Пешвои миллат ба ҷавонон бовар дорам, ки ҷавонони бонангу номуси даврони истиқлол дар пешрафти иқтисоди миллӣ, тараққиёти давлат ва ободии Ватани худ минбаъд низ саҳми арзишманд мегузоранд.
Ҳукумати кишвар бо роҳбарии Пешвои миллат ҷиҳати ҳалли масъалаҳои ҳаёти кӯдакон ва наврасону ҷавонон ва фароҳам овардани шароиту имкониятҳои боз ҳам беҳтари таҳсил ва кору фаъолият барои онҳо, яъне наслҳои ояндасози миллат ва Ватан чораҷӯйӣ намуда истодааст.
Пешвои миллат дар Паёми хеш иброз намуданд, ки Ҳукумати мамлакат дар сиёсати иҷтимоии худ масъалаҳои марбут ба занонро дар меҳвари фаъолияти рӯзмарра қарор дода, барои рушди ин самти муҳим мунтазам тадбирҳои судманд меандешад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши бонувону занон ва духтарони бонангу номуси Ватанро дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти давлат ва ҷомеа ҳамеша қадрдонӣ мекунанд ва аз саъю талоши онҳоро ба хотири бунёди ояндаи ободу осудаи кишварамон баланд арзёбь менамоянд.
Пешвои миллат вобаста ба шаъну шараф ва эҳтироми модари тоҷик дар паёми навбатӣ қайд намуданд, ки : “Масъалаи баланд бардоштани мақоми занону бонувон ва тарбия кардану ба вазифаҳои роҳбарикунанда таъин намудани бонувону духтарони лаёқатманд дар маркази диққати Ҳукумати мамлакат қарор дорад ва мо ин сиёсатро дар оянда низ идома медиҳем”. Хирадсолорӣ ва эҳтироми Роҳбари давлат нисбат ба зан-модари тоҷик аз ин гуфтаҳо хуб эҳсос мегардад.
Бояд қайд кард, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муждае баҳри рушди занон ва ҷавонон буда, барои зиндагии шоистаи ояндаи ин ду қишри муҳимми ҷомеаи мо муҳим арзёбӣ мегардад.
Ниҳоятан бояд гуфт, ки занону духтарон пешбарандаи оила дар ҷомеа мебошанд. Зан-модари тоҷик аввалин устодест, ки инсонро ба роҳи рост ҳидоят мекунад. Намунаи барҷастаи модари тоҷик ин модари Президенти маҳбуби кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳастанд, ки ба бахти миллати тоҷик ин абармарди таърихро ба дунё овардаанд, то ин ки ин миллатро, ин сарзаминро, ин мардуми шарифро соҳибӣ намоянд ва аз чанголи бадхоҳон ва бадкешон кашида бигираду ҳифз намоянд. Аз ин рӯ, барои мо занону модарон зарур аст, ки фарзанди худро дар руҳияи ватандустӣ, худшиносии миллӣ, хештаншиносӣ, эҳтироми расму ойин, забону фарҳанг, либоси миллӣ тарбия намоем ва барои ҳамеша павйравони асили Пешвои миллат бимонем.
Қурбонзода Фарида
ходими илмии шуъбаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақили
Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои