шумораи қурбониён дар умум 5807 нафарро ташкил медиҳад, ки аз онҳо 155 нафар фавтида, 57 нафар бедаракшудагон, 112 нафар захмӣ, 3643 нафар ҷароҳати вазнин бардоштагон, 1813 нафар боздоштшудагонро дар бар мегирад.

Ҳукумати Корея тамоми маълумотҳои рӯзи 18–уми майро дар китобҳои дарсии хонандагон ва донишҷӯён бо мақсади таълим ва паҳн намудани демократия истифода мебаранд. Инчунин пешниҳод карда шудааст, ки дар маркази Кванҷу “Бойгонии шӯриши демократии 18-уми май” ташкил карда шавад. Ҳамзамон пешниҳод гардид, ки кӯчаи дар маркази Кванҷу ҷойгир бударо ба хотири рӯйдодҳои таърихӣ ва ёдгориҳои муносиб кӯчаи “Кӯчаи Май” номгузорӣ кунанд. Соли 1994 дар саросари кишвар маъракаи ёдбуди 18-уми май тариқи грантҳои давлатӣ ва хайрияҳои хусусӣ барои дар ҷалби мардум, рӯҳияи 18-уми май ва мубориза барои озодӣ, демократия ва адолат эҳё гардад, баргузор гардид.

Дар давраи Президентии Чон Ду Хван расонаҳо ин шӯришро ҳамчун шӯриши тарафдорони партияи коммунистӣ нодуруст муаррифӣ кардаанд. Соли 2002 рӯзи 18-уми май рӯзи ёдбуди қурбониён санадҳои “ҷуброн ва барқарорсозии шараф” таъйин карда шуд.

Қобили зикр аст, ки соли 2011 Куматаи хотираҳои ҷаҳонии ЮНЕСКО ба бойгонии худ тамоми ҳуҷҷатҳои марбут ба шӯриши 18-уми май буда, аз қабили аксбардорӣ, маводи чопкардашудаи шаҳрвандон, рӯзномаҳо, филми расмии Вазорати мудофиаи миллӣ, ҳуҷҷатҳои маъмурии миллӣ ва ғайраҳоро қабул намуданд. Инчунин дар шаҳри Кванҷу маконҳои таърихӣ ва меъмориҳои махсуси марбут ба рӯзи 18-уми май бунёд гардиданд, ки имрӯз шаҳри Кванҷу ба макони муқаддаси демократия ва маркази байналмилалии муаррифгари фарҳанги миллӣ мубаддал гаштааст.

Хулоса, метавон гуфт, ки 18-уми май рӯзи таърихӣ ва фаромӯшнашаванда дар таърихи Корея сабт гардидааст. Дар ин рӯз шаҳрвандони Корея баҳри ба даст овардани демократия, озодӣ ва ҳимояи ҳуқуқи инсон мубориза бурданд ва ғалаба низ ба даст оварданд. Ҳар як фарди Корея барои арҷгузорӣ ва эҳтироми иштирокчиёни ин шӯриш ҳамасола дар рӯзи 18-уми май ба зиёрати шаҳри Кванҷу мераванд, то ин ки ин рӯз аз хотираашон дур нашавад. Маҳз шӯриши 18-уми май буд, ки имрӯзҳо дар Корея демократия ва ҳуқуқу озодиҳои инсон ба дараҷаи баланд пойбарҷост.

Адабиёт

  1. May 18th Democratic Uprising | 광주광역시 외국어(영어) (gwangju.go.kr)
  2. The May 18 Gwangju Uprising and Memorials < Feature < Feature < 기사본문 - Chonnam Tribune (cnumedia.com) http://tribune.cnumedia.com/news/articleView.html?idxno=11914
  3. Спорный Кванджу: почему 18 мая выделяется среди юбилеев движения за демократизацию в Корее - Korea Economic Institute of America (keia.org) https://keia.org/the-peninsula/controversial-gwangju-why-may-18-stands-out-among-koreas-democratization-movement-anniversaries/

 

Файзуллаева Нигора,

ходими илмии Шуъбаи

Осиёи Ҷанубу Шарқӣ

БОЗГАШТ