ПАРЧАМ - КАФИЛИ ДАВЛАТДОРИИ ТОҶИКОН

Муаллиф: Воҳидова Санавбарбону

Расм

“Парчами давлатӣ барои мо –тоҷикон нишонаи бақои давлат, ваҳдату ягонагӣ, ҳувияти миллӣ ва беҳтарин василаи тарбияи наврасону ҷавонон дар рӯҳияи ифтихор аз давлатдории миллӣ ва ҳифзи арзишҳои таъриху фарҳанги халқамон мебошад”.

Эмомалӣ Раҳмон

        Баъди он, ки Тоҷикистон истиқололи давлатиро ба даст овард,  ба эъмори рукнҳои давлатдорӣ - Конститутсия,Парчам, Нишон, Суруди миллӣ шуруъ намуд. Дар ин қарина яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ Парчами миллӣ маҳсуб меёбад. Парчами давлатии мо дар фазои орому осудаи кишвар ҳамеша роҳнамову роҳкушо ба сӯи ояндаи неку осуда мебошад. Дар замони соҳибистиқлолӣ  парафшон  гардидани баландтарин Парчами давлатӣ дар пойтахти кишварамон – шаҳри Душанбе идомаи суннати қадимаи парчамдории мардуми тоҷик ба ҳисоб меравад. Рӯзи Парчами давлатӣ боз як нишонаи равшан ва рукни мустаҳками соҳибдавлатӣ ва мустақилият буда, арзиши маънавии он дар ҷодаи иттиҳод, ризояти аҳли ҷомеа ва сафарбарии миллӣ баҳри татбиқи ҳадафҳои бунёдкоронаву ормонҳои волоии ватандорӣ хеле бузург аст.

        Роҷеъ ба таъсис ва қабули Парчами миллӣ, Нишони давлатӣ ва матни Суруди миллӣ Комиссияи махсус ташкил карда шуда буд, ки  дар фаъолияти он собиқ Президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон академик Муҳаммад Осимӣ, собиқ Ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон  академик Фозил Тоҳиров, шоири мардумии Тоҷикистон узви вобастаи Академияи илмҳои Тоҷикистон Муъмин Қаноат ва чанде аз вакилони мардумӣ саҳми бузурге гузоштанд.

        Қобили зикр аст, ки мутобиқи моддаи 3-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Парчам, Нишон, Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати рамзҳо ва рукнҳои асосии давлатдории тоҷикон, инчунин таҷассумгари хештаншиносӣ ва симои Тоҷикистони соҳибистиқлол маҳсуб меёбанд.

 

Тоҷикистон, парчамат тоҷи сар аст,

Парчами ту аз ҳама болотор аст.

Парчами ту парчами адл асту дод,

Ки-ин дурафши Коваи оҳангар аст!

Парчами ту буда аз ҷилди паланг,

Бегазанду маҳкаму тобовар аст!

Аз миёни халқ гардида баланд,

З-ин сабаб дар парчами ту бовар аст!

Аз Фаридуни ҳазоронсола пеш,

Халқи моро ҷилваи болу пар аст!

 

        Парчами миллии мо таърихи бою ғании чандинҳазорсоларо дар худ бо рамзи шери паррони ниёкони ориёӣ ва тоҷи заррини Исмоили Сомонӣ таҷассум намуда, моро бо қавмҳои ориёӣ, ки яке аз аввалин қавмҳои олам буда ойини парчамдориро ҷорӣ кардаанд, пайванд медиҳад. Илова бар ин, Парчам моро бо аввалин давлати комили миллӣ, ки тавонист рушду нумуи фарҳангӣ, илмӣ, иқтисодии кишварро таъмин намуда, пойдевори миллати тоҷикро гузорад, тавъам месозад.

        Боиси тазаккур дод, ки Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади эҳтиром ва қадршиносӣ инчунин садоқат ба яке аз рамзҳои асосии давлат – Парчами Тоҷикистон, бо фармони худ аз 19-уми ноябри соли 2009 рузи 24-уми ноябрро рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон доштанд.

        Пешвои муаззами миллат таъкид доштаанд: “Парчами давлатӣ барои мо-тоҷикон нишонаи бақои миллат, давлату Ватан, ваҳдати миллӣ, ҳувияти миллӣ ва беҳтарин василаи тарбияи насли наврасу ҷавонон дар руҳияи ифтихори миллӣ ва ҳифзи арзишҳои волои таърихиву фарҳангии халқамон мебошад”.

         Воқеаи таърихӣ ин аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониашон аз минбари баланди Созмони Милали Муттаҳид парчами Тоҷикистон парафшонӣ мекард, ки ин боиси ифтихори на фақат давлатдории тоҷикон балки тамоми тоҷикони сайёра мебошад.

         Ҳамин тариқ, Парчам – рукни асосии меҳанпарастӣ ва давлатдории тоҷикон буда, худшиносӣ, ватандӯстӣ, таъминкунандаи бахту иқбол, амнияту осоиш, нангу номуси миллати соҳибтамаддуни тоҷикон ба шумор меравад. Илова бар ин, ҳар вақте, ки як шаҳрванди кишвар ба хориҷи кишвар сафар дорад, ё дар мусобиқаву озмунҳо муваффақ мешавед, хоҳ дар самти варзиш, илм, фарҳанг, олимпиадаҳои соҳавӣ, тими футбол, намоишҳои фарҳангӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ албатта бо ифтихор Парчами Тоҷикистонро боло мебардоранд, ки ин воқеан ифтихори ҳаммаи мо тоҷикистониён мебошад.

          Парчами давлати Тоҷикистон ин чеҳраи Тоҷикистон, чеҳраи давлатдории Тоҷикистон нангу номуси миллат, муқаддасоти давлатдории миллӣ, таъриху фарҳанги мо, хушбахти ва осоиштагии миллати мо аст. То ба ин рӯз расидан чи қадар фарзандони фарзонаи миллат, барои ҳифзи парчам, нишони миллӣ, Суруди миллӣ ҷоннисориҳо карданд.

         Аз фурсат истифода бурда тамоми мардуми Тоҷикистонро ба рӯзи Парчами миллӣ табрику таҳният гуфта ба мардуми Тоҷикистон зиндагии осоишта дар фазои Сулҳ хоҳонам ва арзишҳои миллиро мо ҳамчун гавҳараки чашм ҳифз кунем.

Ҳамеша Парчами Тоҷикистон парафшон бошад!

 

Воҳидова Санавбарбону

сарходими илмии шуъбаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақили

нститути омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ

доктори илмҳои таърих, профессор

БОЗГАШТ